-
Чаро худро ба Худо бахшем ва таъмид гирем?То абад зинда бошед! Омӯзиши Китоби Муқаддас
-
-
2. Ходимони таъмидёфтаи Яҳува кадом баракатҳоро соҳиб мешаванд?
Таъмид баракатҳои зиёд меорад, вале пеш аз таъмид гирифтан шумо бояд якчанд қадамҳоро гузоред. Пеш аз ҳама дар бораи Яҳува дониш гиред, ҳамчунин ӯро дӯст доред, ба писараш Исо имон оред ва ҳаётатонро ба Худо бахшед. Танҳо баъд аз ин шумо таъмид гирифта метавонед. Пас аз таъмид шумо узви оилаи калон ва хушбахти Яҳува мешавед. Дар ин оила Яҳува Падари шумо мешавад ва дар саросари ҷаҳон шумо бародару хоҳарони зиёде пайдо мекунед, ки Яҳува ва шуморо дӯст медоранд. (Марқус 10:29, 30-ро хонед.) Вақте шумо ҳаётатонро ба Яҳува мебахшеду таъмид мегиред, муҳаббаташро бештар мебинед ва муносибататон бо ӯ аз имрӯза наздиктар мешавад. (Малокӣ 3:16–18-ро хонед.) Ҳамин тавр шумо сӯйи ҳаёти ҷовидонӣ раҳсипор мегардед. Дар Каломи Худо гуфта шудааст: «Таъмид низ... ҳоло шуморо... наҷот медиҳад» (1 Петрус 3:21).
-
-
Шумо ба озору азият тоб оварда метавонедТо абад зинда бошед! Омӯзиши Китоби Муқаддас
-
-
Исо хуб медонист, ки аҳли оилаи кас метавонад ба ӯ зид баромада, ба парастиши Яҳува халал расонад. Матто 10:34–36-ро хонед, сипас ба саволи зерин ҷавоб диҳед:
Вақте ягон кас аз аҳли хонавода қарор мекунад, ки ба Яҳува хизмат кунад, чӣ рӯй дода метавонад?
Дар ин бора ВИДЕОРО тамошо кунед ва саволро дида бароед.
Агар ягон хешу табор ё дӯстатон шуморо аз хизмати Яҳува боздоштанӣ шавад, чӣ кор мекунед?
Забур 27:10 ва Марқус 10:29, 30-ро хонед. Баъди хондани ҳар як порча ба саволи зерин ҷавоб диҳед:
Вақте аҳли оила ё ягон дӯстатон ба шумо зид мебарояд, чӣ тавр ин гуфтаҳо кумак карда метавонанд?
-