Аз рӯйи он чӣ ки ба чашм аён аст, ҳукм накунед!
«Аз рӯйи он чӣ мебинед, ҳукм накунед, балки аз рӯйи адлу инсоф ҳукм намоед» (ЮҲ. 7:24).
1. Ишаъё дар бораи Исо чиро пешгӯйӣ кард ва чаро он рӯҳбаландкунанда аст?
ИШАЪЁ дар бораи Ҳазрати Исо пешгӯйӣ карда буд, ки ӯ «на бар тибқи нигоҳи чашмонаш доварӣ хоҳад намуд, ва на аз рӯйи шуниди гӯшҳояш ҳукм хоҳад кард, балки мискинонро бо адолат доварӣ хоҳад кард» (Иш. 11:3, 4). Ин суханон чун малҳами дил моро тасаллӣ мебахшанд. Зеро мо дар ҷаҳоне зиндагӣ мекунем, ки пур аз бадгумонӣ аст ва одамон якдигарро аз рӯйи он чӣ ки мебинанд, ҳукм мекунанд. Лекин Исо ҳеҷ гоҳ моро аз рӯйи нигоҳи чашмон доварӣ намекунад ва мо маҳз ба чунин Довари комил мӯҳтоҷем!
2. Исо ба мо чиро амр дод ва дар ин мақола мо чиро дида мебароем?
2 Ҳар рӯз мо ба одамон ва чӣ гуна будани онҳо ба таври худ баҳо медиҳем. Лекин азбаски ҳамаи мо нокомилем, мисли Исо баҳои комилан дуруст дода наметавонем. Мо майл дорем, ки аз рӯйи он чӣ ки чашмамон мебинад, ҳукм кунем. Лекин Исо ҳангоми дар замин буданаш чунин амр дод: «Аз рӯйи он чӣ мебинед, ҳукм накунед, балки аз рӯйи адлу инсоф ҳукм намоед» (Юҳ. 7:24). Яъне Исо мехост, ки мо мисли ӯ рафтор кунем ва дигаронро аз рӯйи чизи ба чашм аён баҳо надиҳем. Дар ин мақола мо се омилро дида мебароем, ки одатан ба нуқтаи назари мо таъсир карда метавонад: миллату нажод, боигарӣ ва синну сол. Доир ба ин се маврид мо маслиҳатҳои амалиро муҳокима мекунем, ки барои итоат кардан ба амри Исо ёрӣ медиҳанд.
БА ОДАМОН АЗ РӮЙИ МИЛЛАТ Ё НАЖОД БАҲО НАДИҲЕД
3, 4. а) Кадом воқеаҳо Петруси расулро водор карданд, ки нуқтаи назарашро нисбати ғайрияҳудиён дигар кунад? (Ба расми аввали мақола нигаред.) б) Кадом фаҳмиши навро Яҳува ба Петрус кушод?
3 Боре Петруси расул ба Қайсария ба хонаи марди ғайрияҳудӣ Корнилюс даъват карда шуд. Тасаввур кунед, ки дар роҳ, вақте ки Петрус ба он ҷо мерафт, аз хаёлаш чӣ гуна фикрҳо мегузаштанд (Аъм. 10:17–29). Мисли дигар яҳудиёни он замон Петрус бо ақидае ба воя расида буд, ки ғайрияҳудиён нопоканд. Вале дар ҳаёти ӯ як қатор воқеаҳо рӯй доданд, ки нуқтаи назари ӯро дигар карданд. Масалан, боре Петрус рӯъёи ғайриодие дид (Аъм. 10:9–16). Дар ин рӯъё аз осмон ба пеши вай дастархони калоне фаромад, ки болои он пур аз ҳайвонҳои нопок буд ва овозе ба ӯ амр дод: «Эй Петрус, бархез, бикуш ва бихӯр!» Петрус онро боқатъият рад кард. Сипас, овоз аз осмон ба ӯ гуфт: «Минбаъд чизеро, ки Худо пок гардонидааст, ҳаром нагӯй». Баъди бедор шудан Петрус сарфаҳм намерафт, ки он суханони аз осмон шунидааш чӣ маъно доранд. Рӯҳи муқаддас Петрусро роҳнамоӣ кард, ки ба хонаи Корнилюс равад ва ӯ ҳамроҳи одамони фиристодашуда ба он ҷо равон шуд.
