ДАРСИ 50
Хушбахтии оила. Қисми 2
Фарзанд неъмати Худованд аст. Яҳува мехоҳад, ки волидон ин атои ӯро эҳтиёт кунанд. Барои ин ба онҳо лозим аст, ки панду насиҳати ӯро ба кор баранд. Фарзандон низ бо кумаки Яҳува оиларо обод карда метавонанд.
1. Яҳува аз падару модар чӣ талаб дорад?
Яҳува мехоҳад, ки волидон фарзандонашонро дӯст доранд ва бо онҳо ҳар чӣ бисёртар вақт гузаронанд, инчунин фарзандонашонро ҳимоя намоянд ва аз рӯйи Китоби Муқаддас тарбия кунанд (Панднома 1:8). Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст: «Эй падарон, фарзандони худро... дар таълим ва насиҳати Яҳува тарбия кунед». (Эфсӯсиён 6:4-ро хонед.) Агар падару модар фарзандони худро бо хости Яҳува тарбия кунанду ин вазифаи худро ба гардани дигарон напартоянд, Яҳува хурсанд мешавад.
2. Яҳува аз фарзандон чӣ талаб дорад?
Яҳува ба фарзандон чунин мефармояд: «Ба падару модари худ... итоат кунед». (Қӯлассиён 3:20-ро хонед.) Вақте фарзандон ба падару модарашон итоат мекунанд ва онҳоро иззату ҳурмат менамоянд, аз ин ҳам Яҳува ва ҳам волидонашон хурсанд мешаванд (Панднома 23:22–25). Исо ба фарзандон намунаи хуб гузошт. Ҳарчанд ӯ комил буд, ба падару модараш итоат мекард ва онҳоро иззату эҳтиром менамуд (Луқо 2:51, 52).
3. Чӣ тавр аҳли оила ба Яҳува наздик шуда метавонад?
Албатта, ҳар як падару модар мехоҳад, ки фарзандаш Яҳуваро дӯст дорад. Барои ин шумо, волидон, чӣ кор карда метавонед? Маслиҳати зерини Китоби Муқаддас ба шумо кумак мекунад: «[Суханони Яҳуваро] дар дили фарзандонат ҷо кун ва ҳангоми дар хона нишастанат, роҳ рафтанат... дар бораи онҳо гуфтугӯ намо» (5 Мӯсо 6:7). «Дар дил ҷо кардан» маънои гаштаву баргашта таълим доданро дорад. Чи хеле шумо медонед, бисёр вақт ба фарзандон як чизро бояд такрору батакрор гӯед, то ин ки онҳо гапро дар ёдашон гиранд. Ин оят инчунин маънои онро дорад, ки шумо бояд ба фарзандонатон дар бораи Яҳува зуд-зуд гап занед. Хуб мебуд, ки ҳар ҳафта бо фарзандонатон якҷоя Яҳуваро парастиш кунед. Ҳамсарон, соҳиби фарзанд набошед ҳам, ҳар ҳафта вақт ҷудо карда, якҷоя Каломи Худоро омӯзед.
БЕШТАР ФАҲМЕД
Фаҳмед, ки барои хушбахтӣ ва бехатарии оилаатон чӣ кор карда метавонед.
4. Фарзандро бо муҳаббат тарбия кунед
Таълиму тарбияи кӯдак осон нест. Китоби Муқаддас ба падару модар чӣ маслиҳат медиҳад? Яъқуб 1:19, 20-ро хонед, сипас ба саволҳои зерин ҷавоб диҳед:
Чӣ тавр волидон ҳангоми бо фарзандашон гап задан муҳаббат нишон дода метавонанд?
Чаро волидон набояд фарзандонашонро сари қаҳр ҷазо диҳанд?a
5. Фарзандонатонро ҳимоя кунед
Барои фарзандонро муҳофизат кардан бениҳоят муҳим аст, ки бо ҳар яки онҳо дар бораи алоқаи ҷинсӣ гап занед. Барои баъзеҳо дар ин мавзуъ гап задан осон нест. ВИДЕОРО тамошо кунед, сипас саволҳоро дида бароед.
Чаро барои баъзе волидон бо фарзандонашон дар бораи алоқаи ҷинсӣ гап задан душвор аст?
Чӣ тавр баъзе волидон ба фарзандонашон ин мавзуи нозукро фаҳмонда тавонистанд?
Чи хеле пешгӯйӣ шуда буд, дунёи Шайтон бадтару бадтар шуда истодааст. 2 Тимотиюс 3:1, 13-ро хонед, сипас ба савол ҷавоб диҳед.
Баъзе бадкорон ба таҷовузи кӯдакон даст мезананд. Барои чӣ муҳим аст, ки волидон бо кӯдаконашон дар бораи алоқаи ҷинсӣ гап зананд ва фаҳмонанд, ки чӣ тавр худро аз таҷовузкорон ҳимоя кунанд?
Оё шумо медонистед?
