БОБИ 34
Исо дувоздаҳ расулро интихоб мекунад
МАРҚӮС 3:13–19 ЛУҚО 6:12–16
ДУВОЗДАҲ РАСУЛИ ИСО
Аз он вақте, ки Яҳё Исоро ҳамчун «Барраи Худо» ба шогирдонаш шиносонид, тахминан яку ним сол гузашт. Вақте Исо хизмати худро сар кард, якчанд шахсони самимӣ шогирди ӯ шуданд. Баъзеи онҳо чунин ном доштанд: Андриёс, Шимъӯни Петрус, Юҳанно, Филиппус ва Барталмо (ки ҳамчунин Натанъил ном дошт). Яъқуб (бародари Юҳанно) ҳам шояд яке аз аввалин шогирдони Исо буд. Бо гузашти вақт дигарон ҳам пайрави Исо гаштанд (Юҳанно 1:45–47).
Акнун Исо тайёр аст, ки расулони худро интихоб кунад. Расулони Исо ҳамроҳони наздиктарини вай мешаванд ва аз ӯ таълими лозима мегиранд. Лекин пеш аз он ки онҳоро интихоб кунад, Исо ба яке аз кӯҳҳое мебарояд, ки шояд дар наздикии баҳри Ҷалил, назди Кафарнаҳум, ҷойгир аст. Ӯ тамоми шаб дуо гуфта, эҳтимол, аз Худо хирад ва баракат металабад. Рӯзи дигар Исо шогирдонашро ба назди худ даъват менамояд ва аз байни онҳо дувоздаҳ нафарро расул интихоб мекунад.
Исо шаш нафареро, ки номҳояшон дар боло оварда шудаанд, ва ҳамчунин Матторо, ки аз корхонаи андоз даъват карда буд, интихоб менамояд. Панҷ нафари дигаре, ки расули Исо мешаванд, инҳоянд: Яҳудо (ки ӯро ҳамчунин Таддо ва «писари Яъқуб» меномиданд), Шимъӯни Қанно, Тумо, Яъқуб — писари Ҳалфой ва Яҳудои Исқарют (Луқо 6:16; Матто 10:2–4).
Ин дувоздаҳ шогирд аллакай вақти зиёд бо Исо сафар мекунанд ва ӯ онҳоро хуб медонад. Баъзеи онҳо ба Исо хеш мешаванд. Масалан, Яъқуб ва Юҳанно, аз афташ, холабачаҳои Исоянд. Ба ақидаи баъзеҳо, Ҳалфой бародари падарандари Исо — Юсуф мебошад ва, агар ин рост бошад, пас, Яъқуби писари Ҳалфой амакбачаи Исо аст.
Исо, бешубҳа, номҳои шогирдонашро медонад. Лекин чӣ тавр шумо номҳои онҳоро ба хотир гирифта метавонед? Ду шогирди Исо Шимъӯн ном доранд, ду нафарашон Яъқуб ва ду нафарашон — Яҳудо. Бародари Шимъӯн (Петрус) Андриёс ном дорад ва бародари Яъқуб (писари Забдой) — Юҳанно. Ҳамин тавр шумо номи ҳашт расули Исоро ба хотир гирифта метавонед. Чор нафари дигарашон инҳоянд: Матто, ки ҷамъовари андоз буд, Тумо, ки баъдтар шубҳа мекунад, Натанъил, ки ӯро Исо аз зери дарахт даъват кард, ва дӯсти Натанъил — Филиппус.
Ёздаҳ нафари онҳо аз ватани Исо, аз Ҷалиланд. Натанъил аз Қоно аст. Филиппус, Петрус ва Андриёс аслан аз Байт-Сайдо мебошанд. Лекин баъдтар Петрус ва Андриёс ба Кафарнаҳум кӯчида мераванд ва Матто ҳам, аз афташ, дар он ҷо зиндагӣ мекунад. Яъқуб ва Юҳанно низ дар Кафарнаҳум ё наздикии он зиндагӣ мекунанд ва бо моҳигирӣ машғуланд. Аз афташ, танҳо Яҳудои Исқарют, ки баъдтар ба Исо хиёнат мекунад, аз Яҳудия мебошад.