4 Агар Петрус фақат аз рӯйи он чӣ ки медид, ҳукм мекард, ӯ ҳеҷ гоҳ ба хонаи Корнилюс намедаромад. Чунки яҳудиён ба хонаи ғайрияҳудиён намедаромаданд. Пас, чаро Петрус нигоҳ накарда ба бадгумонӣ нисбати ғайрияҳудиён, ки ба дилаш чуқур реша давонда буд, ба хонаи Корнилюс даромад? Рӯъёе, ки Петрус дид ва роҳнамоии аниқи рӯҳи муқаддас тарзи фикррониашро дигар кард. Вақте ӯ нақли Корнилюсро шунид, бе дудилагӣ чунин гуфт: «Акнун ман фаҳмидам, ки Худо ба ҳама бо як чашм менигарад, ва ҳар кӣ аз Ӯ тарсаду дуруст рафтор кунад, аз кадом халқе набошад, ба Ӯ маъқул аст» (Аъм. 10:34, 35). Ин фаҳмиш барои Петрус нав буд ва ӯро ба ҳаяҷон овард. Биёед, бинем, ки он ба ҳама масеҳиён чӣ гуна таъсир кард.
5. а) Яҳува ба ҳамаи масеҳиён чиро фаҳмондан мехоҳад? б) Нигоҳ накарда ба он ки мо ҳақиқатро медонем, дар қаъри диламон кадом ҳиссиёт шояд боқӣ мондааст?
5 Яҳува ба воситаи Петрус ба ҳамаи дигар масеҳиён фаҳмондан мехост, ки Ӯ ба ҳама бо як чашм менигарад. Ӯ одамонро аз рӯйи нажод, миллату маданият ва забонашон аз ҳамдигар ҷудо намекунад ва касеро аз дигаре боло намешуморад. Ҳар мард ё зане, ки аз Худо метарсаду дуруст рафтор мекунад, ба Ӯ писанд аст (Ғал. 3:26–28; Ваҳй 7:9, 10). Албатта, шумо инро аллакай медонед. Вале шояд шумо дар мамлакат ё оилае ба воя расидаед, ки аксарият нисбати одамони халқу миллаташон дигар ҳисси бадбинӣ доштанд. Ҳарчанд шумо ҳозир худро одами беғараз фикр мекунед, лекин мумкин дар қаъри дилатон ҳисси бадгумонӣ боқӣ монда бошад. Масалан, Петрус ҳарчанд ба дигарон мефаҳмонд, ки Яҳува ба ҳама бо як чашм менигарад, чанде пас худаш рӯйбинӣ зоҳир кард (Ғал. 2:11–14). Пас, чӣ ба мо кӯмак мекунад, то ба дастуроти Исо итоат кунем ва дигаронро аз рӯйи он чӣ ки мебинем, ҳукм накунем?
6. а) Чӣ ба мо кӯмак мекунад, ки бадгумониро аз дили худ решакан кунем? б) Ҳисоботе, ки як бародари масъул навишт, дар бораи ӯ чиро ошкор кард?
6 Мо бояд фикру ҳиссиёти худро бо ёрии Каломи Худо бодиққат тафтиш кунем ва фаҳмем, ки оё дар дили мо ягон зарраи бадгумонӣ боқӣ намондааст (Заб. 118:105). Мумкин мо дар худ ин хислатро пай набарем, лекин шояд дигарон онро дар мо дида, меҳрубонона маслиҳат диҳанд (Ғал. 2:11, 14). Ҳиссиёти бадгумонӣ то дараҷае дар дили мо ҷой шуда метавонад, ки мо худамон аз он бехабар мемонем. Масалан, бо як бародари масъул чунин шуда буд. Ӯ дар бораи хизмати боғайратонаи як ҷуфти масеҳӣ ба филиал ҳисобот навишт. Онҳо пурравақт хизмат мекарданд ва бародар аз як халқияти камшумор буд. Дигарон он халқро одамони паст меҳисобиданд. Аз афташ он бародари масъул худаш пай намебурд, ки нисбати ин халқият бадгумонӣ дорад. Чунки дар ҳисоботаш ӯ дар бораи он бародар бисёр чизҳои хубро қайд кард, вале дар охир навишт: «Вай [аз фалон миллат] аст, ки аксарияти мардумаш бесомону ифлосанд. Лекин ин бародар бо рафтор ва тарзи ҳаёти худ нишон медиҳад, ки ҳама одамони [ин миллат] пасту бесомон нестанд». Дар ин суханони бародар чӣ гуна хатогиро пай бурдед ва мо ба худ чӣ дарс мегирем? Новобаста аз он ки мо дар ташкилот чӣ гуна вазифаро иҷро мекунем, бояд худамонро бодиққат тафтиш кунем. Ва ҳамчунин агар дигарон майли бадгумониро дар мо пай бурда, ба мо маслиҳат диҳанд, онро фурӯтанона қабул кунем. Боз мо чӣ кор карда метавонем?
