МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 45
Яҳува кумак мекунад, ки хизматамонро ба ҷо орем
«Онҳо... хоҳанд донист, ки дар миёнашон пайғамбаре буд» (ҲИЗ. 2:5).
СУРУДИ 47 Хушхабарро мавъиза менамоем
ПЕШГУФТОРa
1. Мо чиро мефаҳмем ва аз чӣ дилпур буда метавонем?
МО МЕФАҲМЕМ, ки дар хизмат бо зиддият рӯ ба рӯ мешавем. Дар асл, дар ояндаи наздик ба мо аз ин ҳам бештар зиддият нишон медиҳанд (Дон. 11:44; 2 Тим. 3:12; Ошкор. 16:21). Бо вуҷуди ин мо дилпурем, ки Яҳува ба мадади мо мерасад. Чаро мо ба ин шубҳа надорем? Зеро Яҳува ҳама вақт ба хизматгоронаш барои иҷро кардани таъйиноташон, чи қадаре он мушкил набошад, кумак мекард. Аз ин рӯ биёед баъзе воқеаҳоро аз ҳаёти пайғамбар Ҳизқиёл дида бароем, ки ӯ ба яҳудиёне, ки дар Бобил асир буданд, хабари Яҳуваро мерасонд.
2. Яҳува дар бораи одамоне, ки дар минтақаи Ҳизқиёл буданд, чӣ гуфт ва мо дар ин мақола чиро дида мебароем? (Ҳизқиёл 2:3–6).
2 Дар минтақае, ки пайғамбар Ҳизқиёл хизмат мекард, чӣ гуна одамон буданд? Яҳува онҳоро «саркашу дилсахт» номида буд. Сокинони он ҷо мисли хор зараровар буданду мисли каждум хатарнок. Барои ҳамин Яҳува гаштаю баргашта ба пайғамбараш мегуфт: «Натарс»! (Ҳизқиёл 2:3–6-ро хонед.) Ҳизқиёл хизматашро пурра ба ҷо оварда тавонист, зеро 1) Яҳува ӯро фиристода буд, 2) рӯҳи Худо ба вай қувват мебахшид ва 3) Каломи Худо имонашро устувор мегардонд. Чӣ тавр ин се ҷиҳат ба Ҳизқиёл кумак кард ва чӣ гуна ба мо ёрӣ медиҳад?
ЯҲУВА ҲИЗҚИЁЛРО ФИРИСТОД
3. Аз кадом суханон Ҳизқиёл қувват гирифт ва чӣ хел Яҳува ӯро боварӣ бахшид, ки дастгириаш мекунад?
3 Яҳува ба Ҳизқиёл гуфт: «Ман туро... мефиристам» (Ҳиз. 2:3, 4). Ин суханон, бешак, ба пайғамбар қувват бахшиданд. Чаро ин хел гуфтан мумкин? Шубҳае нест, ки, вақте Ҳизқиёл суханони Яҳуваро шунид, ба ёд овард, ки ӯ дар гузашта Мӯсо ва Ишаъёро пайғамбари худ таъйин карда, ҳамин гуна суханонро гуфта буд (2 Мӯсо 3:10; Иш. 6:8). Ҳизқиёл инчунин медонист, ки Яҳува ба Мӯсову Ишаъё қувват мебахшид, то мушкилиҳоро паси сар кунанд. Барои ҳамин, вақте Яҳува ба Ҳизқиёл ду бор гуфт, ки «ман туро... мефиристам», пайғамбар дилпур шуд, ки Яҳува ӯро дастгирӣ мекунад. Ҳамчунин дар китоби Ҳизқиёл суханони зерини Яҳува чандин маротиба вомехӯранд: «Аз ҷониби Яҳува ба ман чунин паём омад» (Ҳиз. 3:16). Ғайр аз ин, ибораи «аз ҷониби Яҳува боз ба ман чунин паём омад» такрор ба такрор омадааст (Ҳиз. 6:1). Мақсади гап, Ҳизқиёл шакке надошт, ки фиристодаи Яҳува аст. Илова бар ин, азбаски ӯ писари коҳин буд, эҳтимоли зиёд аст, ки падараш ба ӯ нақл мекард, ки чӣ тавр Яҳува дар давоми таърих пайғамбарони худро дастгирӣ менамуд. Масалан, Яҳува ба Исҳоқ, Яъқуб ва Ирмиё чунин гуфта буд: «Ман бо туям» (1 Мӯсо 26:24; 28:15; Ирм. 1:8).
