-
Чӣ тавр аз хониши Китоби Муқаддас манфиати бештар гирем?То абад зинда бошед! Омӯзиши Китоби Муқаддас
-
-
ДАРСИ 11
Чӣ тавр аз хониши Китоби Муқаддас манфиати бештар гирем?
Фарз кардем, ба шумо супориш доданд, ки як майдони калонро рӯбучин кунед. Кор чунон бисёр аст, ки шумо намедонед аз куҷо сар кунед. Барои воҳиманок натофтани кор шумо, эҳтимол, онро ба қисмҳо ҷудо кунед. Шояд, хондани Китоби Муқаддас низ ба назаратон воҳиманок тобад. Мумкин, шумо ҳайрон шуда гӯед: «Аз куҷо сар кунам?» Дар ин дарс мо якчанд роҳи шавқовар гардондани хониш ва омӯзиши Китоби Муқаддасро дида мебароем.
1. Чаро Китоби Муқаддасро ҳар рӯз хондан муҳим аст?
Шахсе, ки ҳар рӯз «шариати Яҳува», ё худ Китоби Муқаддасро, мехонад, хушбахт аст ва ҳар кораш барор меёбад. (Забур 1:1–3-ро хонед.) Дар аввал кӯшиш кунед, ки Каломи Худоро ҳар рӯз давоми якчанд дақиқа хонед. Чи қадаре ки бо ин китоб шинос шавед, ҳамон қадар аз хониши он лаззат мебаред.
2. Чӣ тавр аз хониши Китоби Муқаддас манфиати бештар гирем?
Барои аз хониши Калом бештар манфиат гирифтан мо бояд каме истода дар бораи чизи хондаамон «андеша» кунем (Юшаъ 1:8). Ҳангоми хониш ба худ чунин савол диҳед: «Аз ин порча дар бораи Яҳува чӣ фаҳмидан мумкин аст? Чӣ тавр ин гуфтаҳоро дар ҳаётам ба кор барам? Чӣ тавр бо ёрии ин оятҳо ба дигарон кумак карда метавонам?»
3. Чӣ тавр барои хондани Калом вақт ҷудо кунем?
Оё барои хондани Китоби Муқаддас вақт ёфтан бароятон мушкил аст? Бисёриҳо аз ин ҷиҳат душворӣ мекашанд. Каломи Худо маслиҳат медиҳад, ки «фурсатро ғанимат донед», яъне вақти худро дуруст истифода баред (Эфсӯсиён 5:16). Инро чӣ тавр карда метавонед? Хуб мебуд, ки вақти муайянеро ҷудо карда, ҳар рӯз Каломи Худоро хонед. Мисол, баъзеҳо Каломро саҳар мехонанд, баъзеи дигар рӯзона, масалан, ҳангоми танаффуси нисфирӯзӣ. Онро инчунин шабона, пеш аз хоб, хондан мумкин аст. Ба шумо Китоби Муқаддасро кай хондан қулай аст?
БЕШТАР ФАҲМЕД
Фаҳмед, ки чӣ тавр хониш ва омӯзиши Китоби Муқаддасро шавқовару манфиатбахш кардан мумкин аст.
4. Китоби Муқаддасро бо шавқу завқ хонед
Хондани Каломи Худо, шояд, дар аввал душвор тобад, вале оҳиста-оҳиста он шавқовар мешавад. Масалан, дар аввал хӯрдани ягон хӯроки ношинос ба кас душвор буда метавонад, лекин рафта-рафта ӯ одат мекунад ва ҳатто аз мазаи он лаззат мебарад. 1 Петрус 2:2-ро хонед, сипас ба саволи зерин ҷавоб диҳед:
Агар Каломи Худоро ҳар рӯз хонед, оё шавқи шумо ба он зиёдтар мешавад?
ВИДЕОРО тамошо кунед ва аҳамият диҳед, ки чӣ тавр баъзеҳо ба хондани Китоби Муқаддас шавқ пайдо карданд. Сипас саволҳои зеринро дида бароед:
Ҷавонон кадом душвориҳоро паси сар карданд?
Чӣ ба онҳо кумак кард, ки Каломи Худоро ҳар рӯз хонанд?
Чӣ тавр хониши Китоби Муқаддас ба онҳо шавқовар гашт?
Маслиҳатҳо:
Тарҷумаи боваринок ва муосири Китоби Муқаддасро интихоб намоед. Шумо метавонед «Тарҷумаи Дунёи Нав»-ро хонед.
Дар аввал порчаҳоеро хонед, ки бароятон шавқоваранд. Ба ҷадвали «Хондани Китоби Муқаддасро сар кунед» нигаред.
Бобҳои хондаатонро қайд кунед. Аз ҷадвали «Реҷаи хониши Китоби Муқаддас», ки дар ин китоб оварда шудааст, истифода баред.
