Боби 10
Салтанати Худо ҳукмрон аст
1, 2. Нотавонии ҳукуматҳои инсонӣ аз куҷо маълум аст?
ШОЯД бо шумо низ чунин рӯй дода бошад: пас аз хариди дастгоҳе дарёфтед, ки он кор намекунад. Фарз кардем, ки усторо даъват кардед, вале аз “таъмири” дастгоҳ дере нагузашта, он дубора аз кор баромад. Чӣ ҳолати ногуворе!
2 Вазъи ҳукуматҳои инсонӣ низ чунин аст. Инсоният ҳамеша дар орзуи ҳукумате буд, ки сулҳ ва хушбахтиро таъмин кунад. Аммо кӯшишҳо барои бартараф кардани камбудиҳои ҷомеа чандон муваффақиятомез набуданд. Аҳдномаҳои зиёде баста шуда, сипас шикаста шуданд. Илова бар ин, оё ягон ҳукумат тавонистааст, ки қашшоқӣ, беадолатӣ, ҷинояткорӣ, бемориҳо ва проблемаҳои экологиро бартараф кунад? Ҳукуматҳои инсонӣ ба ин қудрат надоранд. Ҳатто подшоҳи хирадманди Исроил Сулаймон пурсидааст: «Пас одамизод чӣ гуна тавонад роҳи худро бифаҳмад?» (Масалҳо 20:24).
3. a) Мавзӯи мавъизаи Исо чӣ буд? б) Чӣ гуна баъзе одамон Салтанати Худоро тасаввур мекунанд?
3 Ба ҳар ҳол, ноумед нашавед! Ҳукумати боэътимоди ҷаҳонӣ на фақат орзуст. Дар бораи ин ҳукумат Исо мавъиза мекард. Ӯ онро «Малакути Худо» меномид ва пайравони худро меомӯзонид, ки дар бораи он дуо кунанд (Луқо 11:2; 21:31). Албатта дар баъзе маҳфилҳои мазҳабӣ ишора ба Малакути Худо меравад. Миллионҳо нафар ҳар рӯз дуои «Падари мо»-ро, ки дуои намунавӣ низ хонда мешавад, такрор намуда, дар бораи он дуо мекунанд. Вале ҳангоме ки одамонро мепурсанд — “Салтанати Худо чист?”,— ҷавобҳо хеле гуногунанд. Баъзеҳо мегӯянд: “Ин Салтанат дар дил аст”. Дигарон осмонро Салтанат меҳисобанд. Аммо ҳамон тавре ки хоҳем дид, ҷавоби Китоби Муқаддас ба ин савол возеҳу равшан аст.
САЛТАНАТ БО МАҚСАДИ МУАЙЯН
4, 5. Чаро Йеҳӯва қарор дод, ки ҳаққонияти Салтанати хешро ба тарзи дигар нишон диҳад ва дар натиҷаи ин чӣ мешавад?
4 Йеҳӯва Худо ҳамеша Подшоҳ ё Ҳокими Комилҳуқуқи Даҳр буд. Чун Офаридгори ҳама чиз Ӯ соҳибҳуқуқона ин мақоми мӯҳташамро ишғол мекунад (1 Вақоеънома 29:11; Забур 102:19; Аъмол 4:24). Аммо Салтанате, ки дар борааш Исо мавъиза мекард, дар ҳукмронии Худо нақши ёридиҳанда ё дуюмдараҷаро мебозад. Ин Салтанати Масеҳӣ мақсади махсусе дорад — кадом?
