МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 23
Эҳтиёт шавед, ки касе шуморо асир нагардонад!
«Эҳтиёт шавед, ки касе шуморо бо фалсафа ва суханони хушку холии фиребанда асир нагардонад» (ҚӮЛ. 2:8).
СУРУДИ 37 Навиштаҳо аз рӯи илҳоми Худоянд
ПЕШГУФТОРa
1. Мувофиқи Қӯлассиён 2:4, 8 чӣ тавр Шайтон мекӯшад, ки ақли моро асири худ гардонад?
ШАЙТОН мехоҳад, ки моро аз Яҳува дур созад. Барои ба ин мақсад расидан вай кӯшиш мекунад, ки ба фикрронии мо таъсир расонад, яъне ақли моро асир гардонда ба худ тобеъ созад. Ӯ барои гумроҳ кардани мо аз майлу хоҳишҳои худи мо истифода мебарад. (Қӯлассиён 2:4, 8-ро хонед.)
2, 3. а) Чаро мо бояд ба огоҳие, ки дар Қӯлассиён 2:8 навишта шудааст, диққат диҳем? б) Дар ин мақола мо чиро дида мебароем?
2 Оё дар ҳақиқат Шайтон моро гумроҳ карда метавонад? Бале, чунин хатар вуҷуд дорад! Павлус огоҳии дар Қӯлассиён 2:8 додашударо ба одамони беимон нанавишта буд. Ӯ онро ба масеҳиёне навишт, ки бо рӯҳи муқаддас тадҳин шуда буданд (Қӯл. 1:2, 5). Агар ба он масеҳиён хатари аз Яҳува дур шудан таҳдид мекард, пас дар рӯзҳои мо чунин хатар боз ҳам зиёдтар аст (1 Қӯр. 10:12). Чаро? Чунки ҳоло Шайтон ба замин ронда шудааст ва кӯшиш мекунад, ки хусусан хизматгорони содиқи Худоро гумроҳ кунад (Ваҳй 12:9, 12, 17). Ғайр аз ин мо дар замоне зиндагӣ дорем, ки одамони бад ва фиребгарон «рӯз ба рӯз баъдтар гашта» истодаанд (2 Тим. 3:1, 13).
3 Дар ин мақола мо дида мебароем, ки чӣ тавр Шайтон кӯшиш мекунад, ки «суханони хушку холии фиребанда»-ро истифода бурда фикрронии моро вайрон созад. Ҳоло мо се роҳи «макру ҳила» ё «нақшаҳои» ӯро муҳокима мекунем (Эфс. 6:11, эзоҳ). Дар мақолаи навбатӣ бошад, мо дида мебароем, ки чӣ тавр фикрронии худро аз таъсироти манфии ҷаҳони вай пок гардонда метавонем. Аммо биёед дар аввал ба хотир орем, ки бо кадом роҳ Шайтон исроилиёнро баъди ба Замини ваъдашуда даромадан гумроҳ карда буд. Ҳамчунин мефаҳмем, ки аз он барои мо чӣ дарс аст.
ОНҲО БА БУТПАРАСТӢ ДОДА ШУДАНД
4–6. Мувофиқи Такрори Шариат 11:10–15, исроилиён дар Замини ваъдашуда дар соҳаи киштукор чиро бояд тағйир медоданд?
4 Шайтон айёрона амал карда исроилиёнро ба бутпарастӣ тела дод. Чӣ тавр? Ӯ медонист, ки онҳо бояд худро бо ғизо таъмин кунанд. Ва ӯ маҳз ин ниёзи онҳоро истифода бурд. Вақте исроилиён ба Замини ваъдашуда даромаданд, ба онҳо лозим буд, ки роҳҳои нави кишту корро ёд гиранд. Дар Миср онҳо заминҳои корамро аз дарёи Нил об медоданд. Вале дар Замини ваъдашуда бошад, зироатро на аз оби равони дарё, балки аз боронҳои мавсимӣ ва шабнам об додан лозим меомад (Такрори Шариат 11:10–15-ро хонед; Иш. 18:4, 5). Барои ҳамин исроилиён усулҳои нави деҳқониро бояд ёд мегирифтанд. Ин кори осон набуд, зеро аксарияти онҳое, ки дар соҳаи киштукор таҷриба доштанд, дар биёбон мурданд.
