Ба адолату раҳмдилии Яҳува пайравӣ кунед
«Аз рӯи адлу инсоф доварӣ кунед, ва ба якдигар эҳсон ва марҳамат зоҳир намоед» (ЗАК. 7:9).
1, 2. а) Исо ба Қонуни Худо чӣ тавр муносибат мекард? б) Чӣ тавр китобдонон ва фарисиён Қонунро нодуруст истифода мебурданд?
ИСО Қонуни Мусоро дӯст медошт. Ин ҳайратовар нест, зеро он аз ҷониби Шахсияти барояш аз ҳама азиз — Яҳува дода шуда буд. Суханоне, ки дар Забур 39:9 оиди Исо гуфта шудаанд, нишон медиҳанд, ки то чӣ андоза ӯ Қонуни Худоро дӯст медошт: «Иродаи Туро, эй Худои ман, ба ҷо овардан мехоҳам, ва шариати Ту андаруни дили ман аст». Исо дар рафтор ва гуфтораш нишон дод, ки Қонуни Худо бенуқсону манфиатовар аст ва чизе ки дар он навишта шудааст, иҷро мешавад (Мат. 5:17–19).
2 Вақте Исо медид, ки китобдонон ва фарисиён Қонуни Падарашро нодуруст истифода мебаранд, сахт зиқ мешуд. Дар Матто 23:23 Исо гуфт, ки онҳо аз пудина, шибит ва зира даҳяк медиҳанд, яъне ҷузъиёти хурдтарини Қонунро риоя мекарданд. Пас, ба кадом маъно китобдонон ва фарисиён Қонунро нодуруст истифода мебурданд? Инро мо аз давоми суханони Исо мефаҳмем: «Лекин бузургтарин аҳкоми шариат, яъне доварӣ, марҳамат ва имонро тарк кардаед». Китобдонон ва фарисиён ба маънои Қонун сарфаҳм намерафтанд ва худро аз дигарон боло мегирифтанд. Аммо Исо мефаҳмид, ки чаро ин ё он қонун дода шудааст ва дар паси Қонун хислатҳои Яҳуваро медид.
3. Мо дар ин мақола чиро муҳокима мекунем?
3 Имрӯз аз мо талаб карда намешавад, ки Қонуни Мусоро риоя кунем (Рум. 7:6). Ба ҳар ҳол Худо ин Қонунро дар Каломаш ҷой дод. Ӯ мехоҳад, то мо на ҷузъиёти хурдтарини онро, балки принсипҳоеро, ки дар паси Қонун меистанд, риоя кунем. Масалан, мо дар паси дастуроте, ки дар бораи шаҳрҳои гурезгоҳ дода шуда буд, чӣ гуна принсипро дида метавонем? Дар мақолаи гузашта мо фаҳмидем, ки агар шахс нохост ягон касро кушад, бояд чӣ кор мекард ва мо аз он чӣ дарс гирифта метавонем. Дар ин мақола бошад, мо мефаҳмем, ки шаҳрҳои гурезгоҳ дар бораи Яҳува чиро ошкор мекунанд ва чӣ тавр мо ба хислатҳои Ӯ пайравӣ карда метавонем. Мо ба се саволи зерин ҷавоб меёбем: чӣ тавр шаҳрҳои гурезгоҳ раҳмдил будани Яҳуваро нишон медиҳанд? Мо аз шаҳрҳои гурезгоҳ дар бораи нуқтаи назари Яҳува ба ҳаёт чӣ меомӯзем? Чӣ тавр Ӯ адолаташро зоҳир мекунад? Ба ҷавоби ҳар як савол диққат кунед ва бинед, ки чӣ тавр ба Падари осмониамон пайравӣ карда метавонед. (Эфсӯсиён 5:1-ро хонед.)
ШАҲРҲОИ ГУРЕЗГОҲ АЗ РАҲМДИЛИИ ЯҲУВА ШАҲОДАТ МЕДИҲАНД
4, 5. а) Барои ба шаҳри гурезгоҳ гурехтан, чӣ чора андешида шуда буд ва чаро? б) Мо аз ин дар бораи Яҳува чӣ мефаҳмем?