5 Ҳамон тавре ки дар боби 6-уми ин китоб тавзеҳ дода шуд, ҷуфти нахустини инсонӣ аз ҳукмронии Худо саркашӣ карданд. Бо сабаби ба вуҷуд омадани саволҳои баҳсталаб, Йеҳӯва қарор кард, ки ҳаққонияти ҳукмронии Худро ба таври дигар зоҳир созад. Худо нияти ба ҷаҳон овардани «насле»-ро, ки он Мор, яъне Шайтонро сарнагун карда, оқибатҳои гуноҳи меросгирифтаи инсониятро бартараф хоҳад кард, эълон намуд. «Насл»-и аслӣ Исои Масеҳ аст, «Салтанати Худо» бошад, василаи асосист, ки бо кӯмаки он ӯ Шайтонро нобуд мекунад. Ба воситаи ин Салтанат Исои Масеҳ ҳукмронии Йеҳӯваро дар рӯи замин барқарор карда, ҳаққонияти ҳукумати Худоро абадан исбот хоҳад кард (Ҳастӣ 3:15; Забур 2:2–9).
6, 7. a) Салтанат дар куҷост, Подшоҳи он ва ҳокимоне, ки дар ҳукмронӣ ба ӯ шариканд, киҳоянд? б) Тобеони Салтанат киҳоянд?
6 Исо ба фарисиёни шарир чунин гуфт: «Малакути Худо дар дохили шумост» (Луқо 17:21). Магар Исо инро дар назар дошт, ки Малакути Худо дар дилҳои шарири ин одамони фосид буд? Албатта, не. Тарҷумаи саҳеҳтари ин матн аз забони юнонӣ чунин аст: «Малакути Худо дар мобайни шумо аст» (ТОН). Исо дар байни онҳо буд ва ҳамин тавр ӯ ба худ чун ба Подшоҳи оянда ишора намуд. Малакути Худо хаёле дар дили инсон набуда, балки ҳукумати воқеии амалкунанда аст, ки ҳоким ва тобеони худро дорад. Ин ҳукумати осмонӣ аст, зеро «Малакути Осмонӣ» ва «Малакути Худо» номида шудааст (Матто 13:11; Луқо 8:10). Дар рӯъё Дониёл пайғамбар Ҳокими ин Салтанатро дид, ки «мисли Писари Одам» буд; ин Ҳоким ба ҳузури Худои Қодир наздик оварда шуд ва «салтанат ва ҷалол ва малакут ба ӯ дода шуд, то ки ҳамаи қавмҳо, умматҳо ва забонҳо ба ӯ хидмат намоянд» (Дониёл 7:13, 14, ТОН). Ин подшоҳ кист? Китоби Муқаддас Исои Масеҳро «Писари Одам» меномад (Матто 12:40; Луқо 17:26). Оре, Йеҳӯва Писари Худ — Исои Масеҳро ба Подшоҳӣ ваколатдор намудааст.
7 Исо ба танҳоӣ ҳукм намеронад. 144 000 нафар, ки «аз замин харида шудаанд», чун подшоҳон ва коҳинон ба ӯ кӯмак хоҳанд кард (Ваҳй 5:9, 10; 14:1, 3; Луқо 22:28–30). Тобеони Салтанати Худо одамоне мешаванд, ки дар як оилаи ҷаҳонӣ тобеи роҳбарияти Масеҳ мегарданд (Забур 71:7, 8). Аммо чаро метавонем итминон дошта бошем, ки ин Салтанат метавонад ҳаққонияти ҳукмронии Худоро исбот карда, вазъи биҳиштиро дар рӯи замин барқарор намояд?
ВОҚЕИЯТИ САЛТАНАТИ ХУДО
8, 9. a) Эътимоднокии ваъдаҳои Худоро дар бораи Салтанат бо чӣ қиёс кардан мумкин аст? б) Чаро метавонем аз воқеӣ будани Салтанат итминон дошта бошем?
