«Ман... бо шумо ҳастам»
«Бисёре ҷустуҷӯ хоҳанд кард, ва дониш афзоиш хоҳад ёфт» (ДОН. 12:4).
ШУМО ЧӢ ТАВР ҶАВОБ МЕДИҲЕД?
Чӣ тавр дар замонҳои мо «дониш»–и ҳақиқӣ ошкор гашт?
Чӣ тавр касоне, ки ҳақиқатро фаҳмиданд, ба «бисёре» мубаддал гаштанд?
Бо кадом роҳҳо дониши дақиқ «афзоиш» ёфт?
1, 2. а) Мо аз куҷо медонем, ки Исо имрӯз бо шогирдонаш мебошад ва дар оянда низ онҳоро дастгирӣ хоҳад кард? б) Мувофиқи Дониёл 12:4 бодиққат омӯхтани Навиштаҳо чӣ гуна натиҷа меорад?
ХУДАТОНРО дар Биҳишт тасаввур кунед. Ҳар саҳар шумо аз хоб бедор шуда бо қуввати тару тоза рӯзатонро сар мекунед. Ягон ҷои шумо дигар дард намекунад. Ҳама касалиҳои пештараатон шифо ёфтанд ва ҳоло шумо ба таври комил мебинед, мешунавед, бӯй мекунед, ҳис мекунед ва маззаи хӯрокро мефаҳмед. Акнун шумо қуввати барзиёд, кори хурсандиовар ва дӯстони бисёр доред ва ҳама чизҳое, ки шуморо ба ташвиш меоварданд, паси сар шуданд. Ин баракатҳое мебошанд, ки шумо аз онҳо зери ҳукмронии Салтанати Худо баҳравар шуда метавонед. Исои Масеҳ, Подшоҳи таъиншуда, тобеонашро баракат дода ба онҳо дониши Яҳуваро таълим хоҳад дод.
2 Вақте ки дар оянда хизматгорони содиқи Худо дар кори умумиҷаҳонии таълимдиҳӣ иштирок мекунанд, Яҳува бо онҳо хоҳад буд. Худо ва Писари Ӯ аллакай дар тӯли асрҳо ходимони содиқашонро дастгирӣ карда истодаанд. Пеш аз ба осмон баромаданаш Исо ба шогирдони содиқаш ваъда дод, ки ӯ бо онҳо хоҳад буд. (Матто 28:19, 20–ро бихонед.) Барои имони худро ба иҷрошавии ин ваъдаи Исо қавӣ кардан, биёед як қисми пешгӯии илоҳиро, ки зиёда аз 2 500 сол пеш дар Бобили қадим навишта шуда буд, дида бароем. Оиди «замони охир», ки ҳоло мо дар он зиндагӣ мекунем, пайғамбар Дониёл навишт: «Бисёре ҷустуҷӯ хоҳанд кард, ва дониш афзоиш хоҳад ёфт» (Дон. 12:4). Дар ин ҷо феъли ибронии «ҷустуҷӯ кардан» маънои омӯзиши чуқурро дорад. Чӣ баракатҳои олиҷаноберо ба туфайли чунин омӯзиш соҳиб шудан мумкин аст! Яҳува ба онҳое, ки бодиққатона Навиштаҳоро меомӯзанд дониши ҳақиқӣ ё дақиқи Каломашро ато хоҳад кард. Ин пешгӯӣ ҳамчунин қайд мекунад, ки «дониш»–и ҳақиқӣ «афзоиш хоҳад ёфт». Шахсоне, ки ин донишро мефаҳманд, онро қабул мекунанд ва ба дигарон таълим медиҳанд. Ҳамчунин одамон дар саросари ҷаҳон имконияти омӯхтани ин ҳақиқатҳоро пайдо мекунанд. Ҳангоми дида баромадани иҷрошавии ин пешгӯӣ мо мебинем, ки чӣ тавр имрӯз Исо шогирдонашро дастгирӣ мекунад ва мефаҳмем, ки Яҳува барои амалӣ гардондани ҳама ваъдаҳояш қодир аст.