5 Яҳува пеш аз ба Замини ваъдашуда даромадани халқаш ба онҳо фаҳмонд, ки вазъияташон дигар мешавад. Сипас, Ӯ ба онҳо огоҳие дод, ки шояд дар назари аввал ба киштукор тамоман дахл надошт. Ӯ гуфт: «Эҳтиёт бошед, мабодо дилатон фирефта шавад, ва шумо гумроҳ гардида, худоёни дигарро ибодат намоед ва ба онҳо саҷда баред» (Такр. Ш. 11:16, 17). Аҷоиб! Охир, Яҳува ба халқаш оиди усулҳои нави кишоварзӣ сухан меронд, пас чаро дар ин ҳангом Ӯ онҳоро аз бутпарастӣ огоҳ кард?
6 Яҳува медонист, ки дар исроилиён васваса пайдо мешавад, ки барои ёд гирифтани баъзе роҳҳои киштукор пеши халқҳои бутпарасти гирду атроф раванд. Албатта, он ҳамсояхалқҳо назар ба исроилиён дар соҳаи зироаткорӣ таҷрибаи калонтар доштанд. Ва халқи Худо метавонист аз онҳо баъзе усулҳои фоиданокро ёд гирад, вале ин хатарнок буд. Чаро? Чунки канъониён Баалро парастиш мекарданд ва ба фикрронии деҳқонони канъонӣ ақидаҳои диниашон таъсир карда буд. Онҳо Баалро хӯҷаини осмон ва диҳандаи борон меҳисобиданд. Яҳува намехост, ки халқаш ба чунин ақидаҳои дурӯғ дода шавад. Лекин афсӯс, ки исроилиён гаштаву баргашта ба парастиши Баал дода мешуданд (Ад. 25:3, 5; Дов. 2:13; 3 Подш. 18:18). Чи хеле ки мебинем, Шайтон маккорона исроилиёнро асири худ гардонд.
ШАЙТОН БО СЕ ҲИЛА ИСРОИЛИЁНРО АСИРИ ХУД ГАРДОНД
7. Дар Замини ваъдашуда исроилиён бо кадом озмоиши имон дучор шуданд?
7 Якум ҳилаи Шайтон ин буд, ки ӯ аз хоҳиши табиии исроилиён сӯиистифода бурд. Онҳо мехостанд, ки борон борида замини онҳоро сероб гардонад. Дар Замини ваъдашуда ҳар сол аз охири моҳи апрел то сентябр кам борон меборид. Ҳаёт ва фаровонии ризқу рӯзии онҳо аз борон вобаста буд ва боронгарӣ одатан аз моҳи октябр сар мешуд. Шайтон исроилиёнро бо чунин фикр гумроҳ кард, ки гӯё барои дар сериву пурӣ зистан, онҳо бояд урфу одати халқҳои бутпарасти ҳамсояро риоя кунанд. Ба ақидаи он халқҳо худоёнашон танҳо дар он сурат борон медоданд агар онҳо урфу одатҳои муайянро ба ҷо оранд. Шахсоне ки имонашон ба Яҳува суст буд, фикр карданд, ки барои дар давраи дуру дарози беборонӣ зинда мондан онҳо бояд худои дурӯғ Баалро парастиш кунанд ва урфу одатҳои он динро ба ҷо оранд.
8. Дуюм ҳилае, ки Шайтон ба кор бурд, кадом аст? Фаҳмонед.
