Ба исми Яҳува паноҳ баред
«Ман ... қавми фурӯтан ва бенаворо боқӣ хоҳам гузошт, ва онҳо ба исми Худованд паноҳ хоҳанд бурд» (САФ. 3:12).
1, 2. Ба наздикӣ инсоният бо кадом воқеаи ба тундбод монанд дучор хоҳад шуд?
ОЁ ШУМО боре дар вақти сайругашт зери борон ё жола монда, дар ягон ҷои болояш пӯшида паноҳ ҷустаед? Чунин ҷой ҳангоми борон ё жола шояд паноҳгоҳи мувофиқ гардад, лекин аз шамоли сахт ё тундбод эҳтимол он шуморо муҳофизат карда наметавонад.
2 Ҳоло «тундбод»–е наздик шуда истодааст, ки ба ҳастии инсоният таҳдид мекунад. Ин воқеаи ба тундбод монандро Китоби Муқаддас «рӯзи вайронӣ» меномад. Ин рӯз — «рӯзи бузурги Худованд» аст ва он ба тамоми инсоният таъсир хоҳад кард. Бо вуҷуди ин, паноҳгоҳе ёфтан мумкин аст, ки моро муҳофизат карда метавонад. (Сафанё 1:14–18-ро бихонед.) Дар «рӯзи ғазаби Худованд», ки ба қарибӣ оғоз мешавад, мо чӣ тавр чунин паноҳгоҳ ёфта метавонем?
Рӯзҳои «тундбод» дар замонҳои пеш
3. Салтанати даҳсибтаи Исроил ба кадом «тундбоди ҳалокатовар» дучор шуд?
3 Рӯзи Яҳува бо нобудшавии ҳамаи динҳои дурӯғини рӯи замин оғоз меёбад. Дар он вақт мо чӣ тавр паноҳ ёфта метавонем? Таърихи халқи Худо ба ин савол ҷавоб медиҳад. Ишаъё, ки дар асри ҳашти то эраи мо зиндагӣ мекард, иҷрои ҳукмеро, ки Яҳува бар салтанати даҳсибтаи осишудаи Исроил бароварданӣ буд ба «тундбоди ҳалокатовар» монанд кард, ки одамон пеши роҳи онро гирифта наметавонистанд. (Ишаъё 28:1, 2–ро бихонед.) Он пешгӯӣ соли 740–и то эраи мо иҷро шуд. Он гоҳ ашшуриён замини ин сибтҳоро, ки бузургтаринаш Эфроим буд, забт карданд.
4. Чӣ тавр соли 607–и то эраи мо «рӯзи бузурги Худованд» барои Ерусалим фаро расид?
4 Баъд аз он ки Яҳува Исроили хиёнаткорро ҷазо дод, «рӯзи бузурги Худованд» дар соли 607–уми то эраи мо барои Ерусалим ва салтанати Яҳудо фаро расид. Чаро? Зеро халқи Яҳудо низ аз Яҳува дур шуда осӣ гашта буданд. Бобилиён таҳти роҳбарии Набукаднесар ба Яҳудо ва пойтахти он, Ерусалим, таҳдид карданд. Он гоҳ халқи Яҳудо барои кӯмак ба «паноҳгоҳи кизб» — иттифоқчии сиёсии худ, Миср, муроҷиат намуд. Лекин, он паноҳгоҳи дурӯғинро бобилиён чун тундбоди харобиовар несту нобуд карданд (Иш. 28:14, 17).
5. Ҳангоми нобудшавии ҳамаи динҳои дурӯғин бо халқи Худо чӣ рӯй медиҳад?
5 Рӯзи бузурги Яҳува, ки ба Ерусалим зарба зад, тимсоли он буд, ки масеҳияти осигашта дар замони мо чӣ тавр ҷазо дода мешавад. Илова бар ин, бақияи Бобили Бузург, яъне империяи ҷаҳонии дини дурӯғин несту нобуд хоҳад шуд. Баъд қисмҳои боқимондаи тартиботи Шайтон решакан карда мешаванд. Лекин халқи Худо дар кулли худ ҳангоми рӯй додани ин воқеаҳо наҷот хоҳад ёфт, зеро он дар Яҳува паноҳ меёбад (Ваҳй 7:14; 18:2, 8; 19:19–21).
Паноҳгоҳи рӯҳонӣ ва ҷисмонӣ
6. Чӣ тавр халқи Яҳува паноҳ ёфта метавонад?
