БОБИ 127
Исоро назди Пилотус мебаранд
МАТТО 27:1–11 МАРҚӮС 15:1 ЛУҚО 22:66–23:3 ЮҲАННО 18:28–35
САҲАРӢ СУДИ ОЛИИ ЯҲУДИЁН МУҲОКИМА МЕГУЗАРОНАД
ЯҲУДО ХУДРО БА ДОР ОВЕХТАНӢ МЕШАВАД
ИСОРО БА ҚАСРИ ҲОКИМ МЕБАРАНД
Субҳ дамида истодааст. Петрус аллакай се бор Исоро инкор кард. Баъди гузаронидани муҳокимаи сохта аъзоёни Суди олии яҳудиён пароканда мешаванд. Саҳари ҷумъа онҳо боз вомехӯранд, то, эҳтимол, муҳокимаи ғайриқонунии дирӯзаашон ранги қонунӣ пайдо кунад. Исоро назди Суди олӣ меоранд.
Суд боз мепурсад: «Агар Масеҳ бошӣ, инро ба мо бигӯ». Исо ҷавоб медиҳад: «Ҳатто агар гӯям ҳам, шумо бовар намекунед. Ва, агар ман ба шумо савол диҳам, ҷавоб намедиҳед». Исо далерона мефаҳмонад, ки ӯ ҳамонест, ки дар Дониёл 7:13 дар борааш пешгӯйӣ шуда буд. Ӯ мегӯяд: «Аз ин пас Писари одам дар тарафи рости Худои қодир хоҳад нишаст» (Луқо 22:67–69; Матто 26:63).
Онҳо боисрор мепурсанд: «Пас, ту Писари Худо ҳастӣ?» Исо мегӯяд: «Ҳамон тавре аст, ки мегӯед». Барои онҳо ин суханони Исо кофиянд, то ӯро дар куфргӯйӣ айбдор кунанд. Онҳо мегӯянд: «Боз чӣ шаҳодате ба мо лозим аст?» (Луқо 22:70, 71; Марқӯс 14:64). Баъд онҳо дастони Исоро мебанданд ва ба назди ҳоким Понтиюс Пилотус мебаранд.
Шояд, Яҳудои хиёнаткор мебинад, ки чӣ тавр Исоро назди Пилотус мебаранд. Вақте Яҳудо мефаҳмад, ки Исо ба марг маҳкум шудааст, ӯ гӯё пушаймонӣ ва ғаму андӯҳ ҳис мекунад. Лекин ба ҷойи он ки аз таҳти дил тавба кунаду ба Худо муроҷиат кунад, ӯ пеши коҳинони калон меравад, то сӣ тангаи нуқраро баргардонад. Яҳудо ба онҳо мегӯяд: «Ман шахси бегуноҳро ба дасти шумо супурда гуноҳ кардам». Лекин ин одамони сангдилу бераҳм чунин ҷавоб медиҳанд: «Ба мо чӣ? Худат медонӣ» (Матто 27:4).
Яҳудо сӣ тангаи нуқраро дар маъбад мепартояд ва баъд ба гуноҳаш гуноҳи дигарро зам мекунад, яъне ба худкушӣ даст заданӣ мешавад. Ӯ мехоҳад худро ба шохаи дарахт овезад, лекин шоха мешиканад. Он гоҳ ӯ саракӣ ба сангҳо меафтад ва шикамаш мекафаду узвҳои даруниаш берун мешаванд (Аъмол 1:17, 18).
Саҳари барвақт Исоро ба қасри Понтиюс Пилотус мебаранд. Лекин яҳудиён ба он ҷо даромадан намехоҳанд. Онҳо фикр мекунанд, ки муомилаву муоширати наздик бо ғайрияҳудиён онҳоро нопок месозад. Ва, агар яҳудӣ нопок шавад, ӯ наметавонад шоми 15-уми нисон — аввалин рӯзи иди Фатир, ки давоми иди Раҳоӣ аст, хӯрок хӯрад.
Пилотус назди онҳо мебарояд ва мегӯяд: «Шумо бар зидди ин одам чӣ даъво доред?» Онҳо мегӯянд: «Агар ӯ ҷинояткор намебуд, мо ӯро ба дасти ту намесупоридем». Аз афташ, яҳудиён ба Пилотус фишор меоранд, барои ҳамин ӯ мегӯяд: «Худатон ӯро гирифта, мувофиқи шариати худ доварӣ кунед». Яҳудиён бошанд, чунин мегӯянд: «Ба мо раво нест, ки касеро кушем» (Юҳанно 18:29–31). Аз ин суханон маълум мешавад, ки онҳо қасди куштани Исоро доранд.
Агар онҳо Исоро дар давоми иди Раҳоӣ кушанд, мардум метавонад шӯру ғавғо бардорад, чунки бисёриҳо Исоро ҳурмату эҳтиром мекунанд. Лекин, яҳудиён медонанд, ки румиён метавонанд Исоро ба қатл расонанд. Агар онҳо Исоро дар исён ба муқобили ҳокимияти Рум айбдор карда, бо дасти румиён кушанд, он вақт мардум онҳоро дар марги Исо айбдор намекунад.
Сарварони дин ба Пилотус намегӯянд, ки онҳо Исоро дар куфргӯйӣ айбдор карданд. Акнун онҳо якчанд айби дигареро ба гардани Исо бор мекунанд: «Мо фаҳмидем, ки ин одам халқи моро гумроҳ месозад [1], ба қайсар андоз супориданро манъ мекунад [2] ва худро Масеҳ ва подшоҳ меномад [3]» (Луқо 23:2).
Чун намояндаи ҳокимияти Рум Пилотус хавотир аст, ки оё чизе, ки яҳудиён дар ҳаққи Исо мегӯянд, рост аст ва оё Исо худро подшоҳ номида ба ҳокимияти Рум зид мебарояд. Барои ҳамин ӯ ба қасраш медарояд ва Исоро ба наздаш хонда, мегӯяд: «Оё ту Подшоҳи яҳудиён ҳастӣ?» Пилотус донистан мехоҳад, ки оё Исо бар зидди қайсар баромада, худро подшоҳ эълон карданист ё не. Аз афташ, Исо фаҳмидан мехоҳад, ки Пилотус дар бораи ӯ чӣ медонад, барои ҳамин мепурсад: «Инро худат мегӯӣ ё дигарон дар бораи ман ба ту гуфтанд?» (Юҳанно 18:33, 34).
Пилотус нишон медиҳад, ки дар бораи ӯ чизе намедонад, лекин фаҳмидан мехоҳад, барои ҳамин чунин мегӯяд: «Магар ман яҳудӣ ҳастам? Халқи худат ва коҳинони калон туро ба дасти ман супурданд. Ту чӣ кор кардаӣ?» (Юҳанно 18:35).
Ҳангоми ҷавоб доданаш Исо аз мавзӯи подшоҳӣ дур намеравад ва ҷавоби ӯ, бешубҳа, Пилотусро ба ҳайрат меорад.