8 Дуюм ҳилаи Шайтон ин буд, ки вай исроилиёнро васваса кард, то бо бадахлоқии ҷинсӣ машғул шаванд. Халқҳои бутпараст ҳангоми ибодати худоёни дурӯғи худ ба корҳои зишту бадахлоқона машғул мешуданд. Ибодати онҳо амалҳои фосиқонаву расворо дар бар мегирифт; дар ибодатгоҳҳои онҳо ҳам занону ҳам мардон чун фоҳиша хизмат мекарданд. Ҳомосексуализм ва дигар намудҳои бадахлоқии ҷинсӣ барои парастандагони Баал як чизи раво ва табиӣ буд (Такр. Ш. 23:17, 18; 3 Подш. 14:24). Онҳо фикр мекарданд, ки риояи чунин оинҳо гӯё худоёнашонро бармеангезад, ки заминро серҳосил гардонанд. Бисёри исроилиён низ ба он урфу одатҳои зишту бадахлоқона даст заданд ва ба парастиши худоҳои дурӯғ дода шуданд. Ҳамин тавр, онҳо асири доми Шайтон гаштанд.
9. Мувофиқи Ҳушаъ 2:16, 17 чӣ тавр Шайтон исроилиёнро гумроҳ кард, ки дар асл кӣ будани Яҳуваро фаромӯш кунанд?
9 Сеюм ҳилаи Шайтон ин буд, ки вай исроилиёнро гумроҳ сохт, то онҳо дар асл кӣ будани Яҳуваро фаромӯш кунанд. Чӣ тавр? Масалан, дар рӯзҳои Ирмиё пайғамбарони бардурӯғ халқро водор менамуданд, ки «аз барои Баал» исми Яҳуваро фаромӯш кунанд (Ирм. 23:27). Дар натиҷа халқи Худо истифода бурдани номи Яҳуваро аз афташ бас кард ва ба ҷойи он номи Баалро, ки маънояш «Хӯҷаин» ё «Оғо» аст, ба кор мебурд. Аз ин сабаб исроилиён равшан дарк карда наметавонистанд, ки Яҳува дигар асту Баал дигар. Ва ин чиз онҳоро ба он тела дод, ки урфу одатҳои парастиши Баалро бо ибодати Яҳува омехта созанд. (Ҳушаъ 2:16, 17 ва эзоҳи онро хонед.)
ҲИЛАҲОИ ИМРӮЗАИ ШАЙТОН
10. Имрӯз Шайтон кадом ҳилаҳоро ба кор мебарад?
10 Дар рӯзҳои мо низ Шайтон ҳамон ҳилаҳоро ба кор мебарад. Вай барои одамонро асири худ гардондан 1) аз хоҳишҳои табиии мо сӯиистифода мебарад, 2) онҳоро васваса мекунад, ки бо бадахлоқии ҷинсӣ машғул шаванд ва 3) водор месозад, ки оиди Яҳува назари нодуруст пайдо кунанд. Биёед дар аввал доми сеюми Шайтонро дида бароем.
11. Чӣ хел Шайтон одамонро водор сохт, ки дар бораи Яҳува назари нодуруст пайдо кунанд?
11 Шайтон одамонро водор месозад, ки оиди Яҳува назари нодуруст пайдо кунанд. Баъди марги расулон шахсони ба ном масеҳӣ ба паҳн кардани таълимоти бардурӯғ сар карданд (Аъм. 20:29, 30; 2 Тас. 2:3). Ин осиён тавре амал карданд, ки одамон дар бораи Худои ҳақиқӣ тасаввуроти нодуруст пайдо кунанд. Масалан, онҳо дар дастнависҳои Китоби Муқаддаси худ истифода бурдани номи Худоро бас карда ба ҷойи он истифодаи унвонҳои Ӯро беҳтар донистанд. Онҳо номи Яҳуваро гирифта партофта ба ҷояш «Худо» ва «Худованд» менавистанд. Дар натиҷа касоне, ки Китоби Муқаддасро мехонданд, Яҳуваро аз дигар «худоён»-е, ки дар Навиштаҳо оварда шудаанд, фарқ карда наметавонистанд (1 Қӯр. 8:5). Осиён ҳамон як унвон, яъне «Худованд»-ро ҳам нисбати Яҳува ва ҳам нисбати Исо ба кор мебурданд. Аз ин рӯ одамон сарфаҳм рафта наметавонистанд, ки Яҳува ва Исо шахсиятҳои гуногунанд (Юҳ. 17:3). Оқибат таълимоти Сегона пайдо шуд — таълимоте ки бар Китоби Муқаддас асос намеёбад. Ҳамин тавр ба назари бисёриҳо чунин метофт, ки Худо як шахсияти асрорангез аст ва Ӯро шинохта намешавад. Чи дурӯғи даҳшатноке! (Аъм. 17:27).
