Оё шумо баробари ташкилоти Яҳува пеш рафта истодаед?
«Чашмони Худованд сӯи одилон нигаронида шудааст» (1 ПЕТ. 3:12).
1. Ҷои халқи хиёнаткори Исроилро кадом халқи нав гирифт, ки номи Яҳуваро бар худ дошт? (Ба расми аввали мақола нигаред.)
МАҲЗ бо шарофати Яҳува дар замонҳои қадим ибодати ҳақиқӣ барқарор гашта буд ва дар асри як ҷамъомади масеҳӣ ташкил ёфт. Чӣ хеле, ки дар мақолаи гузашта қайд кардем, халқи Исроил — халқе, ки номи Яҳуваро бар худ дошт, осӣ гашт ва ҷои онро халқи наве гирифт, ки аз пайравони аввалини Масеҳ иборат буд. Он ташкилоте гардид, ки Яҳуваро намояндагӣ мекард. Яҳува ба ин халқи нав чунон илтифот зоҳир менамуд, ки он ҳатто дар соли 70-уми эраи мо, ҳангоми нобудшавии Ерусалим наҷот ёфт (Луқ. 21:20, 21). Он воқеаҳое, ки дар асри як рӯй дода буданд, тимсоли воқеаҳое мебошанд, ки дар замони мо рӯй медиҳанд ва ба халқи имрӯзаи Яҳува дахл доранд. Ҷаҳони Шайтон ба наздикӣ тамоман несту нобуд мешавад, лекин ташкилоти Худо боқӣ хоҳад монд (2 Тим. 3:1). Чаро мо ба ин боварии комил дошта метавонем?
2. Исо дар бораи «мусибати бузург» чӣ гуфт ва он чӣ тавр сар мешавад?
2 Оиди ҳузури ноаёни худ ва охирзамон Исо гуфта буд: «Дар он замон чунон мусибати бузурге хоҳад шуд, ки аз ибтидои олам то ҳол нашудааст ва бори дигар нахоҳад шуд» (Мат. 24:3, 21). Ин мусибати бемислу монанд вақте сар мешавад, ки Яҳува «Бобили бузург» — империяи ҷаҳонии дини дурӯғро ба воситаи пешвоёни сиёсӣ несту нобуд мекунад (Ваҳй 17:3–5, 16). Сипас чӣ рӯй хоҳад дод?
ҲАМЛАИ ШАЙТОН БА ҲАРМИҶИДӮН ОВАРДА МЕРАСОНАД
3. Баъди нобуд шудани дини дурӯғ бо халқи Яҳува чӣ рӯй хоҳад дод?
3 Баъди нобудшавии дини дурӯғ Шайтон ва ҷаҳони ӯ ба хизматгорони Яҳува ҳамла хоҳанд кард. Масалан, Навиштаҳо дар бораи Ҷуҷ аз замини Моҷуҷ чунин пешгӯӣ мекунанд: «[Ту] мисли тундбоде хоҳӣ омад, мисли абре ин заминро хоҳӣ пӯшонид,— ту ва ҳамаи фавҷҳоят, ва халқҳои бисёре ҳамроҳи ту». Азбаски Шоҳидони Яҳува қувваҳои мусаллаҳ надоранд ва дар замин одамони аз ҳама сулҳҷӯйтаринанд, онҳо ба назар тӯъмае менамоянд, ки осонакак ба даст овардан мумкин аст. Вале чӣ хатои калоне хоҳад буд ҳамла кардан ба онҳо! (Ҳиз. 38:1, 2, 9–12).
4, 5. Вақте ки Шайтон ба халқи Яҳува ҳамла меорад, Яҳува чӣ тавр муносибат хоҳад кард?
4 Вақте ки Шайтон бо мақсади нест кардани халқи Яҳува ба он ҳамла меорад, Худо чӣ гуна рафтор хоҳад кард? Ӯ ҳамчун Ҳокими Даҳр амал карда, халқи худро муҳофизат мекунад. Ӯ ба он ҳамла чун ҳамла ба худаш хоҳад нигарист. (Закарё 2:8-ро бихонед.) Барои ҳамин, Падари осмониамон барои наҷот додани мо бетаъхир амал хоҳад кард. Яҳува дарҳол халқашро наҷот дода, ҷаҳони Шайтонро дар Ҳармиҷидӯн — «ҷанги рӯзи бузурги Худои Қодири Мутлақ» нест хоҳад кард (Ваҳй 16:14, 16).
