Оилаҳои масеҳӣ, «тайёр бошед»
«Шумо низ тайёр бошед, зеро дар соате ки гумон надоред, Писари Одам меояд» (ЛУҚ. 12:40).
1, 2. Чаро мо бояд ба насиҳати дар Луқо 12:40 додаи Исо ҷиддӣ муносибат кунем?
«ВАҚТЕ КИ Писари Одам дар ҷалоли Худ» меояд ва одамонро «аз якдигар ҷудо» мекунад, бо шумо ва оилаатон чӣ рӯй ҳоҳад дод? (Мат. 25:31, 32). Ин дар вақте ба амал меояд, ки мо интизор нестем. Аз ин рӯ, чӣ қадар муҳим аст, ки ба насиҳати Исо оиди «тайёр» будан ҷиддӣ муносибат кунем! (Луқо 12:40).
2 Дар мақолаи гузашта мо муҳокима кардем, ки чӣ тавр ҳар як аъзои оила ба вазифаҳои худ ҷиддӣ муносибат карда ба рӯҳан бедор мондани тамоми оила кӯмак карда метавонад. Биёед дигар роҳҳоеро, ки бо онҳо ба беҳбудии рӯҳонии оилаамон саҳм гузошта метавонем, дида бароем.
Чашми худро оддӣ нигоҳ доред
3, 4. а) Оилаҳои масеҳӣ бояд ба чӣ роҳ надиҳанд? б) Чашмро оддӣ нигоҳ доштан чӣ маъно дорад?
3 Барои ба омадани Масеҳ тайёр будан, оилаҳо бояд бодиққат бошанд, то аз корҳои бо ибодати ҳақиқӣ алоқаманд дур нашаванд. Онҳо набояд роҳ диҳанд, ки чизе диққаташонро аз корҳои асосӣ ба дигар сӯ кашад. Азбаски оилаҳои бисёр ба доми чизпарастӣ афтодаанд, дар бораи суханони Исо оиди «солим» ё оддӣ нигоҳ доштани чашм фикр кунед. (Матто 6:22, 23–ро бихонедa.) Чароғ роҳи моро равшан намуда ба мо ёрӣ медиҳад, ки наафтида роҳ равем. Айнан ҳамин тавр он чиро ки мо бо «чашмони дили» худ мебинем, метавонад роҳи ҳаёти моро равшан кунад, то пешпо нахӯрем (Эфс. 1:18).
4 Чашмони дилро оддӣ нигоҳ доштан чӣ маъно дорад? Ин маънои онро дорад, ки диққати кас ба як мақсад равона карда шудааст. Ба ҷои ба чизпарастӣ дода шудан ва танҳо дар бораи ниёзҳои моддии оилаамон фикр кардан, мо диққати худро ба чизҳои рӯҳонӣ равона месозем (Мат. 6:33). Ин маънои онро дорад, ки мо бо чизҳои зарурие, ки Худо ба мо медиҳад қаноат мекунем ва хизмати Худоро дар ҳаётамон дар ҷои аввал мегузорем (Ибр. 13:5).
5. Чӣ тавр як духтарак нишон дод, ки «чашми» худро ба хизмати Худо равона кардааст?
5 Чӣ натиҷаҳои хуб ба даст меояд вақте ки волидон ба фарзандон оддӣ нигоҳ доштани чашмро таълим медиҳанд! Мисоли духтаракеро аз Эфиопия дида мебароем. Ӯ дар мактаб чунон аъло мехонд, ки баъди хатми мактаб ба ӯ бепул дар мактаби олӣ хонданро пешниҳод карданд. Лекин азбаски вай диққаташро ба хизмати Яҳува равона карда буд, ӯ ин пешниҳодро рад кард. Каме баъдтар, ӯро ба коре таклиф намуданд, ки ойлики ҳармоҳааш 4 200 доллар буд. Ин маблағ дар муқоиса ба музди миёнае, ки дар давлати ӯ мегирифтанд, хеле калон буд. Лекин «чашми» духтарак ба хизмати пешравӣ равона шуда буд. Ба ӯ лозим набуд, ки дар бораи рад кардани ин кор бо волидонаш маслиҳат кунад. Вақте ки волидон дар бораи чунин қарори духтарашон фаҳмиданд, чӣ эҳсос намуданд? Онҳо албатта ҳамроҳи ӯ хурсандӣ карданд ва гуфтанд, ки бо ӯ фахр доранд!