Барномаи «JW Library®»-ро истифода баред. Ба воситаи он, дар куҷое ки набошед, Китоби Муқаддасро ба ҳар забон хондаву гӯш карда метавонед.
Замимаҳои «Тарҷумаи Дунёи Нав»-ро истифода баред. Дар ин замимаҳо луғат, харита ва чорчӯбаҳо оварда шудаанд, ки хониши Каломро шавқовартар мегардонанд.
5. Ба омӯзиши Китоби Муқаддас тайёрӣ бинед
Забур 119:34-ро хонед, сипас якҷоя саволи зеринро дида бароед:
Чаро пеш аз хондан ё омӯхтани Китоби Муқаддас дуо гуфтан муҳим аст?
Чӣ тавр аз ҳар дарс манфиат гирифта метавонед? Ҳангоми тайёр кардани дарс қадамҳои зеринро иҷро кунед:
А. Сархатҳои аввали дарсро хонед
Б. Оятҳоро кушода хонед ва фаҳмед, ки чӣ тавр онҳо бо мавзуъ алоқаманданд
В. Калимаву ибораҳои асосиро, ки ба саволҳо ҷавоб медиҳанд, қайд кунед; ин ба шумо кумак мекунад, ки дар вақти омӯзиш ба осонӣ ба саволҳо ҷавоб диҳед
Оё шумо медонистед?
Шоҳидони Яҳува якчанд тарҷумаи Китоби Муқаддасро истифода мебаранд, вале бештар ба «Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав» рӯ меоранд, зеро ин тарҷума дақиқу осонфаҳм буда, номи Худоро дар бар дорад. (Дар сомона ба мақолаи «Оё Шоҳидони Яҳува Китоби Муқаддаси худро доранд?» нигаред.)
БАЪЗЕҲО МЕГӮЯНД: «Омӯзиши Китоби Муқаддас вақту қуввати зиёдро талаб мекунад. Ман бошам, на вақти зиёдатӣ дораму на қувват».
Шумо дар ин бора чӣ фикр доред?
ФИКРҲОИ АСОСӢ
Барои аз хониши Китоби Муқаддас манфиат гирифтан реҷа тартиб диҳед, дуо гӯед, ки ба чизҳои хондаатон сарфаҳм равед, ва ба дарсҳо нағз тайёрӣ бинед.
Такрор
Чӣ ба шумо кумак мекунад, ки аз хониши Каломи Худо манфиат гиред?
Кадом вақт ба шумо қулай аст, ки Китоби Муқаддасро хонед?
Чаро ба омӯзиш тайёрӣ дидан муҳим аст?
ДИДА БАРОЕД
Баъзе маслиҳатҳоро доир ба хониши Китоби Муқаддас дида бароед.
«Чӣ тавр аз хониши Китоби Муқаддас фоидаи бештар гирем?» («Бурҷи дидбонӣ» № 1 с. 2017)
Се роҳи хондани Китоби Муқаддасро фаҳмед.
Фаҳмед, ки чӣ тавр хониши Каломро шавқовар кардан мумкин.
Фаҳмед, ки чӣ тавр касоне, ки солҳои дароз Китоби Муқаддас меомӯзанд, ин корро манфиатнок гардонданд.
-
-
Минбаъд низ пешравӣ кунедТо абад зинда бошед! Омӯзиши Китоби Муқаддас
-
-
4. Минбаъд низ бо Дӯсти беҳтаринатон вақт гузаронед
Дуо ва омӯхтани Китоби Муқаддас ба шумо кумак кард, ки дӯсти Яҳува шавед. Чӣ тавр ин одатҳои хуб ба шумо ёрӣ медиҳанд, ки ба Худоямон боз ҳам наздиктар шавед?
Забур 62:8-ро хонед ва ба саволи зерин ҷавоб диҳед:
Чӣ тавр сифати дуоҳоятонро беҳтар карда метавонед, то пайванди дӯстиро бо Яҳува мустаҳкам кунед?
Забур 1:2 ва поварақро хонед, сипас ба саволи зерин ҷавоб диҳед:
Чӣ тавр метавонед хониши Китоби Муқаддасро беҳтар кунед, то дӯстиятон бо Яҳува қавитар гардад?
Чӣ тавр омӯзиши шахсиятонро самараноктар карда метавонед? ВИДЕОРО тамошо карда, баъзе роҳҳои беҳтар кардани омӯзиши шахсиро фаҳмед, сипас ба саволҳо ҷавоб диҳед.
Кадом тарзҳои омӯзишро, ки аз видео фаҳмидед, ба кор бурданиед?
Шумо кадом мавзуъҳоро омӯхтан мехоҳед?
-