5 Ирмиё пешгӯӣ карда буд, ки дар Ҳармиҷидӯн Яҳува худаш ба муқобили халқҳо ҷанг хоҳад кард. Ӯ гуфт: «“Худованд ба халқҳо даъво дорад: Ӯ бар ҳар башар доварӣ менамояд, шариронро ба дами шамшер месупорад,— мегӯяд Худованд”. Худованди лашкарҳо чунин мегӯяд: инак, мусибат аз халқе ба халқе мегузарад, ва тундбоди азиме аз ақсои замин бармехезад. Ва дар он рӯз мақтулони Худованд аз як канори замин то канори дигари замин хоҳанд буд; барои онҳо мотам нахоҳанд гирифт, ва онҳоро ҷамъ нахоҳанд кард ва дафн нахоҳанд намуд: онҳо мисли ахлоте бар рӯи замин хоҳанд буд» (Ирм. 25:31–33). Ҳармиҷидӯн ба ин тартиботи шарирона хотима мебахшад. Ҷаҳони Шайтон ба нестӣ хоҳад рафт, вале ташкилоти Яҳува боқӣ хоҳад монд.
ЧАРО ТАШКИЛОТИ ЯҲУВА ИМРӮЗ ГУЛ–ГУЛ МЕШУКУФАД?
6, 7. a) «Анбӯҳи бузург» чӣ тавр ҷамъ оварда шуда истодааст? б) Солҳои охир чӣ гуна афзоиш ба чашм мерасад?
6 Имрӯз ташкилоти Худо торафт ривоҷу равнақ ёфта истодааст, зеро аъзоёни он розигиву илтифоти Ӯро соҳибанд. Китоби Муқаддас моро боварӣ мебахшад: «Чашмони Худованд сӯи одилон нигаронида шудааст, ва гӯшҳои Ӯ— сӯи дуои онҳо» (1 Пет. 3:12). Ба ин одилон «анбӯҳи бузурги мардум» дохил мешаванд, ки ҳангоми мусибати бузург наҷот хоҳанд ёфт (Ваҳй 7:9, 14). Ин наҷотёбандагон на «анбӯҳ», балки «анбӯҳи бузург», номида шудаанд. Ин нишон медиҳад, ки он шумораи хеле калони одамонро ташкил хоҳад дод. Тасаввур кунед, ки вақте шумо чун яке аз онҳо дар мусибати бузург зинда мемонед, чӣ ҳиссиёте шуморо фаро мегирад!
7 Ин «анбӯҳи бузург» чӣ тавр ҷамъ оварда шуда истодааст? Он ба туфайли кори мавъиза аз одамони тамоми халқу миллатҳо ҷамъ шуда истодааст. Ин корро Исо чун яке аз аломатҳои ҳузури худ пешгӯӣ карда гуфта буд: «Ин Инҷили Малакут дар тамоми олам мавъиза хоҳад шуд, то ки барои ҳамаи халқҳо шаҳодате шавад; ва он гоҳ интиҳо фаро хоҳад расид» (Мат. 24:14). Барои ҳамин, имрӯз кори асосии ташкилоти Худо мавъизаи хушхабари Салтанат аст. Ба туфайли кори мавъизаи умумиҷаҳонӣ ва таълимдиҳии Шоҳидони Яҳува миллионҳо одамон ба Худо дар «рӯҳ ва ростӣ» ибодат карданро ёд гирифтанд (Юҳ. 4:23, 24). Масалан, дар даҳ соли охир — дар давоми солҳои хизматии 2003–2012, беш аз 2 707 000 нафар чун рамзи ба Худо бахшидани ҳаёти худ таъмид гирифтанд. Айни замон дар тамоми дунё беш аз 7 900 000 Шоҳидон ҳастанд ва ҳар сол ҳамроҳи онҳо боз миллионҳо нафари дигар ба Шоми ёдбуди марги Масеҳ ташриф меоранд. Мо хурсандем, ки анбӯҳи бузург бо суръати хеле тез афзуда истодааст, лекин мо инро маҳсули меҳнати худ ҳисобида, фахр намекунем, балки медонем, ки ин муваффақият ба шарофати «Худои сабзонанда» ба даст омада истодааст (1 Қӯр. 3:5–7).
8. Ба туфайли чӣ ташкилоти имрӯзаи Яҳува торафт васеъ гашта истодааст?
