БОБИ 59
Писари одам кист?
МАТТО 16:13–27 МАРҚӮС 8:22–38 ЛУҚО 9:18–26
ШИФО ЁФТАНИ МАРДИ КӮР
КАЛИДҲОИ ПОДШОҲӢ
ИСО МАРГ ВА ЗИНДАШАВИИ ХУДРО ПЕШГӮЙӢ МЕКУНАД
Исо ҳамроҳи шогирдонаш ба Байт-Сайдо меояд. Дар он ҷо одамон ба назди Исо марди кӯреро меоранд ва илтимос мекунанд, ки вайро шифо диҳад.
Исо он мардро аз дасташ гирифта, аз қишлоқ берун мебарорад ва ба чашмаш туф мекунаду мепурсад: «Ягон чизро мебинӣ?» Мард дар ҷавоб мегӯяд: «Ба фикрам, ман одамонро мебинам, лекин онҳо ба дарахтоне монанданд, ки роҳ мегарданд» (Марқӯс 8:23, 24). Исо дастонашро ба чашмони он мард мегузорад ва ӯро пурра шифо медиҳад. Баъд ӯ марди биношударо ба хонааш мефиристад ва мефармояд, ки ба қишлоқ надарояд.
Баъди ин Исо ва шогирдонаш ба шимол, ба тарафҳои Қайсарияи Филиппӣ, равона мешаванд. Онҳо бояд тахминан 40 километр роҳро пиёда тай карда, ба боло бароянд. Қайсарияи Филиппӣ дар баландии 350 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, дар шимолу шарқи он кӯҳи барфпӯши Ҳермӯн воқеъ аст. Аз афташ, ин сафари онҳо якчанд рӯз давом мекунад.
Дар роҳ Исо аз шогирдонаш ҷудо мешавад, то дар танҳоӣ дуо гӯяд. То марги Исо ҳамагӣ нӯҳ ё даҳ моҳ мондааст ва ӯ дар бораи шогирдонаш хавотир аст. Ба қарибӣ бисёриҳо пайравӣ кардани ӯро бас карданд, дигарон бошанд, аз афташ, ноумеданд ва чӣ кор карданашонро намедонанд. Шояд, онҳо ҳайронанд, ки вақте мардум Исоро подшоҳ карданӣ шуданд, барои чӣ ӯ пеши роҳи онҳоро гирифт. Ё чаро ӯ ба одамон аломате нишон дода, кӣ будани худро ба ҳама маълум насохт..
Вақте шогирдон ба он ҷое, ки Исо дуо гуфта истодааст, меоянд, ӯ аз онҳо мепурсад: «Мардум Писари одамро кӣ меҳисобанд?» Шогирдон мегӯянд: «Баъзеҳо Яҳёи Таъмиддиҳанда мегӯянд, дигарон — Илёс-пайғамбар ва боз қисми дигар — Ирмиё ё яке аз пайғамбарон». Дар ҳақиқат, мардум фикр мекунанд, ки Исо яке аз пайғамбарон мебошад, ки ҳоло зинда шуда, омадааст. Барои фаҳмидани фикри шогирдонаш Исо аз онҳо мепурсад: «Худи шумо маро кӣ меҳисобед?» Петрус дарҳол ҷавоб медиҳад: «Ту Масеҳ, Писари Худои зинда ҳастӣ» (Матто 16:13–16).
Исо мегӯяд, ки Петрус хушбахт аст, зеро худи Худо инро ба вай маълум сохтааст. Баъд ӯ илова мекунад: «Ба ту мегӯям: ту Петрус ҳастӣ. Ман ҷамъомади худро бар ин кӯҳ бино хоҳам кард ва дарвозаҳои гӯр бар он ғолиб нахоҳанд омад». Ин суханон нишон медиҳанд, ки Исо асосгузори ҷамъомад аст ва, агар аъзоёни он то охири умр ба Худо вафодор монанд, баъди мурданашон абадан дар банди гӯр намемонанд. Баъди ин Исо ба Петрус чунин ваъда медиҳад: «Ман ба ту калидҳои Подшоҳии осмонро медиҳам» (Матто 16:18, 19).
Албатта, бо ин гапаш Исо Петрусро аз дигар расулонаш боло намемонад ва ӯро таҳкурсии ҷамъомад намегардонад. Худи Исо ҳамон кӯҳест, ки ҷамъомад бар он бино меёбад (1 Қӯринтиён 3:11; Эфсӯсиён 2:20). Петрус бошад, соҳиби се калид мешавад. Яъне ӯ имконияти пуршараф пайдо мекунад, ки ба се гурӯҳи одамон барои ба Подшоҳии осмон дохил шудан роҳ кушояд.
Петрус калиди аввалинашро иди Ҳафтаҳои соли 33-и милодӣ истифода мебарад. Он вақт ӯ ба яҳудиён ва ғайрияҳудиёне, ки дини яҳудиро қабул карда буданд, мефаҳмонад, ки барои наҷот ёфтан онҳо бояд чӣ кор кунанд. Калиди дуюмашро ба кор бурда, Петрус ба сомариёни имондор роҳ мекушояд, то ба Подшоҳии осмон дохил шаванд. Ва, ниҳоят, калиди сеюмро Петрус соли 36-и милодӣ истифода мебарад ва ба ғайрияҳудиёни хатнанашуда, ки аввалинашон Корнилюс ва оилаву дӯстони ӯянд, ба Подшоҳии осмон роҳ мекушояд (Аъмол 2:37, 38; 8:14–17; 10:44–48).
Дар рафти сӯҳбат Исо ба расулонаш мегӯяд, ки ба қарибӣ ӯ дар Ерусалим бисёр азоб мекашад ва оқибат кушта мешавад. Онҳо аз ин зиқу хавотир мешаванд. Петрус намефаҳмад, ки Исо баъди марг аз нав зинда мешавад ва ба осмон меравад, барои ҳамин ӯ Исоро ба як тараф мебарад ва сарзаниш карда мегӯяд: «Ҳазрат, ба худат раҳм кун. Ҳаргиз бо ту ин тавр нахоҳад шуд». Лекин Исо рӯяшро аз вай гардонда, мегӯяд: «Аз пеши ман дур шав, эй Шайтон! Ту дар сари роҳи ман монеаӣ, зеро мисли одамизод фикр мекунӣ, на мисли Худо» (Матто 16:22, 23).
Баъди ин Исо дигар шогирдонро низ ба пеши худ даъват карда, ба онҳо мефаҳмонад, ки пайрави ӯ будан осон намешавад. Ӯ мегӯяд: «Ҳар кӣ аз пайи ман рафтан хоҳад, бигзор аз баҳри худ барояд ва сутуни азобу шиканҷаашро бардошта, доимо маро пайравӣ кунад. Ҳар кӣ ҷони худро наҷот додан хоҳад, онро аз даст медиҳад, лекин ҳар кӣ ҷони худро ба хотири ман ва хушхабар аз даст диҳад, онро наҷот хоҳад дод» (Марқӯс 8:34, 35).
Барои шогирди ҳақиқии Исо шудан шахс бояд далеру фидокор бошад. Исо мегӯяд: «Ҳар кӣ дар пеши ин насли ба Худо бевафо ва гунаҳкор аз ман ва аз суханонам шарм дорад, Писари одам ҳам, вақте ки ҳамроҳи фариштагони муқаддас дар ҷалоли Падари худ меояд, аз вай шарм хоҳад дошт» (Марқӯс 8:38). Бале, вақте Исо меояд, ӯ «ба ҳар кас мувофиқи рафтораш подош хоҳад дод» (Матто 16:27).