Боби 9
Бо наздиконе ки аз олам даргузаштаанд, чӣ рӯй медиҳад?
1. Ҳангоме ки касе аз наздикон мемирад, одамон чӣ эҳсос мекунанд?
“МАРГИ каси наздик хеле азиятовар аст, зеро дарки рафтани ӯ ба олами фано душвор аст”,— ин аст гуфтаи шахсе, ки падар ва пас аз муддати каме модари худро аз даст дод. Ӯ чунон дарду алам ва андӯҳи сахте аз талафи онҳо ҳис мекард, ки ба худ ҷои нишаст намеёфт. Шояд шумо низ ба чунин ранҷ дучор шуда бошед. Мумкин аз худ пурсидаед, наздикони ман куҷоянд ва оё дубора онҳоро хоҳам дид ё на?
2. Чӣ гуна саволҳои мураккаб дар мавриди марг ба вуҷуд меоянд?
2 Баъзе волидони фарзандгумкарда дар навҳаи худ чунин ҷавоб мешунаванд: “Худо зеботарин гулҳоро пеши худ ба осмон мебарад”. Оё дар ҳақиқат чунин аст? Магар наздикони мо ба олами арвоҳ мераванд? Оё ин ҷоест, ки бархе онро нирвана — ҳолати роҳату озодӣ аз ҳар дарду хоҳишҳо меноманд? Оё наздикони мо аз дарвозаҳои зиндагии абадӣ ба биҳишт даромадаанд? Ё он тавре ки баъзеҳо исрор мекунанд, барои касоне, ки бар зидди Худо гуноҳ мекарданд, марг воридгоҳи азобҳои абадист? Оё мурдагон метавонанд ба зиндагии мо таъсир расонанд? Барои он ки ба ин саволҳо посухи дуруст ёбем, бояд ба Каломи Худо — Китоби Муқаддас муроҷиат кунем.
«РӮҲ»-И ОДАМ ЧИСТ?
3. Ақидаи Суқрот ва Афлотун дар бораи мурдагон чӣ гуна буд ва он имрӯз ба одамон чӣ таъсире мерасонад?
3 Суқрот ва Афлотун — файласуфони Юнони қадим мӯътакид буданд, ки дар даруни ҳар мард ва зан чизи меросгирифтаи намиранда вуҷуд дорад. Имрӯз миллионҳо нафар дар тамоми олам ба ин эътиқод доранд. Ин эътиқод боиси тарсу ҳарос аз мурдагон ва ташвиш аз бобати офияти онҳо мегардад. Вале таълимоти Китоби Муқаддас дар бораи мурдагон аз ин ақидаҳо ба куллӣ фарқ мекунад.
4. a) Китоби Ҳастӣ дар бораи “ҷон” чӣ мегӯяд? б) Худо чиро ба даруни Одам гузошт, ки боиси зинда шудани ӯ гашт?
4 Худо бо тарзи аҷоиб инсон — ҷонро, аз элементҳои таркибии замин офарид ва сипас «рӯҳи ҳаёт», ё нафаси ҳаётро бар ӯ дамид. Дар Ҳастӣ 2:7 гуфта шудааст: «Ва Худованд Худо одамро аз хоки замин бисиришт, ва ба бинии вай рӯҳ [«нафас», ТОН]-и ҳаёт дамид, ва одам ҷони зинда шуд», яъне Одам худ ҷони зинда буд. Ҳаёти Одам бо воситаи нафас нигоҳ дошта мешуд. Аммо нафаси ҳаёте ки Худо ба Одам дод, чизи бештаре буд аз гардиши ҳаво дар шушҳои ӯ. Китоби Муқаддас дар бораи «рӯҳи ҳаёт», ё «нерӯи зиндагӣ» (ТОН), ки дар мавҷудоти зинда амал мекунад, сухан меронад (Ҳастӣ 7:22).
5, 6. a) «Нерӯи ҳаёт» чист? б) Вақте ки «рӯҳ»-и дар Забур 145:4 ба он ишорашуда, аз фаъол кардани бадан боз меистад, чӣ рӯй медиҳад?
5 «Нерӯи зиндагӣ» чист? Ин шарораи ҳаёт аст, ки Худо бар бадани Одам ниҳод ва ин нерӯ ба воситаи ҷараёни нафаскашӣ нигоҳ дошта мешуд. Пас калимаи «рӯҳ» аз Забур 145:4 ба чӣ тааллуқ дорад? Ин матн дар бораи мурдагон мегӯяд: «Рӯҳи вай берун меравад, вай ба хоки худ бармегардад; дар ҳамон рӯз андешаҳои вай нест мешавад». Калимаи «рӯҳ»-ро истифода бурда, нависандагони Китоби Муқаддас чизи нонамоёнеро, ки пас аз марг ба зиндагӣ идома медиҳад, дар назар надоштанд.