8 Шумораи хизматгорони Худо ба таври ҳайратовар меафзояд, чунки худи Яҳува Шоҳидонашро дастгирӣ карда истодааст. (Ишаъё 43:10–12-ро бихонед.) Ин афзоиш бо суханони зерин пешгӯӣ шуда буд: «Камшумор ба ҳазорҳо мубаддал хоҳад шуд, ва бемаҷол — ба халқи зӯровар. Ман — Худованд инро дар вақташ хоҳам тезонид» (Иш. 60:22). Як вақтҳо тадҳиншудагон мисли халқи «камшумор» буданд, вале вақте ки дигар исроилиёни рӯҳонӣ ба ташкилоти Худо оварда шуданд, шумораи онҳо афзун гашт (Ғал. 6:16). Ба туфайли баракати Яҳува, сол аз сол шумораи шахсони умеди заминӣ дошта низ зиёд шуда истодаанд.
ХУДО АЗ ХОДИМОНАШ ЧӢ ТАЛАБ ДОРАД
9. Барои баҳравар шудан аз ояндаи дурахшоне, ки Каломи Худо ваъда медиҳад, мо бояд чӣ кор кунем?
9 Хоҳ мо масеҳиёни тадҳиншуда бошем, хоҳ аъзоёни анбӯҳи бузург, мо метавонем аз ояндаи дурахшоне, ки дар Каломи Худо ваъда дода шудааст, баҳравар гардем. Лекин барои ин мо бояд талаботи Худоро риоя кунем (Иш. 48:17, 18). Оиди исроилиёне, ки зери Қонуни Мусо буданд, фикр кунед. Қонун ба исроилиён одобу ахлоқи ҷинсӣ, боинсофӣ дар масъалаҳои корӣ, тарбияи дурусти фарзанд, муносибати меҳрубонона бо дигарон ва чизҳои ба ин монандро таълим медод ва ҳамин тариқ онҳоро ҳимоя мекард (Хур. 20:14; Ибд. 19:18, 35–37; Такр. Ш. 6:6–9). Имрӯз низ риояи талаботи Худо бар манфиати мо хизмат мекунад ва мо ба ҳеҷ ваҷҳ иҷрои иродаи Ӯро бори гарон намеҳисобем. (1 Юҳанно 5:3-ро бихонед.) Дар асл, чӣ тавре ки Қонуни Мусо исроилиёнро муҳофизат мекард, риояи қонуну принсипҳои Яҳува Худо моро муҳофизат мекунанд ва муҳимтар аз ин моро «дар имон солим» нигоҳ медоранд (Тит. 1:13).
10. Чаро мо бояд ба омӯзиши Китоби Муқаддас ва ибодати ҳарҳафтаинаи оилавӣ вақт ҷудо кунем?
10 Қисми заминии ташкилоти Яҳува бо роҳҳои гуногун ба пеш рафта истодааст. Масалан, фаҳмиши ҳақиқати Китоби Муқаддас торафт бароямон равшантар мегардад. Ин маҳз ҳамон чизест, ки Китоби Муқаддас пешгӯӣ карда буд: «Тариқи одилон мисли нури саҳар аст, ки то нимирӯзӣ торафт бештар медурахшад» (Мас. 4:18). Вале мо метавонем аз худ бипурсем: «Оё ман аз дигаргуниҳое, ки дар фаҳмиши ин ё он таълимоти Навиштаҳо дароварда шуда буд, бохабар ҳастам? Оё ман одати хониши ҳаррӯзаи Китоби Муқаддасро дорам? Ман ҳар як адабиёти навро бо шавқу завқ мехонам? Оё ману наздиконам ҳар ҳафта ибодати оилавӣ мегузаронем?» Аксари мо розӣ хоҳем шуд, ки кардани ин корҳо он қадар душвор нестанд. Асосан гап дар ҷудо кардани вақт аст. Ва то чӣ андоза муҳим аст, ки мо оиди Навиштаҳо дониши аниқ дошта бошем, онро ба кор барем ва баробари ташкилоти Худо қадам монда, рӯҳан пеш равем — хусусан ҳоло, ки мусибати бузург бо суръати тез наздик шуда истодааст!
11. Халқи Худо дар замони қадим аз маъракаҳои рӯҳонӣ чӣ манфиат мегирифт ва имрӯз мо чаро ба вохӯриву анҷуманҳо меравем?