6, 7. Аз чӣ мо бояд «ҳазар» кунем?
6 Дар суханони дар Матто 6:22, 23 гуфтаи Исо як огоҳиро дидан мумкин аст. Ин огоҳӣ оиди чашмгуруснагӣ аст. Чӣ тавре ки аз Тарҷумаи Дунёи Нав дида мешавад, дар ин оят Исо калимаи «оддӣ»–ро бо калимаи «мураккаб» неву бо калимаи «золим» муқобил гузошт. Чашми «золим» — ин маънои ҳасадхӯр, тамаъкор ва чашмгурусна буданро дорад. Яҳува ба тамаъкорӣ, яъне чашмгуруснагӣ чӣ гуна муносибат мекунад? «Зино ва ҳар гуна нопокӣ ва тамаъкорӣ набояд дар байни шумо ҳатто зикр ёбад»,— гуфта мешавад дар Китоби Муқаддас (Эфс. 5:3).
7 Чашмгуруснагиро дар дигарон дидан шояд осонтар бошад, лекин дар худ дидани он душвор аст. Барои ҳамин, оқилона мебуд, ки ба маслиҳати зерини Исо гӯш диҳем: «Зинҳор, аз тамаъкорӣ [чашмгуруснагӣ] ҳазар кунед» (Луқ. 12:15). Ин аз мо талаб мекунад, ки хоҳишҳои дили худро тафтиш кунем. Оилаҳои масеҳӣ бояд ҷиддӣ фикр кунанд, ки ба вақтхушӣ, истироҳат ва харидани чизҳои моддӣ чӣ қадар пулу вақти худро сарф мекунанд.
8. Пеш аз харидани ягон чиз мо бояд чиро ба назар гирем?
8 Пеш аз харидани ягон чиз на танҳо дар бораи он фикр кардан лозим аст, ки пуламон ба он мерасад ё не. Хуб мебуд, ки чизҳои зеринро ба назар гиред: «Оё ман барои истифода бурдани ин чиз ва нигоҳубини он вақт дорам? Барои дуруст истифода бурдани онро ёд гирифтан чӣ қадар вақт лозим мешавад? Ҷавонон, ба ҳамаи он гапҳое, ки рекламаи ин ҷаҳон мегӯяд, бовар накунед ва аз волидон харидани либосҳову чизҳои қиммати фирмаҳои машҳурро талаб накунед. Худдорӣ кунед. Ҳамчунин фикр кунед, ки харидани ин ё он чиз оё ба оилаи шумо кӯмак мекунад, ки ба омадани Писари Одам тайёр бошед. Ба ваъдаи зерини Яҳува имон зоҳир кунед: «Туро тарк нахоҳам кард ва туро нахоҳам партофт» (Ибр. 13:5).
Сӯи мақсадҳои рӯҳонӣ шитоб кунед
9. Чӣ тавр сӯи мақсадҳои рӯҳонӣ шитофтан ба оила кӯмак мерасонад?
9 Боз бо кадом роҳ аъзоёни оила метавонанд имонашонро мустаҳкам кунанд ва ба беҳбудии рӯҳонии тамоми оила саҳм гузоранд? Бо он ки назди худ мақсадҳои рӯҳонӣ гузоранд ва барои расидан ба онҳо кӯшиш кунанд. Ин ба аъзоёни оила кӯмак мекунад, то фаҳманд, ки дар хизмати Яҳува то чӣ андоза пеш рафтаанд ва нишон медиҳад, ки кадом корҳо барои онҳо муҳим аст. (Филиппиён 1:10–ро бихонед.)
10, 11. Чун оила шумо сӯи кадом мақсадҳои рӯҳонӣ шитофта истодаед ва кадом мақсадҳоро барои оянда гузоштаниед?