8 Тасаввур кунед, ки хонаи шумо дар оташ сӯхт. Ва дӯсти шумо, ки имконияти кофӣ дорад, ваъда дод, ки барои аз нав бино кардани хонаатон ёрӣ медиҳад ва хонаводаи шуморо бо ғизо таъмин мекунад. Агар ӯ ҳамеша ростгӯй бошад, оё ин бор низ ба ӯ бовар нахоҳед кард? Фарз мекунем, ки рӯзи дигар шумо аз кор омада мебинед, ки коргарон аллакай машғули бартараф кардани вайронаҳоянд ва касе ба хонаводаатон ғизо овардааст. Бешубҳа, ин боварии шуморо ба он ки тадриҷан ҳама на танҳо барқарор, балки хубтар аз пештара хоҳад шуд, мустаҳкам мекунад.
9 Йеҳӯва бо ҳамин тарз моро ба воқеӣ будани Салтанат итминон медиҳад. Ҳамон тавре ки дар нома ба Ибриён, дар Китоби Муқаддас фаҳмонида шудааст, тарафҳои зиёди Шариат нишонаи тартиботи Салтанат буданд (Ибриён 10:1). Тимсоли Салтанати Худо инчунин Салтанати заминии Исроил буд. Он ҳукумати муқаррарӣ набуд, зеро ҳокимонаш «бар тахти Худованд» менишастанд (1 Вақоеънома 29:23). Илова бар ин, чунин пешгӯӣ шуда буд: «Чӯбдасти Салтанат аз Яҳудо дур нашавад ва қонунгузор аз камараш, то даме ки Шилӯa биёяд, ва ба Ӯ қавмҳо итоат намоянд» (Ҳастӣ 49:10). Оре, Исо — Подшоҳи ҳамешагии ҳукумати Худо, бояд аз насаби Яҳудо таваллуд мешуд (Луқо 1:32, 33).
10. a) Пойдевори Салтанати масеҳии Худо кай гузошта шуд? б) Кадом кори муҳимро ҳамроҳони ояндаи Исо дар подшоҳӣ бояд дар рӯи замин амалӣ гардонанд?
10 Пойдевори Салтанати масеҳии Худо бо интихоби ҳаввориёни Исо гузошта шуд (Эфсӯсиён 2:19, 20; Ваҳй 21:14). Онҳо нахустин шахсон аз 144 000 нафар ҳастанд, ки дар осмон бо Исои Масеҳ чун подшоҳон ҳукмронӣ хоҳанд кард. Ҳоло ки ҳамроҳони ояндаи Исо дар рӯи заминанд, онҳо мувофиқи фармони Исо кори шаҳодат доданро роҳбарӣ мекунанд: «Пас, биравед ва ҳамаи халқҳоро шогирд созед ва онҳоро ба исми Падар ва Писар ва Рӯҳулқудс таъмид диҳед» (Матто 28:19).
11. Кори мавъизаи Салтанат имрӯз чӣ гуна дар иҷрост ва натиҷаи он чист?
11 Имрӯз ҳукми шогирдсозӣ дар миқёси бузург иҷро шуда истодааст. Мувофиқи пешгӯии Исо, Шоҳидони Йеҳӯва хушхабари Салтанатро дар тамоми замин эълон мекунанд: «Ин Инҷили Малакут дар тамоми олам мавъиза хоҳад шуд, то ки барои ҳамаи халқҳо шаҳодате шавад; ва он гоҳ интиҳо фаро хоҳад расид» (Матто 24:14). Яке аз ҷонибҳои кори мавъизаи Салтанат — барномаи васеи таълимӣ мебошад. Одамоне ки ба қонун ва принсипҳои Салтанати Худо итоат мекунанд, аллакай имрӯз аз осоиштагӣ ва ягонагӣ бархурдоранд, ки ҳукуматҳои инсонӣ барои ба даст овардани он қудрат надоранд. Ин ҳама гувоҳи он аст, ки Салтанати Худо воқеист!
12. a) Чаро мавъизагарони Салтанат бамаврид Шоҳидони Йеҳӯва номида шудаанд? б) Салтанати Худо аз ҳукуматҳои инсонӣ чӣ гуна тафовут дорад?
