Саволҳои хонандагон
Китоби Муқаддас дар бораи савганд ёд кардан чӣ мегӯяд?
Ибораи савганд ёд кардан чунин маънидод шудааст: «Расман ва ботантана, аксар вақт дар шоҳидии Худо, барои иҷрои коре аҳд намудан ё ваъда додан». Онро бо ду тарз баён кардан мумкин аст: шифоҳӣ ё хаттӣ.
Баъзеҳо шояд фикр кунанд, ки қасам хӯрдан нодуруст аст, зеро Исо гуфта буд: «Тамоман қасам нахӯред... балки “ҳа”-и шумо “ҳа” бошад ва “не”-и шумо “не”, он чӣ зиёда аз ин аст, аз Шайтон аст» (Мат. 5:33–37). Вале қобили зикр аст, ки мувофиқи Шариати Мӯсо дар баъзе мавридҳо қасам ёд кардан талаб карда мешуд. Исо инро медонист. Бинобар ин баъзе хизматгорони бовафои Яҳува қасам ёд мекарданд (1 Мӯсо 14:22, 23; 2 Мӯсо 22:10, 11). Ба ӯ инчунин маълум буд, ки Яҳува худаш қасам ёд мекард (Ибр. 6:13–17). Хулоса, Исо дар назар надошт, ки мо тамоман бояд савганд ёд накунем. Манзури ӯ ин буд, ки мо беҳудаю баҳуда қасам нахӯрем. Бале, ба ваъдаамон вафо кардан бароямон бояд чун вазифаи муқаддас бошад.
Пас, агар аз шумо хоҳиш кунанд, ки қасам хӯред, чӣ кор карданатон лозим? Дар аввал, боварӣ ҳосил кунед, ки ба ваъдаатон вафо карда метавонед. Лекин, агар дилпур набошед, беҳтараш қасам нахӯред. Каломи Худо огоҳ мекунад: «Аз назр кардану иҷро нанамудан назр накардан беҳ аст» (Пандгӯ 5:5). Сипас, дар бораи қасам хӯрдан принсипҳои Китоби Муқаддасро аз назар гузаронед ва баъд аз рӯйи виҷдони таълимёфтаатон рафтор кунед. Биёед бо баъзе принсипҳои Каломи Худо доир ба ин мавзӯъ шинос шавем.
Баъзе қасамҳо бо хости Худо рост меоянд. Масалан, вақте Шоҳидони Яҳува оиладор мешаванд, қасам ёд мекунанд. Домоду арӯс дар шоҳидии Худо ва ҳозирон ваъда медиҳанд, ки «то он вақте, ки [ҳардуи онҳо] зинда»-анд, якдигарро дӯст медоранд, ғамхорӣ ва ҳурмат мекунанд. (Дигар ҷуфтон шояд айнан чунин суханонро нагӯянд, вале дар назди Худо ҳатман қасам ёд мекунанд.) Баъд аз ин арӯсу домод зану шавҳар шуда пайвандашон якумра мегардад (1 Мӯсо 2:24; 1 Қӯр. 7:39). Аз ин рӯ дар тӯй қасам ёд кардан бамаврид буда мувофиқи хости Худо аст.
Баъзе қасамҳо ба хости Худо муқобил мебароянд. Масеҳии ҳақиқӣ барои бо яроқ давлаташро муҳофизат кардан ё расман аз имонаш рӯй гардондан савганд ёд намекунад. Зеро ин тавр карда ӯ муқобили фармудаҳои Худои Таоло мебарояд. Масеҳиёни ҳақиқӣ «аз ҷаҳон нест»-анд, бинобар ин дар кор ва ҷангҳои он иштирок намекунанд (Юҳ. 15:19; Иш. 2:4; Яъқ. 1:27).
Баъзан масеҳӣ аз рӯйи виҷдонаш қарор мекунад, ки қасам ёд кунад ё не. Дар баъзе мавридҳо пеш аз қасам ёд кардан мо бояд бодиққат суханони Исоро аз назар гузаронем, ки гуфта буд: «Он чӣ аз қайсар аст, ба қайсар диҳед ва он чӣ аз Худост — ба Худо» (Луқ. 20:25).
Фарз кардем, масеҳие мехоҳад шаҳрвандӣ ё шиноснома гирад. Ӯ мефаҳмад, ки барои ин аз рӯйи қонун бояд савганди вафодорӣ ёд кунад. Дар ин сурат агар дар он давлат чунин савганд ёд кардан аниқ маънои зидди қонуни Худо баромаданро дошта бошад, виҷдони аз Китоби Муқаддас таълимёфтаи ӯ намебардорад, ки қасам ёд кунад. Бинобар ин ҳукумати он давлат шояд матни савгандро андаке тағйир диҳад, то масеҳӣ онро бо виҷдони пок ёд карда тавонад.
Ёд кардани чунин савганд шояд ба принсипе рост ояд, ки дар Румиён 13:1 омадааст: «Бигзор ҳар кас ба ҳокимиятҳои боло фармонбардор бошад». Барои ҳамин масеҳӣ шояд қарор кунад, ки барои иҷрои чизе, ки Худо аллакай ба уҳдаи ӯ гузоштааст, қасам ёд кардан ягон ҷойи хато надорад.
Бояд гуфт, ки агар ҳангоми қасам ёд кардан истифодаи ашё ё ягон амали муайянро иҷро кардан даркор бошад, масеҳӣ бояд ҳатман виҷдони таълимёфтаашро ба кор барад. Масалан, румиёни қадим ва скифҳо бо шамшерҳои худ қасам ёд мекарданд. Бо ин амалашон онҳо худои ҷангро чун рамзи кафолати боваринок будани шахс эътироф менамуданд. Юнониён бошанд, ҳангоми савганд ёд кардан дасташонро ба осмон мебардоштанд. Онҳо нишон медоданд, ки қудрати илоҳие вуҷуд дораду шоҳиди гапу кори шудагӣ аст ва ҳамаи одамон дар назди он ҷавобгӯянд.
Албатта, ягон хизматгори Яҳува байрақ ё ашёи дигареро, ки бо дини дурӯғ алоқамандӣ дорад, бӯса намекунаду дар наздаш зону намезанад. Вале, агар аз шумо дар додгоҳ талаб кунанд, ки дастатонро бар Китоби Муқаддас гузошта барои шоҳидии рост додан қасам ёд кунед-чӣ? Дар ин маврид шумо шояд итоат кунед, зеро мувофиқи Китоби Муқаддас дар давраҳои қадим хизматгорони бовафои Худо ба воситаи ягон амали аниқ қасам ёд мекарданд (1 Мӯсо 24:2, 3, 9; 47:29–31). Дар ёд доред, ки агар чунин қасам ёд кунед, шумо ба Худо ваъда медиҳед, ки гапи ростро мезанед. Аз ин рӯ тайёр бошед, ки ба ҳамаи саволҳое, ки ба шумо медиҳанд, ҷавоби ростро диҳед.
Азбаски мо муносибатамонро бо Яҳува қадр мекунем, бояд дуо гуфта бодиққат дар бораи савганде, ки аз мо талаб мекунанд, мулоҳиза ронем ва боварӣ ҳосил кунем, ки он бар зидди виҷдонамон ё принсипҳои Каломи Худо намебарояд. Лекин, агар қарор карда бошед, ки савганд ёд мекунед, ҳатман ба ваъдаи худ вафо намоед! (1 Пет. 2:12).