6 «Рӯҳ», ки инсонро ҳангоми марг тарк мекунад, нерӯи зиндагӣ аст, ки аз Офаридагори мо сарчашма мегирад (Забур 35:10; Аъмол 17:28). Ин нерӯи зиндагӣ ягон хусусияти инсонеро, ки ба ҳаракат меорад, надорад, ҳамон тавре ки нерӯи барқе, ки дастгоҳро таъмин мекунад, хусусиятҳои дастгоҳиро надорад. Ҳангоме ки инсон мемирад, рӯҳ (нерӯи зиндагӣ) аз фаъолият дар ҳуҷайраҳои бадан бозмемонад, монанди он ки дар вақти қатъи нерӯи барқ, нури чароғ хомӯш мешавад. Ҳангоме ки нерӯи зиндагӣ аз нигоҳ доштани ҳаёт дар бадани инсон бозмеистад, одам — ҷон — мемирад (Забур 103:29; Воиз 12:1, 7).
«БА ХОК ХОҲӢ БАРГАШТ»
7. Бо Одам дар сурати сарпечӣ аз фармони Худо чӣ бояд рӯй медод?
7 Йеҳӯва маънои маргро ба Одами гуноҳкарда возеҳ фаҳмонид. Худо гуфт: «Ба арақи ҷабинат нон хоҳӣ хӯрд, то даме ки ба хок баргардӣ, ки аз он гирифта шудаӣ; зеро ки ту хок ҳастӣ, ва ба хок хоҳӣ баргашт» (Ҳастӣ 3:19). Одам бояд ба куҷо бармегашт? Ба замин, ба хоке ки аз он сохта шуда буд. Вақте ки Одам мурд, ҳастии ӯ хотима ёфт.
8. Дар чӣ одамон аз ҳайвонот бартарӣ надоранд?
8 Аз ин назар марги инсон аз марги ҳайвонот тафовуте надорад. Ҳайвонот низ ҷон ҳастанд ва ҳаёти онҳо аз ҳисоби ҳамон рӯҳ, ё нерӯи зиндагӣ нигоҳ дошта мешавад (Ҳастӣ 1:24). Дар китоби Воиз 3:19, 20 Сулаймони хирадманд мегӯяд: «Чунон ки инҳо мемиранд, онҳо низ мемиранд, ва барои ҳама айни як рӯҳ аст, ва одамизод [дар мавриди марг] аз чорпоён бартарӣ надорад ... Ҳама аз хок аст, ва ҳама ба хок бармегардад». Бартарии одам аз ҳайвонот дар он аст, ки инсон ба сурати Худо офарида шудааст ва ӯ хусусиятҳои Йеҳӯваро инъикос менамояд (Ҳастӣ 1:26, 27). Бо вуҷуди ин, ҳангоми марг одам ва ҳайвонот ба хок бармегарданд.
9. Мурдагон дар кадом ҳолат ҳастанд ва онҳо ба куҷо мераванд?
9 Сулаймон маргро бештар тавзеҳ дода мегӯяд: «Зиндаҳо медонанд, ки бояд бимиранд, вале мурдаҳо чизе намедонанд». Бале, мурдагон чизе намедонанд. Бинобар ин, Сулаймон таъкид мекунад: «Ҳар коре ки карданаш аз дасти ту меояд, алоқадри қуввати худ бикун, зеро дар гӯр [ибр. шеол], ки ба он ҷо меравӣ, на амал ҳаст, на тафаккур, на дониш, ва на ҳикмат» (Воиз 9:5, 10). Мурдагон ба куҷо мераванд? Ба шеол — яъне қабри умумии инсоният. Наздикони аз даст рафтаи мо аз ҳеҷ чизе огоҳӣ надоранд. Онҳо ранҷу азоб намекашанд ва наметавонанд ба ҳеҷ тариқе ба зиндагии мо таъсир расонанд.
10. Чаро метавон гуфт, ки марг на ҳамеша маънои интиҳоро дорад?
10 Оё ин маънои онро дорад, ки мо ва наздиконамон бояд чанд соле зиндагӣ кунем ва сипас барои ҳамешагӣ ҳаётро падруд гӯем? Назари Китоби Муқаддас дигар аст. Баъд аз гуноҳи Одам, Йеҳӯва Худо фавран нақшае сохт, то ки оқибатҳои гуноҳи инсонӣ бартараф гарданд. Марг тамоман дар нақшаи Худо барои одамизод ҷой надошт (Ҳизқиёл 33:11; 2 Петрус 3:9). Бинобар ин, марг барои мову наздиконамон ҳатман поёни ҳаёт нест.
