БОБИ 109
Исо сарварони динро танқид мекунад
МАТТО 22:41–23:24 МАРҚӮС 12:35-40 ЛУҚО 20:41-47
МАСЕҲ ПИСАРИ КИСТ?
ИСО ДУРӮЯГИИ РОҲБАРОНИ ДИНРО ФОШ МЕКУНАД
Роҳбарони дин мехостанд дар суханони Исо айбе ёбанду ӯро ба дом афтонда ба румиён супоранд, лекин ин кор ба онҳо муяссар нашуд (Луқо 20:20). Ҳоло 11-уми нисон аст ва Исо дар маъбад мебошад. Бори гузашта роҳбарони дин Исоро хуб пурсуков карда буданд, ҳозир бошад, Исо худаш бо онҳо саволу ҷавоб мекунад. Ӯ аз онҳо мепурсад: «Шумо дар бораи Масеҳ чӣ фикр доред? Ӯ писари кист?» (Матто 22:42). Ба ҳама маълум аст, ки Масеҳ бояд аз насли Довуд биёяд, барои ҳамин онҳо ҷавоб медиҳанд: «Писари Довуд» (Матто 9:27; 12:23; Юҳанно 7:42).
Исо боз мепурсад: «Ин тавр бошад, барои чӣ Довуд зери таъсири рӯҳи муқаддас ӯро “Сарвар” номида чунин гуфтааст: “Яҳува ба Сарвари ман гуфт: “Аз тарафи рости Ман шин, то даме ки душманонатро зери пойи ту гузорам”? Агар Довуд ӯро “Сарвар” номад, пас, чӣ тавр ӯ писари вай буда метавонад?» (Матто 22:43–45).
Фарисиён умед доранд, ки аз насли Довуд ҳокиме пайдо мешавад, ки аз зулми ҳукумати Рум онҳоро халос мекунад. Лекин Исо суханони Забур 109:1, 2-ро иқтибос оварда мефаҳмонад, ки Масеҳ ҳокими одие нест. Довуд ӯро Сарвар меномад ва ӯ ҳукмронии худро баъд аз он ки аз тарафи рости Худо менишинад, сар мекунад. Барои ҳамин вақте Исо ин оятҳоро иқтибос меорад, фарисиён хомӯш мемонанд.
Дар ин ҷо шогирдон ва дигарон ҳам ҳузур доранд. Барои ҳамин Исо ба онҳо муроҷиат карда аз рафтори фарисиёну шариатдонон огоҳашон мекунад. Ӯ мегӯяд, ки фарисиёну шариатдонон «ҷойи Мӯсоро гирифтаанд» ва ба одамон Шариати Худоро таълим медиҳанд. Исо мегӯяд: «Тамоми гуфтаҳояшонро ба ҷо ореду кардаашонро не, зеро онҳо мегӯянду гуфтаҳои худро ба ҷо намеоранд» (Матто 23:2, 3).
Исо бо мисоле дурӯягии фарисиёну шариатдононро фош мекунад. Ӯ мегӯяд, ки онҳо «қуттичаҳои оятдори худро, ки чун тӯмор мебанданд, калонтар» мекунанд. Дар он замонҳо баъзе мардони яҳудӣ чунин қуттичаҳои хурдро ба пешонӣ ва ба дасти чапи худ мебастанд. Дар даруни ин қуттичаҳо порчаҳое аз Шариати Худо ҷойгир буданд. Лекин фарисиён қуттичаҳои худро калонтар карда диндориву худотарсии худро нишон додан мехоҳанд. Ҳамчунин онҳо «шилшилаи либосҳояшонро дарозтар мекунанд». Либоси исроилиён бояд шилшиладор мебуд, лекин фарисиён мехоҳанд шилшилаҳояшон ҳар чи дарозтар бошад (Ададҳо 15:38–40). Онҳо ҳамаи ин корҳоро «барои худнамоӣ мекунанд» (Матто 23:5).
Исо намехоҳад, ки шогирдонаш мисли фарисиён ҷоҳталаб бошанд. Барои ҳамин ӯ онҳоро насиҳат мекунад: «Шумо набояд Устод номида шавед, зеро шумо як Устод доред, ҳамаи шумо бошед, бародаронед. Беш аз ин, касеро дар рӯйи замин Падар наномед, зеро шумо танҳо як Падар доред, ки дар осмон аст. Ҳамчунин нагузоред, ки шуморо Пешво номанд, зеро шумо як Пешво доред, ки Масеҳ аст». Баъд Исо мефаҳмонад, ки шогирдон бояд ба худ чӣ гуна назар дошта бошанд: «Ҳар кӣ дар байнатон бузургтар аст, бояд хизматгузори шумо шавад. Ҳар касе, ки худро аз дигарон боло гирад, паст мегардад ва ҳар касе, ки худро фурӯтан созад, сарбаланд мегардад» (Матто 23:8–12).
Баъд бошад, Исо рафтори фарисиёну шариатдононро маҳкум карда мегӯяд: «Вой бар ҳоли шумо, эй шариатдонон ва фарисиёни дурӯя, зеро шумо дарвозаҳои Подшоҳии осмонро ба рӯйи одамон баста, ҳам худатон ба он намедароед ва ҳам ба касоне, ки даромадан мехоҳанд, монеъ мешавед» (Матто 23:13).
Исо фарисиёнро барои бефаҳмӣ ва беэътиноӣ ба амрҳои Худо маҳкум мекунад. Яке аз масъалаҳое, ки дар он фарисиён зидди фикри Худо мебароянд, ин аст, ки онҳо мегӯянд: «Агар касе ба маъбад қасам хӯраду онро иҷро накунад, ҳеҷ гап нест, аммо, агар касе ба тиллои маъбад қасам хӯрад, бояд ҳатман қасами худро ба ҷо орад». Онҳо ин тавр гуфта пулро аз маъбад, ки макони парастиши Яҳува Худост, болотар мегузоранд. Онҳо «он чиро, ки дар Шариат муҳимтар аст, яъне адолат, раҳм ва вафодориро зери по» мекунанд (Матто 23:16, 23; Луқо 11:42).
Исо ба онҳо мегӯяд: «Эй роҳнамоёни кӯр, шумо хомӯшаки ба зарф афтодаро гирифта мепартоеду шутурро фурӯ мебаред!» (Матто 23:24). Хомӯшак ҳашароти нопок аст. Барои ҳамин агар дар зарфи шаробашон хомӯшак афтад, фарисиён онро дур мекунанд. Аммо онҳо чизҳои муҳимтари Шариатро зери по мекунанд. Барои ҳамин гуфтан мумкин аст, ки онҳо шутурро фурӯ мебаранд, ҳол он ки шутур низ ҳайвони нопок асту аз хомӯшак калонтар аст (Ибодат 11:4, 21–24).