12. Дини дурӯғ ба чӣ мусоидат мекунад ва мувофиқи Румиён 1:28–31 он ба чӣ оварда мерасонад?
12 Шайтон одамонро васваса мекунад, ки бо бадахлоқии ҷинсӣ машғул шаванд. Дар замони исроилиён Шайтон дини дурӯғро истифода бурд, то бадахлоқиро паҳн намояд. Имрӯз низ вай чунин мекунад. Дини дурӯғ ба рафтори бадахлоқона на танҳо чашм мепӯшад, балки ба он чун ба як чизи муқаррарӣ ва раво назар мекунад. Дар натиҷа бисёри онҳое, ки гӯё ба Худо ибодат мекунанд, меъёрҳои поки ахлоқии Ӯро поймол месозанд. Яъне дини дурӯғ ба паҳн шудани бадахлоқии ҷинсӣ мусоидат мекунад. Павлуси расул дар нома ба Румиён оқибати ҳамаи инро фаҳмонда гуфт, ки одамон ба кадом корҳои зишт дода мешаванд. (Румиён 1:28–31-ро хонед.) Ба он «корҳои ношоиста» ҳама намуди бадахлоқии ҷинсӣ, аз он ҷумла ҳомосексуализм, дохил мешавад (Рум. 1:24–27, 32; Ваҳй 2:20). То чӣ андоза барои мо муҳим аст, ки ба таълимоти поки Китоби Муқаддас бичаспем!
13. Шайтон боз кадом ҳиларо истифода мебарад?
13 Шайтон аз хоҳишҳои табиии мо сӯиистифода мебарад. Ҳар як инсон барои таъмин кардани худ ва оилааш мехоҳад, ки ягон касбу ҳунарро омӯзад (1 Тим. 5:8). Одатан ин чизҳо дар мактаб ва донишгоҳҳо таълим дода мешаванд. Вале мо бояд эҳтиёт шавем. Чунки бисёр муассисаҳои таълимӣ ба донишҷӯён на танҳо касбу ҳунар, балки фалсафаи инсониро низ таълим медиҳанд. Масалан, онҳо донишҷӯёнро бармеангезанд, ки мавҷудияти Худоро зери шубҳа гузоранд ва ба Китоби Муқаддас бовар накунанд. Муаллимон мегӯянд, ки назарияи эволютсия ин ягона маънидоди дурусти пайдоиши ҳаёт аст (Рум. 1:21–23). Чунин таълимот ба «хиради Худо» зид мебошад (1 Қӯр. 1:19–21; 3:18–20).
14. Фалсафаи инсонӣ шахсро ба чӣ бармеангезад?
14 Фалсафаи инсонӣ зидди меъёрҳои одилонаи Яҳува аст ё онҳоро зери шубҳа мегузорад. Он шахсро на ба инкишоф додани хислатҳои самари рӯҳ, балки ба «корҳои ҷисм» бармеангезад (Ғал. 5:19–23). Зери таъсири он одамон мағрур ва ҳавобаланд гашта дар натиҷа «худбин» мегарданд (2 Тим. 3:2–4). Ин хислатҳо ба Худо маъқул нестанд, чунки Ӯ мехоҳад, ки хизматгоронаш ҳалиму фурӯтан бошанд (2 Подш. 22:28). Баъзе масеҳиён аз пайи маълумоти олӣ шуда роҳ доданд, ки фикррониашонро на рӯҳи Худо, балки рӯҳи ин ҷаҳон шакл диҳад. Биёед фаҳмем, ки бо як хоҳар чӣ рӯй дод.
15, 16. Аз мисоли як хоҳар мо чӣ меомӯзем?