«ХУФТААСТ»
11. Исо ҳолати дӯсти мурдаи худ Лаъзорро чӣ гуна тасвир кард?
11 Йеҳӯва ният дорад, ки мо ва наздикони аздастрафтаамонро аз марге ки аз Одам ба мо расидааст, раҳоӣ бахшад. Аз ин лиҳоз, Китоби Муқаддас ҳангоми ишора ба мурдагон мегӯяд, ки онҳо дар хобанд. Масалан, вақте ки Исои Масеҳ хабари марги дӯсти худ Лаъзорро шунид, ба шогирдонаш гуфт: «Дӯсти мо Лаъзор хуфтааст, лекин ман меравам, то ки вайро бедор кунам». Азбаски шогирдон ҳамон замон маънои гуфтаи ӯро нафаҳмиданд, Исо рӯирост гуфт: «Лаъзор мурдааст» (Юҳанно 11:11, 14). Сипас Исо ба шаҳраки Байт-Ҳинӣ, ҷое ки хоҳарони Лаъзор Марто ва Марям дар мотам аз марги бародари худ буданд, равона гашт. Гоҳе ки Исо ба Марто гуфт: «Бародари ту эҳё хоҳад шуд», Марто имони худро ба мақсади Худо — аз асорати марг халос намудани одамизод иброз кард. Ӯ гуфт: «Медонам, ки дар қиёмат, дар рӯзи вопасин эҳё хоҳад шуд» (Юҳанно 11:23, 24).
12. Марто чӣ умеде нисбати мурдагон дошт?
12 Марто дар мавриди мавҷудияти рӯҳи фанонопазир, ки пас аз марг ба зиндагӣ идома медиҳад, чизе нагуфт. Вай боварӣ надошт, ки Лаъзор дар олами арвоҳ ба ҳастии худ идома медиҳад. Марто умеди эҳёи мурдагонро дошт. Ӯ медонист, ки ягон рӯҳи намирандае аз бадани Лаъзор ҷудо нашудааст, балки ҳастии бародари ӯ қатъ гардид. Ягона илоҷ — эҳёи бародараш буд.
13. Исо чӣ қудрати худододе дорад ва ӯ ин қудратро чӣ гуна нишон дод?
13 Йеҳӯва Худо Исои Масеҳро барои бозхариди башар аз марг ваколатдор намуд (Айюб 33:28). Бинобар ин Исо дар ҷавоби Марто гуфт: «Ман қиёмат ва ҳаёт ҳастам; ҳар кӣ ба Ман имон оварад, агар бимирад ҳам, зинда хоҳад шуд» (Юҳанно 11:25). Исо қудрати худододи хешро нишон дода, назди қабри Лаъзор рафт ва ӯро, ки чор рӯз боз мурда буд, ба зиндагӣ бозгардонд (Юҳанно 11:38–44). Хушҳолӣ ва шавқи касонеро, ки шоҳиди ин ва дигар эҳёшавиҳои Исои Масеҳ анҷомдода буданд, тасаввур кунед! (Марқӯс 5:35–42; Луқо 7:12–16).
14. Чаро эҳё ва эътиқод бар он ки инсон пас аз марг чун шахси рӯҳӣ ба зиндагӣ идома медиҳад, мавҳумҳои якҷоянашавандаанд?
14 Лаҳзае биандешед: агар рӯҳи намирандае пас аз марг ба зиндагӣ идома медод, он гоҳ ҳоҷате бар эҳёи касе набуд. Дарвоқеъ, агар одамон аз қабили Лаъзор инъоми бошукӯҳи осмонии худро дарёфта бошанд, эҳёи онҳо бар ин зиндагии нокомил ноадолатона мебуд. Оре, дар ягон ҷои Китоби Муқаддас ибораи “рӯҳи намиранда” наомадааст. Баръакс, Навиштаҳо мегӯянд, ки ҷони инсони гунаҳкор мемирад (Ҳизқиёл 18:4, 20). Инак, Китоби Муқаддас эҳёшавиро чун илоҷи воқеии халосӣ аз марг медонад.
«ҲАМАИ ОНҲОЕ КИ ДАР ҚАБР МЕБОШАНД»
15. a) Маънои “эҳё” чист? б) Чаро ба Йеҳӯва Худо эҳёи одам кори осон хоҳад буд?