12 Йеҳӯва ба исроилиён гуфт: «Шумо ва ... бандаи Ман ... шоҳидони Ман мебошед» (Ишаъё 43:10–12). Исо — «шоҳиди амин», башорати Салтанатро боғайратона эълон мекард (Ваҳй 1:5; Матто 4:17). Бинобар ин бомаврид аст, ки эълонкунандагони ҳозираи Салтанат номи баргузидаи Худо — “Шоҳидони Йеҳӯва”-ро доранд. Аммо чаро Шоҳидон то ин андоза вақт ва қуввати худро барои бо дигарон дар бораи Салтанати Худо сӯҳбат кардан сарф мекунанд? Чунки Салтанат умеди ягонаи инсоният аст. Ҳукуматҳои инсонӣ дер ё зуд барҳам мехӯранд, Салтанати Худо бошад, ҳеҷ гоҳ ба охир нахоҳад расид. Дар Ишаъё 9:6, 7 ҳокими ин Салтанат — Исо «Мири осоиштагӣ» номида мешавад ва инчунин он ҷо омадааст: «Афзоиши Салтанат ва осоиштагии ӯ интиҳо нахоҳад дошт». Салтанати Худо мисли ҳукуматҳои инсонӣ нест, ки имрӯз барпо шуда, фардо барҳам мехӯранд. Дар Дониёл 2:44 гуфта шудааст: «Худои осмон салтанате барпо хоҳад кард, ки он то абад барҳам нахоҳад хӯрд; ва ин салтанат ба қавми дигаре супурда нахоҳад шуд ... худаш то абад хоҳад истод».
13. a) Малакути Худо кадом душвориҳоро ҳал хоҳад кард? б) Чаро метавонем итминон дошта бошем, ки ваъдаҳои Худо ба анҷом хоҳанд расид?
13 Кадом подшоҳи инсонӣ метавонист, ки ба ҷангҳо, ҷинояткорӣ, бемориҳо, гуруснагӣ, бехонумонӣ хотима диҳад? Зиёда аз ин, кадом ҳокими заминӣ метавонад мурдагонро ба зиндагӣ бозгардонад? Ҳамаи инро Салтанати Худо бо сарварии Подшоҳи он карда метавонад. Салтанати Худо мисли дастгоҳе, ки ҳамеша таъмирталаб аст, нопойдор нест. Баръакс, Йеҳӯва ваъда медиҳад, ки он муваффақ хоҳад буд: «Каломе ки аз даҳони Ман мебарояд ... вай сӯи Ман бенатиҷа нахоҳад баргашт, балки он чиро, ки Ман хостаам, ба ҷо хоҳад овард, ва ба иҷрои он чӣ, ки барояш варо фиристодаам, муваффақ хоҳад шуд» (Ишаъё 55:11). Мақсади Худо ҳатман амалӣ мегардад; аммо кай ин Салтанат ба ҳукмронии худ оғоз мекунад?
САЛТАНАТ БА ҲУКМРОНӢ КАЙ ОҒОЗ МЕКУНАД?
14. Шогирдони Масеҳ чиро дар бобати Салтанат барғалат мефаҳмиданд ва Исо дар бораи ҳукмронии хеш чиро медонист?
14 «Худовандо, оё дар ҳамин вақт салтанатро бар Исроил аз нав барқарор хоҳӣ кард?» Ин пурсиши шогирдони Исо нишон медиҳад, ки онҳо ҳанӯз мақсади Салтанат ва замони оғози ҳукмронии онро намедонистанд. Исо онҳоро аз гумонҳо дар ин бобат огоҳ кард: «Кори шумо нест, ки замонҳо ва мӯҳлатҳоеро, ки Падар бо қудрати Худ муқаррар намудааст, бидонед». Исо медонист, ки ҳукмронии ӯ бар замин дертар, пас аз солҳои зиёде баъди эҳё ва баргаштани ӯ ба осмон оғоз меёбад (Аъмол 1:6–11; Луқо 19:11, 12, 15). Китоби Муқаддас инро пешгӯӣ карда буд. Чӣ гуна?