6 Чӣ тавр халқи Худо, аллакай ҳоло, дар ин рӯзҳои охирзамон, паноҳ ёфта метавонад? Мо аз ҷиҳати рӯҳонӣ паноҳ меёбем, агар «азиздорандагони исми» Худо бошем ва боғайратона ба Ӯ хидмат кунем. (Малокӣ 3:16–18-ро бихонед.) Лекин танҳо азиз доштани номи Ӯ кифоя нест. Китоби Муқаддас мегӯяд: «Ҳар кӣ исми Худовандро бихонад, наҷот хоҳад ёфт» (Рум. 10:13). Байни «хондани» исми Яҳува ва наҷоте, ки Ӯ медиҳад, алоқамандӣ вуҷуд дорад. Ва бисёр одамони самимӣ мебинанд, ки чӣ тавр масеҳиёни ҳақиқӣ, ки номи Худоро азиз медоранду чун Шоҳидонаш хидмат мекунанд аз касоне, ки ба Ӯ хидмат намекунанд, фарқ мекунанд.
7, 8. Чӣ тавр дар асри як масеҳиён наҷот ёфтанд ва рӯзҳои мо бо он чӣ монандӣ дорад?
7 Лекин наҷот барои мо танҳо маънои онро надорад, ки мо фақат аз ҷиҳати рӯҳонӣ паноҳ ёфта метавонем. Наҷоти ҷисмониро низ Худо ба халқаш ваъда додааст. Барои фаҳмидани ин, воқеаеро дида мебароем. Соли 66–уми эраи мо лашкари румӣ зери сарварии Сестий Галл ба Ерусалим ҳуҷум овард. Исо пешгӯӣ карда буд, ки айёми ин мусибат «кӯтоҳ» хоҳад буд (Мат. 24:15, 16, 21, 22). Ва айнан ҳамин тавр ҳам шуд. Лашкари Рум, ки шаҳрро муҳосира карда буд, онро ба таври ғайричашмдошт тарк намуд. Ин имконият дод, ки баъзе касон, яъне маҳз масеҳиёни ҳақиқӣ «наҷот» ёбанд. Онҳо тавонистанд, ки аз шаҳр ба гирду атрофи он гурезанд. Баъзеҳо ба он тарафи Ӯрдун гузашта, дар кӯҳистони соҳили шарқии дарё паноҳ ёфтанд.
8 Байни он масеҳиён ва халқи имрӯзаи Худо монандие вуҷуд дорад. Чӣ тавре ки дар асри як масеҳиён паноҳгоҳ меҷустанд, ходимони имрӯзаи Худо низ ҳамон тавр хоҳанд кард. Лекин ин дафъа онҳо ба маънои аслӣ аз ҷое ба ҷои дигар намегурезанд, зеро масеҳиёни ҳақиқӣ дар тамоми кураи замин зиндагӣ мекунанд. Бо вуҷуди ин, вақте ки масеҳияти осӣ несту нобуд мешавад, «баргузидагон»–и Худо ва ҳамроҳони содиқи онҳо дар Яҳува ва созмони ба кӯҳ монанди Ӯ паноҳ бурда наҷот хоҳанд ёфт.
9. Кӣ мекӯшад, ки номи Яҳува фаромӯш шавад? Мисол оред.
9 Вале ҷаҳони масеҳият несту нобудшавии дар пеш бударо дар ҳақиқат сазовор аст, зеро он ба пайравони калисоҳои худ дар бораи Худо ва принсипҳои Ӯ ҳақиқатро таълим намедиҳад ва ба номи Худо нафрат дорад. Дар асрҳои миёна номи шахсии Худо дар Аврупо васеъ паҳн шуда буд. Ин ном, ки аз чор ҳарфи алифбои ибронӣ (тетраграмматон) иборат асту одатан чун ЙҲВҲ (YHWH) меояд, дар тангаҳо, пештоқи биноҳо, дар бисёр китобҳо ва нусхаҳои Китоби Муқаддас ва ҳатто дар баъзе калисоҳои католикиву протестантӣ вомехӯрд. Лекин вақтҳои охир чунин одат пайдо шудааст, ки номи Худоро аз тарҷумаҳои Китоби Муқаддас мегиранд ва онро умуман истифода намебаранд. Масалан, дар мактуби расмӣ аз санаи 29–уми июни соли 2008 ба калисоҳои католикӣ дастур дода шуд, ки тетраграмматон дар кадом намуде, ки набошад бо калимаи «Худо» иваз карда шавад. Ватикан дастур дод, ки номи шахсии Худо набояд ҳангоми ибодати динӣ дар сурудҳо ва дуоҳо истифода бурда шавад ва ба забон оварда шавад. Ва сарварони динҳои дигар низ, хоҳ масеҳӣ бошанд, хоҳ ғайримасеҳӣ, шахсияти Худои ҳақиқиро аз миллионҳо одамон пинҳон мекунанд.
