ДАРСИ 42
Назари Худо ба муҷаррадӣ ва издивоҷ
Баъзеҳо фикр мекунанд, ки танҳо одамони оиладор хушбахтанд. Лекин, чи хеле ки маълум аст, ҳам дар байни шахсони оиладор одамони хушбахт ҳастанду ҳам дар байни одамоне, ки оиладор нестанд. Мувофиқи Китоби Муқаддас ҳам муҷаррадӣ ва ҳам оиладорӣ атои Худованд аст.
1. Муҷаррадӣ чӣ фоида дорад?
Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки «ҳар кӣ оиладор мешавад, кори хуб мекунад, вале ҳар кӣ оиладор намешавад, кори беҳтар мекунад». (1 Қӯринтиён 7:32, 33, 38-ро хонед.) Аз кадом ҷиҳат муҷаррадӣ «беҳтар» аст? Масалан, шахсони муҷаррад дар назди ҳамсарашон уҳдадориҳо надоранд. Онҳо озодтаранд ва метавонанд ба хотири хизмат ба дигар давлатҳо сафар кунанд. Беш аз ин, онҳо барои бо Яҳува наздиктар шудан вақти зиёд доранд.
2. Издивоҷи қонуниву оиладорӣ чӣ фоида дорад?
Оиладорӣ низ мисли муҷаррадӣ хубиҳои худро дорад. Дар Каломи Худо гуфта шудааст: «Ду нафар беҳ аз як нафар» (Пандгӯ 4:9). Ин суханонро хусусан дар бораи зану шавҳаре гуфтан мумкин аст, ки маслиҳатҳои Худоро ба кор мебаранд. Ҳамсароне, ки никоҳи давлатӣ мекунанд, аҳду паймон мебанданд, ки ҳамдигарро дӯст медоранд, ҳурмату эҳтиром мекунанд ва ба якдигар вафодор мемонанд. Аксар вақт чунин ҳамсарон бо ҳам бо дили пур зиндагӣ мекунанд ва барои калон кардани фарзандон муҳити хубу ором фароҳам меоранд.
3. Назари Яҳува ба издивоҷ чӣ гуна аст?
Вақте Яҳува пояи издивоҷи аввалинро гузошт, чунин гуфт: «Мард падар ва модари худро монда, бо зани худ мепайвандад» (1 Мӯсо 2:24). Яҳува мехоҳад, ки зану шавҳар то охири умр якдигарро дӯст доранду бо ҳам бошанд. Онҳо танҳо ҳамон вақт аз якдигар ҷудо шуда метавонанд, агар яке аз ҳамсарон хиёнат кунад. Дар чунин маврид ҳамсари ҷабрдида худаш қарор мекунад, ки ҷудо шавад ё неa (Матто 19:9). Дар назари Яҳува бисёрзанӣ раво нест (1 Тимотиюс 3:2).
БЕШТАР ФАҲМЕД
Фаҳмед, ки чӣ тавр шумо хоҳ оиладор бошед, хоҳ муҷаррад, метавонед хушбахт бошед ва дили Яҳуваро шод гардонед.
4. Муҷаррадии худро дуруст истифода баред
Исо муҷаррадиро ато меҳисобид (Матто 19:11, 12). Матто 4:23-ро хонед ва саволи зеринро дида бароед:
Чӣ тавр Исо аз муҷаррадии худ истифода бурда, тамоми вақту қувваташро ба хизмати Падараш ва ба дастгирӣ кардани дигарон сарф мекард?
Хизматгорони Худо мисли Исо аз муҷаррадии худ хурсандӣ гирифта метавонанд. ВИДЕОРО тамошо кунед, сипас ба савол ҷавоб диҳед.
Чӣ тавр хизматгорони Худо муҷаррадии худро ба таври беҳтарин истифода бурда метавонанд?
Оё шумо медонистед?
Дар Каломи Худо гуфта нашудааст, ки шахс дар кадом синну сол оиладор шавад. Лекин дар он маслиҳат дода мешавад, ки шахсе, ки оиладор шуданӣ аст, бояд «аз ҳад ҷавон набошад», чунки дар навҷавонӣ хоҳиши сахти шаҳвонӣ метавонад ба шахс халал расонад, ки қарори хирадмандона барорад (1 Қӯринтиён 7:36).
5. Дар интихоби ҳамсар бомулоҳиза бошед
Интихоби ҷуфти муносиб қарори хеле муҳим аст. Матто 19:4–6, 9-ро хонед, сипас ба саволи зерин ҷавоб диҳед:
Чаро хизматгорони Худо набояд саросемавор оиладор шаванд?
