ДАРСИ 32
Подшоҳии Худо ҳукмронӣ карда истодааст!
Подшоҳии Худо аз соли 1914 дар осмон ҳукмрониро сар кард ва ҳамон сол замони ба охир расидани ҳукмронии одамон низ оғоз ёфт. Мо инро аз куҷо медонем? Биёед фаҳмем, ки аз соли 1914 инҷониб чӣ тавр пешгӯйиҳои Китоби Муқаддас иҷро шуда истодаанд ва дар вазъияти ҷаҳону рафтори одамон чӣ дигаргунӣ дида мешавад.
1. Дар Китоби Муқаддас чӣ пешгӯйӣ шудааст?
Пайғамбар Дониёл пешгӯйӣ карда буд, ки Подшоҳии Худо ҳукмрониро дар охири давре, ки «ҳафт замон» номида шудааст, сар мекунад (Дониёл 4:16, 17). Асрҳо пас ҳазрати Исо он замонро «даврони халқҳо» номид ва гуфт, ки он ҳоло ба охир нарасидааст (Луқо 21:24). Ҳоло бошад, биёед исботи онро дида бароем, ки «даврони халқҳо», ё «ҳафт замон», соли 1914 ба охир расид.
2. Аз соли 1914 инҷониб вазъи ҷаҳон ва ахлоқи одамон чӣ гуна шудааст?
Боре шогирдони Исо аз ӯ пурсиданд: «Аломати ҳузури ту ва охирзамон чӣ мешавад?» (Матто 24:3). Дар ҷавоб Исо бисёр воқеаҳоеро пешгӯйӣ кард, ки бояд баъди ба тахти подшоҳӣ нишастани ӯ рӯй диҳанд. Баъзе аз ин рӯйдодҳо ҷанг, гушнагӣ ва заминҷунбиҳо мебошанд. (Матто 24:7-ро хонед.) Дар Каломи Худо инчунин пешгӯйӣ шудааст, ки дар «рӯзҳои охир» аз пушти рафтори бади одамон «замонҳои сахт» фаро мерасанд (2 Тимотиюс 3:1–5). Бадтар шудани вазъи ҷаҳон ва ахлоқи одамон аз соли 1914 инҷониб бештар ба назар мерасад.
3. Чаро баъди сар шудани ҳукмронии Исо вазъи ҷаҳон бадтар гашт?
Пас аз он ки Исо подшоҳ шуд, дар осмон бо Шайтону девҳо ҷангид ва онҳоро шикаст дод. Дар Каломи Худо гуфта мешавад, ки Шайтон «бо фариштаҳояш ба замин партофта шуд» (Ошкорсозӣ 12:9, 10, 12). Ӯ хеле дар ғазаб аст, зеро медонад, ки несту нобуд мешавад. Барои ҳамин ӯ ба сари одамизод дарду ғам меорад. Ҷойи тааҷҷуб нест, ки дунё чаппаву роста шуда истодааст. Хушбахтона, Подшоҳии Худо ҳамаи ин мушкилиҳоро бартараф месозад!
БЕШТАР ФАҲМЕД
Далелҳои онро дида бароед, ки Подшоҳии Худо ҳукмрониро маҳз соли 1914 сар кард. Инчунин фаҳмед, ки донистани ин ба ҳаёти мо бояд чӣ тавр таъсир кунад.
4. Пешгӯйиҳо ба соли 1914 ишора мекунанд
Худо дар хоби Набукаднесар, шоҳи Бобил, нишон дод, ки дар оянда чӣ рӯй медиҳад. Ин хоб ва таъбири пайғамбар Дониёл ҳам ба ҳукмронии Набукаднесар ва ҳам ба Подшоҳии Худо дахл дорад. (Дониёл 4:17-ро хонед.)a
Дониёл 4:20–26-ро хонед, сипас ҷадвали расмдорро истифода бурда, ба саволҳои зерин ҷавоб диҳед:
А) Набукаднесар чӣ хоб дид? (Нигаред ба оятҳои 20 ва 21.)
Б) Дарахтро бояд чӣ кор мекарданд? (Нигаред ба ояти 23.)
В) Дар охири «ҳафт замон» бояд чӣ рӯй медод? (Нигаред ба ояти 26.)
Дарахте, ки шоҳи Бобил дар хобаш дид, ба Подшоҳии Худо чӣ дахл дорад?
ПЕШГӮЙӢ (Дониёл 4:20–36)
Ҳукмронӣ
А) Дарахти азим
Ҳукмронӣ қатъ шуд
Б) «Ин дарахтро» буред ва бигзор «ҳафт замон бар ӯ бигзарад»
Ҳукмронӣ барқарор шуд
В) «Подшоҳиат ба ту баргардонида мешавад»
Дар иҷрошавии якуми ин пешгӯйӣ:
Г) Дарахт киро тасвир мекард? (Нигаред ба ояти 22.)
Ғ) Чӣ тавр ҳукмронии ӯ қатъ гардид? (Дониёл 4:29–33-ро хонед.)
Д) Дар охири «ҳафт замон» бо Набукаднесар чӣ шуд? (Дониёл 4:34–36-ро хонед.)
ИҶРОШАВИИ ЯКУМ
Ҳукмронӣ
Г) Шоҳи Бобил — Набукаднесар
Ҳукмронӣ қатъ шуд
Ғ) Баъд аз соли 606-и то милод Набукаднесар аз ақл бегона шуда, дар давоми ҳафт сол ҳукмронӣ карда натавонист
Ҳукмронӣ барқарор шуд
Д) Ақли Набукаднесар ба ӯ баргашт ва ҳукмронияш барқарор шуд
Дар иҷрошавии дуюми ин пешгӯйӣ:
Е) Дарахт киро тасвир мекард? (1 Воқеанома 29:23-ро хонед.)