4 Пеш шаш шаҳри гурезгоҳ вуҷуд дошт, ки ба он ҷо рафтан осон буд. Яҳува ба исроилиён амр дода буд, ки ин шаҳрҳоро аз ду тарафи дарёи Ӯрдун баробар тақсим кунанд. Чаро? Чунки гуреза тавонад осон ва зуд дар яке аз онҳо паноҳ барад (Ад. 35:11–14). Роҳҳое, ки сӯйи ин шаҳрҳо мебурданд, ҳамвор буданд ва дар ҳолати хуб нигоҳ дошта мешуданд (Такр. Ш. 19:3). Инчунин мувофиқи маълумотномаҳои яҳудиён барои осон ёфтани шаҳр дар қади роҳ ишораҳо меистоданд. Шаҳрҳои гурезгоҳ ба исроилие, ки нохост касеро куштааст, имконият медод, ки дар сарзамини худаш паноҳ ёбаду маҷбур шуда ба дигар ҷо нагурезад ва худоёни онҳоро парастиш накунад.
5 Яҳува амр дода буд, ки қотил бояд ҷазо гирад. Лекин боз Худаш ғамхорӣ кард, то шахсе, ки нохост касеро куштааст, сазовори раҳм гардида ҳимоя карда шавад. Як тадқиқотчии Китоби Муқаддас дар бораи шаҳрҳои гурезгоҳ чунин мегӯяд: «Ҳар як чиз то қадри имкон ботартиб, одӣ ва фаҳмо буд, ки ин нишонаи раҳмдилии Худо мебошад». Яҳува довари бераҳм нест, ки ташнаи ҷазои ходимонаш бошад, баръакс Ӯ пур аз раҳм аст (Эфс. 2:4).
6. Оё фарисиён ба раҳмдилии Яҳува пайравӣ мекарданд? Фаҳмонед.
6 Фарисиён ба дигарон раҳм зоҳир кардан намехостанд. Масалан, аз рӯйи урфу одаташон онҳо шахсро аз се маротиба зиёд намебахшиданд. Исо барои нишон додани рӯҳияи нодурусти онҳо дуои як фарисиро мисол овард: «Худоё! Туро шукр мегӯям, ки монанди касони дигар: тороҷгарон, золимон, зинокорон, ё монанди ин боҷгир нестам» (Луқ. 18:9–14). Чаро фарисиён намехостанд, ки дигаронро бахшанд? Китоби Муқаддас мегӯяд, ки онҳо «дигаронро хор медиданд», яъне одам ҳисоб намекарданд (Луқ. 18:9–14).
7, 8. а) Агар ягон кас шуморо хафа кунад, чӣ тавр ба Яҳува пайравӣ карда метавонед? б) Чаро мо бояд фурӯтан бошем?
7 Ба фарисиёни бераҳм монанд нашавед. Мисли Яҳува дилсӯз бошед. (Эфсӯсиён 4:32-ро хонед.) Он вақт ба дигарон аз шумо бахшиш пурсидан осон мешавад (Луқ. 17:3, 4). Аз худ пурсед: «Оё ба ман бахшидани шахсе, ки маро якчанд бор хафа кардааст осон аст? Оё ман кӯшиш мекунам, ки бо шахсе, ки маро сахт ранҷондааст, сулҳро нигоҳ дорам?»
8 Барои касеро бахшидан фурӯтанӣ лозим аст. Фарисиён худашонро аз дигарон боло мегирифтанд ва бахшидан намехостанд. Лекин мо, масеҳиён, бояд «бо фурӯтанӣ якдигарро аз худ авло» дониста ба бахшидан тайёр бошем (Флп. 2:3). Мо метавонем аз худ пурсем: «Оё ман ба фурӯтании Яҳува пайравӣ мекунам?» Агар фурӯтан бошем, ба мо бахшидани дигарон осон мешавад ва ба дигарон низ аз мо бахшиш пурсидан осон мегардад. Барои ҳамин раҳмдил бошед ва тез аз дигарон хафа нашавед (Воиз 7:8, 9).
ҲАЁТРО ЭҲТИРОМ КУНЕД ВА «ГУНОҲИ ХУН БАР ГАРДАНИ» ШУМО НАХОҲАД БУД
9. Чӣ тавр Яҳува ба исроилиён нишон дод, ки ҳаёти одам муқаддас аст?
