Оё Худо ба шумо аҳамият медиҳад?
МО АЗ ОФАРИДАҲО ЧӢ МЕОМӮЗЕМ?
Баъд аз таваллуд як соати аввали ҳаёташ барои кӯдак давраи муҳими тағйирёбӣ ба ҳисоб меравад. Чаро? Чунки дар ин муддат байни модару кӯдак пайванди махсусе пайдо мешавад, ки барои инкишоф ёфтану калон шудани кӯдак роли муҳим мебозадa.
Чӣ ба модар ёрдам мекунад, ки ба тифлаки навзодаш бо меҳр ғамхорӣ кунад? Профессор Ҷаннет Креншоу дар як маҷалла мефаҳмонад, ки баробари баланд шудани миқдори ҳормони окситотсин дар организми модар «ҳангоми ба даст гирифтан, нигоҳ кардан ва макондани тифл меҳри модарии зан афзудан мегирад». Дар ин вақт дар организми модар боз як ҳормоне ҳосил мешавад, ки «ба модар кумак мекунад, то ба ниёзҳои тифлаш аҳамият диҳад» ва дилбастагии ӯро ба кӯдакаш мустаҳкам мегардонад («The Journal of Perinatal Education»). Чаро ин муҳим аст?
Пайванди хосаи модару кӯдакро Офаридгори пур аз муҳаббатамон Яҳуваb ба вуҷуд овардааст. Шоҳ Довуд ба Худои Таоло миннатдорӣ карда гуфт, ки ӯро «аз шиками модар» берун овард ва дар оғӯши модараш эмин нигоҳ дошт. Ӯ чунин дуо гуфт: «Аз рӯзи таваллуд ба дасти ту супурда шудам, аз шиками модар ту Худои ман будӣ» (Забур 22:9, 10).
АҲАМИЯТ ДИҲЕД: Яҳува Худо дар ҷисми модар чунин раванди мураккабро барои он ба вуҷуд овардааст, ки ӯ ба фарзандаш диққат диҳад ва эҳтиёҷоти ӯро қонеъ гардонад. Пас, магар нисбати мо, ки «фарзандони Худо» ҳастем, ғамхор будани Офаридгори пурмеҳр аз рӯйи мантиқ нест? (Корнома 17:29).
КИТОБИ МУҚАДДАС ДАР БОРАИ ҒАМХОР БУДАНИ ХУДО ЧӢ МЕГӮЯД?
Ҳазрати Исо, ки Офаридгорро аз ҳама беҳтар медонад, чунин гуфта буд: «Магар ду гунҷишкро ба як тин намефурӯшанд? Бо вуҷуди ин, агар ягонтои онҳо ба замин афтад, ин аз назари Падаратон дур намемонад. Ҳар як тори мӯйи шумо бошад, шумурда шудааст. Бинобар ин натарсед: шумо аз гунҷишкҳои зиёд пурарзиштаред» (Матто 10:29–31).
Аксарияти одамон ба парандаҳои хурд аҳамият намедиҳанд ва агар ягонтои онҳо ба замин афтад, ҳеҷ кас хабар ҳам намеёбад. Лекин Падари осмониамон ба ҳар яктои онҳо аҳамият медиҳад. Одамон бошанд, барои Офаридгор аз парандагон, ҳатто аз селаи парандагон дида пурарзиштаранд. Пас, «натарсед», Худо шуморо ҳеҷ гоҳ намепартояд. Ӯ аз ҳамаи ташвишҳоятон бохабар аст!
Худо аз таҳти дил ба мо ғамхорӣ мекунад ва бо муҳаббат ба мо менигарад
Каломи Худо моро боварӣ мебахшад
«Чашмони Яҳува тамоми заминро аз назар мегузаронад, то онҳоеро, ки дилашон ба ӯ пурра содиқ аст, дастгирӣ кунад» (2 ВОҚЕАНОМА 16:9).
«Чашмони Яҳува сӯйи росткорон аст ва гӯшҳояш сӯйи нолаву зории онҳо» (ЗАБУР 34:15).
«Ҷонам аз меҳру вафоят бисёр шодӣ мекунад, зеро ту андуҳи маро дидаӣ ва аз азоби ҷонам бохабарӣ» (ЗАБУР 31:7).
«БА НАЗАРАМ ЧУНИН МЕНАМУД, КИ ЯҲУВА МАРО ДӮСТ НАМЕДОРАД»
Агар мо фаҳмем, ки Худо аз таҳти дил ба мо ғамхорӣ мекунад ва бо муҳаббат ба мо менигарад, оё ин ҳаёти моро дигаргун месозад? Албатта. Инро суханони Ҳаннаc, ки аз Англия мебошад, тасдиқ мекунад:
«Бисёр вақт ба назарам чунин менамуд, ки Яҳува маро дӯст намедорад ва ба дуоҳоям ҷавоб намедиҳад. Фикр мекардам, ки аз сабаби суст будани имонам чунин шуда истодааст. Ман чунин ҳиссиёт доштам, ки азбаски барои Яҳува аҳамияте надорам, ӯ маро ҷазо дода истодааст ва парвои маро надорад».
Ҳоло бошад, Ҳанна дигар шубҳа намекунад, ки Яҳува ӯро дӯст медорад ва нисбати ӯ бепарво нест. Чаро фикри ӯ дигар шуд? Ӯ мегӯяд: «Ҳамааш оҳиста-оҳиста тағйир ёфт. Дар ёд дорам, ки чанд сол пеш дар бораи қурбонии Исои Масеҳ як нутқ гӯш карда будам. Он нутқ тасаввуроти маро дар бораи Яҳува тамоман дигар кард ва маро боварӣ бахшид, ки ӯ маро дӯст медорад. Вақте медидам, ки чӣ хел Яҳува ба дуоҳоям ҷавоб медиҳад, бисёр вақт гиря мекардам, зеро дарк менамудам, ки ӯ маро дӯст медорад. Ҳамчунин ҳангоми омӯзиши Каломи Худо ва иштирок дар вохӯриҳо ман дар бораи Яҳува, хислатҳо ва ҳиссиёташ нисбати мо бисёр мефаҳмидам. Ҳоло бошад, сад фоиз боварӣ дорам, ки Яҳува ҳамаи моро дӯст медорад, ба мо ёрӣ медиҳад ва ба ҳар яки мо бо ҷону дил ғамхорӣ мекунад».
Суханони Ҳанна моро дилбардорӣ мекунанд. Лекин аз куҷо медонем, ки Худо ҳиссиёти моро мефаҳмад ва ба ғаму ташвишҳои мо бепарво нест? Дар мақолаи навбатӣ ба ин савол ҷавоб меёбем.
a Азбаски баъзе модарон баъди таваллуд кардан ба депрессия гирифтор мешаванд, ҳис кардани чунин пайванд барояшон душвор буда метавонад. Лекин барои ин онҳо набояд худро айбдор кунанд. Мувофиқи маълумоти донишгоҳи миллии ИМА оид ба саломатии равонӣ, депрессияи баъд аз таваллуд «аз афташ дар натиҷаи омилҳои ҷисмонӣ ва равонӣ ба амал меояд... на аз ягон кор кардан ё накардани модар». Барои гирифтани маълумоти бештар ба мақолаи «Диагноз: послеродовая депрессия» аз «Бедор шавед!»-и 8-уми июни соли 2003 нигаред.
b Мувофиқи Китоби Муқаддас Яҳува номи Худо мебошад (Забур 83:18).
c Дар ин мақолаҳо баъзе номҳо иваз шудаанд.