ДАРСИ 8
Шумо дӯсти Яҳува шуда метавонед
Яҳува мехоҳад, ки шумо ӯро беҳтар шиносед. Чаро? Барои он ки чи қадаре дар бораи хислатҳои Худо, муносибаташ бо одамон ва нияташ бисёртар дониш гиред, ҳамон қадар бештар бо ӯ дӯстӣ кардан мехоҳед. Оё шумо ҳақиқатан ҳам дӯсти Худо шуда метавонед? (Забур 25:14-ро хонед.) Барои бо Худо дӯст шудан чӣ кор кардан лозим аст? Ҷавоби ин саволҳо дар Китоби Муқаддас оварда шудааст. Аз он шумо мефаҳмед, ки чаро Худо беҳтарин дӯст буда метавонад.
1. Яҳува шуморо ба чӣ даъват мекунад?
Дар Китоби Муқаддас чунин омадааст: «Ба Худо наздик шавед ва ӯ ба шумо наздик мешавад» (Яъқуб 4:8). Ин чӣ маъно дорад? Яҳува мехоҳад, ки шумо дӯсти ӯ шавед. Барои баъзеҳо тасаввур кардан душвор аст, ки бо Худои нонамоён дӯстӣ кардан мумкин аст. Дигарон бошанд, мегӯянд, ки танҳо фикри дӯстӣ бо Худо аллакай нишонаи беҳурматист. Лекин дар Китоби Муқаддас Яҳува дар бораи худ қариб ҳама чизро ошкор кардааст, то ин ки мо ба ӯ наздик шуда тавонем. Барои ҳамин, вақте мо Китоби Муқаддасро мехонем, Яҳуваро боре надида бошем ҳам, риштаи дӯстиамон бо ӯ мустаҳкам мегардад.
2. Чаро Яҳува дӯсти беҳтарин аст?
Ҳеҷ кас шуморо аз Яҳува дида бештар дӯст намедорад. Ӯ мехоҳад шумо хушбахт бошед ва дар пастиву баландиҳои зиндагӣ ба ӯ рӯ оред. Шумо метавонед «ҳамаи ғамҳои худро ба Худо партоед, зеро ӯ ба шумо ғамхорӣ мекунад» (1 Петрус 5:7). Яҳува ҳама вақт тайёр аст, ки дӯстонашро дилбардорӣ кунад, дастгирӣ намояд ва дарди дилашонро гӯш кунад. (Забур 94:18, 19-ро хонед.)
3. Барои дӯсти Яҳува шудан мо бояд чӣ кор кунем?
Яҳува ҳама одамонро дӯст медорад, «аммо бо росткорон дӯсти наздик аст» (Панднома 3:32, поварақ). Яҳува мехоҳад, ки дӯстонаш аз корҳои бад даргурез бошанду кӯшиш кунанд, ки дуруст рафтор намоянд. Баъзе одамон фикр мекунанд, ки ҳеҷ гоҳ талаботи Худоро иҷро карда наметавонанд. Вале бояд гуфт, ки Яҳува Худои раҳмдил аст. Ӯ бо шахсе, ки ҳақиқатан ҳам худоҷӯй аст, дӯстӣ мекунад (Забур 147:11; Корнома 10:34, 35).
БЕШТАР ФАҲМЕД
Фаҳмед, ки чӣ тавр бо Яҳува дӯст шудан мумкин аст ва чаро ӯ дӯсти беҳтарин мебошад.
4. Иброҳим дӯсти Яҳува буд
Аз ҳаёти пайғамбар Иброҳимa фаҳмидан мумкин аст, ки дӯсти Худо будан чӣ маъно дорад. Аз 1 Мӯсо 12:1–4 дар бораи Иброҳим хонед, сипас ба саволҳои зерин ҷавоб диҳед:
Яҳува ба Иброҳим чӣ амр дод?
Яҳува ба ӯ чӣ ваъда дод?
Иброҳим чӣ кор кард?
5. Яҳува аз дӯстонаш баъзе чизҳоро умедвор аст
Мо одатан аз дӯстони худ чизеро интизор мешавем.
Шумо аз дӯстонатон кадом корҳоро интизоред?
1 Юҳанно 5:3-ро хонед, сипас якҷоя саволи зеринро дида бароед:
Яҳува аз дӯстонаш чиро интизор аст?
Барои бо Яҳува дӯст шудан, шояд, лозим шавад, ки аз рафтор ва одатҳои нодурустамон даст кашем. Ишаъё 48:17, 18-ро хонед, сипас ба саволи зерин ҷавоб диҳед:
Чаро Яҳува мехоҳад, ки дӯстонаш камбудиҳояшонро ислоҳ кунанд?
6. Яҳува барои дӯстонаш чӣ кор мекунад?
Яҳува дар лаҳзаҳои тангӣ ба дӯстонаш дасти ёрӣ дароз мекунад. ВИДЕОРО тамошо кунед, сипас саволи зеринро дида бароед:
Чӣ тавр Яҳува ба ин зан кумак кард, ки бо фикру ҳиссиёти нодуруст мубориза барад?
Ишаъё 41:10, 13-ро хонед, сипас саволҳои зеринро дида бароед:
Яҳува ба дӯстони худ чӣ ваъда медиҳад?
Ба фикратон, Яҳува дӯсти хуб буда метавонад? Фаҳмонед.
7. Барои дӯсти Яҳува шудан бояд ӯро гӯш кунему бо ӯ гап занем
Муошират пайванди дӯстиро мустаҳкам мегардонад. Забур 86:6, 11-ро хонед, сипас саволҳои зеринро дида бароед:
Чӣ тавр мо бо Яҳува гап зада метавонем?
Чӣ тавр Яҳува бо мо гап мезанад?
БАЪЗЕҲО МЕГӮЯНД: «Одами хокӣ куҷову дӯстӣ бо Худо куҷо?!»
Кадом оятро истифода бурда мефаҳмонед, ки мо дӯсти Яҳува шуда метавонем?
ФИКРҲОИ АСОСӢ
Яҳува мехоҳад шумо дӯсти ӯ шавед ва ӯ дар ин кор ба шумо кумак мекунад.
Такрор
Яҳува ба дӯстонаш чӣ тавр кумак мекунад?
Чаро Яҳува ба дӯстонаш мегӯяд, ки ислоҳ шаванд?
Ба фикратон, Яҳува нисбати дӯстонаш серталаб аст? Фаҳмонед.
ДИДА БАРОЕД
Чӣ тавр дӯстӣ бо Худо ба ҳаёти шумо таъсир карда метавонад?
«Яҳува — Худоест, ки ӯро бояд шиносем» («Бурҷи дидбонӣ», 15 феврали с. 2003)
Фаҳмед, ки чӣ тавр дӯсти Худо шудан мумкин аст.
«Чӣ тавр дӯсти Худо шавам?» («Саволҳои ҷавонон. Маслиҳатҳои амалӣ», ҷилди 2, боби 35)
Фаҳмед, ки чаро як зан фикр мекунад, ки дӯстӣ бо Яҳува ӯро наҷот дод.
Фаҳмед, ки наврасон дар бораи Яҳува чӣ мегӯянд.
a Иброҳимро Абром низ меномиданд.