-
Ба назди Исо ситорашиносон меояндҲазрати Исо — роҳ, ростӣ ва ҳаёт
-
-
Аз Шарқ ситорашиносон ё худ толеъбинон меоянд, яъне касоне, ки гӯё воқеаҳои ҳаёти инсонро аз рӯйи ситораҳо муайян мекунанд (Ишаъё 47:13). Онҳо дар мамлакати худ «ситорае»-ро мебинанд ва аз пушти он равона мешаванд. Онҳо садҳо километрро тай карда, ба Байт-Лаҳм неву ба Ерусалим меоянд.
Вақте ситорашиносон ба Ерусалим мерасанд, мепурсанд: «Кӯдаке, ки подшоҳи яҳудиён мешавад, дар куҷост? Мо дар Шарқ ситораашро дидем ва омадем, ки ба ӯ таъзим кунем» (Матто 2:1, 2).
-
-
Ба назди Исо ситорашиносон меояндҲазрати Исо — роҳ, ростӣ ва ҳаёт
-
-
Ба фикри шумо, ин «ситора» аз тарафи кист? Дар ёд доред, ки «ситора» толеъбинонро аввал ба куҷо бурд? Ин «ситора» онҳоро рост ба Байт-Лаҳм неву аввал ба Ерусалим, пеши подшоҳ Ҳиродус бурд, ки ӯ мехост Исоро кушад. Агар Худо ба ин кор дахолат намекард ва ба ситорашиносон намегуфт, ки дар куҷо будани Исоро ба Ҳиродус нагӯянд, ӯ метавонист Исоро кушад. Аз ин маълум мешавад, ки ин кори душмани Худо, Шайтон, аст. Вай мехост Исоро кушад ва бо ёрии ин «ситора» нияташро иҷро кунад.
-