БОБИ 26
«Гуноҳҳоят бахшида шуданд»
МАТТО 9:1–8 МАРҚӮС 2:1–12 ЛУҚО 5:17–26
ИСО ГУНОҲҲОИ МАРДИ ШАЛРО МЕБАХШАД ВА ӮРО ШИФО МЕДИҲАД
Овозаи Исо дар ҳама ҷо паҳн мешавад. Одамони зиёд ҳатто ба ҷойҳои дурдаст мераванд, то таълими ӯро гӯш кунанд ва мӯъҷизаҳояшро бо чашмони худ бинанд. Лекин баъди якчанд рӯз Исо ба Кафарнаҳум — ҷойи асосии хизматаш бармегардад. Хабари омадани Исо дарҳол дар ин шаҳр, ки дар соҳили баҳри Ҷалил ҷойгир аст, паҳн мешавад. Барои ҳамин дар хонае, ки Исо меистад, мардуми зиёде ҷамъ меояд. Ба он ҷо ҳамчунин аз Ҷалилу Яҳудия, аз он ҷумла аз Ерусалим, баъзе фарисиён ва муаллимони Шариат меоянд.
Ба назди Исо чунон одамони бисёре меоянд ки, дар хона ҷойи поймонӣ нест ва ҳатто ба дари хона наздик омада намешавад. Ва ӯ ба одамони ҷамъшуда дар бораи хушхабар гап заданро сар мекунад (Марқӯс 2:2). Аз воқеае, ки каме баъд рӯй медиҳад, маълум мешавад, ки Исо медонад, ки сабаби дарду азоби одамизод чист ва метавонад онро бартараф кунад. Ӯ метавонад ҳар касеро, ки хоҳад, пурра шифо диҳад.
Дар он вақте, ки Исо дар хонаи пур аз одам таълим медиҳад, чор нафар марди шалеро назди ӯ меоранд. Онҳо мехоҳанд, ки Исо дӯсташонро шифо бахшад. Лекин дар он ҷо мардуми зиёде ҷамъ омадаанд, барои ҳамин онҳо беморро «ба назди Исо дароварда» наметавонанд (Марқӯс 2:4). Лекин онҳо ноумед намешаванд, балки ба боми ҳамвори хона баромада, онро шикоф мекунанд. Баъд марди шалро бо бистараш рост ба даруни хона мефароранд.
Оё Исо аз ин кори онҳо ба хашм меояд? Не, албатта! Имони қавии ин одамонро дида Исо ба марди шал мегӯяд: «Гуноҳҳоят бахшида шуданд» (Матто 9:2). Лекин оё Исо гуноҳҳоро бахшида метавонад? Шариатдонон ва фарисиён аз ин дарғазаб шуда мегӯянд: «Барои чӣ вай ин хел мегӯяд? Ӯ куфр гуфта истодааст. Оё касе ғайр аз Худо гуноҳҳоро бахшида метавонад?» (Марқӯс 2:7).
Исо фикрҳои онҳоро фаҳмида чунин мегӯяд: «Барои чӣ дар дилатон чунин андеша меронед? Ба ин марди шал чӣ гуфтан осонтар аст: “Гуноҳҳоят бахшида шуданд” ё “Аз ҷоят хез ва бистаратро гирифта, роҳ гард”?» (Марқӯс 2:8, 9). Бале, Исо метавонад дар асоси қурбоние, ки каме баъд пешкаш мекунад, гуноҳҳои он мардро бахшад.
Баъд Исо бо мӯъҷизае ба одамони ҷамъомада, аз он ҷумла ба шариатдонон ва фарисиён, нишон медиҳад, ки ӯ барои бахшидани гуноҳҳо қудрат дорад. Ӯ ба марди шал нигоҳ карда, амр медиҳад: «Ба ту мегӯям: аз ҷоят хез ва бистари худро гирифта, ба хонаат рав». Он мард дарҳол мехезад ва дар пеши назари ҳама бистарашро гирифта, меравад. Инро дида одамон ангушти ҳайрат мегазанд. Мардум Худоро ҷалол дода мегӯяд: «Мо ҳеҷ гоҳ чизи ба ин монандро надида будем» (Марқӯс 2:11, 12).
Аҳамият диҳед: Исо қайд мекунад, ки байни гуноҳу бемориҳо ва байни бахшида шудани гуноҳҳою тансиҳатӣ алоқа вуҷуд дорад. Китоби Муқаддас таълим медиҳад, ки инсони аввалин — Одам гуноҳ кард ва ҳамаи одамон гуноҳро мерос гирифтанд. Ана барои ҳамин имрӯз мо бемор мешавем ва мемурем. Лекин зери роҳбарии Подшоҳии Худо Исо гуноҳи ҳамаи онҳоеро, ки Худоро дӯст медоранду Ӯро ибодат мекунанд, мебахшад. Он вақт дигар ҳеҷ кас касал намешавад (Румиён 5:12, 18, 19).