10 Ҳатто гузоштани мақсадҳои на чандон калон, ки қариб ҳамаи аъзоёни оила ба онҳо расида метавонанд, натиҷаҳои хеле хуб меорад. Масалан, агар аъзоёни оила мақсад гузоранд, ки ояти ҳаррӯзаро якҷоя дида мебароянд, ин чӣ натиҷа меорад? Аз шарҳҳои аъзоёни оила сарвари оила метавонад дараҷаи рушди рӯҳонии онҳоро муайян кунад. Агар аҳли оила мақсад гузоранд, ки якҷоя мунтазам Китоби Муқаддасро мехонанд, ин ба фарзандон имконияти нағз медиҳад, ки қобилияти хонданашонро беҳтар кунанд ва Навиштаҳоро хубтар фаҳманд (Заб. 1:1, 2). Оё мо набояд мақсад гузорем, ки сифати дуоҳоямонро беҳтар гардонем? Боз ҳам бештар инкишоф додани хусусиятҳои самари рӯҳ низ мақсади олиҷанобест, ки мо сӯи он шитофта метавонем (Ғал. 5:22, 23). Ё дар бораи он фикр кунед, ки чӣ тавр ба одамони дар хизмат дучор мешуда ҳамдардиву дилсӯзӣ зоҳир кардан мумкин аст. Агар ҳама аъзоёни оила сӯи ин мақсад шитоб кунанд, кӯдакон раҳмдиливу дилсӯзиро ёд мегиранд ва эҳтимол онҳо хоҳиши пешрави доимӣ ё миссионер шуданро дар худ инкишоф диҳанд.
11 Кадом мақсадҳоро шумо ва оилаатон дар назди худ гузошта метавонистед? Оё оилаи шумо метавонад мақсад гузорад, ки дар хизмат вақти бештар сарф кунад? Агар шумо аз мавъизаи хона ба хона ё дигар намудҳои хизмат тарсед оё шумо метавонед мақсад гузоред, ки бо тарси худ мубориза баред? Оиди мавъиза дар ҷойҳое, ки ба воизони Салтанат ниёз бештар аст, чӣ гуфтан мумкин? Оё яке аз аъзоёни оила метавонист, ки барои ба одамони миллати дигар мавъиза кардани хушхабар забони навро ёд гирад?
12. Сарварони оила чӣ кор карда метавонанд, то оилаашон муваффақиятҳои рӯҳонӣ ба даст орад?
12 Чун сарвари оила муайян кунед, ки оилаи шумо дар кадом соҳаҳо бештар муваффақиятҳои рӯҳонӣ ба даст оварда метавонад. Сипас барои пешрафти оила мақсадҳои муайян гузоред. Мақсадҳое, ки шумо ҳамроҳи оилаатон мегузоред, бояд дастрас бошанд ва ба шароиту қобилиятҳоятон мувофиқ бошанд (Мас. 13:12). Албатта барои расидан ба мақсадҳои арзанда вақт лозим аст. Пас, аз ҳисоби тамошои телевизор фурсат ёфта онро барои расидан ба мақсадҳои рӯҳонӣ истифода баред (Эфс. 5:15, 16). Барои расидан ба мақсадҳое, ки дар назди оилаи шумо гузошта шудаанд, сахт меҳнат кунед (Ғал. 6:9). Агар оила сӯи мақсадҳои рӯҳонӣ шитобад, муваффақиятҳои он «ба ҳама намоён» мешавад (1 Тим. 4:15).
Мунтазам ибодати оилавӣ гузаронед
13. Ба ҷадвали вохӯриҳои ҳарҳафтаинаи ҷамъомад чӣ навигарӣ дохил карда шуд ва дар бораи кадом саволҳо бояд фикр кунем?
13 Аз 1 январи соли 2009 дар ҷадвали гузаронидани вохӯриҳои ҳарҳафтаинаи масеҳӣ дигаргунии калоне дароварда шуд. Ин дигаргунӣ ба оилаҳо барои «тайёр» будан ба омадани Писари Одам ёрии калон мерасонад. Ин чӣ дигаргунӣ буд? Вохӯрие, ки пеш китобомӯзиш ном дошт акнун ба вохӯрие, ки дар он Мактаби таълими мавъиза ва вохӯрии хизматӣ мегузарад, ҳамроҳ карда шуд. Чунин дигаргунӣ ба оилаҳои масеҳӣ имконият дод, ки ҳар ҳафта як шоми махсусро барои ибодати оилавӣ ҷудо намоянд, то ин ки муносибаташонро бо Яҳува мустаҳкамтар кунанд. Ҳоло, азбаски аз ин дигаргунӣ як вақти муайян гузаштааст, мо метавонем аз худ бипурсем: «Оё ман он вақтеро, ки барои шоми ибодати оилавӣ ё омӯзиши шахсӣ муқаррар шудааст, дуруст истифода мебарам? Оё ман мақсади чунин навигариро хуб дарк менамоям?».