15 Калимае ки шогирдони Исо ҳамчун “эҳё” ба кор бурдаанд, аслан маънои “бархостан” ё “бар по рост истодан”-ро дорад. Эҳё шудан — маънои аз ҳолати марг бархостан ё аз қабри умумии инсонӣ хестанро дорад. Йеҳӯва Худо метавонад ба осонӣ инсонро эҳё созад. Чаро? Зеро Йеҳӯва — сарчашмаи зиндагист. Имрӯзҳо одамон метавонанд овоз ва тасвири мардон ва занонро ба навор сабт кунанд ва ин наворҳоро пас аз марги шахсе дубора намоиш диҳанд. Албатта Офаридгори Қодири мо тамоми хусусиятҳои ҳар як инсонро дар ёд дорад ва метавонад ӯро ҳамон тавре ки буд, бадани нав дода эҳё созад.
16. a) Исо дар мавриди онҳое ки дар қабр ҳастанд, чӣ ваъда дод? б) Кадом амал мушаххаскунандаи навъи эҳё барои одам хоҳад буд?
16 Исои Масеҳ гуфт: «Соате мерасад, ки ҳамаи онҳое ки дар қабр мебошанд, овози ӯро [Исоро] хоҳанд шунид, ва берун хоҳанд омад — некӯкорон барои қиёмати ҳаёт ва бадкорон барои қиёмати доварӣ» (Юҳанно 5:28, 29). Ҳамаи онҳое ки дар ёди Йеҳӯва ҳастанд, эҳё хоҳанд шуд ва роҳҳои ӯро хоҳанд омӯхт. Барои онҳое ки мутобиқи маърифати Худо амал мекунанд, ин эҳёи ҳаёт хоҳад буд. Аммо барои касоне, ки таълимот ва ҳукмронии Худоро рад мекунанд, эҳё — эҳёи доварӣ хоҳад буд.
17. Кӣ эҳё хоҳад шуд?
17 Табиист, ки касоне ки чун ходимони Йеҳӯва роҳ ва равиши ростиро пеша карда буданд, эҳё хоҳанд шуд. Умед бар эҳёшавӣ ба касони зиёде дар рӯ ба рӯи марг қувват бахшид, ҳатто дар вақти таъқиботи шадид. Онҳо медонистанд, ки Худо метавонад онҳоро ба зиндагӣ бозгардонад (Матто 10:28). Аммо миллионҳо нафар муносибати худро бар меъёрҳои одилонаи Худо зоҳир накарда мурданд. Онҳо низ эҳё хоҳанд шуд. Павлуси ҳавворӣ, ки ба ин итминони комил дошт, гуфт: «Ва аз Худо умед дорам, ки ... ҳам барои одилон ва ҳам барои золимон эҳёи мурдагон дар пеш аст» (Аъмол 24:15).
18. a) Юҳаннои ҳавворӣ чӣ гуна рӯъёро дар бораи эҳё дид? б) Дар «кӯли оташ» чӣ нобуд мешавад ва ин «кӯл» рамзи чист?
18 Юҳаннои ҳавворӣ дар рӯъёи ҳаяҷоноваре эҳёшудагонро дид, ки дар пеши тахти Худо истодаанд. Юҳанно пас аз он навишт: «Баҳр мурдагонеро, ки дар вай буданд, дод, ва мамот ва дӯзах [юн. гадес] мурдагонеро, ки дар онҳо буданд, доданд; ва ҳар яке мувофиқи аъмолаш доварӣ карда шуд. Ва мамот ва дӯзах дар кӯли оташ андохта шуданд. Ин — мамоти дуюм аст» (Ваҳй 20:12–14). Тасаввур бикунед: ҳамаи мурдагоне, ки дар хотири Худо ҳастанд, умеди раҳоиро аз гадес ё шеол — қабри умумии инсоният доранд (Забур 15:10; Аъмол 2:31). Онҳо имконият пайдо мекунанд, ки дар амал муносибати худро нисбати хидмат ба Худо нишон диҳанд. Сипас «мамот ва дӯзах» ба «кӯли оташ» андохта хоҳанд шуд, ки чун «ҷаҳаннам» рамзи нобудии комилро дорад (Луқо 12:5, ТОН). Вақте ки эҳёшавӣ анҷом меёбад, қабри умумии инсоният холӣ хоҳад шуд ва дигар вуҷуд нахоҳад дошт. Аз Китоби Муқаддас фаҳмидани он ки Худо ҳеҷ касро шиканҷаву азоб намедиҳад, чӣ қадар тасаллобахш аст (Ирмиё 7:30, 31).
