Исо дар фурӯтанӣ намуна гузошт
«Ба шумо намунае нишон додам, то, чунон ки Ман бо шумо кардам, шумо низ бикунед» (ЮҲ. 13:15).
ШУМО ЧӢ ТАВР ҶАВОБ МЕДИҲЕД?
Чӣ тавр Исо то ба замин омаданаш фурӯтанӣ зоҳир карда буд?
Чӣ гуна Исо ҳангоми дар замин буданаш фурӯтанӣ нишон дод?
Фурӯтании Исо чӣ баракатҳо овард?
1, 2. Исо шаби пеш аз маргаш ба ҳаввориёни худ чӣ намуна гузошт?
ШАБИ пеш аз марги Исо. Ӯ бо ҳаввориёнаш дар болохонаи яке аз хонаҳои Ерусалим мебошад. Дар вақти хӯроки шом Исо аз ҷояш бармехезад ва ҷомаи худро кашида ба як сӯ мегузорад. Ӯ дастмолро гирифта, ба миёни худ мебандад. Ва баъд ба тағорае об рехта, пойҳои ҳар як шогирдашро мешӯяд ва бо дастмол хушк мекунад. Баъд ҷомаи худро пӯшида, боз ба ҷояш мешинад. Чаро Исо чунин амали фурӯтанона нишон дод? (Юҳ. 13:3–5).
2 Исо ба онҳо фаҳмонд: «Оё медонед, ки барои шумо чӣ кардам? ... Агар Ман, ки Устод ва Худованд ҳастам, пойҳои шуморо шустаам, шумо ҳам бояд пойҳои якдигарро бишӯед: зеро ба шумо намунае нишон додам, то, чунон ки Ман бо шумо кардам, шумо низ бикунед» (Юҳ. 13:12–15). Бо ин амали фурӯтанона Исо ба ҳаввориёнаш намунае гузошт, ки бояд дар хотираашон сахт нақш мебаст ва онҳоро ба фурӯтан будан бармеангехт.
3. а) Чӣ тавр дар ду мавриди дигар Исо муҳим будани фурӯтаниро қайд намуд? б) Дар ин мақола мо чиро дида мебароем?
3 Ғайр аз шустани пойҳои ҳаввориёнаш Исо дар мавридҳои дигар низ муҳиммияти фурӯтаниро қайд карда буд. Чанде пеш, вақте ки баъзе ҳаввориён нисбати якдигар рӯҳияи рақобат доштанашонро зоҳир намуданд, Исо кӯдакеро назди худ гузошта, ба онҳо гуфт: «Ҳар кӣ ин кӯдакро ба исми Ман қабул кунад, Маро қабул мекунад; ва ҳар кӣ Маро қабул кунад, Фиристандаи Маро қабул мекунад; зеро ҳар кӣ дар байни шумо аз ҳама хурдтар аст, вай бузург хоҳад буд» (Луқ. 9:46–48). Шӯҳратталабии фарисиёнро дониста, Исо боре чунин гуфт: «Ҳар кӣ худро баланд кунад, паст гардад ва ҳар кӣ худро фурӯтан созад, сарафроз гардад» (Луқ. 14:11). Равшан аст, ки Исо мехост пайравонаш фурӯтан бошанд, яъне худро аз дигарон боло нагиранд, мағруру ҳавобаланд набошанд. Барои он ки ба Исо пайравӣ карда тавонем, биёед намунаи фурӯтании ӯро бодиққат дида бароем. Мо ҳамчунин муҳокима мекунем, ки чӣ тавр ин хислат на танҳо ба худи шахс, балки ба дигарон низ манфиат меорад.
«МАН МУҚОБИЛАТ НАКАРДААМ, АҚИБ НАГАШТААМ»
4. Чӣ тавр Исо пеш аз ба замин омаданаш фурӯтанӣ нишон дод?