4. Кадом суханони тасаллибахш Ҳизқиёлро қувват бахшиданд?
4 Исроилиён ба мавъизаи пайғамбар Ҳизқиёл чӣ гуна муносибат мекунанд? Яҳува дар ин бора гуфт: «Халқи Исроил ба сухани ту гӯш намеандозад, чунки онҳо ба сухани ман гӯш андохтан намехоҳанд» (Ҳиз. 3:7). Бале, Ҳизқиёлро рад намуда яҳудиён нишон доданд, ки Яҳуваро рад мекунанд. Барои ҳамин Ҳизқиёл аз суханони Худо қувват гирифт, зеро дилпур шуд, ки айб дар ӯ нест. Яҳува инчунин ӯро боварӣ бахшида гуфт, ки, вақте халқ иҷрошавии довариҳояшро мебинад, «мефаҳмад, ки дар миёнашон пайғамбаре буд» (Ҳиз. 2:5; 33:33). Ин суханони тасаллибахш ба пайғамбари Худо қувват доданд, то хизматашро пурра ба ҷо оварда тавонад.
МОРО ЯҲУВА ФИРИСТОДААСТ
5. Мувофиқи Ишаъё 44:8 чӣ ба мо далерӣ мебахшад?
5 Мо ҳам аз донистани он ки Яҳува моро фиристодааст, далерӣ пайдо мекунем. Ӯ моро «шоҳидони» худ меномад (Иш. 43:10). Чӣ шарафи бузурге! Чи хеле Яҳува ба Ҳизқиёл «натарс» гуфт, ба мо ҳам мегӯяд: «Ба ваҳм наоед». Чаро мо набояд аз мухолифони худ тарсем? Мисли Ҳизқиёл моро ҳам Яҳува фиристодааст ва пуштибонӣ мекунад. (Ишаъё 44:8-ро хонед.)
6. а) Чӣ хел Яҳува боварӣ мебахшад, ки моро дастгирӣ мекунад? б) Чӣ моро тасаллӣ ва қувват мебахшад?
6 Яҳува ваъда медиҳад, ки моро низ дастгирӣ мекунад. Масалан, пеш аз гуфтани суханони «шумо шоҳидони ман ҳастед», ӯ чунин гуфт: «Вақте аз обҳо гузарӣ, ман бо ту хоҳам буд ва дарёҳо туро ғарқ нахоҳанд кард. Вақте аз оташ гузарӣ, намесӯзӣ ва алангаи он ба ту зараре намерасонад» (Иш. 43:2). Дар хизмати худ мо баъзан бо монеаю озмоишҳое дучор мешавем, ки мисли тӯфон сахту мисли оташ сӯзонанд. Вале бо ёрии Яҳува мо хизматамонро давом дода истодаем (Иш. 41:13). Имрӯз низ аксарияти одамон ба хабари мо гӯш намедиҳанд. Лекин ин маънои онро надорад, ки мо воизи хуб нестем. Мо медонем, ки агар хизматамонро содиқона давом диҳем, Яҳува аз ин хурсанд мешавад. Фаҳмидани ин ба мо тасаллӣ ва қувват мебахшад. Павлуси расул гуфта буд: «Ҳар кас аз рӯйи кораш мукофот мегирад» (1 Қӯр. 3:8; 4:1, 2). Як хоҳаре, ки солҳои зиёд пешрав шуда хизмат мекунад, мегӯяд: «Донистани он ки Яҳува барои кӯшишҳоямон ба мо мукофот медиҳад, маро хурсанд мекунад».
РӮҲИ ХУДО БА ҲИЗҚИЁЛ ҚУВВАТ БАХШИД
7. Вақте Ҳизқиёл дар бораи рӯъёи дидааш мулоҳиза меронд, ин ба ӯ чӣ хел таъсир мекард? (Ба расми муқоваи маҷалла нигаред.)
7 Ҳизқиёл қудрати рӯҳи Худоро дид. Ӯ дар рӯъё дид, ки чӣ тавр рӯҳи муқаддас ба фариштагони пурқудрат кумак мекунад ва чархҳои боазамати аробаи осмонии Худоро ба ҳаракат медарорад (Ҳиз. 1:20, 21). Ин рӯъё ба Ҳизқиёл чӣ хел таъсир кард? Ӯ дар ин бора навиштааст: «Инро дида, ба замин афтодам». Бале, Ҳизқиёл аз ҳайрат ба замин афтод (Ҳиз. 1:28). Баъдан, ҳар боре ки ӯ дар бораи ин рӯъёи таъсирбахш мулоҳиза меронд, бовариаш қавитар мегашт, ки бо кумаки рӯҳи Худо хизматашро то охир ба ҷо оварда метавонад.