Китоби Муқаддас барои интихоб кардани ҳамсари хуб ба шумо ёрӣ дода метавонад. Хеле муҳим аст, ки ҳамсари ояндаатон Яҳуваро дӯст дорадb. 1 Қӯринтиён 7:39 ва 2 Қӯринтиён 6:14-ро хонед, сипас ба саволҳои зерин ҷавоб диҳед:
Чаро мо бояд танҳо бо ҳамимонамон хонадор шавем?
Ба фикратон, вақте мо ба ҳамсарӣ шахсеро интихоб мекунем, ки Яҳуваро дӯст намедорад, Яҳува чӣ ҳис мекунад?
6. Ба издивоҷ бо чашми Яҳува назар кунед
Дар замонҳои қадим баъзе мардони исроилӣ бо ҳар баҳона аз занашон ҷудо мешуданд. Малокӣ 2:13, 14, 16-ро хонед, сипас саволи зеринро дида бароед:
Барои чӣ Яҳува аз ҷудошавии беасос нафрат дорад?
ВИДЕОРО тамошо кунед, сипас ба савол ҷавоб диҳед.
Агар ҳамсаратон Шоҳиди Яҳува набошад, барои хушбахт будани оилаатон чӣ кор карда метавонед?
7. Аз рӯйи фармудаҳои Яҳува зиндагӣ кунед
Яҳува гуфтааст, ки издивоҷ бояд чӣ гуна бошад. Баъзеҳо барои иҷро кардани ин талаботи Яҳува кӯшишу ғайрати зиёд мекунандc. Ин кӯшишҳои онҳо аз назари Яҳува пӯшида намемонад ва ӯ ҳатман онҳоро баракат медиҳад. ВИДЕОРО тамошо кунед.
Ибриён 13:4-ро хонед, сипас ба саволи зерин ҷавоб диҳед:
Ба фикри шумо, оё иҷро кардани талаботи Яҳува нисбати издивоҷ имконпазир аст? Фаҳмонед.
Яҳува мехоҳад, ки хизматгоронаш ақди никоҳ ё ҷудошавиашонро расмӣ гардонанд, чунки ин талаботи давлат аст. Титус 3:1-ро хонед, сипас ба саволи зерин ҷавоб диҳед:
Агар шумо оиладор бошед, оё мувофиқи қонуни давлат ақди никоҳ бастаед?
БАЪЗЕҲО МЕПУРСАНД: «Никоҳи давлатӣ шарт аст? Магар никоҳи динӣ кифоя нест?»
Шумо ба ин гап чӣ мегӯед?
ФИКРҲОИ АСОСӢ
Ҳам муҷаррадӣ ва ҳам оиладорӣ атои Яҳува аст. Агар шахс атои Худоро мувофиқи хости ӯ истифода барад, хушбахту қаноатманд мешавад.
Такрор
Чӣ тавр шахс метавонад муҷаррадии худро ба таври беҳтарин истифода барад?
Чаро Худо мехоҳад, ки хизматгоронаш танҳо бо ҳамимони худ издивоҷ кунанд?
Мувофиқи Китоби Муқаддас ягона сабаби ҷудо шудан кадом аст?
ДИДА БАРОЕД
Чаро хизматгорони Худо бояд танҳо бо ҳамимонашон оиладор шаванд?
Тамошои ин видеонавор ба шумо кумак мекунад, ки дар мавриди мулоқот кардану оила барпо намудан қарори дуруст бароред.
Фаҳмед, ки чаро як бародар фикр мекунад, ки чизҳое, ки ӯ аз даст дод, дар пеши баракатҳои Яҳува ҳеҷанд.
«Ман умед доштам, ки дӯстдоштаам ҳақиқатро қабул мекунад» (1:56)
Пеш аз он ки шахс қарор кунад, ки ҷудо шавад ё алоҳида зиндагӣ кунад, чиро бояд ба назар гирад?
«Он чиро, ки “Худо бо ҳам пайвастааст”, эҳтиром кунед» («Бурҷи дидбонӣ», декабри с. 2018)
b Дар баъзе ҷойҳо волидон барои фарзандашон ҳамсар меёбанд. Дар чунин маврид хуб мебуд, ки волидон ба молу мулк ва мартабаи шахси интихобкардаашон неву ба он аҳамият диҳанд, ки оё ӯ Яҳуваро дӯст медорад ё не.
c Агар шумо никоҳи давлатӣ надошта бошед, худатон қарор мекунед, ки ҷудо шавед ё аз рӯйи қонуни давлат никоҳ кунед.