4 Писари ягоназоди Худо фурӯтании худро хеле пештар аз ба замин омаданаш зоҳир намуда буд. Он вақт Исо солҳои зиёд бо Падари осмониаш буд. Дар Китоби Муқаддас пайғамбар Ишаъё дар бораи муносибати наздики Писару Падар чунин мегӯяд: «Худованд Худо забони донишҷӯёнро ба Ман додааст, то ки тавонам бемаҷолеро бо калом дастгирӣ намоям; Ӯ субҳ ба субҳ бедор мекунад, гӯши Маро бедор мекунад, то ки мисли донишҷӯён бишнавам. Худованд Худо гӯши маро кушодааст, ва Ман муқобилат накардаам, ақиб нагаштаам» (Иш. 50:4, 5). Исо фурӯтанӣ зоҳир мекард ва ба таълими Яҳува бодиққат буд. Ӯ бо хоҳиши зиёд ва бо омодагӣ аз Худо таълим мегирифт. Ӯ ҳамчунин медид, ки чӣ тавр Худо фурӯтанона ба инсонияти гунаҳкор раҳмдилӣ зоҳир мекунад.
5. Исо чун раиси фариштагон ҳангоми бо Иблис баҳс карданаш, чӣ тавр дар фурӯтанӣ ва хоксорӣ намуна гузошт?
5 Дар осмон на ҳамаи офаридаҳои рӯҳӣ мисли Исо фурӯтан буданд. Фариштае, ки баъдтар Шайтон Иблис гашт, ба ҷои аз Яҳува таълим гирифтан, гузошт, ки на хислати фурӯтанӣ, балки худписандиву ғурур дар ӯ инкишоф ёбад. Ин фаришта дар натиҷа зидди Яҳува баромад. Исо бошад, мавқеи дар осмон доштаашро қадр мекард ва аз қудрати худ суиистифода намебурд. Исо чун Микоил, ки раиси фариштагон аст, ҳангоми бо Иблис дар бораи ҷисми Мусо баҳс намуданаш аз доираи қудрати худ берун набаромад. Ҳамин тавр Исо фурӯтанӣ ва хоксорӣ зоҳир кард. Ӯ бо хурсандӣ интизор шуд, ки ин масъаларо худи Яҳува, Довари Олӣ, дар вақту соати лозима ҳал менамояд. (Яҳудо 9–ро бихонед.)
6. Чӣ тавр Исо бо он ки чун Масеҳ ба замин омад, фурӯтанӣ нишон дод?
6 Исо то ба замин омаданаш бешубҳа аз пешгӯиҳое, ки дар бораи Масеҳ буданд, хабардор буд. Пас, ӯ бояд пешакӣ медонист, ки чӣ азобҳоро паси сар хоҳад кард. Ба ин нигоҳ накарда, Исо розӣ буд, ки дар замин зиндагӣ кунад ва чун Масеҳи ваъдашуда бимирад. Чаро? Фурӯтании Исоро қайд намуда, Павлуси ҳавворӣ чунин навишт: «Ӯ бо вуҷуди он ки дар сурати Худо буд, бо Худо баробар буданро ҳарисона барои Худ нигоҳ надошт. Балки Худро кам дониста, ба сурати ғулом даромад ва ба одамон монандӣ пайдо кард» (Фил. 2:6, 7).
ЧУН ИНСОН НИЗ «ХУДРО ФУРӮТАН СОХТ»
7, 8. Чӣ гуна Исо, ҳам дар хурдсолӣ ва ҳам баъди ба камол расида хизмат карданаш фурӯтанӣ зоҳир намуд?
7 «[Исо] ба зоҳир мисли одамизод шуд, ва Худро фурӯтан сохта, то вақти мамот... фармонбардор буд»,— навишт Павлус (Фил. 2:7, 8). Исо аз хурдсолиаш сар карда, ба мо дар фурӯтанӣ намуна гузошт. Гарчанд ӯро волидони нокомил — Юсуф ва Марям — ба воя расонданд, ӯ фурӯтанона «дар итоати онҳо буд» (Луқ. 2:51). Чӣ намунаи хуб барои фарзандоне, ки бо омодагӣ ба волидонашон итоат карда, баракати Худоро соҳиб мегарданд!