9 Мақсади асосии ташкил шудани шаҳрҳои гурезгоҳ дар чӣ буд? Худо мехост исроилиёнро аз рехтани хуни бегуноҳ нигоҳ дорад (Такр. Ш. 19:10). Яҳува ҳаётро қадр мекунад ва аз «дастҳое, ки хуни бегуноҳро мерезад» нафрат дорад (Мас. 6:16, 17). Ӯ Худои одил ва муқаддас аст. Барои ҳамин Яҳува нисбати шахсоне, ки қасдан хунрезӣ накардаанд, ғамхорӣ намуд ва амр дод, ки ба ин гуна шахсон раҳм зоҳир карда шавад. Лекин онҳо бояд аввал ба назди пирон рафта асли воқеаро нақл мекарданд. Агар пирон қарор мекарданд, ки вай нохост одам куштааст, ӯ метавонист то мурдани саркоҳин дар шаҳри гурезгоҳ зиндагӣ кунад ва, шояд вай боқимондаи умрашро дар он ҷо мегузаронд. Ин шаҳрҳо ба исроилиён аниқу равшан нишон медоданд, ки ҳаёти одам муқаддас аст. Онҳо бояд ҳар кори аз дасташон меомадаро мекарданд, то ҳаёти дигаронро зери хатар нагузоранд. Бо ин корашон исроилиён Офаридгори худро ҷалол медоданд.
10. Чӣ тавр суханони Исо нишон медиҳанд, ки китобдонону фарисиён ҳаёти дигаронро қадр намекарданд?
10 Китобдонон ва фарисиён ҳаёти одамонро қадр намекарданд. Исо ба онҳо чунин гуфт: «Шумо калиди донишро гирифтаед: худатон надаромадед ва ба онҳое, ки даромадан мехостанд, монеъ шудед» (Луқ. 11:52). Исо чиро дар назар дошт? Китобдонон ва фарисиён бояд Каломи Худоро ба одамон мефаҳмонданд ва онҳоро сӯйи ҳаёти ҷовидона равона мекарданд. Аммо онҳо, баръакс, одамонеро, ки Роҳнамои ҳаёт, яъне Исоро пайравӣ кардан мехостанд, аз роҳ мезаданд. Бо ин корашон онҳо одамонро ба нобудшавии абадӣ мебурданд (Аъм. 3:15). Китобдонон ва фарисиёни мағруру худхоҳ дар бораи ҳаёти одамон ва беҳбудии ҳамимонони худ ғам намехӯрданд. Дар ҳақиқат, онҳо раҳму шавқат надоштанд!
11. а) Чӣ тавр Павлуси ҳавворӣ нишон дод, ки ба ҳаёт мисли Яҳува назар мекунад? б) Чӣ моро бармеангезад, ки мисли Павлус дар хизмат боғайрат бошем?
11 Чӣ тавр мо нишон дода метавонем, ки ба Яҳува пайравӣ мекунем ва ба китобдонону фарисиён монанд нестем? Мо бояд ҳаётро эҳтиром ва қадр кунем. Павлуси ҳавворӣ чи қадаре ки метавонист ба одамон дар бораи хушхабари Салтанат нақл мекард. Ана барои ҳамин вай гуфт, ки «ман аз хуни ҳамаатон мубарро ҳастам». (Аъмол 20:26, 27-ро хонед.) Оё Павлус барои худро гунаҳкор ҳис накардан ба дигарон мавъиза мекард? Ё танҳо барои он ки Яҳува ба ӯ ин супоришро дода буд? Не. Павлус одамонро дӯст медошт ва ҳаёти онҳо барояш азиз буд (1 Қӯр. 9:19–23). Яҳува мехоҳад, ки «ҳама ба тавба рӯ оваранд» ва наҷот ёбанд (2 Пет. 3:9). Мо ҳам бояд ба ҳаёт мисли Ӯ муносибат кунем. Раҳмдилӣ моро бармеангезад, ки ба одамон дар бораи Худо бо ҷидду ҷаҳд нақл кунем ва аз ин хурсандии зиёд гирем.
12. Чаро бехатарӣ барои халқи Худо муҳим аст?