7. Чӣ тавр мо дари дили худро боз карда метавонем?
7 Агар мо дари дили худро боз кунем, ҷойи бадгумониро муҳаббат мегирад (2 Қӯр. 6:11–13). Оё шумо одатан танҳо бо шахсони ҳаммиллату ҳамзабони худатон муошират мекунед? Агар ҳа, пас кӯшиш кунед, ки дари дилатонро ба дигарон низ кушоед. Масалан, шумо метавонед бо бародарону хоҳарони дигар миллату забон якҷоя хизмат кунед. Ё онҳоро барои хӯрокхӯрӣ ё вохӯрии дӯстона таклиф намоед (Аъм. 16:14, 15). Ҳамин тавр шумо дили худро чунон аз муҳаббат пур мекунед, ки ба бадгумонӣ дигар ҷой намемонад. Вале боз дигар чизҳое ҳастанд, ки бисёр вақт мо аз рӯйи онҳо ба одамон баҳо додан мехоҳем. Масалан, аз рӯйи вазъи моддӣ ва боигарӣ.
БА БОЮ КАМБАҒАЛ ЯК ХЕЛ МУНОСИБАТ КУНЕД
8. Мувофиқи Ибодат 19:15 мо чӣ гуна майл дошта метавонем?
8 Одамон инчунин майл доранд, ки ба якдигар аз рӯйи боигарӣ ва вазъи моддӣ баҳо диҳанд. Дар Ибодат 19:15 гуфта шудааст: «Дар мурофиа беинсофӣ накун, ба камбағал рӯбинӣ нанамо ва ба шахси бузург тамаллуқ [хушомад] накун; ёри худро аз рӯи инсоф доварӣ намо». Вале чӣ тавр бой ё камбағал будани шахс ба нуқтаи назари мо нисбати ӯ таъсир карда метавонад?
9. Сулаймон кадом ҳақиқати талхро навишт ва аз ин мо чӣ дарс мегирем?
9 Сулаймон зери таъсири рӯҳи муқаддаси Худо дар бораи одамони нокомил ҳақиқати талхеро баён кард. Дар Масалҳо 14:20 гуфта шудааст: «Бенаво барои ёри худ низ нафратангез аст, вале сарватдор дӯстони бисёре дорад». Аз ин масал мо чӣ дарс мегирем? Агар мо эҳтиёт нашавем, дар мо хоҳиш пайдо шуда метавонад, ки бо бародарону хоҳарони бой дӯст шавему аз ҳамимонони камбағал худро дур кашем. Барои чӣ қадру қимати дигаронро аз рӯйи боигариашон чен кардан хато аст?
10. Яъқуб масеҳиёнро аз кадом проблема огоҳ кард?
10 Агар мо ба дигарон аз рӯйи вазъияти иқтисодиашон баҳо диҳем, байни аъзоёни ҷамъомад тухми ҷудоӣ мекорем. Дар баъзе ҷамъомадҳои асри як чунин проблема пайдо шуда буд, барои ҳамин шогирди Исо — Яъқуб масеҳиёнро аз он огоҳ кард. (Яъқуб 2:1–4-ро хонед.) Мо набояд гузорем, ки дар ҷамъомади мо ҷудоӣ бошад. Пас, чӣ кор кунем, то бо майли дигаронро аз рӯйи вазъи моддиашон баҳо додан мубориза барем?
11. Чаро гуфтан мумкин аст, ки муносибати бо Яҳува доштаи шахс аз чизҳои моддӣ вобаста нест?
11 Ба мо лозим аст, ки ба бародарону хоҳарон мисли Яҳува нигоҳ кунем. Қадри инсон дар пеши Яҳува аз рӯйи бой ё камбағал буданаш баркашида намешавад. Барои бо Яҳува муносибати наздик доштан бой ё камбағал будани мо ягон нақш намебозад. Исо гуфт, ки «ба одами сарватманд ба Подшоҳии осмон дохил шудан душвор хоҳад буд», лекин ӯ нагуфт, ки одамони бой тамоман ба он даромада наметавонанд (Мат. 19:23). Аз дигар тараф, Исо гуфт: «Хушбахтед шумо, эй онҳое, ки камбағал ҳастед, зеро Подшоҳии Худо аз они шумост» (Луқ. 6:20). Вале ин маънои онро надошт, ки ҳамаи камбағалон таълимоти Исоро қабул карданд ва ба таври махсус баракат ёфтанд. Дар асл бисёр одамони камбағал хушхабарро қабул накарданд. Хулоса, аз рӯйи бой ё камбағал будани кас мо баҳо дода наметавонем, ки то чӣ андоза муносибати ӯ бо Яҳува наздик аст.