ДОНИШИ ҲАҚИҚӢ ОШКОР МЕГАРДАД
3. Баъди марги ҳаввориён бо «дониш»–и ҳақиқӣ чӣ рӯй дод?
3 Баъди марги ҳаввориён осияти пешгӯишуда дар байни масеҳиёни ҳақиқӣ инкишоф ёфта босуръат паҳн шуд (Аъм. 20:28–30; 2 Тас. 2:1–3). Асрҳои минбаъда «дониш»–и ҳақиқӣ на танҳо байни онҳое, ки дар бораи Китоби Муқаддас чизе намедонистанд, балки ҳамчунин дар байни шахсоне, ки худро масеҳӣ меномиданд, қариб дида намешуд. Ҳарчанд пешвоёни динҳои ба ном масеҳӣ ба Навиштаҳо имон дорем мегуфтанд, лекин дар асл онҳо дурӯғи динӣ — «таълимоти шаётин»–ро, ки Худоро бадном мекард, таълим медоданд (1 Тим. 4:1). Гуфтан мумкин аст, ки аксарияти одамон дар зулмоти рӯҳонӣ қарор доштанд. Таълимоти осиён чунин таълимотҳоро мисли Сегона будани Худо, ҷони намиранда доштани инсон ва дар дӯзахи оташин азоб кашидани баъзе одамонро дар бар мегирифт.
4. Чӣ тавр солҳои 1870–ум гурӯҳи масеҳиён ба ҷустуҷӯ кардани дониши ҳақиқӣ сар карданд?
4 Лекин, солҳои 1870–ум, тақрибан чил сол пеш аз сар шудани «айёми охир», дар иёлоти Пенсилвания (ИМА) гурӯҳи хурди масеҳиёни самимӣ ҷамъ шуда Китоби Муқаддасро боғайратона меомӯхтанд ва «дониш»–и ҳақиқиро ҷустуҷӯ мекарданд (2 Тим. 3:1). Ин шахсон худро Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас меномиданд. Онҳо ба қатори «хирадмандон ва оқилон»–е, ки мувофиқи гуфтаҳои Исо дониши ҳақиқӣ аз онҳо пинҳон буд, дохил намешуданд (Мат. 11:25). Баръакс, онҳо шахсони фурӯтане буданд, ки аз таҳти дил иродаи Худоро ба ҷо овардан мехостанд. Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас Навиштаҳоро бо дуо ва бодиққатона мехонданд, муҳокима мекарданд ва дар бораи он мулоҳиза меронданд. Онҳо ҳамчунин порчаҳои Китоби Муқаддасро бо якдигарашон муқоиса мекарданд ва таҳқиқоти шахсони дигарро, ки мисли онҳо Навиштаҳоро меомӯхтанд, дида мебаромаданд. Оҳиста–оҳиста Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас таълимоти ҳақиқии Навиштаҳоро, ки тӯли асрҳо пинҳон монда буд, фаҳмиданд.
5. Мақсади силсилаи рисолаҳо, ки «Таълимоти аслии Худо» ном дошт, чӣ буд?
5 Ҳарчанд Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас аз чизҳои омӯхтаашон ба ваҷд меомаданд, онҳо намегузоштанд, ки аз сабаби дониши ба даст овардаашон ҳавобаландӣ кунанд; ҳамчунин онҳо намегуфтанд, ки гӯё онҳо дониши наверо эълон мекунанд (1 Қӯр. 8:1). Ба ҷои ин, он масеҳиён силсилаи рисолаҳоро бо номи «Таълимоти аслии Худо» нашр карданд. Мақсади ин рисолаҳо он буд, ки хонандагонро бо ҳақиқатҳои Китоби Муқаддас шинос кунанд. Дар шумораи аввали он рисолаҳо «чун кӯмак дар омӯзиши Китоби Муқаддас маводи иловагӣ» пешниҳод шуда буд, то одамон «аз таълимоти бардурӯғи инсонӣ озод шаванд ва ба таълимоти аслии Исо ва ҳаввориёнаш аз нав рӯй оранд» («Таълимоти аслии Худо», № 1 аз апрели с. 1889, саҳ. 32).