8 Ба камол расида, Исо бо он ки на хости худ, балки иҷрои иродаи Худоро дар ҷои аввал мегузошт, фурӯтанӣ нишон дод (Юҳ. 4:34). Дар давоми хизматаш, Исои Масеҳ номи шахсии Худоро истифода мебурд ва ба одамони самимӣ ёрӣ медод, ки дар бораи хислатҳои Яҳува ва нияти Ӯ нисбати инсоният дониши дуруст гиранд. Исо ҳамчунин мувофиқи он чизе ки оиди Яҳува таълим медод, зиндагӣ мекард. Масалан, дар дуои намунавӣ аввалин хоҳиши Исо чунин буд: «Эй Падари мо, ки дар осмонӣ! Исми Ту муқаддас бод» (Мат. 6:9). Бо ин Исо ба пайравонаш дастур дод, ки муқаддас гардондани исми Яҳуваро мақсади асосии худ созанд. Ӯ худаш низ мувофиқи ин суханонаш амал мекард. Дар охири ҳаёташ Исо дар дуо ба Яҳува чунин гуфта тавонист: «Ман ба онҳо [ҳаввориён] исми Туро шиносондам ва боз ҳам хоҳам шиносонид» (Юҳ. 17:26). Беш аз ин, Исо барои корҳои ба анҷом расондааш ҳама вақт шаъну шарафро ба Яҳува равона мекард (Юҳ. 5:19).
9. Закарё дар бораи Масеҳ чиро пешгӯӣ кард ва чӣ тавр он дар Исо иҷро шуд?
9 Дар бораи Масеҳ пайғамбар Закарё навишт: «Бағоят ба ваҷд ой, эй духтари Сион! Нидоҳои шодӣ бидеҳ, эй духтари Ерусалим! Инак, Подшоҳи ту назди ту меояд, ки одил ва соҳиби наҷот ва ҳалим аст, ва бар харе, бар курраи бачаи модахар савор аст» (Зак. 9:9). Ин суханон соли 33-и эраи мо, вақте ки Исо пеш аз иди Фисҳ ба Ерусалим даромад, иҷро шуданд. Мардуми зиёд ҷомаҳои худ ва ҳамчунин шохаҳои дарахтонро ба замин чун пойандоз густурда, Исоро пешвоз гирифтанд. Бешубҳа тамоми аҳли шаҳр аз омадани ӯ ба ваҷд омаданд. Ҳатто вақте ки Исоро чун шоҳ пешвоз мегирифтанд, ӯ фурӯтан буд (Мат. 21:4–11).
10. Бо омодагӣ то ба марг итоаткор мондани Исо чиро исбот кард?
10 Исои Масеҳ то дами марги пуразобаш фурӯтан ва итоаткор буд. Ӯ исбот кард, ки одамон ҳатто дар озмоишҳои сахттарин ба Яҳува содиқ монда метавонанд. Исо инчунин нишон дод, ки гуфтаи Шайтон, ки инсоният танҳо барои фоидаи худаш ба Яҳува хизмат мекунад, дурӯғ аст (Айюб 1:9–11; 2:4). Мисоли беайбии комили Масеҳ инчунин одилона ва ҳақ будани ҳукмронии Яҳуваро исбот намуд. Яҳува садоқати пурраи Писари фурӯтанашро дида, бениҳоят хурсанд шуд. (Масалҳо 27:11–ро бихонед.)
11. Қурбонии Исо ба онҳое, ки ба ӯ имон доранд, чиро имконпазир сохт?
11 Бо марги пуразоби худ Исо барои инсоният қурбонии фидияро пешкаш кард (Мат. 20:28). Ин қурбонӣ ба одамони гунаҳкор имконияти ҷовидона зиндагӣ карданро фароҳам овард ва ҳамчунин ба меъёрҳои одилонаи Худо ҷавобгӯ буд. «Чунон ки ба воситаи гуноҳи як кас ҳамаи одамон маҳкум шуданд, ончунон ба воситаи адолати як кас ҳамаи одамон барои ҳаёт сафед шуданд»,— навишт Павлус (Рум. 5:18). Марги Исо имконият медиҳад, ки масеҳиёни бо рӯҳ тадҳиншуда дар осмон бефаноиро соҳиб гарданд ва «гӯсфандони дигар» барои дар рӯи замин ҷовидона зистан умед пайдо кунанд (Юҳ. 10:16; Рум. 8:16, 17).
