ДАРСИ 36
Дар ҳар маврид ростқавлу ҳалолкор бошед
Ҳар як кас мехоҳад дӯстоне дошта бошад, ки ростқавлу бавиҷдонанд. Яҳува низ мехоҳад, ки дӯстонаш баинсоф бошанд, лекин дар дунёе, ки пур аз ноинсофист, ростқавлу баинсоф будан осон нест. Биёед фаҳмем, ки аз ҳар ҷиҳат ростқавлу ҳалолкор будан чӣ манфиат дорад.
1. Барои ростқавлу росткор будан сабаби аз ҳама муҳим кадом аст?
Бо дигарон ростқавл будани мо нишон медиҳад, ки мо Яҳуваро дӯст медорем ва ӯро ҳурмат мекунем. Яҳува аз ҳар як кору фикри мо бохабар аст (Ибриён 4:13). Барои ҳамин, вақте мо қарор мекунем, ки ростқавлу росткор монем, ӯ инро мебинад ва хурсанд мешавад. Дар Каломи ӯ гуфта шудааст: «Яҳува каҷкоронро чашми дидан надорад, аммо бо росткорон ҳамроз аст» (Панднома 3:32).
2. Дар кадом мавридҳо ростқавлу ҳалолкор буда метавонем?
Яҳува мехоҳад, ки мо «ба якдигар рост» гӯем (Закарё 8:16, 17). Масалан, ҳангоми бо аҳли оила, ҳамкорон, ҳамимонон ё намояндагони ҳукумат гап задан мо дурӯғ намегӯем. Одами ростқавлу бавиҷдон дуздӣ намекунад ва фиреб намедиҳад. (Панднома 24:28 ва Эфсӯсиён 4:28-ро хонед.) Чунин одамон ҳамаи андозҳои давлатро месупоранд (Румиён 13:5–7). Дар ин ва дигар мавридҳо мо мехоҳем «ростқавлу ҳалолкор бошем» (Ибриён 13:18).
3. Ростқавлӣ чӣ фоида дорад?
Агар ростқавлу бавиҷдон бошем, дигарон ба мо бовар мекунанд. Вақте аҳли ҷамоат чунин рафтор мекунанд, мо худро дар оилае ҳис мекунем, ки ҳама ба якдигар бовар доранд. Инчунин, агар виҷдони кас пок бошад, дилаш орому хурсанд аст. Ғайр аз ин, ростқавлу бавиҷдон буданамон метавонад «таълими Наҷотбахшамон Худоро бо ҳар роҳ оро» диҳад ва дигаронро ба ҳақиқат ҷалб намояд (Титус 2:10).
БЕШТАР ФАҲМЕД
Фаҳмед, ки ростқавлиятон ба Яҳува чӣ аҳамият дорад ва ба ҳаётатон чӣ гуна таъсир мекунад. Инчунин дида бароед, ки чӣ тавр дар вазъиятҳои гуногун росткор буда метавонед.
4. Ростқавлии мо Яҳуваро шод мегардонад
Забур 44:21 ва Малокӣ 3:16-ро хонед, сипас ба саволҳои зерин ҷавоб диҳед:
Чаро фикри он ки ҳақиқати ҳолро пинҳон кардан мумкин аст, аз рӯйи хирад нест?
Вақте мо, душвор бошад ҳам, гапи ростро мегӯем, Яҳува чӣ ҳис мекунад?
5. Ҳама вақт ростқавлу росткор бошед
Бисёр одамон фикр мекунанд, ки ҳамеша ростқавл будан номумкин аст. Лекин дар бораи он андеша кунед, ки чаро мо бояд ҳама вақт ростқавл бошем. ВИДЕОРО тамошо кунед.
Ибриён 13:18-ро хонед, сипас дида бароед, ки чӣ тавр мо дар мавридҳои зерин ростқавл буда метавонем:
дар оила
ҷойи кор ё мактаб
дар дигар вазъиятҳо
6. Ростқавлӣ ба фоидаи мост
Баъзан аз пушти ростқавлиямон душвориҳо сар мезананд. Лекин чунин рафтор натиҷаи хуб меорад. Забур 34:12–16-ро хонед, сипас саволи зеринро дида бароед:
Ростқавлӣ ба шумо чӣ фоида оварда метавонад?
А. Зану шавҳари ростқавл оилаашонро мустаҳкам мегардонанд
Б. Коргари ростқавл боварии сардорашро ба даст меорад
В. Шаҳрванди ростқавл дар назди намояндагони ҳукумат обрӯ пайдо мекунад
БАЪЗЕҲО МЕГӮЯНД: «Баъзан дурӯғ гуфтан бадие надорад. Зарур бошад, раво бошад».
Чаро шумо бовар доред, ки Яҳува аз ҳар гуна дурӯғ нафрат дорад?
ФИКРҲОИ АСОСӢ
Яҳува мехоҳад, ки дӯстони ӯ ҳама вақт, ҳам дар гуфтор ва ҳам дар рафтор, ростқавл бошанд.
Такрор
Дар кадом мавридҳо ростқавл буда метавонем?
Чаро фикри он ки мо ҳақиқати ҳолро пинҳон карда метавонем, бехирадона аст?
Чаро шумо ҳама вақт ростқавл будан мехоҳед?
ДИДА БАРОЕД
Чӣ тавр волидон ба фарзандонашон ростқавл буданро ёд дода метавонанд?
Ба ваъда вафо кардан чӣ фоида меорад?
Оё андозро, ҳатто вақте нодуруст истифода мешавад, бояд супорем?
«Андоз — оё бояд онро супорем?» («Бурҷи дидбонӣ», 15 октябри с. 2011)
Чӣ сабаб шуд, ки марди фиребгаре ростқавлиро пеша кард?
«Ман фаҳмидам, ки Яҳува раҳмдилу бахшанда аст» («Бурҷи дидбонӣ», 1 майи с. 2015)