ДАРСИ 59
Шумо ба озору азият тоб оварда метавонед
Дер ё зуд ҳар як хизматгори Худо бо муқобилат, ҳатто озору азият, рӯбарӯ мешавад. Оё мо бояд аз ин ба тарсу ҳарос афтем?
1. Чаро мо бо озор рӯбарӯ мешавем?
Дар Китоби Муқаддас аниқу равшан гуфта шудааст: «Ҳамаи онҳое, ки мехоҳанд пайрави Масеҳ бошанду бо худотарсӣ умр ба сар баранд, озор мебинанд» (2 Тимотиюс 3:12). Исои Масеҳ аз ҷаҳони Шайтон набуд, барои ҳамин ба озору азият дучор мешуд. Мо низ аз ин ҷаҳон нестем, аз ин рӯ ҳайрон намешавем, ки ҳукуматдорону диндорон аз пайи озори мо ҳастанд (Юҳанно 15:18, 19).
2. Чӣ тавр ба озору азият тайёр шавем?
Мо бояд аз ҳозир ба Яҳува таваккал карданро ёд гирем. Барои дуо гуфтан ва хондани Каломи Худо ҳар рӯз вақт ҷудо кунед. Инчунин доим ба вохӯриҳои ҷамоат равед. Ин корҳо кумак мекунанд, ки ба ҳар озору азият, аз ҷумла ба зиддияти аҳли хонавода, тоб оред. Павлуси расул, ки бисёр вақт бо азобу азият рӯбарӯ мешуд, чунин гуфта буд: «Яҳува мададгори ман аст, нахоҳам тарсид» (Ибриён 13:6).
Мо инчунин метавонем хушхабарро паҳн карда, далертар шавем. Дар ин кор доим иштирок намудан ба мо ёрӣ медиҳад, ки ба Яҳува таваккал кунем ва бар одамтарсӣ ғолиб оем (Панднома 29:25). Аз ҳозир далерона хизмат кардан кумак мекунад, ки ҳангоми таъқибу озори давлатдорон ин корро давом диҳем (1 Таслӯникиён 2:2).
3. Истодагии мо чӣ фоида меорад?
Албатта, азобу озор ба мо хурсандӣ намеорад, лекин, вақте дар чунин лаҳзаҳо истодагарӣ мекунем, имони мо обутоб меёбад. Мо ҳамчунин ба Яҳува наздик мешавем, чунки ҳангоми нотавонӣ дасти ӯро мебинем. (Яъқуб 1:2–4-ро хонед.) Барои Яҳува дидани азобҳои мо дарднок аст, лекин ӯ истодагиву вафодории моро қадр мекунад. Дар Каломи Худо гуфта мешавад: «Агар барои корҳои некатон азоб кашед, ин писанди Худост» (1 Петрус 2:20). Яҳува ба ҳар касе, ки то охир истодагарӣ мекунад, подош медиҳад, яъне чунин шахсон дар дунёи наве, ки дар он озору азият намешавад, ҷовидона зиндагӣ хоҳанд кард (Матто 24:13).
БЕШТАР ФАҲМЕД
Фаҳмед, ки чаро ҳангоми озорҳо ба Яҳува вафодор мондан имконпазир аст ва ин чӣ баракат меорад.
4. Шумо ба зиддияти аҳли оила тоб оварда метавонед
Исо хуб медонист, ки аҳли оилаи кас метавонад ба ӯ зид баромада, ба парастиши Яҳува халал расонад. Матто 10:34–36-ро хонед, сипас ба саволи зерин ҷавоб диҳед:
Вақте ягон кас аз аҳли хонавода қарор мекунад, ки ба Яҳува хизмат кунад, чӣ рӯй дода метавонад?
Дар ин бора ВИДЕОРО тамошо кунед ва саволро дида бароед.
Агар ягон хешу табор ё дӯстатон шуморо аз хизмати Яҳува боздоштанӣ шавад, чӣ кор мекунед?