6, 7. а) Аз солҳои 1870–ум сар карда Яҳува барои фаҳмидани кадом ҳақиқатҳо ба мо кӯмак мекунад? б) Хусусан кадом ҳақиқатҳоро шахсан шумо қадр мекунед?
6 Чӣ ҳақиқатҳои олиҷанобе зиёда аз сад сол пеш ба туфайли фаъолияти он гурӯҳи хурд маълум гаштанд!a Ин ҳақиқатҳо чизҳои душвору дилгиркунандае нестанд, ки одатан олимони дин оиди онҳо баҳсу мунозира мекунанд. Онҳо ҳақиқатҳои ҳаяҷоновару озодибахшанд, ки ҳаётамонро пурмазмун мегардонанд ва ба мо хурсандиву умед мебахшанд. Он ҳақиқатҳо дар шинохтани Яҳува — шахсияти пурмуҳаббат ва нияти Ӯ ба мо кӯмак мекунанд. Ҳамчунин онҳо ба нақши Исо равшанӣ меандозанд, сабаби зиндагӣ ва марги ӯро мефаҳмонанд ва нишон медиҳанд, ки ҳоло вай чӣ кор карда истодааст. Ин ҳақиқатҳои беҳамто оиди саволҳои зерин маълумот медиҳанд: чаро Худо ба бадӣ роҳ медиҳад? Чаро мо мемирем? Чӣ тавр дуо гӯем? Чӣ тавр мо хушбахтии ҳақиқиро ба даст оварда метавонем?
7 Ҳоло мо маънои пешгӯиҳоеро, ки тӯли солҳои зиёд «пинҳон» буданду дар ин замонҳои охир иҷро шуда истодаанд, пурра фаҳмида метавонем (Дон. 12:9). Дар бораи ин пешгӯиҳои Китоби Муқаддас хусусан дар Инҷил ва китоби Ваҳй хонда метавонем. Яҳува ба мо кӯмак мекунад, ки ҳатто маънои он рӯйдодҳоеро бифаҳмем, ки бо чашм диданашон имконнопазир буд, масалан дар бораи бар тахт нишастани Исо, ҷанг дар осмон ва бар замин ронда шудани Шайтон (Ваҳй 12:7–12). Худо ҳамчунин дар бораи он чизҳое, ки мо дида метавонем, масалан ҷангҳо, заминҷунбиҳо, вабоҳо, норасоии хӯрок ва ҳамчунин оиди он ки одамони аз Худо бегона ба душвор шудани замонҳо мусоидат мекунанд, ба мо фаҳмиш медиҳад (2 Тим. 3:1–5; Луқ. 21:10, 11).
8. Ба туфайли кӣ дидан ва шунидани дониши ҳақиқӣ ба мо имконпазир гашт?
8 Исо ба шогирдонаш гуфта буд: «Хушо чашмоне ки он чиро, ки шумо дида истодаед, мебинад! Зеро ба шумо мегӯям, ки басе анбиё ва подшоҳон мехостанд он чиро, ки шумо мебинед, бубинанд, ва надиданд, ва он чиро, ки шумо мешунавед, бишнаванд, ва нашуниданд» (Луқ. 10:23, 24). Албатта мо мефаҳмем, ки дидан ва шунидани чунин чизҳо ба мо ба туфайли Яҳува Худо имконпазир гашт. Ва то чӣ андоза миннатдорем мо, ки «Пуштибон», яъне рӯҳулқудси Худо, барои «ба тамоми ростӣ» ҳидоят кардани шогирдони Исо фиристода мешавад. (Юҳанно 16:7, 13–ро бихонед.) Биёед минбаъд низ ин дониши ҳақиқиро қадр намоем ва бо дилу ҷон онро ба дигарон нақл кунем.
«БИСЁРЕ» ДОНИШИ ҲАҚИҚИРО ХОҲАНД ФАҲМИД
9. Дар шумораи «Бурҷи дидбонӣ» аз моҳи апрели соли 1881 кадом даъват садо дод?