15 Хоҳаре, ки беш аз 15 сол дар хизмати пурравақт аст, мегӯяд: «Чун Шоҳиди таъмидёфта ман хонда ва шунида будам, ки аз пайи маълумоти олӣ шудан хатарнок аст. Вале ба ин огоҳиҳо диққат надода ман аз пайи гирифтани маълумоти олӣ шудам. Ман фикр мекардам, ки рӯҳан суст намешавам». Лекин ӯ бо кадом мушкилиҳо дучор шуд? Ӯ иқрор мешавад: «Дарсхонӣ чунон вақту қуввати зиёдро мегирифт, ки ман чун пештара барои ба Яҳува дуо гуфтан вақт надоштам; чунон хаста мешудам, ки ба хизмат рафта наметавонистам ва ба ҷамъомадҳо тайёрӣ намедидам. Вале, хайрият рӯзе ман дарк намудам, ки андармони маълумоти олӣ шуда аз Яҳува хеле дур шудаам. Ман медонистам, ки бояд ягон чора андешам. Ва инро кардам».
16 Маълумоти олӣ ба фикрронии хоҳар чӣ тавр таъсир расонд? Ӯ мегӯяд: «Ман аз гуфтани ин суханон шарм медорам. Лекин бояд тан гирам, ки маълумоти олӣ ба ман то ба дараҷае таъсири манфӣ расонд, ки нисбати дигарон, хусусан бародару хоҳарон айбҷӯй шудам, аз онҳо чизи зиёдро интизор мешудам ва худро аз онҳо дур мекашидам. Барои ислоҳ кардани ин фикрҳои хатоям вақти зиёд лозим шуд. Аз ин ман дарс гирифтам, ки рад кардани огоҳиҳои Яҳува, ки тавассути ташкилоташ медиҳад, то чӣ андоза хатарнок аст. Ӯ чун Падари меҳрубон маро аз худам ҳам беҳтар медонад. Кошки Ӯро ҳамон вақт гӯш мекардам!»
17. а) Мо ба чӣ бояд азми қавӣ дошта бошем? б) Дар мақолаи навбатӣ кадом мавзӯъро дида мебароем?
17 Биёед, ҳеҷ гоҳ нагузорем, ки Шайтон ва ҷаҳони вай моро «бо фалсафа ва суханони хушку холии фиребанда» гумроҳ кунад (1 Қӯр. 3:18; 2 Қӯр. 2:11). Ба Шайтон ҳаргиз роҳ надиҳед, ки шуморо аз Яҳува ва меъёрҳои Ӯ дур созад. Ҳамеша аз рӯйи гуфтаҳои Яҳува зиндагӣ кунед ва пок монед. Эҳтиёт шавед, то ба доми Шайтон афтода маслиҳатҳои Яҳуваро рад накунед. Вале чӣ бояд кард, агар шумо пай баред, ки фикрронии ин ҷаҳон аллакай ба шумо таъсир кардааст? Каломи Худо ба шумо барои халос шудан аз ҳар гуна фикру одатҳои нодуруст, ки «маҳкаму устувор» ба шумо часпидаанд, кӯмак карда метавонад. Ин мавзӯъро мо дар мақолаи навбатӣ дида мебароем (2 Қӯр. 10:4, 5).
СУРУДИ 11 Дили Яҳуваро шод гардон
a Шайтон дар гумроҳ кардани одамон моҳир аст. Ӯ бисёриҳоро ба чунин фикр водор мекунад, ки гӯё онҳо озоданд, вале дар асл онҳоро асири худ мегардонад. Дар ин мақола якчанд усулҳои Шайтонро, ки барои фиреб додани одамон истифода мебарад, дида мебароем.
b ШАРҲИ РАСМ: Бо канъониён рафтуо карда исроилиён ба васвасаи парастиши Баал ва бадахлоқӣ дода шуданд.
c ШАРҲИ РАСМ: Маводи рекламавӣ аз калисо, ки ба ҳомосексуализм иҷозат медиҳад.
d ШАРҲИ РАСМҲО: Хоҳари ҷавоне дар донишгоҳ ақидаи профессорро оиди он, ки гӯё илм ва технология душвориҳои одамонро ҳал мекунад, гӯш карда истодааст. Суханони дар ҷамъомад шунидаистодааш бошанд, ба ӯ шавқовар нестанд ва ӯ дар дилаш ҳамимононро танқид мекунад.