БОБИ 8
Халосӣ аз шоҳи золим
АҲЛИ ОИЛАИ ИСО БА МИСР МЕГУРЕЗАД
ЮСУФ БО ОИЛААШ БА НОСИРА МЕКӮЧАД
Юсуф саросемавор Марямро бедор мекунад, то хабари муҳимеро расонад. Фариштаи Яҳува навакак ба ӯ дар хоб зоҳир шуда, чунин гуфта буд: «Бархез ва кӯдакро бо модараш гирифта, ба Миср гурез. Ва, то даме ки “биё” нагӯям, дар он ҷо бимон, зеро Ҳиродус мақсад дорад, ки кӯдакро ёфта, кушад» (Матто 2:13).
Худи ҳамон шаб Юсуф бо Марям ва писарашон ба роҳ мебарояд. Онҳо сари вақт мегурезанд, зеро Ҳиродус мефаҳмад, ки ситорашиносон ӯро фиреб додаанд. Онҳо бояд ба назди Ҳиродус омада, дар бораи Исо хабар медоданд, аммо ин тавр накарданд, балки бо роҳи дигар ба ватани худ баргаштанд. Ин кори онҳо Ҳиродусро сахт ба хашм меорад. Ӯ дар асоси суханоне, ки аз ситорашиносон фаҳмида буд, муайян мекунад, ки кӯдак тахминан чандсола аст, ва фармон медиҳад, ки дар Байт-Лаҳм ва гирду атрофи он ҳамаи писарчаҳои то дусоларо кушанд.
Чӣ бераҳмӣ! Маълум нест, ки он вақт чӣ қадар кӯдакон кушта шуданд, аммо гиря ва нолаю фиғони модарони онҳо ҳама ҷоро пур мекунад. Бо ин рӯйдод пешгӯйии пайғамбар Ирмиё иҷро мегардад (Ирмиё 31:15).
Дар ин миён Юсуф ва оилааш ба Миср гурехта, дар он ҷо мемонанд. Чанде пас як шаб фариштаи Яҳува боз дар хоб ба Юсуф зоҳир шуда, мегӯяд: «Бархез ва кӯдакро бо модараш гирифта, ба замини Исроил баргард, зеро шахсоне, ки қасди ҷони кӯдакро доштанд, мурданд» (Матто 2:20). Акнун Юсуф бо аҳли оилааш метавонад ба ватани худ баргардад. Ҳамин тавр боз як пешгӯйии Китоби Муқаддас иҷро мегардад: Худо Писари Худро аз Миср даъват мекунад (Ҳушаъ 11:1).
Шояд Юсуф ният дорад, ки бо оилааш дар Яҳудия, дар наздикии шаҳри Байт-Лаҳм, ҷойгир шавад, дар ҷое, ки онҳо то гурехтан ба Миср зиндагӣ мекарданд. Вале ӯ мефаҳмад, ки дар Яҳудия Аркилоус, писари золими шоҳ Ҳиродус, ҳукмронӣ мекунад. Ҳамчунин фариштаи Худо дар хоб ба Юсуф зоҳир шуда, ӯро аз хатар огоҳ мекунад. Бинобар ин Юсуф ҳамроҳи оилааш ба тарафи шимол равона шуда, дар шаҳри Носираи вилояти Ҷалил, дуртар аз маркази ибодати яҳудиён, сокин мешавад. Исо дар он ҷо ба воя мерасад ва ин тавр пешгӯйии зерин низ иҷро мешавад: «Ӯ носирӣ номида хоҳад шуд» (Матто 2:23).