ИСО НИСБАТИ ОДАМОН МЕҲРУБОН ВА ФУРӮТАН БУД
12. Чӣ тавр Исо дар муносибат бо одамони нокомил ҳалимӣ ва фурӯтанӣ зоҳир мекард?
12 Исо «ҳамаи заҳматкашон ва гаронборон»–ро даъват кард, ки назди ӯ оянд. Ӯ гуфт: «Юғи Маро ба гардани худ гиред ва аз Ман таълим ёбед, зеро ки Ман ҳалим ва фурӯтан ҳастам ва ҷонҳои шумо оромӣ хоҳад ёфт» (Мат. 11:28, 29). Азбаски Исо ҳалим ва фурӯтан буд, ӯ нисбати одамони нокомил меҳрубон буд ва рӯйбинӣ надошт. Ӯ имкониятҳои шогирдонашро ба назар мегирифт ва чизи номумкинро аз онҳо талаб намекард. Исо онҳоро таъриф ва рӯҳбаланд менамуд. Ӯ тавре рафтор намекард, ки онҳо худро ноӯҳдабарову нолоиқ ҳис кунанд ва бешубҳа ба вай дағаливу золимӣ хос набуд. Баръакс, Исо пайравонашро бовар мекунонд, ки агар ба ӯ наздик шаванд ва таълимоти ӯро ба кор баранд, онҳо тароват меёбанд, зеро юғи ӯ хуш ва бори ӯ сабук аст. Ба мардону занон, пирону ҷавонон бо Исо будан маъқул буд (Мат. 11:30).
13. Чӣ тавр Исо ба онҳое, ки зиндагиашон вазнин буд, раҳмдилӣ зоҳир намуд?
13 Исо ба одамони оддӣ, ки зиндагиашон вазнин буд, раҳм мекард ва нисбати ниёзҳои онҳо бепарво набуд. Дар наздикии шаҳри Ериҳӯ, Исо дар сари роҳ бо ду гадои нобино, ки номи якеаш Бартимай буд, рӯ ба рӯ шуд. Онҳо боисрор аз Исо кӯмак мепурсиданд, вале мардум ба онҳо мегуфтанд, ки хомӯш шаванд. Дар чунин маврид рад кардани хоҳиши он мардони нобино хеле осон буд, вале Исо гуфт, ки онҳоро наздаш биёранд ва аз раҳмдилӣ он нобиноёнро шифо бахшид. Бале, Исо ба Падараш Яҳува пайравӣ карда, ба одамони бечора раҳмдилӣ зоҳир намуд (Мат. 20:29–34; Марқ. 10:46–52).
«ҲАР КӢ ХУДРО ФУРӮТАН СОЗАД, САРАФРОЗ ГАРДАД»
14. Фурӯтании Исо чӣ гуна баракатҳо овард?
14 Фурӯтание, ки Исо дар тӯли ҳаёташ зоҳир намуд, хурсандиву баракатҳои хеле зиёд овард. Яҳува аз дидани он ки Писари азизаш фурӯтанона иродаи Ӯро ба ҷо овард, хурсанд гашт. Ҳалимӣ ва фурӯтании Исо ба ҳаввориён ва дигар шогирдонаш тароват мебахшид. Рафтор, таълимот ва таърифу таҳсини самими ӯ барои рӯҳан рушд кардани онҳо ёрӣ медод. Аз фурӯтании Исо одамони оддӣ манфиат мегирифтанд, чунки онҳо кӯмаку таълимоти ӯро қабул мекарданд ва аз суханонаш рӯҳбаланд мешуданд. Беш аз ин қурбонии фидияи Исо ба тамоми инсонияти нокомил баракатҳои беохир оварда метавонад.
15. Фурӯтании Исо ба ӯ чӣ манфиат овард?