8, 9. а) Амри Яҳува ба Ҳизқиёл чӣ бахшид? б) Боз чӣ тавр Яҳува Ҳизқиёлро қувват бахшид, ки дар минтақааш хизматро сар кунад?
8 Яҳува ба Ҳизқиёл чунин амр дод: «Эй фарзанди одам, аз ҷоят хез, то бо ту сухан гӯям». Ин амри Худо ва рӯҳи муқаддас ба Ҳизқиёл қувват бахшид, то ӯ ба по хеста тавонад. Дар ин бора худи пайғамбар навишт: «Рӯҳ ба даруни ман даромад ва маро ба по хезонд» (Ҳиз. 2:1, 2). Баъдтар ва дар давоми хизматаш «дасти Яҳува», яъне рӯҳи муқаддаси Худо, Ҳизқиёлро роҳнамоӣ мекард (Ҳиз. 3:22; 8:1; 33:22; 37:1; 40:1). Рӯҳи муқаддас ба ӯ қувват бахшид, ки хабари Худоро ба одамони «хираву якрав»-и минтақааш расонад (Ҳиз. 3:7). Яҳува ба Ҳизқиёл гуфт: «Ман туро низ мисли онҳо якрав ва пешониятро мисли пешонии онҳо сахт кардаам. Ман пешонии туро мисли алмос кардаам ва аз санги чақмоқ сахттар гардондаам. Аз онҳо натарс ва ҳаросон нашав, зеро онҳо хонадони саркашанд» (Ҳиз. 3:8, 9). Яҳува гӯё ба Ҳизқиёл гуфт: «Аз пушти ин одамони якраву гарданшах рӯҳафтода нашав. Ман ба ту қувват мебахшам».
9 Баъд аз ин рӯҳи Худо Ҳизқиёлро бардошта ба ҷое бурд, ки ӯ бояд мавъиза мекард. Ҳизқиёл дар ин бора навиштааст: «Дасти пурқуввати Яҳува бар ман қарор гирифт». Пайғамбар хабареро, ки бояд ба мардум мерасонд, давоми як ҳафта ҳазму дарк намуд (Ҳиз. 3:14, 15). Баъд аз ин Яҳува ӯро ба водие бурд ва «рӯҳ дар [ӯ] дохил шуд» (Ҳиз. 3:23, 24). Акнун Ҳизқиёл тайёр буд, ки хизматашро сар кунад.
РӮҲИ ХУДО ИМРӮЗ БА МО ҚУВВАТ МЕДИҲАД
10. Барои хизматамонро ба ҷо овардан ба мо чӣ зарур аст ва барои чӣ?
10 Барои ба ҷо овардани хизматамон ба мо чӣ гуна кумак лозим аст? Барои ба ин савол ҷавоб ёфтан намунаи Ҳизқиёлро ба ёд оред. Пеш аз он ки пайғамбар ба хизматаш шурӯъ кунад, рӯҳи Худо ба ӯ қуввати даркорӣ бахшид. Имрӯз низ мо танҳо бо ёрдами рӯҳи Худо хушхабарро паҳн карда метавонем. Чаро? Чунки Шайтон зидди мо меҷангад, то пеши роҳи хизматамонро гирад (Ошкор. 12:17). Аз назари одамӣ мо дар назди Шайтон оҷизу нотавонем. Вале дар хизмат иштирок карда мо бар ӯ ғолиб меоем. (Ошкор. 12:9–11). Чӣ хел? Ҳар боре ки мо хушхабарро паҳн мекунем, нишон медиҳем, ки аз таҳдидҳои Шайтон наметарсем. Хулоса, ба зиддиятҳо нигоҳ накарда хизматро давом доданамон аз чӣ гувоҳӣ медиҳад? Аз он ки рӯҳи муқаддас ба мо қувват мебахшад ва Худо аз мо розист (Мат. 5:10–12; 1 Пет. 4:14).
11. Мо бо ёрдами рӯҳи Худо чӣ кор карда метавонем ва чӣ хел минбаъд низ онро ба даст орем?