Паноҳ барои касоне, ки номи Худоро ҷалол медиҳанд
10. Имрӯз нисбати номи Худо чӣ тавр эҳтиром зоҳир карда мешавад?
10 Шоҳидони Яҳува аз дигар динҳо сахт фарқ мекунанд. Онҳо номи Худоро эҳтиром мекунанд ва ҷалол медиҳанд. Онҳо ин номро ба таври шоиста истифода бурда, онро муқаддас мегардонанд. Касоне, ки ба Яҳува такя мекунанд ба Ӯ писанданд ва Ӯ барои баракат додану муҳофизат намудани халқи худ ҳар чизе ки хоҳад ҳамон шуда метавонад. Яҳува «паноҳбарони Худро мешиносад» (Наҳум 1:7; Аъм. 15:14).
11, 12. Дар Яҳудои қадим кӣ ба Яҳува содиқ монд ва кӣ дар замони мо ба Ӯ садоқатмандиашро нигоҳ медорад?
11 Ҳарчанд аксарияти сокинони Яҳудои қадим осӣ шуда буданд, касоне низ ёфт мешуданд, ки ба исми Яҳува паноҳ мебурданд. (Сафанё 3:12, 13–ро бихонед.) Вақте ки Яҳува яҳудиёни хиёнаткорро ҷазо дод ва гузошт, ки бобилиён заминашонро забт карда, онҳоро ба асирӣ баранд, шахсони алоҳида мисли Ирмиё, Борух ва Абдумалик, ки «андаруни» халқи осӣ мезистанд, наҷот ёфтанд. Дигарон дар асирӣ садоқатмандии худро нигоҳ доштанд. Соли 539–и то эраи мо лашкари Модаю Форс зери сарварии Куруш Бобилро забт намуд. Чанде пас аз ин Куруш фармон баровард, ки мувофиқи он яҳудиёни боқимонда ба ватани худ баргашта метавонистанд.
12 Дар бораи касоне, ки бояд барқароршавии ибодати ҳақиқиро медиданд, Сафанё пешгӯӣ намуд, ки Яҳува онҳоро наҷот хоҳад дод ва дар ҳаққи онҳо шодӣ хоҳад кард. (Сафанё 3:14–17-ро бихонед.) Ин пешгӯӣ дар замони мо низ иҷро шуд. Баъд аз он ки Салтанати Худо дар осмон барқарор шуд, дар соли 1919 Яҳува бақияи содиқи тадҳиншудагонро аз асирии рӯҳонии Бобили Бузург озод намуд. Ва то ба ҳол Ӯ дар ҳаққи онҳо шодӣ мекунад.
13. Одамон аз тамоми халқҳо аз чӣ раҳо шуда истодаанд?
13 Касоне ки умеди ҷовидона дар биҳишти рӯи замин зистанро доранд, ҳамчунин аз Бобили Бузург берун омаданд ва аз таълимотҳои дурӯғи он раҳоӣ ёфтанд (Ваҳй 18:4). Ҳамин тавр, суханони зерини Сафанё 2:3 дар замони мо дар миқёси бузург иҷро шуда истодаанд: «Худовандро биталабед, эй ҳамаи ҳалимони замин». Одамони ҳалим аз тамоми халқҳо — хоҳ умеди осмонӣ дошта бошанд, хоҳ заминӣ — ҳоло дар исми Яҳува паноҳ меёбанд.
Номи Худо ягон қувваи сеҳрнок надорад
14, 15. а) Баъзе касон чиҳоро чун чизи сеҳрнок истифода мебурданд? б) Чӣ набояд чун тӯмор истифода бурда шавад?