9 Моҳи апрели соли 1881 дар маҷаллаи «Бурҷи дидбонӣ», ки он вақт аз нашри аввалини шумораи он ҳанӯз ду сол ҳам нагузашта буд, 1000 воизон барои кори мавъиза даъват мешуданд. Дар он мақола навишта шуда буд: «Ба онҳое, ки ними вақти худ ё аз он зиёдро фақат барои кори Худованд ҷудо карда метавонанд, мо пешниҳоде дорем... яъне: шумо мувофиқи қобилиятатон ба шаҳрҳои хурду калон чун паҳнкунандагони китобҳо ё воизони Инҷил биравед ва дар ҳар ҷо масеҳиёни самимиро, ки бисёре аз онҳо на аз рӯи дониш ба Худо рашк доранд, ҷустуҷӯ намоед; кӯшиш кунед, ки ба онҳо файзи бузурги Падарамон ва ганҷҳои бебаҳои Каломи Ӯро фаҳмонед».
10. Ба даъват оиди хизмати пурравақт одамон чӣ тавр муносибат карданд?
10 Он даъват нишон медод, ки Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас дарк мекарданд, ки кори хеле муҳим барои масеҳиёни ҳақиқӣ — ин мавъизаи хушхабар аст. Лекин чӣ тавр 1000 воизони пурравақт ёфт мешуданд, модоме ки дар он вақт ба вохӯриҳои Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас танҳо садҳо нафар ташриф меоварданду халос. Аммо баъди хондани рисола ё маҷалла одамони зиёд садои ҳақиқатро шуниданд ва бо омодагӣ онро қабул карданд. Масалан, соли 1882 баъд аз хондани мақолаи «Бурҷи дидбонӣ» ва як рисолаи Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас хонандае аз Лондон (Англия) чунин навишт: «Илтимос, ба ман дастурот диҳед, ки чиро ва чӣ тавр мавъиза кунам, то кореро, ки Худо иҷрошавии онро мехоҳад, ба ҷо орам».
11, 12. а) Мо бо паҳнкунандагони китобҳо чӣ умумияте дорем? б) Чӣ тавр паҳнкунандагони китобҳо «синфҳо» ё ҷамъомадҳоро ташкил медоданд?
11 Соли 1885 аллакай тақрибан 300 нафар Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас дар паҳнкунии китобҳо иштирок мекарданд. Он хизматгорони пурравақт мақсаде доштанд, ки имрӯз мо низ онро дорем — тайёр кардани шогирдони Исои Масеҳ. Лекин, тарзи таълимдиҳии онҳо аз тарзи таълимдиҳии мо фарқ мекард. Имрӯз, дар давоми як омӯзиши Китоби Муқаддас мо одатан танҳо як шахсро таълим медиҳем. Ва пас аз ин ӯро ба ҷамъомади аллакай ташкилёфта даъват мекунем. Дар охири асри 19 ва аввали асри 20 бошад, паҳнкунандагон китобҳоро тақсим мекарданд ва баъд шавқмандонро чун гурӯҳ ҷамъ карда онҳоро аз рӯи Навиштаҳо таълим медоданд. Ба ҷои он ки бо шавқмандон дар алоҳидагӣ омӯзиш кунанд, онҳо «синфҳо» ё ҷамъомадҳо ташкил мекарданд.