11 Аз он ки Яҳува ба маънои рамзӣ Ҳизқиёлро якрав ва пешониашро сахт гардонд, мо боз чӣ меомӯзем? Рӯҳи Худо ба мо кумак мекунад, ки тамоми душвориҳоеро, ки дар хизмат рӯ ба рӯ мешавем, паси сар карда тавонем (2 Қӯр. 4:7–9). Пас, чӣ кор кунем, то рӯҳи Худо минбаъд низ дар мо амал кунад? Мо бояд исроркорона аз Яҳува онро пурсем ва боварӣ дошта бошем, ки ӯ дуоҳои моро мешунавад. Исо пайравонашро таълим дода буд: «Пайваста биталабед... пайваста биҷӯед... пайваста дарро тақ-тақ кунед». Яҳува бошад, «ба онҳое, ки аз ӯ мепурсанд, рӯҳи муқаддас медиҳад» (Луқ. 11:9, поварақ, 13; Кор. 1:14; 2:4).
СУХАНОНИ ХУДО ИМОНИ ҲИЗҚИЁЛРО УСТУВОР ГАРДОНДАНД
12. Мувофиқи Ҳизқиёл 2:9–3:3 дастхатро кӣ ба пайғамбар дод ва дар он чӣ навишта шуда буд?
12 Ба Ҳизқиёл на танҳо рӯҳи Худо қувват медод, ӯ инчунин бо ёрии суханони Худо имонашро устувор мегардонд. Дар рӯъё Ҳизқиёл дастеро дид, ки дастхат дошт. (Ҳизқиёл 2:9–3:3-ро хонед.) Кӣ ин дастхатро ба пайғамбар дод? Дар он чӣ навишта шуда буд? Чӣ тавр он имони Ҳизқиёлро устувор гардонд? Биёед андеша кунем: дастхатро, аз афташ, Яҳува ба воситаи яке аз чор фариштагоне, ки Ҳизқиёл пештар дида буд, ба пайғамбараш дод (Ҳиз. 1:8; 10:7, 20). Дар он чӣ навишта шуда буд? Суханони Худо — хабари довариаш, ки бояд Ҳизқиёл ба яҳудиёни саркаш мерасонд (Ҳиз. 2:7). Хабари Худо дар ҳарду тарафи дастхат навишта шуда буд.
13. Яҳува ба Ҳизқиёл гуфт, ки бо дастхат чӣ кор кунад ва чаро он ширин буд?
13 Сипас Яҳува ба пайғамбараш гуфт, ки дастхатро бихӯрад ва шикамашро «аз он пур» кунад. Ҳизқиёл итоаткорона дастхатро пурра хӯрд. Ин қисми рӯъё чӣ маъно дошт? Пайғамбар бояд хабари Худоро пурра дарк менамуд. Барои онро ба дигарон расондан ӯ бояд аввал худаш ба он итминон пайдо мекард. Баъд аз фурӯ бурдани дастхат як чизи ҷолиб рӯй дод. Ҳизқиёл ҳис кард, ки «он дар даҳонаш асал барин ширин шуд» (Ҳиз. 3:3). Ин чӣ маъно дошт? Барои Ҳизқиёл намояндаи Яҳува будан шараф ва мисли ширинӣ форам буд (Заб. 19:8–11). Ҳизқиёл аз Яҳува миннатдор буд, ки ӯро пайғамбари худ таъйин намуд.
14. Чӣ ба Ҳизқиёл кумак расонд, ки аз пайи иҷрои супоришаш шавад?
14 Баъдтар Яҳува ба Ҳизқиёл гуфт: «Ба ҳама суханоне, ки ба ту мегӯям, гӯш деҳ ва онҳоро дар дилат ҷо деҳ» (Ҳиз. 3:10). Мувофиқи ин дастури Яҳува Ҳизқиёл бояд хабареро, ки дар дастхат навишта шуда буд, дар ёдаш нигоҳ медошт ва оиди он мулоҳиза меронд. Ин тавр карда имони худи Ҳизқиёл қавӣ мегашт. Инчунин ӯ хабари таъсирбахшеро ба халқ расонда метавонист (Ҳиз. 3:11). Ниҳоят хабари Худо дар дил ва забон, Ҳизқиёл омода буд, ки таъйиноташро пурра ба ҷо орад. (Бо Забур 19:14 муқоиса кунед.)
КАЛОМИ ХУДО ИМРӮЗ ИМОНАМОНРО МУСТАҲКАМ МЕГАРДОНАД
15. Барои истодагӣ кардан мо бояд чиро дар диламон ҷо кунем?