12 Муносибати мо ба бехатарӣ нишон медиҳад, ки то чӣ андоза мо ҳаётро қадр мекунем. Аз ин рӯ мо бояд ҳамеша дар вақти мошин рондан ва ё ягон кор кардан қоидаҳои бехатариро риоя кунем. Масалан, дар вақти сохтмон, нигоҳубини Толорҳои Салтанат ва ҳангоми ба ҷамъомад рафтан бояд эҳтиёт шавем. Зеро одам, бехатарӣ ва саломатӣ аз пулу вақт дида муҳимтаранд. Яҳува ҳамеша дуруст амал мекунад. Мо низ ба Ӯ пайравӣ карда мехоҳем, ки ҳамавақт қоидаҳои бехатариро риоя кунем. Махсусан, пирон бояд дар бораи бехатарии худашон ва дигарон фикр кунанд (Мас. 22:3). Агар пири ҷамъомад ба шумо қоидаҳои бехатариро хотиррасон кунад, ӯро гӯш кунед (Ғал. 6:1). Ба ҳаёт мисли Яҳува назар кунед, он гоҳ «гуноҳи хун бар гардани» шумо нахоҳад буд.
«БАР ТИБҚИ... ДАСТУРОТ ДОВАРӢ» НАМОЕД
13, 14. Чӣ тавр пирони Исроил ба адолати Яҳува пайравӣ карда метавонистанд?
13 Яҳува ба пирони Исроил амр дод, ки ба адолати Ӯ пайравӣ намоянд. Пеш аз қарор баровардан пирон бояд ҳама маълумотро ҷамъ мекарданд. Онҳо бояд мақсад, рӯҳия ва рафтори пештараи ин шахсро бодиққат омӯхта аниқ мекарданд, ки оё қотил шахси фавтидаро бад медид ва қасди куштани ӯро дошт ё не. (Ададҳо 35:20–24-ро хонед.) Барои исбот кардани бегуноҳии шахс камаш ду нафар бояд шоҳидӣ медод (Ад. 35:30).
14 Баъди пурра дида баромадани масъала ба пирон лозим буд, ки на фақат дар бораи кори кардаи ӯ, балки дар бораи худи шахс фикр кунанд. Ба пирон фаросат даркор буд, ки сабаби рӯй додани кушторро фаҳманд. Аз ҳама муҳимаш, онҳо бояд аз Яҳува рӯҳи муқаддас мепурсиданд, то ки ба фаҳмиш, раҳмдилӣ ва адолати Ӯ пайравӣ карда тавонанд (Хур. 34:6, 7).
15. Муносибати Исо аз муносибати фарисиён ба гунаҳкорон бо чӣ фарқ мекард?
15 Фарисиён ҳангоми доварӣ раҳм зоҳир намекарданд. Онҳо диққаташонро асосан ба амали гунаҳкор равона мекарданд, на ба шахсияти вай. Вақте фарисиён диданд, ки Исо ҳамроҳи боҷгирон дар хонаи Матто нишастааст, онҳо аз шогирдони ӯ пурсиданд: «Чаро Устоди шумо бо боҷгирон ва гуноҳкорон хӯрок мехӯрад?» Исо ҷавоб дод: «На тандурустон, балки беморон ба табиб ҳоҷат доранд; ва шумо биравед ва маънои ин суханро биомӯзед: “Марҳамат мехоҳам, на қурбонӣ”; зеро Ман омадаам, ки на одилонро, балки гуноҳкоронро ба тавба даъват кунам» (Мат. 9:9–13). Оё Исо бо ин суханонаш амали гунаҳкоронаи онҳоро сафед мекард? Не, албатта. Баръакс, ӯ ба одамон мавъиза карда онҳоро бармеангехт, ки тавба кунанд (Мат. 4:17). Исо медид, ки баъзе аз ин «боҷгирон ва гунаҳкорон» ҳаёташонро дигар кардан мехоҳанд ва ба хонаи Матто фақат барои хӯрок хӯрдан наомада буданд. Бисёри онҳо ба Исо имон оварда буданд (Марқ. 2:15). Афсӯс ки, бисёр фарисиён ба «боҷгирон ва гунаҳкорон» мисли Исо нигоҳ намекарданд. Фарисиён гунаҳкоронро ҳукм карда мегуфтанд, ки ин хел одамон ҳеҷ гоҳ дигар намешаванд. Онҳо ба раҳмдилии Яҳува пайравӣ намекарданд.
16. Пироне, ки дар ҳайати ҳуқуқӣ мебошанд, бояд чиро аниқ кунанд?