ЭҲЁШУДАГОН ДАР КУҶО ЗИНДАГӢ ХОҲАНД КАРД?
19. Барои чӣ баъзеҳо барои зиндагӣ дар осмон эҳё мешаванд ва Худо чӣ гуна бадане ба онҳо медиҳад?
19 Шумораи муайяни мардону занон барои зиндагӣ дар осмон эҳё хоҳанд шуд. Онҳо чун подшоҳон ва коҳинон ҳамроҳи Исо дар бартараф кардани оқибатҳои марг, ки аҳли башар аз аввалин инсон, яъне аз Одам мерос гирифтааст, ширкат хоҳанд дошт (Румиён 5:12; Ваҳй 5:9, 10). Чанд нафарро Худо ба осмон барои ҳукмронӣ бо Масеҳ хоҳад гирифт? Мувофиқи Китоби Муқаддас фақат 144 000 нафарро (Ваҳй 7:4; 14:1). Йеҳӯва ба ҳар яки онҳо бадани рӯҳӣ хоҳад дод, то битавонанд дар осмон зиндагӣ кунанд (1 Қӯринтиён 15:35, 38, 42–45; 1 Петрус 3:18).
20. Инсонияти итоаткор ва эҳёшудагонро чӣ интизор аст?
20 Аксарияти мурдагон дар биҳишти рӯи замин эҳё хоҳанд шуд (Забур 36:11, 29; Матто 6:10). Яке аз сабабҳои он ки баъзеҳо ба ҳаёти осмонӣ эҳё мешаванд — иҷрои мақсади Худо нисбати замин аст. Исои Масеҳ ва 144 000 нафар ботадриҷ инсонияти итоаткорро бар комилияте, ки нахустволидайни мо гум карда буданд, бармегардонанд. Ин бар эҳёшудагон низ дахл хоҳад дошт, чуноне ки аз суханҳои Исо ба марди дар канори ӯ маслубшуда маълум аст: «Бо Ман дар биҳишт хоҳӣ буд» (Луқо 23:42, 43).
21. Мувофиқи гуфтаҳои Ишаъёи набӣ ва Юҳаннои ҳавворӣ бо марг чӣ рӯй медиҳад?
21 Дар биҳишти рӯи замин марг, ки хеле дардовар аст, нест хоҳад шуд (Румиён 8:19–21). Ишаъёи набӣ эълон кард, ки Йеҳӯва Худо ғамхории худро зоҳир карда, «маргро ба сурати абадӣ маҳв хоҳад намуд» (Ишаъё 25:8). Юҳаннои ҳавворӣ дар рӯъё замонеро дид, ки дар он инсонияти гунаҳкор аз дард ва марг раҳоӣ хоҳад ёфт. Бале, «Худи Худо бо онҳо Худои онҳо хоҳад буд; ва Худо ҳар ашкро аз чашмони онҳо пок хоҳад кард, ва мамот дигар нахоҳад буд; ва гиря ва фиғон ва дард дигар нахоҳад буд; зеро он чӣ пештар буд, гузашт» (Ваҳй 21:1–4).
22. Дониш дар бораи эҳё ба шумо чӣ гуна таъсир мерасонад?
22 Таълимоти равшани Китоби Муқаддас ҳар гуна тахминҳои беасосро дар бораи мурдагон бартараф мекунад. Китоби Муқаддас кушоду равшан мегӯяд, ки марг — «душмани охирин», нест хоҳад шуд (1 Қӯринтиён 15:26). Чӣ қадар қуввату тасаллӣ аз умеди эҳё метавон гирифт! Ва чӣ қадар метавонем хушбахт бошем, ки наздикони аздастрафтаи мо, ки дар ёди Худо ҳастанд, аз хоби марг бедор хоҳанд шуд ва аз ҳамаи некиҳое, ки Худо барои дӯстдорони худ тайёр кардааст, бархурдор хоҳанд гашт! (Забур 144:16). Ин баракатҳо бо шарофати Салтанати Худо ба вуҷуд меоянд. Аммо ҳукмронии он кай бояд оғоз гардад? Биёед бубинем.
ДОНИШИ ХУДРО БИСАНҶЕД
Рӯҳи одам чист?
Ҳолати мурдагонро чӣ гуна шарҳ медиҳед?
Кӣ эҳё хоҳад шуд?
[Тасвири саҳифаи 85]
Чунон ки бо суханони Исо Лаъзор аз қабр бархост, миллионҳо нафар аз мурдагон эҳё хоҳанд шуд.
[Тасвири саҳифаи 85]
Замоне ки «марг ба сурати абадӣ маҳв мегардад», шодмониро поён нахоҳад буд.