-
Дастурот аз куҷо пайдо шуд?Пайдоиши ҳаёт. Панҷ саволи муҳими ҷавобталаб
-
-
Китоби Муқаддас чӣ мегӯяд? Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад, ки ташаккулёбии узвҳои бадани мо ва вақти пайдоиши ҳар яки онҳо маҷозан дар китобе навишта шудааст, ки муаллифи он Худост. Бинед, ки подшоҳ Довуд зери илҳоми илоҳӣ инро чӣ тавр тасвир мекунад. Ӯ ба Худо мегӯяд: «Чашмонат ҷанинамро дидаанд, ҳама узвҳои онро дар китобат навишта будӣ. Ҳатто пеш аз он ки онҳо пайдо шаванд, ту дар бораи рӯзҳои пайдоишашон навишта будӣ» (Забур 139:16).
-
-
Дастурот аз куҷо пайдо шуд?Пайдоиши ҳаёт. Панҷ саволи муҳими ҷавобталаб
-
-
Бо компакт-диск ё китоб муқоиса кардани КДН бисёр бамаврид аст. Китобе дар бораи геном чунин мегӯяд: «Геномро ба маънои аслӣ китоб гӯем, хато намекунем. Дар китоб маълумот аз рӯйи як тартибе ҷамъ оварда шудааст, дар бораи геном низ чунин гуфтан мумкин аст». Муаллифи он китоб илова мекунад: «Геном китоби хеле доноест, чунки дар шароити мусоид метавонад худро нусха бардорад ва худро хонад»22. Ин чиз диққати моро сӯйи дигар ҷониби муҳими КДН равона мекунад.
-