-
Исо кай ва дар куҷо таваллуд мешавад?Ҳазрати Исо — роҳ, ростӣ ва ҳаёт
-
-
Қайсар Авғустус, императори Рум, фармон мебарорад, ки ҳама сокинони империяи Рум ба қайд гирифта шаванд. Барои ҳамин Маряму Юсуф ба зодгоҳи худ, ба Байт-Лаҳм, сафар мекунанд. Ин шаҳр дар ҷануби мамлакат, дар наздикии Ерусалим, ҷойгир аст.
Байт-Лаҳм аз одамоне, ки барои бақайдгирӣ меоянд, пур аст. Барои ҳамин Маряму Юсуф ҷой наёфта дар оғил ҷойгир мешаванд. Исо дар он ҷо таваллуд мешавад. Марям кӯдакро парпеч карда, дар охур, дар ҷое мемонад, ки хӯроки ҳайвонҳо гузошта мешавад.
Аз афташ, худи Худо роҳбарӣ карда буд, ки қайсар Авғустус ин фармонро барорад. Барои чӣ? Ин имкон медод, ки Исо, ки аз насли Довуд буд, дар зодгоҳи ин подшоҳ, яъне дар Байт-Лаҳм, таваллуд шавад. Чанд аср пеш дар Китоби Муқаддас пешгӯйӣ шуда буд, ки дар ин шаҳр ҳокиме таваллуд мешавад (Мико 5:2).
-
-
Исо кай ва дар куҷо таваллуд мешавад?Ҳазрати Исо — роҳ, ростӣ ва ҳаёт
-
-
Имрӯз бисёри одамон фикр мекунанд, ки Исо 25-уми декабр таваллуд шудааст. Лекин дар Байт-Лаҳм моҳи декабр ҳаво хунук ва боронист. Баъзан дар ин моҳ барф ҳам меборад. Барои ҳамин номумкин аст, ки чӯпонон моҳи декабр рамаи худро шабона дар берун чаронанд. Ғайр аз ин, моҳе, ки Исо таваллуд шуд, императори Рум дар бораи ба қайд гирифтани аҳолӣ фармон бароварда буд. Аз эҳтимол дур аст, ки ӯ дар зимистони қаҳратун аз яҳудиён талаб карда бошад, ки барои аз қайд гузаштан сафари дурудароз кунанд. Сабаб дар он ки яҳудиён бе ин ҳам аз ҳукумати Рум норозӣ буданд. Ин метавонист қатраи охирин шавад ва онҳоро ба исён тела диҳад. Барои ҳамин хулоса кардан мумкин аст, ки Исо на дар зимистон, балки тирамоҳ, эҳтимол, моҳи октябр, таваллуд шудааст.
-