12. Ҳам ба одамони бой ва ҳам камбағал Каломи Худо чӣ насиҳат медиҳад?
12 Дар байни халқи Яҳува бародарону хоҳарони ҳам бой ва ҳам камбағал ҳастанд, ки ҳамаи онҳо Яҳуваро дӯст медоранд ва аз таҳти дил ба Ӯ хизмат мекунанд. Китоби Муқаддас ба касоне ки бой ҳастанд, маслиҳат медиҳад, ки «на ба сарвати нобудшаванда, балки ба Худо умед банданд». (1 Тимотиюс 6:17–19-ро хонед.) Ҳамзамон, Каломи Худо ҳамаи хизматгорони Яҳува — ҳам шахсони бой ва ҳам камбағалро насиҳат мекунад, ки пулпараст нашаванд (1 Тим. 6:9, 10). Дар ҳақиқат, вақте ки мо ба бародарону хоҳарон бо чашмони Яҳува нигоҳ мекунем, мо онҳоро аз рӯйи бой ё камбағал буданашон баҳо намедиҳем. Лекин дар бораи синну соли шахс чӣ гуфтан мумкин аст? Оё аз рӯйи он ба кас баҳо додан оқилона аст? Биёед инро дида бароем.
БА ОДАМОН АЗ РӮЙИ СИННУ СОЛ БАҲО НАДИҲЕД
13. Дар Навиштаҳо оиди ҳурмати калонсолон чӣ гуфта шудааст?
13 Дар Навиштаҳо бисёр вақт ба мо маслиҳат дода мешавад, ки калонсолонро ҳурмату эҳтиром кунем. Масалан, дар Ибодат 19:32 мо мехонем: «Пеши мӯйсафед бархез ва пирро эҳтиром намо, ва аз Худои худ тарсон бош. Ман Худованд ҳастам». Дар Масалҳо 16:31 низ навишта шудааст: «Тоҷи ҷалолат мӯйсафедист, ки он дар роҳи адолат муяссар мегардад». Ҳамчунин Павлуси расул Тимотиюсро насиҳат кард, ки ба бародарони калонсол сахт гап назанад, балки бо онҳо чун ба падар муносибат кунад (1 Тим. 5:1, 2). Ҳарчанд, Тимотиюс чун бародари масъул ҳокимият дошт, ӯ бояд бо бародарони пиронсол бо дилсӯзӣ ва эҳтиром муомила мекард.
14. Дар кадом ҳолат шахси аз худамон калонро ислоҳ кардан ё танбеҳ додан дуруст мебуд?
14 Лекин чӣ бояд кард, агар бародар ё хоҳари калонсол дидаю дониста гуноҳ кунад, ё ба рафторе даст занад, ки ба Яҳува писанд нест? Оё «ӯ аз мо калон» гуфта, бояд гуноҳашро ба назар нагирем ё вайро тарафгирӣ кунем? Яҳува аз рӯйи он чӣ ки ба чашм намоён аст, ҳукм намекунад ва пиронсолии касро рӯйихотир карда, ба гуноҳаш чашм намепӯшад. Ба принсипе, ки дар Ишаъё 65:20 оварда шудааст, аҳамият диҳед: «Агар гуноҳкор дар синни садсолагӣ бимирад, ба лаънат дучор мешавад». Принсипи ба ин монанд дар рӯъёи Ҳизқиёл нишон дода шудааст (Ҳиз. 9:5–7). Хулоса, мо бояд пеш аз ҳама Худои Атиқулайём, яъне Яҳуваро, ки аз азал вуҷуд дорад, ҳурмат кунем (Дон. 7:9, 10, 13, 14). Эҳтиром ба Яҳува ба мо далерӣ мебахшад, то шахси хатокардаро, хоҳ вай пир бошад, хоҳ ҷавон, ислоҳ кунем (Ғал. 6:1).
15. Аз суханони Павлуси расул мо оиди ҳурмат кардани бародарони ҷавон чӣ меомӯзем?