12 Масалан, соли 1907 гурӯҳи паҳнкунандагони китобҳо ба ягон шаҳре мерафтанд ва хона ба хона гашта шахсонеро мекофтанд, ки аллакай нусхаи «Субҳи Ҳазорсола» (ҳамчунин он «Таҳқиқи Навиштаҳо» ном дошт)–ро доштанд. Дар «Бурҷи дидбонӣ» гуфта мешуд: «Онҳо [шавқмандон] дар хонаи якеашон чун гурӯҳи хурде ҷамъ мешуданд. Паҳнкунандагони китобҳо дар асоси мавзӯи «Нияти Худо нисбати одамизод» тамоми рӯзи якшанбе сӯҳбат мекарданд ва якшанбеи оянда бошад, онҳоро бармеангехтанд, ки мунтазам вохӯриҳо гузаронанд». Соли 1911 бародарон ба ин тартибот дигаргунӣ дароварданд. Он бародарон ном ва суроғаи шавқмандонеро, ки барои гӯш кардани нутқҳояшон омада буданд, мегирифтанд ва баъд дар хонаҳои шахсии онҳо «синфҳо»–и навро ташкил мекарданд. Соли 1914 дар саросари ҷаҳон аллакай 1200 ҷамъомади Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас фаъолият мекард.
13. Афзудани дониши ҳақиқӣ аз кадом ҷиҳат барои шумо таъсирбахш аст?
13 Имрӯз дар тамоми ҷаҳон тақрибан 109 400 ҷамъомадҳо фаъолият мекунанд ва қариб 895 800 бародарону хоҳарон чун пешрав хизмат мекунанд. Ҳоло тақрибан ҳашт миллион нафар одамон «дониш»–и ҳақиқиро қабул карда онро дар ҳаёти худ ба кор мебаранд. (Ишаъё 60:22–ро бихонед.)b Донистани ин хеле таъсирбахш аст, гарчанде Исо пешгӯӣ карда буд, ки ба шогирдонаш аз барои исми ӯ «ҳама... адоват хоҳанд дошт». Ӯ илова намуд, ки пайравонашро таъқиб мекунанд, ба маҳбас меандозанд ва ҳатто ба қатл мерасонанд (Луқ. 21:12–17). Нигоҳ накарда ба муқобилиятҳои Шайтон, девҳои вай ва мухолифати одамон халқи Яҳува аз чунин комёбии бузурги кори шогирдсозӣ хурсандии зиёд мегиранд. Имрӯз онҳо «дар тамоми олам» мавъиза мекунанд, аз он ҷумла дар ҷангалҳои тропикӣ, тундраи хунук, кӯҳҳо, биёбонҳо, шаҳрҳо ва деҳаҳои дурдасттарин (Мат. 24:14). Ин кор ҳеҷ гоҳ бе дастгирии Худо ба анҷом расида наметавонист.
АФЗОИШЁБИИ ДОНИШИ ҲАҚИҚӢ
14. Чӣ тавр ба воситаи маводи чопӣ дониши ҳақиқӣ барои бисёриҳо дастрас мегардад?
14 «Дониш»–и ҳақиқӣ ба воситаи шахсони зиёде, ки хушбарро мавъиза мекунанд, афзоиш ёфта истодааст. Ба афзоиши он ҳамчунин маводи чопшуда мусоидат мекунад. Моҳи июли соли 1879 Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас аввалин нашри маҷаллаи дар дастдоштаатонро чоп карданд, ки номи он «Бурҷи дидбонии Сион ва қосиди ҳузури Масеҳ» буд. Он маҷалла дар як ширкати тиҷоратӣ нашр шуд ва ба забони англисӣ ҳамагӣ 6000 нусха ба чоп баромад. Чарлз Тейз Рассели бисту ҳафтсола муҳаррири он интихоб шуд ва панҷ нафар Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас, ки шахсони рӯҳан баркамол буданд, дар ин кор бо ӯ ҳамкорӣ мекарданд. Ҳоло бошад, маҷаллаи «Бурҷи дидбонӣ» ба 195 забонҳо чоп карда мешавад. Ин маҷалла аз ҷиҳати паҳншавӣ дар ҷаҳон ҷои аввалро ишғол мекунад ва аз ҳар як шумораи он 42 182 000 нусха чоп мешавад. Маҷаллаи «Бедор шавед!» бошад, дар ҷои дуюм меистад ва он ба 84 забонҳо бо 41 042 000 нусха нашр мешавад. Ғайр аз ин, ҳар сол қариб 100 миллион Китоби Муқаддас ва дигар китобҳо чоп мешаванд.
15. Чопкунии адабиётҳои мо аз кадом ҳисоб маблағгузорӣ карда мешавад?