15. Забур 109:1 дар бораи оғози ҳукмронии Исо чӣ хабаре медиҳад?
15 Подшоҳ Довуд дар нубувват Исоро Худованд номида гуфт: «Худованд ба Худованди ман гуфт: “Ба ямини Ман бинишин, то душманони туро зери пои ту андозам”» (Забур 109:1; қиёс кунед Аъмол 2:34–36). Ин нубувват ба он ишора мекунад, ки Исо пас аз сууд ба осмон, ҳамон замон ба ҳукмронӣ оғоз накард. Ӯ бояд ба ямини Худо нишаста интизор мешуд (Ибриён 10:12, 13). Аммо то кай интизории ӯ бояд тӯл кашад? Ҳукмронии ӯ кай оғоз шуд? Китоби Муқаддас барои посух ба ин пурсиш мадад мерасонад.
16. Дар соли 607-уми қ. д. мо чӣ рӯй дод ва ин воқеа чӣ иртиботе ба Салтанати Худо дорад?
16 Дар тамоми дунё ягона шаҳре, ки он ҷо номи Йеҳӯва ҷой дошт, Ерусалим буд (3 Подшоҳон 11:36). Он ҳамчунин пойтахти Салтанати заминии Худо ва намунаи Салтанати Осмонии Ӯ буд. Бинобар ин, маҳв шудани Ерусалим аз ҷониби бобулиён дар соли 607-уми қ. д. мо воқеае буд, арзандаи аҳамият. Ин рӯйдод нишонаи оғози вақти тӯлоние буд, ки дар давоми он Худо бар халқи худ дар рӯи замин ҳукмронӣ намекард. Тақрибан пас аз шаш аср Исо гуфт, ки даврае ки ҳукмронии мустақими Худо қатъ гашта буд, ҳанӯз идома дорад: «Ерусалим поймоли халқҳо хоҳад шуд, то даме ки даврони халқҳо ба анҷом расад» (Луқо 21:24, ТОН).
17. a) «Даврони халқҳо» чист ва он чанд вақт давом кард? б) «Даврони халқҳо» кай оғоз ва анҷом ёфт?
17 Дар «даврони халқҳо» ба ҳукуматҳои ин ҷаҳон иҷозат дода шуд, ки ҳукмрониеро, ки писанди Худост, беэътибор кунанд. Он давра аз маҳв шудани Ерусалим дар соли 607-уми қ. д. мо оғоз шуд ва Дониёл гуфт, ки он «ҳафт замон» идома меёбад (Дониёл 4:20–22). Ин «ҳафт замон» чанд муддатро ифода мекунад? Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки сею ним «замон» ба 1 260 рӯз баробар аст (Ваҳй 12:6, 14). Ду баробари ин давра, яъне ҳафт замон баробар ба 2 520 рӯз мебошад. Аммо бо гузашти чунин муддати кӯтоҳи вақт ягон воқеаи қобили таваҷҷӯҳ рӯй надод. Мувофиқи принсипи «як рӯз ба ҷои як сол», агар бар соли 607-уми қ. д. мо 2 520 сол зам кунем, ин ҳисоб моро ба соли 1914-и д. мо меорад (Ададҳо 14:34; Ҳизқиёл 4:6).
18. Исо андаке пас аз гирифтани қудрати Салтанат чӣ кор кард ва ин ба замин чӣ гуна таъсир расонд?
