ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО | МАТТО 18, 19
На худатон пешпо хӯред, на сабаби пешпо хӯрдани дигарон гардед
Исо мисолҳоро истифода бурда, нишон дод, ки ба пешпо хӯрдани дигарон сабаб гаштан, то чӣ андоза ҷиддӣ аст. Чӣ дар ҳаётатон сабаби пешпо хӯрдан мешавад?
«Сабаби гуноҳ кардани дигарон» шудан ба амал ё вазъияте ишора мекунад, ки шахсро ба роҳи нодуруст, ахлоқан пешпо хӯрдан ё афтидан ва ё гуноҳ кардан тела медиҳад
Шахсе ки сабаби гуноҳ кардани дигарон мешавад, «барояш беҳтар мебуд, ки санги калони осиёро ба гарданаш баста, ӯро дар баҳр ғарқ кунанд»
Исо ба пайравонаш маслиҳат дод, ки агар ҳатто даст ё чашмашон сабаби пешпо хӯрдани дигарон гардад, беҳтар аст, ки аз онҳо маҳрум шаванд
Бароямон беҳтар аст, ки аз ҳама чизамон даст кашем, то ба Подшоҳии Худо дохил шавем, назар ба он ки онро нигоҳ дорему ба Ҳиннӯм, ки рамзи нобудшавӣ аст, партофта шавем
Дар ҳаёти ман чӣ сабаби пешпо хӯрданам мегардад ва чӣ тавр ҳам худам ва ҳам дигаронро аз пешпо хӯрдан нигоҳ дошта метавонам?