15 Дар бораи Исо чӣ гуфтан мумкин аст? Оё фурӯтаниаш ба ӯ фоида овард? Бале, зеро Исо ба шогирдонаш чунин гуфта буд: «Ҳар кӣ худро фурӯтан созад, сарафроз гардад» (Мат. 23:12). Ҳаққонияти ин суханон дар мавриди худи ӯ низ исбот гардид. Павлус дар ин бора чунин навишт: «Худо низ Ӯро [Исоро] сарафроз кард ва ба Ӯ номе дод, ки аз ҳар ном болотар аст, то ки ба исми Исо ҳар зонуе ки дар осмон ва бар замин ва зери замин аст, хам шавад, ва ҳар забон эътироф намояд, ки Исои Масеҳ Худованд аст барои ҷалоли Худои Падар». Азбаски Исо ҳангоми дар замин буданаш фурӯтан ва вафодор буд, Яҳува Худо ба ӯ ҳуқуқ дод, ки дар осмону замин бар тамоми офаридаҳо ҳукмронӣ кунад ва бо ин Писарашро сарафроз кард (Фил. 2:9–11).
ИСО ДАР РОҲИ РОСТӢ ВА ФУРӮТАНӢ КОМЁБ ХОҲАД ГАШТ
16. Чӣ нишон медиҳад, ки Исо дар оянда низ бо фурӯтанӣ амал хоҳад кард?
16 Исо фурӯтаниро дар оянда низ зоҳир хоҳад кард. Забурнавис дар бораи чун Подшоҳ бар зидди душманон амал кардани Исо чунин пешгӯӣ намуд: «Дар шавкати Худ савор шуда, дар роҳи ростӣ ва ҳилму адолат комёб шав, ва яминат чизҳои аҷоибе ба Ту нишон хоҳад дод» (Заб. 44:5). Дар Ҳармиҷидӯн Исои Масеҳ барои муҳофизат кардани онҳое, ки фурӯтану ҳалим ва одилу дӯстдори ростианд, ҷанг хоҳад кард. Дар охири Ҳукмронии ҳазорсола, вақте ки Подшоҳи Масеҳоӣ «ҳар гуна раёсат ва ҳар гуна қудрат ва қувватро барҳам медиҳад», чӣ рӯй хоҳад дод? Оё ӯ фурӯтанӣ зоҳир мекунад? Бале, зеро ӯ «Малакутро ба Худо ва Падар месупорад». (1 Қӯринтиён 15:24–28-ро бихонед.)
17, 18. а) Чаро барои ходимони Яҳува зарур аст, ки ба намунаи фурӯтании Исо пайравӣ кунанд? б) Дар мақолаи навбатӣ чӣ муҳокима карда мешавад?
17 Вале дар бораи мо чӣ гуфтан мумкин аст? Оё мо ба намунае, ки Исо гузошт, пайравӣ карда, фурӯтанӣ зоҳир хоҳем кард? Вақте Исои Подшоҳ дар Ҳармиҷидӯн барои доварӣ кардан меояд, мо чӣ гуна рафтор мекунем? Дар он вақт Исо танҳо шахсони фурӯтан ва одилро наҷот хоҳад дод. Бинобар ин инкишоф додани хислати фурӯтанӣ барои зинда монданамон хеле муҳим аст. Ғайр аз ин, чуноне ки фурӯтании Исо на танҳо ба худи ӯ баракат овард, ҳамон тавр фурӯтании мо низ, ҳам ба худамон ва ҳам ба дигарон манфиат меорад.
18 Чӣ ба мо ёрӣ мерасонад, ки ба намунаи фурӯтании Исо пайравӣ кунем? Чӣ тавр мо кӯшиш карда метавонем, ки новобаста аз душвориҳои дар пешбуда фурӯтан бошем? Ин саволҳо дар мақолаи навбатӣ дида баромада мешаванд.
[Тасвир дар саҳифаи 12]
Намунаи фурӯтании Исо чӣ тавр ба мо манфиат оварда метавонад?
[Тасвир дар саҳифаи 13]
Исо дар зоҳир намудани раҳмдилӣ намуна гузошт