11 Ташкилоти Яҳува барои беҳбудиамон моро бармеангезад, ки ба насиҳати зерини Павлуси ҳавворӣ гӯш диҳем: «Диққат кунем, ки якдигарро ба муҳаббат ва аъмоли нек барангезонем, ва ҷамъомади худро тарк накунем, чунон ки баъзе касонро таомул шудааст, балки якдигарро насиҳат диҳем, ва бештар ба қадри он ки шумо наздик шудани он рӯзро мебинед» (Ибр. 10:24, 25). Дар замони қадим исроилиён дар идҳои ҳарсола ва дигар вохӯриҳо ҷамъ меомаданд, то ки Яҳуваро ибодат кунанд ва таълимоти Ӯро шунаванд. Ғайр аз ин, он маъракаҳо, масалан Иди хаймаҳо, ки дар замони Наҳемё ба таври махсус ҷашн гирифта шуда буд, воқеаҳои хурсандиовар буданд (Хур. 23:15, 16; Наҳ. 8:9–18). Имрӯз мо низ аз вохӯриву анҷуманҳои худ чунин манфиат мегирем. Мо бояд кӯшиш кунем, ки дар ҳамаи ин маъракаҳо ҳузур дошта бошем, чунки онҳо ба саломатии рӯҳонӣ ва хурсандии мо мусоидат мекунанд (Тит. 2:2).
12. Ба кори мавъизаи Салтанат мо бояд чӣ гуна назар кунем?
12 Чун аъзоёни ташкилоти Яҳува мо бо хурсандӣ дар кори муқаддаси башоратдиҳӣ иштирок мекунем. Ин барои мо шарафи бузург аст (Рум. 15:16). Вақте ки мо мавъиза мекунем, мо ҳамкорони Яҳува мегардем (1 Қӯр. 3:9; 1 Пет. 1:15). Дар кори мавъиза иштирок карда, мо инчунин номи муқаддаси Яҳуваро ҷалол медиҳем. Дар ҳақиқат, ба дигарон расонидани «башорати пурҷалоли Худои таборак» шарафи беҳамто аст (1 Тим. 1:11).
13. Саломатии хуби рӯҳонӣ ва ҳаёти мо аз чӣ вобаста аст?
13 Худо мехоҳад, ки мо ба Ӯ бичаспем ва фаъолияти ташкилоти Ӯро ҳамаҷониба дастгирӣ намоем, зеро Ӯ медонад, ки ин саломатии рӯҳонии моро дар ҳолати хуб нигоҳ медорад. Мусо ба исроилиён гуфт: «Имрӯз осмон ва заминро ман пеши шумо ба шоҳидӣ даъват менамоям, ки ҳаёт ва мамотро, яъне баракат ва лаънатро ба шумо пешниҳод кардам; пас, ҳаётро ихтиёр намо, то ки ту бо насли худ зинда бимонӣ, Худованд Худои худро дӯст бидорӣ, ба овози Ӯ гӯш диҳӣ ва ба Ӯ бичаспӣ, зеро ки Ӯ ҳаёти ту ва дарозии умри туст, то ки ту дар замине ки Худованд ба падаронат Иброҳим, Исҳоқ ва Яъқуб қасам хӯрдааст, ки онро ба онҳо бидиҳад, сукунат намоӣ» (Такр. Ш. 30:19, 20). Ҳаёти мо аз иҷро кардани иродаи Яҳува, дӯст доштани Ӯ, итоат кардан ба суханонаш ва муносибати наздик бо Ӯ вобаста аст.
14. Чӣ тавр як бародар ҳиссиёташро нисбати ташкилоти Яҳува баён кард?
14 Бародар Прайс Хюз, ки бо Яҳува муносибатҳои хеле наздик дошт ва ба ташкилоти Худо содиқ мондан мехост, боре навишт: «Ман хеле миннатдорам, ки ҳанӯз пеш аз омадани соли 1914 мувофиқи дониш оиди иродаи Яҳува зиндагӣ мекунам... Ягона чизе, ки дар ҳаёти ман аҳамияти аввалиндараҷа дошт, ин нигоҳ доштани муносибати зич бо ташкилоти намоёни Яҳува буд. Аз таҷрибаи пешинаи худ ман дарс гирифтам, ки такя кардан ба фикру ақидаҳои инсонӣ то чӣ андоза хато аст. Вақте ман инро дарк кардам, қатъӣ қарор додам, ки ҳамроҳи ташкилоти содиқи Яҳува мемонам. Магар боз роҳи дигаре ҳаст, ки шахс ба воситаи он илтифот ва баракати Яҳуваро соҳиб гашта метавонад?»
БО ТАШКИЛОТИ ХУДО БА ПЕШ ҚАДАМ МОНДАНРО ДАВОМ ДИҲЕД
15. Вақте дар фаҳмиши Китоби Муқаддас дигаргуниҳо дароварда мешаванд, мо бояд чӣ гуна муносибат кунем? Аз Навиштаҳо мисол оред.