14. а) Мақсади асосии мунтазам гузаронидани ибодати оилавӣ ё омӯзиши шахсӣ дар чист? б) Чаро шомеро барои омӯзиш ҷудо кардан ҳаётан муҳим аст?
14 Мақсади асосии мунтазам гузаронидани ибодати оилавӣ ё омӯзиши шахсӣ ин ба Худо наздиктар шудан аст (Яъқ. 4:8). Вақте ки мо барои мунтазам омӯзиш кардани Китоби Муқаддас вақт сарф мекунем ва донишамонро дар бораи Офаридгор зиёд мегардонем, муносибатҳои мо бо Ӯ мустаҳкам мешаванд. Чӣ қадаре ки мо ба Яҳува наздиктар шудан гирем, ҳамон қадар хоҳишамон зиёд мегардад, ки Ӯро бо тамоми дил, бо тамоми ҷон, бо тамоми ҳуш ва бо тамоми қуввати худ дӯст дорем (Марқ. 12:30). Албатта, мо сахт мехоҳем, ки ба Худо итоат кунем ва ба Ӯ пайравӣ намоем (Эфс. 5:1). Пас, мунтазам гузаронидани ибодати оилавӣ чун калиди асосӣ ба ҳамаи аъзоёни оила кӯмак мекунад, ки «мусибати бузург»–и пешгӯишударо интизор шуда, аз ҷиҳати рӯҳонӣ «тайёр» бошанд (Мат. 24:21). Ин барои наҷоти мо ҳаётан муҳим аст.
15. Шоми ибодати оилавӣ ба муносибати байниҳамдигарии аъзоёни оила чӣ тавр таъсир карда метавонад?
15 Шоми ибодати оилавӣ боз як мақсади дигар дорад. Он ба аъзоёни оила кӯмак мекунад, ки ба якдигар наздик шаванд. Ҳар ҳафта якҷоя муҳокима кардани мавзӯъҳои рӯҳонӣ ба муносибатҳои байниҳамдигарии аъзоёни оила сахт таъсир мекунад. Масалан, вақте ки ҳамсарон аз якҷоя ёфтани ганҷҳои рӯҳонӣ хурсандӣ изҳор мекунанд, онҳо ба ҳамдигар наздиктар мешаванд. (Воиз 4:12–ро бихонед.) Волидон ва фарзандоне, ки ҳамроҳ ибодат мекунанд, дар муҳаббат, ки «пайванди комили ягонагӣ аст», муттаҳид мешаванд (Қӯл. 3:14, ТДН).
16. Нақл кунед, ки чӣ тавр се хоҳари масеҳӣ аз шоме, ки барои омӯзиши Китоби Муқаддас ҷудо карда шудааст, манфиат мегиранд.
16 Биёед дида бароем, ки чӣ тавр се хоҳари масеҳӣ аз шоме, ки барои омӯзиши Китоби Муқаддас муқаррар шудааст, манфиат мегиранд. Ҳарчанд ин бевазанони калонсол бо ҳамдигар хеш набуданд, онҳо дар як шаҳр зиндагӣ мекарданд ва тӯли якчанд сол дугонаҳои хуб буданд. Онҳо хоҳиш доштанд, ки бо ҳамдигар бештар муошират кунанд ва ҳамзамон мехостанд, ки ин вақт ба онҳо манфиати рӯҳонӣ орад. Аз ин рӯ, онҳо қарор карданд, ки як шомро барои якҷоя омӯхтани Китоби Муқаддас ҷудо кунанд. Онҳо бо истифодаи китоби «Дар бораи Салтанати Худо ба таври пурра шаҳодат медиҳем»b омӯзишро сар карданд. «Мо аз омӯзиш чунон ҳаловат мебарем, ки одатан он аз як соат зиёд давом мекунад»,— мегӯяд яке аз онҳо. «Мо мекӯшем, ки вазъиятҳои бо бародарони асри як рӯйдодаро ба худ тасаввур кунем ва муҳокима намоем, ки дар вазъиятҳои ба онҳо монанд чӣ кор мекардем. Баъд мо кӯшиш мекунем, ки фикрҳои фаҳмидаамонро дар хизмат истифода барем. Ин ба мо кӯмак мекунад, ки аз кори мавъиза ва шогирдсозӣ хурсандии бештар гирем ва назар ба пештара самараноктар хизмат кунем». Шоме, ки барои омӯзиши Китоби Муқаддас ҷудо карда шудааст, ба ин се дугонаҳо на танҳо манфиати рӯҳонӣ бахшид, балки ҳатто онҳоро ба якдигар наздиктар кард. «Мо ин имкониятро хеле қадр мекунем»,— мегӯянд онҳо.
