БОБИ 46
Зане ба либоси Исо даст мерасонад ва шифо меёбад
МАТТО 9:18–22 МАРҚӮС 5:21–34 ЛУҚО 8:40–48
ИСО ЗАНЕРО, КИ 12 СОЛ БЕМОР БУД, ШИФО МЕДИҲАД
Хабари аз Декаполис баргаштани Исо ба гӯши яҳудиёне, ки дар тарафи шимолу ғарбии баҳри Ҷалил зиндагӣ мекунанд, мерасад. Мумкин, бисёриҳо шунида бошанд, ки Исо ҳангоми тӯфон шамол ва баҳрро ором кард. Баъзеҳо, шояд, хабар доранд, ки Исо марди гирифтори девро шифо бахшид. Барои ҳамин дар лаби баҳр, аз афташ, дар наздикиҳои Кафарнаҳум, «мардуми зиёде» ҷамъ мешаванд, то Исоро пешвоз гиранд (Марқӯс 5:21). Вақте ӯ аз қаиқ мефарояд, мардум бесаброна интизори мӯъҷизаҳои дигари ӯ мешаванд.
Яке аз онҳое, ки Исоро дидан мехоҳад, нозири ибодатгоҳ, Ёир, мебошад. Ӯ ба пеши пойи Исо афтода, гаштаву баргашта илтимос мекунад: «Духтарчаи ман сахт касал аст. Илтимос, биё ба хонаи ман равем ва ба ӯ даст гузор, то вай шифо ёбад ва зинда монад» (Марқӯс 5:23). Оё Исо хоҳиши Ёирро иҷро карда, ба духтарчаи 12-солаи ӯ, ки ҷигарбанди ягонааш аст, ёрдам мекунад? (Луқо 8:42).
Вақте Исо ба хонаи Ёир равона мешавад, дар роҳ воқеаи дигаре рӯй медиҳад. Бисёре аз ҳамроҳони Исо фикри онро мекунанд, ки оё шоҳиди мӯъҷизаи дигари ӯ мешуда бошанд ё не. Лекин як зане дар байни мардум дар ғами бемории худ аст.
Ин зани яҳудӣ дувоздаҳ сол боз гирифтори хунравӣ аст. Вай дар ба дари духтурҳо гашта тамоми пулашро барои табобат сарф мекунад, лекин «аҳволаш торафт бадтар» мешаваду беҳтар не (Марқӯс 5:26).
Ин беморӣ занро на фақат беҳолу бемадор мегардонад, балки ҳамчунин зери бори нанг мегузорад. Одатан ҳеҷ кас дар бораи ин беморӣ рӯирост гап намезанад. Ғайр аз ин, мувофиқи Шариати Мӯсо ҳар боре, ки зан гирифтори хунравӣ шавад, нопок ҳисоб меёбад. Ҳамчунин касе, ки ба ӯ ё либоси хунолуди ӯ даст расонад, бояд шустушӯ кунад ва то бегоҳ нопок ҳисобида мешавад (Ибодат 15:25–27).
Ин зан «дар бораи Исо шунид» ва акнун кофта-кофта ба назди ӯ омад. Азбаски вай нопок аст, кӯшиш мекунад, ки номаълумакак аз байни мардум гузашта, ба назди Исо равад. Вай дар дили худ мегӯяд: «Агар ақаллан ба либоси ӯ даст расонам, шифо хоҳам ёфт». Ҳамин ки зан ба домани либоси Исо даст мерасонад, ҳис мекунад, ки хунравиаш бозмонд ва «аз ин бемории вазнин шифо ёфт» (Марқӯс 5:27–29).
Он гоҳ Исо мепурсад: «Кӣ ба ман даст расонд?» Ба фикри шумо, зан ин вақт чӣ ҳис мекунад? Петрус ба Исо мегӯяд: «Устод, мардум туро иҳота карда, фишор дода истодааст». Пас, барои чӣ Исо пурсид, ки ба вай кӣ даст расонд? Ӯ мегӯяд: «Касе ба ман даст расонд, зеро ман ҳис кардам, ки қуввае аз ман берун шуд» (Луқо 8:45, 46).
Вақте зан мефаҳмад, ки кори кардаи вай номаълум намонд, тарсону ларзон пеши пойи Исо меафтад. Вай дар пеши ҳама дар бораи касалиаш нақл мекунад ва мегӯяд, ки чӣ тавр навакак шифо ёфт. Он вақт Исо меҳрубонона ӯро ором мекунад: «Духтарам, имонат туро шифо дод. Рав ва дар амони Худо бош! Бигзор ин касалии вазнин туро дигар азоб надиҳад» (Марқӯс 5:34).
Исо, ки Худо ӯро Подшоҳи тамоми замин интихоб кардааст, дар ҳақиқат шахси дилсӯз ва пур аз меҳру муҳаббат аст. Ӯ ҳам мехоҳад ва ҳам қудрат дорад, ки ба ҳамаи одамон ёрдам кунад.