15 Ин кори бузург аз тарафи хайрияҳои ихтиёрӣ дастгирӣ карда мешавад. (Матто 10:8–ро бихонед.) Танҳо донистани ин омил шахсонеро, ки дар саноати матбуот фаъолият мекунанду нархи дастгоҳҳои чопӣ, коғаз, рангҳо ва дигар маводҳоро медонанд, ба тааҷҷуб меорад. Як ходими Байт–Ил, ки дар шӯъбаи оид ба харидани чизҳои босифату арзон кор мекунад, гуфт: «Соҳибкороне, ки ба филиалҳои мо ташриф оварда коргоҳҳои чопиамонро мебинанд, ҳайрон мешаванд, ки чӣ тавр чунин таҷҳизоти пешрафта ва аълосифат аз тарафи хайрияҳои ихтиёрӣ дастгирӣ шуда метавонанд. Ҳамчунин дидани он ки ходимони Байт–Ил ин қадар ҷавону хушбахтанд, онҳоро ба ҳайрат меорад».
ДОНИШИ ХУДО ЗАМИНРО ПУР ХОҲАД КАРД
16. Бо кадом мақсад «дониш»–и ҳақиқӣ афзуда истодааст?
16 Афзудани «дониш»–и ҳақиқӣ барои як мақсади махсус хизмат мекунад. Иродаи Худо ин аст, ки «ҳамаи одамон наҷот ёбанд ва ба дониши ростӣ бирасанд» (1 Тим. 2:3, 4). Яҳува мехоҳад, ки одамон бо дониши ростӣ шинос шаванд, то ки Ӯро ба таври дуруст ибодат карда баракатҳояшро соҳиб гарданд. Ба туфайли «дониш»–и ҳақиқӣ Яҳува бақияи масеҳиёни содиқи тадҳиншударо ҷамъ мекунад. Ҳамчунин, Ӯ «аз ҳамаи қабилаҳо ва сибтҳо, ва қавмҳо ва забонҳо» «анбӯҳи бузург»–ро, ки ба зиндагии абадӣ дар рӯи замин умед доранд, ҷамъ оварда истодааст (Ваҳй 7:9).
17. Паҳншавии ибодати ҳақиқӣ аз чӣ шаҳодат медиҳад?
17 Паҳншавии ибодати ҳақиқӣ, ки зиёда аз 130 сол давом ёфта истодааст, аз он шаҳодат медиҳад, ки Худо ва Подшоҳи таъиншудаи Ӯ, Исои Масеҳ, бо хизматгорони заминиашон мебошанд — ҷамъомадҳо ташкил карда онҳоро роҳнамоӣ мекунанд, муҳофизат менамоянд ва таълим медиҳанд. Шумораи афзудаистодаи онҳо ҳамчунин моро боварӣ мебахшад, ки ваъдаҳои Яҳува нисбати оянда албатта иҷро хоҳанд шуд. «Замин аз шинохтани Худованд пур хоҳад буд, мисли он ки баҳр пур аз обҳост» (Иш. 11:9). Чӣ баракатҳоеро соҳиб хоҳад шуд инсоният дар он вақт!
[Эзоҳҳо]
a Шумо метавонед аз тамошои DVD–филмҳои зерин манфиат гиред: «Шоҳидони Яҳува — имон дар амал, қисми 1: Аз зулмот ба рӯшноӣ» (рус.) ва «Шоҳидони Яҳува — имон дар амал, қисми 2: Бигзор нур бидурахшад» (рус.).
b Ба китоби «Пешгӯии Ишаъё — нур барои тамоми инсоният» (рус.), ҷилди 2, саҳ. 320 нигаред.
[Тасвир дар саҳифаи 6]
Аввалин Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас шахсони фурӯтане буданд, ки самимона иродаи Худоро ба ҷо овардан мехостанд
[Тасвир дар саҳифаи 7]
Яҳува кӯшишҳои шуморо дар паҳн кардани «дониш»–и ҳақиқии Худо қадр мекунад