15 Агар бародар ҷавон бошад-чӣ? Оё ин маънои онро дорад, ки ӯ ба ҳурмати мо сазовор нест? Не албатта. Павлус ба Тимотиюси ҷавон навишт: «Нагузор, ки касе аз сабаби ҷавониат ба ту бо назари паст нигоҳ кунад, балки дар гуфтор, рафтор, муҳаббат, имон ва покӣ ба касони вафодор намуна бош» (1 Тим. 4:12). Вақте ки Павлус ин суханонро навишт, Тимотиюс тахминан 30-сола буд. Вале Павлус ба ӯ масъулиятҳои ҷиддӣ супорид. Аз ин чӣ гуна дарс гирифта метавонем? Мо ба бародарони ҷавон набояд аз рӯйи синну солашон баҳо диҳем. Агар хизмати заминии Исоро ба хотир орем, ӯ то синни 33 солагӣ аллакай корҳои хеле бисёрро анҷом дод.
16, 17. а) Пирон аз рӯйи чӣ бояд муайян кунанд, ки бародар барои хизматгузори ҷамъомад ё пир таъйин шудан мувофиқат мекунад? б) Чӣ тавр ақидаи шахсӣ ва маданият ба меъёрҳои Навиштаҳо муқобил баромада метавонад?
16 Мувофиқи маданияти баъзе ҷойҳо одамон ҷавононро писанд намекунанд. Зери таъсири ин маданият баъзе пирон ҳарчанд мебинанд, ки ҷавонон ба талабот мувофиқанд, онҳоро ба пир ё хизматгузори ҷамъомад (пеш «ходими ёвар» мегуфтем) шудан тавсия намекунанд. Лекин, дар ягон ҷойи Навиштаҳо гуфта намешавад, ки бародарон барои чун хизматгузори ҷамъомад ё пир таъйин шудан бояд ба ягон синну соли аниқ расида бошанд (1 Тим. 3:1–10, 12, 13; Тит. 1:5–9). Агар пири ҷамъомад зери таъсири маданияти маҳаллӣ худаш ин ё он қоидаро ҷорӣ кунад, ӯ мувофиқи Навиштаҳо амал намекунад. Пирон ба бародарони ҷавон на дар асоси нуқтаи назари шахсӣ ё маданият, балки аз рӯйи меъёрҳои Каломи Худо бояд баҳо диҳанд (2 Тим. 3:16, 17).
17 Агар пирон ба таъсироти урфу одати маҳаллӣ дода шаванд, онҳо бародарони ба талабот ҷавобгӯро аз гирифтани таъйинот бозмедоранд. Мисол, дар як давлат, бародари қобилиятноке хизматгузори ҷамъомад буд ва супоришҳои муҳимро иҷро мекард. Ҳарчанд пирони он ҷамъомад медонистанд, ки вай барои пир шудан ба талабот мувофиқ аст, ӯро тавсия намекарданд. Якчанд пирони калонсол исрор мекарданд, ки он бародар барои пир таъйин шудан зоҳиран хеле ҷавон метобад. Афсӯс он бародарро танҳо аз сабаби ёш тофтанаш пир таъйин накарданд. Ин фақат як мисол аст, лекин ҳисоботҳо нишон медиҳанд, ки чунин ҳолат дар бисёр ҷойҳо дида мешавад. Пас, то чӣ андоза муҳим аст, ки мо ба Навиштаҳо такя кунем, на ба маданият ё ақидаи шахсӣ! Дар он сурат мо ба Исо итоат карда, одамонро аз рӯйи он чӣ ки мебинем, ҳукм намекунем.
АЗ РӮЙИ АДЛУ ИНСОФ ҲУКМ НАМОЕД
18, 19. Барои ба дигарон бо чашми Яҳува нигаристан мо бояд чӣ кор кунем?
18 Нигоҳ накарда ба нокомилӣ, мо метавонем ба дигарон бо чашмони Яҳува нигоҳ карданро ёд гирем (Аъм. 10:34, 35). Вале барои ин мо бояд ҳама вақт саъю кӯшиш кунем ва ба ёдраскуниҳои Каломи Худо диққат диҳем. Вақте мо онҳоро ба кор мебарем, мо ба Исо итоат мекунем ва одамонро аз рӯйи он чӣ ки ба чашм аён аст, ҳукм намекунем (Юҳ. 7:24).
19 Ба наздикӣ Шоҳи мо — Исои Масеҳ тамоми инсониятро доварӣ хоҳад кард, лекин ӯ на бар тибқи нигоҳи чашмонаш, ва шуниди гӯшҳояш, балки аз рӯйи адолат ин корро мекунад (Иш. 11:3, 4). Он замон дар ҳақиқат олиҷаноб хоҳад буд!