«Бигзор Подшоҳии Ту биёяд» бо ин суханон миллионҳо одамон дуо мегӯянд
Оё шумо боре ба Худо чунин дуо гуфтаед: «Подшоҳии Ту биёяд». Миллионҳо одамон садсолаҳо боз бо ин суханон дуо мегӯянд. Чаро? Зеро Исо ба пайравонаш гуфта буд, ки дар бораи Подшоҳии Худо дуо гӯянд.
Пайравони Исо дар аввал оиди Подшоҳии Худо ҳама чиро намефаҳмиданд. Боре онҳо аз ӯ пурсиданд: «Ҳазрат, оё подшоҳиро дар Исроил дар ҳамин вақт барқарор мекунӣ?» Исо ба онҳо аниқ нагуфт, ки Подшоҳии Худо кай меояд (Аъмол 1:6, 7). Оё ин маънои онро дорад, ки мо ҳеҷ вақт фаҳмида наметавонем, ки Подшоҳии Худо чист ва он кай меояд? Не, албатта.
Аз ин шумораи «Бурҷи дидбонӣ» шумо ба саволҳои зерин ҷавоб меёбед:
Чаро мо ба Подшоҳии Худо мӯҳтоҷем?
Шоҳи он кист?
Кай Подшоҳии Худо бар замин ҳукмронӣ мекунад?
Он барои одамизод чӣ кор мекунад?
Чаро имрӯз Подшоҳии Худоро ҷустан муҳим аст?
Подшоҳии Худо чист?