Забур 27:10 ва Марқус 10:29, 30-ро хонед. Баъди хондани ҳар як порча ба саволи зерин ҷавоб диҳед:
Вақте аҳли оила ё ягон дӯстатон ба шумо зид мебарояд, чӣ тавр ин гуфтаҳо кумак карда метавонанд?
5. Ҳангоми озору азият низ парастиши Яҳуваро давом диҳед
Вақте дигарон ба мо зид мебароянд, далерӣ лозим аст, ки хизмати Яҳуваро давом диҳем. ВИДЕОРО тамошо кунед ва ба савол ҷавоб диҳед.
Чӣ тавр намунаҳое, ки дар ин видео дидед, ба шумо далерӣ мебахшанд?
Корнома 5:27–29 ва Ибриён 10:24, 25-ро хонед. Баъди хондани ҳар як порча ба саволи зерин ҷавоб диҳед:
Чаро, вақте паҳн кардани хушхабар ва ҷамъ шуданро манъ мекунанд, муҳим аст, ки парастиши Яҳуваро давом диҳем?
6. Яҳува ба шумо кумак мекунад, ки ба ҳама чӣ тоб оред
Дар саросари дунё Шоҳидони Яҳува, ҳам пиру ҳам ҷавон, ба озору азият нигоҳ накарда, ба Яҳува хизмат мекунанд. ВИДЕОРО тамошо карда, фаҳмед, ки чӣ ба онҳо кумак мекунад, ва ба савол ҷавоб диҳед.
Чӣ ба бародару хоҳарон кумак кард, ки ба душвориҳояшон тоб оранд?
Румиён 8:35, 37–39 ва Филиппиён 4:13-ро хонед. Баъд аз хондани ҳар як порча ба саволи зерин ҷавоб диҳед:
Чӣ тавр ин порчаи Китоби Муқаддас шуморо дилпур мекунад, ки ба ҳар озмоиш тоб оварда метавонед?
Матто 5:10–12-ро хонед ва саволи зеринро дида бароед:
Чаро шумо ҳангоми озору азият низ хурсандиятонро нигоҳ дошта метавонед?
БАЪЗЕҲО МЕГӮЯНД: «Ман ба озору азият тоб оварда наметавонам».
Кадом оятҳои Китоби Муқаддас чунин шахсонро дилпур мекунанд, ки Яҳува ба онҳо қувват медиҳад?
ФИКРҲОИ АСОСӢ
Вақте мо ба озору азият нигоҳ накарда, ба Яҳува хизмат мекунем, ӯ ин кӯшишҳои моро қадр мекунад. Бо кумаку дастгирии ӯ мо ба ҳама чӣ тоб оварда метавонем!
Такрор
Чаро хизматгорони Худо бо озору азият рӯбарӯ мешаванд?
Шумо аз ҳозир чӣ кор карда метавонед, то ба азобу озор тайёр шавед?
Чӣ шуморо дилпур карда метавонад, ки дар ҳар азобу уқубат ба Яҳува хизмат карданро давом диҳед?
ДИДА БАРОЕД
Видеоро тамошо карда, фаҳмед, ки, вақте бародари ҷавонамон барои бетарафияш ҳабс шуд, чӣ тавр Яҳува ба ӯ кумак кард.
Фаҳмед, ки чӣ ба ҳамсарон кумак кард, ки ба азобу азият нигоҳ накарда, солҳои зиёд содиқона ба Яҳува хизмат кунанд.
Фаҳмед, ки чӣ тавр ҳангоми озору азият далериро аз даст надиҳем.
«Аз ҳоло ба таъқибот тайёр шавед» («Бурҷи дидбонӣ», июли с. 2019)
Чӣ ба шумо кумак мекунад, ки ба зиддияти оилаатон назари дуруст дошта бошед ва ба ин душворӣ тоб оред?
«Ҳақиқат на “осоиштагӣ... балки шамшер” меорад» («Бурҷи дидбонӣ», октябри с. 2017)