БОБИ 45
Исо бар девҳо қудрат дорад
МАТТО 8:28–34 МАРҚӮС 5:1–20 ЛУҚО 8:26–39
ИСО ДЕВҲОРО БЕРУН МЕКУНАД
Шогирдони Исо баъди он ки аз тӯфон наҷот ёфтанд, дар соҳил шоҳиди воқеаи тарсоваре мешаванд: ду шахсе, ки дев доранд, аз тарафи қабристон ба пеши Исо девонавор давида меоянд! Яке аз онҳо назар ба дигарӣ ваҳшитар аст ва зиёдтар зери таъсири девҳо қарор дорад, барои ҳамин дар Инҷилҳо диққати асосӣ ба ӯ равона мешавад.
Ин марди бечора доимо бараҳна мегардад ва шабу рӯз «дар миёни қабрҳо ва кӯҳҳо доду фарёд» мезанад ва «худро бо сангҳо зада хуншор» мекунад (Марқӯс 5:5). Афту башара ва рафтори ӯ чунон тарсовар аст, ки ҳеҷ кас аз пеши ӯ намегузарад. Борҳои зиёд одамон ба дасту пойҳояш занҷиру завлона баста буданд, лекин вай занҷирҳоро меканду завлонаҳоро пора-пора мекард. Ҳеҷ кас ӯро ром карда наметавонад.
Вақте ин мард ба Исо наздик мешавад, пеши пойҳои ӯ меафтад. Зери таъсири девҳо мард фарёд зада мегӯяд: «Эй Исо, Писари Худои Таоло, ту ба ман чӣ кор дорӣ? Бо Худо қасам хӯр, ки маро азоб намедиҳӣ». Исо бар девҳо қудрат дорад, барои ҳамин амр медиҳад: «Эй рӯҳи нопок, аз ин мард берун шав!» (Марқӯс 5:7, 8).
Дар асл ин мард девҳои зиёд дорад. Вақте Исо «Номи ту чист?» мегӯяд, вай чунин ҷавоб медиҳад: «Номи ман Қӯшун аст, зеро мо бисёрем» (Марқӯс 5:9). Як қӯшуни Рум аз ҳазорҳо сарбоз иборат аст, барои ҳамин гуфтан мумкин аст, ки ин мард зери таъсири девҳои зиёд аст ва онҳо аз ранҷу азоби ӯ ҳаловат мебаранд. Девҳо аз Исо илтиҷо мекунанд, ки «онҳоро бо амри худ ба чоҳи бетаг нафиристад». Аз афташ, девҳо медонанд, ки онҳо ва сардорашон — Шайтонро чӣ интизор аст (Луқо 8:31).
Дар теппае галаи калони хукҳо мечарад, ки тақрибан аз 2000 хук иборат аст. Мувофиқи Шариат хукҳо ҳайвони нопоканд ва барои яҳудиён парвариш кардани онҳо норавост. Девҳо ба Исо мегӯянд: «Моро ба галаи хукон равона кун, то ба онҳо дароем» (Марқӯс 5:12). Исо ба онҳо иҷозат медиҳад, ки ба галаи хукон дароянд. Он вақт тамоми гала худро аз ҷарӣ ба баҳр мепартояд ва ғарқ мешавад.
Хукбонон, ки ин воқеаро бо чашмони худ диданд, ин хабарро дар шаҳру деҳот паҳн мекунанд. Одамон аз ҳар ҷо меоянд, то бинанд, ки дар ин ҷо чӣ рӯй додааст. Онҳо мебинанд, ки марде, ки дев дошт, ҳоло мисли як одами дуппа-дуруст дар тан либос дорад ва дар пеши пойҳои Исо нишастааст.
Одамоне, ки овозаи ин воқеаро шуниданд ё онро бо чашмони худ диданд, дар тарсу ҳаросанд. Онҳо намедонанд, ки боз чӣ рӯй дода метавонад, барои ҳамин аз Исо илтимос мекунанд, ки аз ҷойҳои онҳо равад. Вақте Исо ба қаиқ савор мешавад, он марде, ки дев дошт, аз ӯ зориву илтиҷо мекунад, ки ӯро ҳамроҳаш гирад. Лекин Исо ба ӯ мегӯяд: «Ба хона, ба пеши хешу таборат, рав ва тамоми корҳоеро, ки Яҳува барои ту кард, ва раҳмеро, ки Ӯ ба ту зоҳир намуд, ба онҳо нақл кун» (Марқӯс 5:19).
Одатан Исо ба одамоне, ки онҳоро шифо мебахшид, мефармуд, ки дар борааш ба касе гап назананд. Ӯ намехост, ки мардум дар асоси нақли ягон кас дар борааш хулоса бароранд. Ҳоло бошад, ӯ ин хел накард. Исо медонад, ки баъзе одамон воқеаи нобуд шудани хукҳоро шунида дар борааш хулосаи нодуруст бароварда метавонанд. Лекин сиҳат шудани ин мардро дида қудрати Исоро тан мегиранд ва дар бораи ӯ хулосаи дуруст мебароранд. Ҳамчунин онҳо метавонанд аз даҳони ин мард асли воқеаро фаҳманд. Барои ҳамин ӯ меравад ва дар саросари Декаполис ба одамоне, ки Исоро надидаанд, дар бораи кори кардааш нақл мекунад.