-
Дар пеши Худо пок бошедТо абад зинда бошед! Омӯзиши Китоби Муқаддас
-
-
2. Аз кадом одатҳои нопок дурӣ ҷӯем?
Китоби Муқаддас таълим медиҳад, ки «худро аз ҳар чизе, ки ҷисм ва рӯҳро нопок месозад», тоза кунем (2 Қӯринтиён 7:1). Аз ин рӯ мо аз ҳар чизе, ки фикру тани моро нопок месозад, дурӣ меҷӯем. Мо мехоҳем, ки фикрҳоямон ба Яҳува хуш оянд, барои ҳамин фикрҳои бадро аз сарамон дур мекунем (Забур 104:34). Мо инчунин кӯшиш мекунем, ки забонамон пок бошад. (Қӯлассиён 3:8-ро хонед.)
Боз чӣ моро ҷисману ахлоқан нопок карда метавонад? Чизҳое ҳастанд, ки бадани моро заҳролуд мекунанд, масалан, тамоку, нос ва нашъа. Аз ин чизҳо ҳазар карда, мо тансиҳат мемонем, ҳамзамон нишон медиҳем, ки ҳаётро қадр мекунем. Мо инчунин бо тамоми қувват кӯшиш мекунем, ки одатҳои нопокро, ба монанди одати расидан ба узвҳои ҷинсии худ ва тамошои порнография, партоем (Забур 119:37; Эфсӯсиён 5:5). Ин кор осон нест, лекин бо ёрии Яҳува мо бар ин одатҳои нопок дастболо шуда метавонем. (Ишаъё 41:13-ро хонед.)
-
-
Дар пеши Худо пок бошедТо абад зинда бошед! Омӯзиши Китоби Муқаддас
-
-
5. Бо фикру рафтори нопок мубориза баред
Қӯлассиён 3:5-ро хонед, сипас ба саволҳои зерин ҷавоб диҳед:
Мо аз куҷо медонем, ки тамошои расму наворҳои бешармона, додугирифти паёмакҳои шаҳватангез ва одати расидан ба узвҳои ҷинсии худ дар назари Яҳува нопоканд?
Яҳува мехоҳад, ки халқаш пок бошад. Ба фикри шумо, оё иҷро кардани ин талаб имконпазир аст? Фаҳмонед.
ВИДЕОРО тамошо карда, фаҳмед, ки чӣ тавр бо фикрҳои нопок мубориза бурдан мумкин аст.
Исо бо мисоле нишон дод, ки мо бояд барои пок мондан бе дудилагӣ амал кунем. Матто 5:29, 30-ро хонед, сипас саволи зеринро дида бароед:
Исо дар назар надошт, ки мо худро маъюб кунем, балки гуфтанӣ буд, ки бепарвоӣ накарда, аз пайи ислоҳи худ шавем. Барои дур кардани фикрҳои нопок шахс чӣ кор карда метавонад?b
Барои аз сар дур кардани фикрҳои нопок чӣ кӯшише накунед, Яҳува қадр мекунад. Забур 103:13, 14-ро хонед, сипас саволи зеринро дида бароед:
Чӣ тавр ин оятҳо ёрӣ медиҳанд, ки барои партофтани одатҳои бад муборизаро давом диҳед?
Аз нобарориҳо ноумед нашавед!
Вақте пас аз кӯшишҳои дурудароз шахс боз ба одати куҳна даст мезанад, ӯ чунин фикр карда метавонад: «Ин қадар ҷонканиҳоям бефоида аст!» Албатта, дар чунин лаҳзаҳо одам даррав ноумед мешавад. Лекин биёед дар бораи мисоле фикр кунем: агар варзишгар ҳангоми давидан пешпо хӯрда ғалтад, ӯ фикр намекунад, ки мусобиқаро бой дод ё ба ақиб баргашта, аз нав бояд давад. Ба ин монанд, ҳангоми нобарориҳо фикр накунед, ки илоҷе нест. Ҳамчунин як лаҳзаи сустӣ маънои онро надорад, ки ҳамаи кӯшишҳоятон барбод рафтанд. Аз нобарориҳо ҳайрону ноумед нашавед. Ба пеш — сӯйи халосӣ шитобед! Дилпур бошед, ки бо ёрдами Яҳува шумо дар мубориза бо одатҳои бад дастболо мешавед.
-