15 Барои дар хизматамон истодагӣ кардан мо ҳам бояд минбаъд низ имонамонро бо суханони Худо қавӣ гардонем. Мо бояд ҳар як сухани Яҳуваро дар диламон ҷо кунем. Имрӯз Яҳува ба воситаи Каломаш, яъне Китоби Муқаддас, бо мо сухан мегӯяд. Чӣ тавр фаҳмем, ки Каломи Худо ба фикрронӣ, ҳиссиёт ва ниятҳои мо таъсир расонда истодааст?
16. Чӣ тавр Каломи Худоро дар диламон ҷо карда метавонем?
16 Чи хеле хӯрок хӯрда онро ҳазм мекунему қувват мегирем, ҳамин хел омӯзиш ва мулоҳиза оиди Каломи Худо моро рӯҳан бақувват мекунад. Ин дарсест, ки мо бояд аз худ кунем. Яҳува мехоҳад мо бо Каломаш «шиками [худро] пур» кунем, яъне онро беҳтар фаҳмем. Инро чӣ тавр кардан мумкин аст? Ба воситаи дуо, хониш ва мулоҳиза рондан. Якум, мо дуо мегӯем, то диламон барои қабул кардани фикрҳои Яҳува тайёр бошад. Сипас, порчаеро аз Китоби Муқаддас мехонем. Баъди ин истода дар бораи чизҳои хондаамон чуқур мулоҳиза меронем. Дар натиҷаи ин се қадам чӣ самар ба даст меояд? Чи қадаре мулоҳиза ронем, ҳамон қадар дили рамзиамон Каломи Худоро нағзтар ҷаббида мегирад ва имонамон қавӣ мегардад.
17. Чаро дар бораи чизҳое, ки аз Китоби Муқаддас мехонем, мулоҳиза рондан муҳим аст?
17 Чаро хондани Калом ва мулоҳиза рондан муҳим аст? Ин тавр карда мо барои расондани хабари Подшоҳӣ қувват мегирем ва дар ояндаи наздик бошад, хабари довариро эълон карда метавонем. Инчунин дар бораи хислатҳои беҳамтои Яҳува мулоҳиза ронда муносибати мо бо ӯ қавитар мешавад. Дар натиҷа мо як чизи форам ва дилнишинро пайдо мекунем — оромии дил ва қаноатмандӣ (Заб. 119:103).
ИСТОДАГӢ МЕКУНЕМ
18. Одамони минтақаамон чиро тан хоҳанд гирифт ва чаро?
18 Албатта, мо имрӯз мисли пайғамбар Ҳизқиёл зери илҳоми Худо чизеро ба одамон пешгӯйӣ намекунем. Вале мо азм дорем, ки то Яҳува бас нагӯяд, хабари Китоби Муқаддасро дар ҳама ҷо паҳн мекунем. Ҳамин тавр, вақте рӯзи доварӣ фаро мерасад, ҳеҷ кас дар минтақаамон гуфта наметавонад, ки ӯро огоҳ накарда буданд ё Худо ба ӯ беаҳамиятӣ кард (Ҳиз. 3:19; 18:23). Баръакс, одамон ночор тан мегиранд, ки хабареро, ки мо ба онҳо мерасондем, аз ҷониби Худо будааст.
19. Чӣ ба мо қувват медиҳад, то хизматамонро пурра ба ҷо орем?
19 Чӣ ба мо қувват мебахшад, то хизматамонро пурра ба ҷо орем? Ҳамон се чизе, ки ба Ҳизқиёл кумак карда буд. Якум, мо минбаъд низ хушхабарро паҳн мекунем, зеро медонем, ки фиристодаи Яҳуваем. Дуюм, рӯҳи муқаддаси Худо ба мо қувват мебахшад ва сеюм, Каломи Яҳува имони моро устувор мегардонад. Бале, бо ёрии Яҳува мо минбаъд низ хизматамонро ба ҷо оварда «то охир» истодагӣ хоҳем кард (Мат. 24:13).
СУРУДИ 45 Шитобон рав ба пеш!
a Дар ин мақола мо се ҷиҳатеро дида мебароем, ки чӣ тавр Яҳува ба Ҳизқиёл кумак кард, то ӯ хизматашро ба ҷо орад. Донистани ин бовариамонро қавӣ мегардонад, ки Яҳува моро низ дастгирӣ мекунад, то хизматамонро ба ҷо орем.