15 Агар мо хоҳем, ки илтифот ва баракати Яҳуваро соҳиб бошем, мо бояд ташкилоти Ӯро дастгирӣ кунем ва дигаргуниҳое, ки дар фаҳмиши Навиштаҳо дароварда мешаванд, қабул кунем. Оиди мисоли зерин фикр кунед: баъди марги Исо, ҳазорон масеҳиёни яҳудӣ Қонуни Мусоро ҳанӯз содиқона риоя кардан мехостанд ва тарк кардани он барояшон душвор буд (Аъм. 21:17–20). Лекин Павлус онҳоро ислоҳ кард ва фаҳмонд, ки бахшиши гуноҳҳоро на ба туфайли қурбониҳое, ки «мувофиқи шариат тақдим карда» мешуданд, балки «ба василаи қурбонии якбораи ҷисми Исои Масеҳ» ба даст овардан мумкин аст (Ибр. 10:5–10). Бешубҳа, аксарияти он масеҳиёни яҳудӣ тарзи фикррониашонро дигар карданд ва рӯҳан пеш рафтанд. Мо аз намунаи онҳо барои худ дарси муҳим гирифта метавонем. Мо низ бояд Китоби Муқаддас ва адабиётҳоямонро бодиққат омӯзиш кунем ва агар дар фаҳмиши Каломи Худо ё тарзи кори мавъиза ягон дигаргунӣ дароварда шавад, онро фурӯтанона қабул намоем.
16. а) Чаро ҳаёт дар Биҳишт олиҷаноб хоҳад буд? б) Шумо хусусан кадом баракати дунёи навро интизоред?
16 Ҳамаи онҳое, ки ба Яҳува ва ташкилоти Ӯ содиқ мемонанд, дар оянда низ баракати Худоро соҳиб хоҳанд шуд. Тадҳиншудагони содиқ дар осмон ҳамроҳи Масеҳ ҳукмронӣ мекунанд (Рум. 8:16, 17). Агар мо умеди заминӣ дошта бошем, тасаввур кунед, ки ҳаёт дар Биҳишт то чӣ андоза хубу гуворо хоҳад буд. Чун аъзои ташкилоти Яҳува мо бо хурсандӣ ба дигарон оиди дунёи наве, ки Худо ваъда додааст, нақл мекунем (2 Пет. 3:13). «Ҳалимон вориси замин хоҳанд буд,— гуфта мешавад дар Забур 36:11,— ва аз осудагии бисёр лаззат хоҳанд бурд». Одамон «хонаҳо бино карда, дар онҳо сокин хоҳанд шуд» ва «аз амали дастҳои худ» ҳаловат хоҳанд бурд (Иш. 65:21, 22). Камбағалӣ, зулму ситам ва гуруснагӣ дигар нахоҳад буд (Заб. 71:13–16). Бобили бузург одамонро дигар гумроҳ нахоҳад кард, зеро он нест карда хоҳад шуд (Ваҳй 18:8, 21). Мурдагон эҳё мешаванд ва ба онҳо имконияти абадӣ зистан дода мешавад (Иш. 25:8; Аъм. 24:15). Чӣ ояндаи олиҷанобе интизор аст миллионҳо одамонеро, ки ҳаёташонро ба Яҳува бахшидаанд! Агар мо хоҳем, ки баракатҳои дар боло номбаршуда бароямон воқеӣ гарданд, мо бояд баробари ташкилоти Худо ба пеш қадам монем ва рӯҳан рушд карданро давом диҳем.
17. Мо бояд нисбати ибодати Яҳува ва ташкилоти Ӯ чӣ гуна муносибат дошта бошем?
17 Азбаски анҷоми ин тартибот хеле наздик аст, биёед дар имон устувор монем ва Яҳуваро ҳамроҳи ташкилоташ содиқона ибодат кунем. Довуди забурнавис нисбати ибодати Худо чунин муносибат дошт. Ӯ месуруд: «Як чизро аз Худованд пурсидаам, ва онро хоҳам талабид, ки тамоми айёми умри худ дар хонаи Худованд сокин бошам, шавкати Худовандро мушоҳида намоям ва дар қасри Ӯ назорат кунам» (Заб. 26:4). Биёед ҳар яки мо ба Яҳува наздик бимонем ва баробари ташкилоти Ӯ ба пеш қадам гузорем.