17. Кадом омилҳо ба самаранок гузаштани ибодати оилавӣ мусоидат мекунанд?
17 Дар бораи шумо чӣ гуфтан мумкин аст? Аз шоме, ки барои ибодати оилавӣ ё омӯзиши шахсӣ ҷудо карда шудааст, шумо чӣ тавр манфиат мегиред? Агар шумо онро ҳар ҳафта нагузаронед, он гоҳ он ба мақсадҳои худ намерасад. Ҳар як аъзои оила бояд дар вақти муқарраршуда ба омӯзиш тайёр бошад. Набояд гузорем, ки корҳои на он қадар муҳим ба ин омӯзиш халал расонанд. Беш аз ин, барои омӯзиш маълумотеро интихоб кардан лозим аст, ки барои ҳаёти ҳаррӯзаи оилаатон амалӣ аст. Чӣ тавр шумо ин соатҳои омӯзишро хурсандиовар карда метавонед? Тарзҳои самараноки таълимдиҳиро истифода баред ва аҳамият диҳед, ки омӯзиш оромона ва эҳтиромона гузарад (Яъқ. 3:18)c.
Бедору ҳушёр ва тайёр бошед
18, 19. Чӣ тавр донистани он ки омадани Писари Одам наздик аст, бояд ба шумо ва оилаатон таъсир намояд?
18 Вазъияти торафт бадшудаистодаи ҷаҳони имрӯза бешубҳа нишон медиҳад, ки аз соли 1914 рӯзҳои охири ҷаҳони шарири Шайтон сар шудаанд. Ба омадани Ҳармиҷидӯн вақт кам мондааст. Ба қарибӣ вақти он мерасад, ки Писари Одам омада, довариҳои Яҳуваро бар ҷаҳони аз Худо бегона иҷро мекунад (Заб. 36:10; Мас. 2:21, 22). Оё донистани ин ба шумо ва оилаатон набояд таъсир кунад?
19 Оё шумо ба маслиҳати Исо оиди оддӣ нигоҳ доштани чашм гӯш мекунед? Дар сурате ки одамони ин ҷаҳон аз паи ба даст овардани сарвату боигарӣ, шӯҳрат ё ҳокимиятанд, оё оилаи шумо сӯи мақсадҳои рӯҳонӣ мешитобад? Оё ба шумо муяссар шуда истодааст, ки дар шоми муқарраршуда ибодати оилавӣ ё омӯзиши шахсӣ гузаронед? Оё шумо ба воситаи ин омӯзиш ба Яҳува ва якдигар наздиктар шуда истодаед? Чӣ тавре ки дар мақолаи гузашта муҳокима кардем, оё шумо чун шавҳар, зан ё фарзанд вазифаҳои дар Китоби Муқаддас навишташудаи худро иҷро мекунед ва ҳамин тавр ба «бедор ва ҳушёр» мондани тамоми оилаатон кӯмак менамоед? (1 Тас. 5:6). Агар ҳа, пас шумо ба омадани Писари Одам «тайёр» хоҳед буд.
[Эзоҳҳо]
a Дар Тарҷумаи Дунёи Нав дар ин оятҳо ба ҷои чашми «солим» чашми «оддӣ» ва ба ҷои чашми «хира» чашми «золим» навишта шудааст.
b Ин китоб ба забони русӣ дастрас аст.
c Оид ба интихоби мавзӯъ дар ибодати оилавӣ ва шавқовару амалӣ гузарондани он дар «Хизмат ба Салтанати Худо» аз январи соли 2011, саҳифаҳои 3–6 маслиҳатҳо дода шудаанд.
Шумо чӣ фаҳмидед?
• Фаҳмонед, ки чӣ тавр оилаҳои масеҳӣ «тайёр» буда метавонанд, агар...
чашми худро оддӣ нигоҳ доранд.
мақсадҳои рӯҳонӣ гузошта сӯи онҳо шитоб кунанд.
мунтазам ибодати оилавӣ гузаронанд.
[Tасвир дар саҳифаи 13]
Оддӣ нигоҳ доштани чашм ба мо кӯмак мекунад, ки диққатамонро ба чизҳои ин ҷаҳон равона накунем