14 Баъзе исроилиён гумон мекарданд, ки маъбад қувваи мӯъҷизавӣ дораду онҳоро аз душманон муҳофизат карда метавонад (Ирм. 7:1–4). Пештар исроилиён ба сандуқи аҳд чун ба як чизи сеҳрноке менигаристанд, ки гӯё он онҳоро дар ҷанг муҳофизат мекунад (1 Подш. 4:3, 10, 11). Константини Бузург дар сипари аскаронаш сурати як рамзро кашид, ки он аз ду ҳарфи аввали унвони «Христос», яъне ҳарфҳои юнонии хи ва ро иборат буд. Ӯ умед дошт, ки ин рамз аскаронашро дар ҷанг муҳофизат мекунад. Ҳамчунин, таърихчиён гумон мекунанд, ки подшоҳи швед, Густави II Адолф, ки дар ҷанги пуршиддати динӣ иштирок кардааст, дар ҷанг гиребоне мепӯшид, ки расми он дар саҳифаи 7 оварда шудааст. Аҳамият диҳед, ки дар он бо ҳарфҳои намоён номи Яҳува тасвир шудааст.
15 Баъзе ходимони Худо ҳангоми ба ҳамлаи девҳо дучор шудан номи Яҳуваро баланд ба забон оварда дар Ӯ паноҳ ёфтанд. Бо вуҷуди ин, чизе ки дар он номи Худо тасвир шудааст, набояд чун ягон чизи сеҳрнок ё тӯморе ҳисобида шавад, ки гӯё касро дар ҳаёти ҳаррӯза муҳофизат карда метавонад. Дар номи Яҳува паноҳ ёфтан тамоман маънои дигар дорад.
Чӣ тавр имрӯз паноҳ ёбем
16. Чӣ тавр мо имрӯз паноҳгоҳи рӯҳонӣ ёфта метавонем?
16 Имрӯз мо паноҳгоҳи рӯҳоние дорем, ки халқи Худо дар кулли худ аз он баҳра мебарад (Заб. 90:1). Тавассути «ғуломи мӯътамад ва доно» ва пирони ҷамъомад, мо аз майлу хоҳишҳои ин ҷаҳон, ки ба бехатарии мо таҳдид мекунанд, огоҳонида мешавем (Мат. 24:45–47; Иш. 32:1, 2). Фикр кунед, ки чӣ тавр мо зуд–зуд аз хатари чизпарастӣ огоҳ карда мешавем ва чӣ тавр ин ёдраскуниҳо моро аз шикасти рӯҳонӣ муҳофизат намудаанд. Дар бораи хатари рӯҳияи худписандӣ, ки моро дар хизмати Яҳува ғайрифаъол карда метавонад, чӣ гуфтан мумкин аст? Каломи Худо мегӯяд: «Худписандии аблаҳон онҳоро ба ҳалокат хоҳад расонд. Валекин ҳар кӣ маро бишнавад, дар амният сукунат хоҳад дошт ва аз бими шарорат эмин хоҳад буд» (Мас. 1:32, 33). Хоҳиши нигоҳ доштани покии ахлоқӣ низ моро аз ҷиҳати рӯҳонӣ муҳофизат карда метавонад.
17, 18. Ба туфайли чӣ имрӯз миллионҳо одамон ба исми Яҳува паноҳ меёбанд?
17 Ҳамчунин дар бораи он мулоҳиза кунед, ки чӣ тавр ғуломи мӯътамад моро ташвиқ мекунад, ки супориши Исоро оиди дар тамоми рӯи замин мавъиза кардани хушхабари Салтанат фаъолона иҷро кунем (Мат. 24:14; 28:19, 20). Сафанё қайд кард, ки ба туфайли чӣ одамон дар исми Худо паноҳ ёфта метавонанд. Мо мехонем: «Он вақт ба қавмон забони поке хоҳам бахшид, то ки ҳамаашон исми Худовандро бихонанд, ва Ӯро якдилона ибодат намоянд» (Саф. 3:9).
18 Забони пок чист? Забони пок — ин ҳақиқат дар бораи Яҳува Худо ва ниятҳои Ӯ мебошад, ки дар Каломи илҳомбахшидаи Ӯ навишта шудаанд. Шумо низ ба маъное ба ин забон сухан меронед. Чӣ тавр? — Вақте ки дар хизмат ба одамон дар бораи он нақл мекунед, ки дар асл Салтанати Худо чист ва чӣ тавр он номи Ӯро муқаддас мегардонад, чаро исботшавии ҳақ будани ҳокимияти Худо бисёр муҳим аст ва одамони содиқро дар оянда кадом баракатҳои ҷовидонӣ интизоранд. Азбаски одамони зиёде ба ин «забон» сухан меронанд, шумораи онҳое, ки «исми Худовандро» мехонанд ва «Ӯро якдилона ибодат» менамоянд, торафт зиёд шуда истодааст. Бале, миллионҳо одамони рӯи дунё имрӯз дар Яҳува паноҳ меёбанд (Заб. 1:1, 3).