18 Оё Исо дар ҳамон сол ба ҳукмронӣ дар осмон шурӯъ кард? Далелҳо аз Китоби Муқаддас, ки инро тасдиқ мекунанд, дар боби оянда муҳокима мешаванд. Вале комилан равшан аст, ки оғози ҳукмронии Исо маънои осоиштагии фавриро дар рӯи замин надошт. Китоби Ваҳй 12:7–12 нишон медиҳад, ки Исо ҳамон лаҳзае, ки ихтиёри подшоҳиро мегирад, Шайтон ва девҳои ӯро аз осмон сарнагун мекунад. Ин ба сари сокинони замин мусибатҳо меоварад, лекин донистани он ки барои Иблис «вақти кам» мондааст, боиси таскини мост. Ба наздикӣ, бароямон сабабҳои зиёде барои хурсандӣ хоҳад буд, на танҳо аз он ки Салтанати Худо ҳукм меронад, инчунин аз он ки вай баракатҳои бемисле ба замин ва инсонияти итоаткор хоҳад овард (Забур 71:7, 8). Аз куҷо медонем, ки ҳамаи ин ба зудӣ рӯй хоҳад дод?
[Эзоҳ]
a Маънои номи Шилӯ ин аст: “Касе, ки аз они Ӯст: касе ки ба Ӯ тааллуқ дорад”. Бо гузашти вақт аён шуд, ки «Шилӯ» — Исои Масеҳ аст, «шере аз сибти Яҳудо» (Ваҳй 5:5). Дар бархе аз тарҷумаҳои арамӣ калимаи “Шилӯ” ба калимаи “Масеҳ” ё ибораи “Масеҳи Подшоҳ” иваз шудааст.
ДОНИШИ ХУДРО БИСАНҶЕД
Салтанати Худо чист ва он аз куҷо ҳукмронӣ мекунад?
Кӣ дар Салтанат ҳукмронӣ мекунад ва тобеони он киҳоянд?
Чӣ тавр Йеҳӯва ба мо итминон медиҳад, ки Салтанати Ӯ воқеӣ аст?
«Даврони халқҳо» кай оғоз ва поён ёфт?
[Замимаи саҳифаи 94]
БАЪЗЕ РӮЙДОДҲОИ МУҲИМЕ, КИ БА САЛТАНАТИ ХУДО ТААЛЛУҚ ДОРАНД
• Йеҳӯва мақсади хеш — ба дунё овардани «насле»-ро, ки сари Мор, Шайтон Иблисро хоҳад кӯбид, эълон мекунад (Ҳастӣ 3:15).
• Дар соли 1943-юми қ. д. мо Йеҳӯва нишон медиҳад, ки «насл» аз насаби Иброҳим хоҳад омад (Ҳастӣ 12:1–3, 7; 22:18).
• Аҳди Шариати дар соли 1513-и қ. д. мо ба Исроил додашуда «сояи неъматҳои оянда аст» (Хуруҷ 24:6–8; Ибриён 10:1).
• Салтанати заминии Исроил дар соли 1117-уми қ. д. мо оғоз мешавад ва баъдтар подшоҳон аз хонадони Довуд онро идома медиҳанд (1 Подшоҳон 11:15; 2 Подшоҳон 7:8, 16).
• Аз нобудшавии Ерусалим дар соли 607-уми қ. д. мо «даврони халқҳо» оғоз меёбад (4 Подшоҳон 25:8–10, 25, 26; Луқо 21:24).
• Соли 29-уми д. мо Исо ба Подшоҳӣ тадҳин шуд ва ба хидмати рӯҳонии заминии худ шурӯъ кард (Матто 3:16, 17; 4:17; 21:9–11).
• Соли 33-юми д. мо Исо ба осмон баргашт ва он ҷо ба ямини Худо дар интизории оғози ҳукмронии худ нишаст (Аъмол 5:30, 31; Ибриён 10:12, 13).
• Исо бо анҷом ёфтани «даврони халқҳо» дар соли 1914-и д. мо ба тахти подшоҳии Салтанати Осмонӣ нишаст (Ваҳй 11:15).
• Шайтон ва девҳои ӯ ба ҳудуди замин сарнагун шуданд ва сабабгори ғами торафт афзудаистодаи одамон мегарданд (Ваҳй 12:9–12).
• Исо ба кори мавъизаи умумиҷаҳонии башорати Салтанати Худо роҳбарӣ мекунад (Матто 24:14; 28:19, 20).