БОБИ 37
Исо писари бевазанеро зинда мекунад
ИСО ДАР НОИН ПИСАРЕРО ЗИНДА МЕКУНАД
Баъд аз шифо додани хизматгори мирисад Исо аз Кафарнаҳум ба Ноин равона мешавад. Ӯ танҳо сафар намекунад, шогирдон ва одамони зиёде ӯро ҳамроҳӣ мекунанд. Ноин зиёда аз 30 километр дуртар аз Кафарнаҳум, дар тарафи ҷанубу ғарбии он ҷойгир аст. Аз афташ, онҳо қарибиҳои бегоҳӣ ба Ноин наздик мешаванд. Дар он ҷо онҳо яҳудиёни зиёдеро мебинанд, ки тобути ҷавонписареро аз шаҳр берун бароварда истодаанд.
Одамон хеле ғамгинанд. Лекин аз ҳама ғамзада бечора модари писар аст. Ӯ бевазан аст. Вақте шавҳараш мурд, ягона шахси наздикаш ҳамин писараш буд. Акнун бошад, ӯ писари ҷигарбандашро ҳам аз даст дод. Ягона умеди бевазан, пушту паноҳ ва нигаҳбонаш писараш буд. Акнун кӣ ҳамдаму ҳамрози ӯ мешавад? Кӣ асои дасташ мегардад?
Вақте Исо ғаму андӯҳи бепоёни занро мебинад, дилаш об мешавад. Ӯ бо овози меҳрубонона ва оромбахш ба он зан мегӯяд: «Гиря накун». Баъд ӯ назди тобут омада, ба он даст мерасонад (Луқо 7:13, 14). Одамон аз рафтори Исо ҳайрон шуда бозмеистанд. «Барои чӣ ӯ ба бевазан ин хел гуфт? Ӯ чӣ кор карданист?» — шояд, фикр кунанд онҳо.
Одамоне, ки ҳамроҳи Исо сафар мекунанд, чӣ фикр мекарда бошанд? Онҳо бо чашмони худ дидаанд, ки чӣ хел Исо бемориҳои зиёдеро шифо дода буд ва корҳои бузурге карда буд. Лекин онҳо, эҳтимол, то ҳол надидаанд, ки Исо мурдаеро зинда карда бошад. Албатта, дар замонҳои қадим пайғамбарони Худо одамонро зинда мекарданд, лекин оё Исо ҳам ин корро карда метавонад? (3 Подшоҳон 17:17–23; 4 Подшоҳон 4:32–37). Исо ба мурда мегӯяд: «Эй ҷавон, ба ту мегӯям: бархез!» (Луқо 7:14). Ҳамон лаҳза писар аз ҷояш бармехезад ва ба гап медарояд! Шодии модар ҳадду канор надорад. Ӯ дигар танҳо нест.
Вақте одамон зинда шудани ин ҷавонписарро мебинанд, Яҳува Худоро, ки Сарчашмаи ҳаёт аст, ҳамду сано мехонанд ва мегӯянд: «Пайғамбари бузурге дар байни мо ба миён омадааст». Дигарон бошанд, моҳияти мӯъҷизаи Исоро пай бурда чунин хулоса мебароранд: «Худо диққати Худро ба халқаш равона кардааст» (Луқо 7:16). Хабари мӯъҷизаи Исо дар шаҳру маҳалҳои гирду атроф барқвор паҳн мешавад. Овозаи он ҳатто ба Яҳудия рафта мерасад ва, аз афташ, дар ватани Исо, дар Носира ҳам, ки тахминан даҳ километр аз Ноин дуртар аст, паҳн мешавад.
Яҳё-пайғамбар ҳанӯз дар зиндон аст ва мехоҳад дар бораи корҳои аҷоиби Исо бештар донад. Шогирдонаш назди ӯ омада, дар бораи мӯъҷизаҳои Исо нақл мекунанд. Ӯ дар ҷавоб чӣ мегӯяд?