16 Имрӯз пирони ҷамъомад бояд ба Яҳува, ки «инсофро дӯст медорад», пайравӣ намоянд (Заб. 36:28). Ҳангоми дида баромадани ягон масъала онҳо бояд аввал аниқ кунанд, ки оё шахс айбдор аст ё не. Сипас онҳо бояд аз Китоби Муқаддас роҳнамоии Яҳуваро ҷӯянд (Такр. Ш. 13:12–14). Пироне, ки дар ҳайати ҳуқуқӣ мебошанд, бояд аниқ кунанд, ки бародар ё хоҳар аз гуноҳи кардааш пушаймон аст ё не. Аммо ин кор на ҳама вақт осон аст. Чунки онҳо бояд фаҳманд, ки шахси гунаҳкор дар бораи гуноҳи кардааш чӣ фикр дорад ва дар дилаш чӣ аст (Ваҳй 3:3). Барои он ки ба шахси гунаҳкор раҳм зоҳир карда шавад, вай бояд тавба кунадa.
17, 18. Чӣ тавр пирон аз таҳти дил тавба кардани шахсро фаҳмида метавонанд? (Ба расми аввали мақола нигаред.)
17 Пирони ҷамъомад мисли Яҳува ва Исо дили одамонро дида наметавонанд. Агар шумо пири ҷамъомад бошед, аз куҷо фаҳмида метавонед, ки шахс аз таҳти дил тавба кардааст? Якум, ба Яҳува дуо гуфта хирад ва фаҳмиш пурсед (3 Подш. 3:9). Дуюм, Каломи Худо ва адабиётамонро истифода бурда тавбаи сохтаро аз ҳақиқӣ фарқ кунед (2 Қӯр. 7:10, 11). Аҳамият диҳед, ки дар Китоби Муқаддас шахсе, ки аз кори кардааш пушаймон шудааст, чӣ хел тасвир ёфтааст. Инчунин ба рафтори одаме, ки аз гуноҳаш тавба накардааст, аҳамият диҳед. Дар бораи ҳиссиёт ва фикрронии онҳо мулоҳиза ронед.
18 Сеюм, дар бораи худи шахс фикр кунед. Ба худ савол диҳед, ки ӯ дар кадом муҳит ба воя расидааст? Барои чӣ вай ин хел рафтор кард? Ӯ чӣ гуна душвориҳо дорад? Китоби Муқаддас пешгӯйӣ карда буд, ки Исо чун Сарвари ҷамъомад «на бар тибқи нигоҳи чашмонаш доварӣ хоҳад намуд, ва на аз рӯйи шуниди гӯшҳояш ҳукм хоҳад кард, балки мискинонро бо адолат доварӣ хоҳад кард, ва мазлумони заминро бо росткорӣ ҳукм хоҳад намуд» (Иш. 11:3, 4). Пирон, фаромӯш накунед, ки Исо шуморо барои ба ҷамъомад ғамхорӣ намудан таъйин кард. Барои ҳамин ба шумо ёрдам мекунад, ки мисли ӯ аз рӯйи адолат доварӣ кунед (Мат. 18:18–20). Мо хеле миннатдорем, ки дар ҷамъомад чунин пирони ғамхор дорем. Онҳо ба мо кӯмак мерасонанд, ки нисбати якдигар раҳмдил бошем ва аз рӯйи адолат амал намоем.
19. Аз шаҳрҳои гурезгоҳ шумо чӣ дарс гирифтед?
19 Қонуни Мусо асоси таълимот ва ҳақиқат аст. Он ба мо дар бораи Яҳува ва принсипҳои одилонаи Ӯ таълим медиҳад (Рум. 2:20). Масалан, шаҳрҳои гурезгоҳ пиронро таълим медиҳанд, ки «аз рӯйи адлу инсоф доварӣ» кунанд ва онҳо моро таълим медиҳанд, ки ба якдигар меҳрубон ва раҳмдил бошем (Зак. 7:9). Мо дигар аз рӯйи Қонуни Мусо зиндагӣ накунем ҳам, Яҳува то ҳол аз мо талаб мекунад, ки раҳмдилу адолатпарвар бошем. Мо хеле хурсандем, ки Худои раҳмдилу адолатхоҳро ибодат мекунем. Биёед ба Ӯ пайравӣ намоем ва дар зери ҳимояаш паноҳ барем.
a Ба «Бурҷи дидбонӣ» (англ.), аз 15-уми сентябри с. 2006, саҳ. 30, ба мақолаи «Саволҳои хонандагон» нигаред.