Шоҳидони Яҳува бисёр адабиёту видео баровардаанд, то волидон ба фарзандонашон маълумоти дуруст диҳанд ва нагузоранд, ки онҳо туъмаи таҷовузкорон шаванд. Масалан, нигаред ба:
«Кӯдаконатонро ҳимоя кунед!» (Видео)
«Ба фарзандатон дар бораи алоқаи ҷинсӣ маълумоти дуруст диҳед» («Бедор шавед!» № 5 с. 2016)
6. Падару модаратонро ҳурмат кунед
Кӯдакону наврасон эҳтироми худро ба падару модарашон бо гуфтори худ нишон дода метавонанд. ВИДЕОРО тамошо кунед, сипас саволҳоро дида бароед.
Чаро муҳим аст, ки фарзандон бо падару модарашон бо эҳтиром гап зананд?
Чӣ тавр фарзандон ҳангоми бо волидонашон гап задан иззату эҳтироми онҳоро ба ҷо оварда метавонанд?
Панднома 1:8-ро хонед, сипас ба саволи зерин ҷавоб диҳед:
Фарзандон ба насиҳату дастури волидонашон бояд чӣ тавр муносибат кунанд?
7. Яҳуваро бо аҳли оила парастед
Оилаҳои Шоҳидони Яҳува ҳар ҳафта вақти муайянеро ҷудо карда, якҷоя Яҳуваро парастиш мекунанд. Чунин парастиши оилавӣ чӣ гуна мегузарад? ВИДЕОРО тамошо кунед, сипас саволҳоро дида бароед.
Чӣ тавр оилаҳо ҳар ҳафта парастиши оилавӣ гузаронда метавонанд?
Чӣ тавр волидон парастиши оилавиашонро фоидаовару хурсандибахш карда метавонанд? (Ба расми аввали ин дарс нигаред.)
Чӣ халал расонда метавонад, ки парастиши оилавӣ гузаронед?
Дар замонҳои қадим Яҳува ба исроилиён фармуда буд, ки бо аҳли оилаашон мунтазам дар бораи Навиштаҳо суҳбат кунанд. 5 Мӯсо 6:6, 7-ро хонед ва ба саволи зерин ҷавоб диҳед:
Чӣ тавр шумо ин маслиҳатро ба кор бурда метавонед?
Якчанд пешниҳод барои парастиши оилавӣ:
Ба вохӯриҳои ҷамоат якҷоя тайёрӣ бинед.
Аз Калом порчаи барои оилаатон шавқоварро хонед ва якҷоя мулоҳиза кунед.
Агар кӯдаки майда дошта бошед, аз сомонаи jw.org супоришеро барои кӯдакон боргирӣ кунед ва, агар имкон бошад, чоп кунед.
Агар фарзанди наврас дошта бошед, аз сомонаи jw.org. мақолаеро барои наврасон якҷоя дида бароед.
Бо фарзандонатон аз рӯйи ягон воқеаи Китоби Муқаддас саҳнача бозӣ кунед.
Аз сомонаи jw.org. ягон видеоро тамошо карда, саволу ҷавоб кунед.
БАЪЗЕҲО МЕГӮЯНД: «Китоби Муқаддас барои кӯдакон душворфаҳм аст».
Шумо дар ҷавоб чӣ мегӯед?
ФИКРҲОИ АСОСӢ
Яҳува мехоҳад, ки падару модар фарзандонашонро дӯст доранд, таълим диҳанд ва ҳимоя кунанд, фарзандон бошанд, волидонашонро иззат кунанд ва гапашонро гиранд. Ӯ инчунин мехоҳад, ки оилаҳо якҷоя ӯро парастиш кунанд.
Такрор
Чӣ тавр падару модар фарзандонашонро таълим додаву ҳимоя карда метавонанд?
Чӣ тавр фарзандон ҳурмату эҳтироми волидонашонро ба ҷо оварда метавонанд?
Ҳар ҳафта бо аҳли хонавода Яҳуваро парастиш кардан чӣ фоида меорад?
ДИДА БАРОЕД
Чӣ ба кӯдаки шумо ёрӣ медиҳад, ки ба зиндагӣ тайёр шавад?
«Шаш хислате, ки кӯдак бояд аз худ кунад» («Бедор шавед!» № 2 с. 2019)
Фаҳмед, ки дар Китоби Муқаддас ба касоне, ки падару модарашонро нигоҳубин мекунанд, чӣ маслиҳат дода шудааст.
«Дар Каломи Худо дар бораи нигоҳубини волидони пиронсол чӣ гуфта шудааст?» (Мақола аз сомона)
Чӣ тавр марде, ки намедонист чӣ хел фарзандонашро тарбия кунад, аз уҳдаи ин кор баромад?
Фаҳмед, ки падарон чӣ кор карда метавонанд, то байни онҳову писаронашон меҳру эҳтиром бошад.
a Дар Китоби Муқаддас ҷазо ё «танбеҳ» додан ба маънои таълим додан, ислоҳ намудан ва роҳ нишон додан омадааст. Танбеҳу сарзаниш маънои бераҳмона ҷазо доданро надорад (Панднома 19:18).