-
Оё «Тарҷумаи дунёи нав» аниқу дуруст аст?Саволҳое, ки зуд-зуд дода мешаванд
-
-
Фарқ дар интихоби ибораҳо. Баъзе тарҷумаҳои Китоби Муқаддас, ки калима ба калима тарҷума шудаанд, нофаҳмо мебошанд ё маънояшон умуман дигар аст. Масалан, суханони Исо аз Матто 5:3 чунин тарҷума шудааст: «Хушо мискинони рӯҳ» (Институти тарҷумаи Китоби Муқаддас, Стокголм, 1999). Бисёр одамон тарҷумаи калима ба калимаи «мискинони рӯҳ»-ро намефаҳманд. Баъзеҳо фикр мекунанд, ки Исо бо ин суханонаш муҳим будани хоксорӣ ва камбағалиро нишон дод. Аммо ӯ чизи дигареро дар назар дошт. Исо гуфтанӣ буд, ки агар шахс мувофиқи роҳнамоии Худо амал кунад ва ба Ӯ мӯҳтоҷ буданашро тан гирад, хушбахтии ҳақиқиро ба даст меорад. Барои ҳамин суханони Исо дар «Тарҷумаи дунёи нав» аниқу дуруст ба ин тарз тарҷума шудааст: «Хушбахтанд онҳое, ки мӯҳтоҷи Худо буданашонро медонанд»c (Матто 5:3).
-
-
Оё «Тарҷумаи дунёи нав» аниқу дуруст аст?Саволҳое, ки зуд-зуд дода мешаванд
-
-
c Сухани Исо дар китоби «Хушхабар»-и тоҷикӣ низ ба ҳамин тарз омадааст: «Хушбахтанд касоне, ки мӯҳтоҷи Худо буданашонро медонанд».
-