19, 20. Чӣ тавр дар замонҳои пеш онҳое, ки ба «паноҳгоҳи кизб» умед мебастанд, маъюсу ноумед мешуданд?
19 Одамон дар ин ҷаҳон бо проблемаҳои ба назар ҳалнашавандае мубориза мебаранд. Барои ҳалли мушкилиҳои худ бисёриҳо аз одамони нокомил кӯмак меҷӯянд. Ё онҳо умед доранд, ки мушкилиҳояшонро ташкилотҳои сиёсӣ ҳал карда метавонанд. Исроилиёни қадим низ барои кӯмак баъзан ба халқҳои ҳамсоя муроҷиат карда, бо онҳо иттифоқ мебастанд. Лекин чӣ хеле ки шумо медонед, ин ба онҳо кӯмак намекард. Имрӯз низ на давлатҳои алоҳида, на Созмони Миллали Муттаҳид мушкилиҳои инсониятро пурра ҳал карда наметавонанд. Пас, чаро дар ташкилотҳову иттифоқҳои сиёсӣ паноҳ ҷӯем? Дар пешгӯии Китоби Муқаддас онҳо «паноҳгоҳи кизб», яъне паноҳгоҳи дурӯғин номида шудаанд. Дар ҳақиқат ин ном ба онҳо мувофиқ аст, зеро ҳамаи шахсоне, ки ба онҳо умед мебанданд, хеле маъюсу ноумед хоҳанд шуд. (Ишаъё 28:15, 17–ро бихонед.)
20 Ба қарибӣ рӯзи Яҳува, ки дар Китоби Муқаддас ба сели жола монанд карда шудааст, ба замин зарба хоҳад зад. Кӯшишҳои одамон барои фароҳам овардани бехатарӣ бенатиҷа хоҳад буд. Он вақт на паноҳгоҳи зеризаминӣ кӯмак мекунад, на пулу сарват. Дар Ишаъё 28:17 гуфта шудааст: «Жола паноҳгоҳи кизбро хоҳад рӯфт, ва об ниҳонхонаро хоҳад бурд».
21. Мувофиқи маслиҳати матни солонаи 2011 амал намудан ба мо чӣ манфиат оварда метавонад?
21 Ҳам ҳоло ва ҳам ҳангоми воқеаҳои оянда халқи Худо дар Худои худ, Яҳува, бехатарии ҳақиқӣ хоҳад ёфт. Номи Сафанё, ки маънояш «Яҳува пинҳон кардааст» мебошад, ба паноҳгоҳи ҳақиқӣ будани Худо ишора мекунад. Хеле бамаврид аст, ки матни солона барои соли 2011 чунин садо медиҳад: «Ба исми Яҳува паноҳ баред». Ин маслиҳати оқилона бар ояти Сафанё 3:12 асос ёфтааст. Ҳатто ҳоло мо метавонем ва мо бояд ба номи Яҳува паноҳ барем ва пурра ба Ӯ такя кунем (Заб. 9:11). Биёед ҳар рӯз суханони зерини зери илҳоми Илоҳӣ навишташударо, ки моро эътимод мебахшанд, дар хотир дорем: «Исми Худованд бурҷи қувват аст: одил сӯи он медавад, ва паноҳ меёбад» (Мас. 18:10).
Оё шумо дар хотир доред?
• Чӣ тавр мо имрӯз ба исми Яҳува паноҳ бурда метавонем?
• Чаро мо набояд ба «паноҳгоҳи кизб» такя кунем?
• Дар оянда ба мо чӣ гуна паноҳгоҳ ваъда шудааст?
[Чорчӯба дар саҳифаи 6]
Матни солона барои соли 2011 чунин аст: Ба исми Яҳува паноҳ баред (Сафанё 3:12).
[Tасвир дар саҳифаи 7]
Thüringer Landesmuseum Heidecksburg Rudolstadt, Waffensammlung “Schwarzburger Zeughaus”