Ё) Чӣ тавр ҳукмронии онҳо қатъ гардид? Мо аз куҷо медонем, ки подшоҳии онҳо дар замони Исо низ барқарор нашуда буд? (Луқо 21:24-ро хонед.)
Ж) Ин ҳукмронӣ кай ва дар куҷо барқарор шуд?
ИҶРОШАВИИ ДУЮМ
Ҳукмронӣ
Е) Шоҳони Исроил, ки сояи роҳбарии Худо буданд
Ҳукмронӣ қатъ шуд
Ё) Ерусалим валангор шуд ва ҳукмронии шоҳони Исроил ба муддати 2520 сол қатъ гардид
Ҳукмронӣ барқарор шуд
Ж) Исо шоҳи Подшоҳии Худо шуд ва дар осмон ҳукмрониро сар кард
Ҳафт замон чӣ қадар давом кард?
Баъзе порчаҳои Китоби Муқаддас барои фаҳмидани дигар порчаҳои он кумак мекунанд. Масалан, дар китоби Ошкорсозӣ гуфта шудааст, ки сею ним замон ба 1260 рӯз баробар аст (Ошкорсозӣ 12:6, 14). Пас, ҳафт замон 2520 рӯз аст. Баъзан дар Китоби Муқаддас як рӯз гуфта, як сол дар назар дошта шудааст (Ҳизқиёл 4:6). Аз ин хулоса кардан дуруст аст, ки ҳафт замони пешгӯйии Дониёл ба 2520 сол баробар аст.
5. Пас аз соли 1914 вазъи дунё тағйир ёфт
Ҳазрати Исо пешгӯйӣ кард, ки баъди подшоҳ шудани ӯ вазъияти ҷаҳон дигар мешавад. Луқо 21:9–11-ро хонед, сипас саволи зеринро дида бароед:
Кадоме аз ин душвориҳоро шумо аз сар гузарондед ё дар бораашон шунидед?
Павлуси расул рафтору кирдори одамони охирзамонро тасвир кард. 2 Тимотиюс 3:1–5-ро хонед ва ба саволи зерин ҷавоб диҳед:
Кадоми ин хислатҳоро шумо имрӯз дар одамон мебинед?
6. Подшоҳии Худоро дастгирӣ кунед
Матто 24:3, 14-ро хонед, сипас саволҳои зеринро дида бароед:
Кадом кори муҳим нишон медиҳад, ки Подшоҳии Худо ҳукмронӣ карда истодааст?
Чӣ тавр шумо дар ин кор иштирок карда метавонед?
Подшоҳии Худо ҳукмронӣ карда истодааст ва рӯзе, ки роҳбарияш тамоми заминро фаро мегирад, наздик аст. Ибриён 10:24, 25-ро хонед, сипас ба саволи зерин ҷавоб диҳед:
«Наздик шудани он рӯзро дида», ҳар яки мо бояд чӣ кор кунем?
БАЪЗЕҲО МЕПУРСАНД: «Чаро Шоҳидони Яҳува ба соли 1914 диққати махсус медиҳанд?»
Шумо чӣ ҷавоб медиҳед?
ФИКРҲОИ АСОСӢ
Пешгӯйиҳои Каломи Худо, тартиби иҷро шудани онҳо ва вазъи ҷаҳон исбот мекунанд, ки Подшоҳии Худо айни замон ҳукм меронад. Мо ба ин боварии комил дорем, аз ин рӯ дар кори паҳн кардани хушхабар ва вохӯриҳои ҷамоат иштирок мекунем.
Такрор
Мувофиқи пешгӯйии Дониёл дар охири ҳафт замон чӣ рӯй дод?
Чӣ шуморо бовар мебахшад, ки Подшоҳии Худо ҳукмрониро соли 1914 сар кард?
Чӣ тавр шумо нишон дода метавонед, ки ба ҳукмронӣ кардани Подшоҳии Худо бовар доред?
ДИДА БАРОЕД
Фаҳмед, ки таърихшиносон ва дигарон дар бораи аз соли 1914 инҷониб дигар шудани вазъи ҷаҳон чӣ мегӯянд.
«Якбора паст рафтани ахлоқ» («Бедор шавед!», апрели с. 2007)
Аҳамият диҳед, ки чӣ тавр пешгӯйии Матто 24:14 ҳаёти як мардро дигар кард.
«Ман бейсболро аз ҳама чиз бештар дӯст медоштам!» («Бурҷи дидбонӣ» № 3 с. 2017)
Мо аз куҷо медонем, ки пешгӯйии боби 4-уми китоби Дониёл дар бораи Подшоҳии Худост?
«Подшоҳии Худо кай ҳукмрониро сар кард? Қисми 1» («Бурҷи дидбонӣ», 1 октябри с. 2014)
Чаро гуфтан мумкин аст, ки «ҳафт замон» аз боби 4-уми китоби Дониёл соли 1914 ба охир расид?
«Подшоҳии Худо кай ҳукмрониро сар кард? Қисми 2» («Бурҷи дидбонӣ», 1 ноябри с. 2014)
a Ба ду мақолаи охири бахши «Дида бароед»-и ин дарс нигаред.