Якдигарро аз таҳти дил бахшед
«Ба якдигар меҳрубон ва дилсӯз бошед ва якдигарро афв намоед, чунон ки Худо низ моро... афв намудааст» (ЭФС. 4:32).
ШУМО ЧӢ ТАВР ҶАВОБ МЕДОДЕД?
Чаро мо бояд бо омодагӣ бахшем?
Чӣ тавр Исо бо мисол нишон дод, ки бахшидан лозим аст?
Якдигарро аз таҳти дил бахшидан чӣ баракатҳо меорад?
1, 2. Чаро муҳим аст, ки оиди бо омодагӣ бахшидан мулоҳиза ронем?
АЗ КАЛОМИ навишташудаи Яҳува мо фаҳмида метавонем, ки назари Ӯ ба гуноҳ чӣ гуна аст ва вақте ки мо гуноҳ мекунем, Ӯ ба ин чӣ гуна муносибат мекунад. Каломи Ӯ инчунин дар бораи афв кардан, ё бахшидан, бисёр чизҳоро ошкор месозад. Дар мақолаи гузашта мо онро дида баромадем, ки чӣ тавр рӯҳияи Довуд ва Менашше сабаби аз тарафи Яҳува бахшиданашон гашт. Он ду подшоҳ аз корҳои кардаашон хеле пушаймон шуданд ва бинобар ин дар гуноҳҳояшон иқрор гаштанд ва аз амалҳои бадашон даст кашиданд. Онҳо самимона тавба карда, боз илтифоти Яҳуваро соҳиб шуданд.
2 Ҳоло биёед хислати бахшанда буданро аз дигар тараф дида бароем. Агар яке аз хешовандонатон бегуноҳ аз дасти Менашше зарар медид ё кушта мешуд, шумо нисбати ӯ чӣ ҳис мекардед? Оё шумо Менашшеро бахшида метавонистед? Муҳокимаи ин мавзӯъ имрӯз хеле бамаврид аст, зеро мо дар ҷаҳоне зиндагӣ дорем, ки пур аз беқонунӣ, бераҳмӣ ва худпарастӣ мебошад. Барои чӣ ҳар як масеҳӣ бояд дар худ рӯҳияи бахшанда буданро инкишоф диҳад? Агар шумо қурбонии таҳқир ё беадолатӣ гардед, чӣ ба шумо кӯмак мерасонад, ки ҳиссиёти худро идора кунед, ба таври ба Яҳува маъқул амал намоед ва барои бахшидан тайёр бошед?
САБАБҲО БАРОИ БАХШИДАНИ ДИГАРОН
3–5. а) Исо ба воситаи кадом мисол ба шунавандагонаш нишон дод, ки ба онҳо бахшанда будан зарур аст? б) Исо бо мисоли дар Матто 18:21–35 овардашуда чӣ гуфтан мехост?
3 Бо омодагӣ бахшидани онҳое, ки моро меранҷонанд, хоҳ ҳамимонамон бошанд, хоҳ не, хеле муҳим аст. Ин ба мо кӯмак мерасонад, ки мо бо аъзоёни оила, дӯстон, атрофиён ва Яҳува муносибатҳои хубро нигоҳ дорем. Дар Навиштаҳо аз мо, масеҳиён талаб карда мешавад, ки новобаста аз он ки дигарон моро чанд бор хафа мекунанд, бо омодагӣ онҳоро бахшем. Барои нишон додани дурустии ин талабот, Исо мисолеро дар бораи ғуломи қарздор истифода бурд.
4 Ғуломе аз хӯҷаини худ маблағи ба музди 60 миллион рӯзи корӣ баробарро қарздор буд, вале хӯҷаинаш қарзи вайро бахшид. Баъдтар он ғулом рафта, ғуломи дигареро ёфт, ки аз вай маблағеро, ки ҳамагӣ дар 100 рӯзи корӣ чун музди меҳнат мегирифтанд, қарздор буд. Он ғулом аз қарзхоҳаш зораву илтиҷо кард, ки барои адои қарзаш мӯҳлатро дарозтар кунад, аммо ин ғуломе, ки қарзи бениҳоят калон дошту бахшида шуда буд, ба рафиқи қарздораш гӯш надода, ӯро ба зиндон партофт. Хӯҷаинашон аз чунин рафтор ба қаҳру ғазаб омада, аз ғуломи бераҳм пурсид: «Оё туро... лозим набуд, ки ба рафиқи худ раҳм кунӣ, чунон ки ман ба ту раҳм кардам?» Сипас хӯҷаинаш «ӯро ба шиканҷакунандагон супурд, то тамоми қарзашро адо кунад» (Мат. 18:21–34).
5 Бо ин мисолаш Исо чӣ гуфтан мехост? Ӯ хулоса кард: «Ҳамин тавр Падари Ман, ки дар осмон аст, бо шумо низ амал хоҳад кард, агар ҳар яке аз шумо гуноҳҳои бародари худро аз самими қалб афв накунад» (Мат. 18:35). Маънои суханони Исо фаҳмост. Гуноҳҳое, ки мо дар тӯли ҳаётамон аз рӯи нокомилӣ мекунем, ба таври равшан нишон медиҳанд, ки мо ба меъёрҳои Яҳува пурра мувофиқат карда наметавонем. Вале Ӯ тайёр аст, ки моро бахшад ва гуноҳҳоямонро то он дараҷае аз лавҳаи хотираи худ тоза кунад, ки гӯё мо онҳоро тамоман содир накардаем. Аз ин рӯ ҳар касе ки бо Яҳува дӯстӣ кардан мехоҳад, бояд хатоҳои дигаронро бахшад. Ё чуноне ки Исо дар Мавъизаи Болоикӯҳӣ гуфт: «Агар шумо ба мардум хатоҳошонро бибахшед, Падари шумо, ки дар осмон аст, ба шумо низ хоҳад бахшид; ва агар шумо ба мардум набахшед, Падари шумо низ хатоҳои шуморо ба шумо нахоҳад бахшид» (Мат. 6:14, 15).
6. Чаро бахшидан на ҳама вақт осон аст?
6 «Ин ба гуфтан осон аст!»,— шояд мегӯед шумо. Бале, бахшидан баъзан душвор аст, чунки шахс вақти хафа шудан одатан аз рӯи эҳсосот рафтор мекунад. Шахс метавонад ба хашм ояд ё ҳис кунад, ки ба ӯ хиёнат карданд. Шояд вай мехоҳад, ки шахсе ки ӯро хафа кардааст, ҷазо гирад ё ҳатто мисли ӯ азоб кашад. Дар ҳақиқат, баъзеҳо ҳис мекунанд, ки онҳо ҳеҷ гоҳ шахсеро, ки онҳоро хафа кардааст, бахшида наметавонанд. Агар шумо ҳам чунин ҳиссиёт дошта бошед, чӣ тавр метавонед рӯҳияи бахшанда буданро, ки Яҳува талаб мекунад, инкишоф диҳед?
САБАБИ ЧУНИН ЭҲСОСОТ ДОШТАНИ ХУДРО ФАҲМЕД
7, 8. Агар дигарон бо рафтори нодурусташон шуморо хафа кунанд, чӣ ба шумо ёрӣ медиҳад, ки барои бахшидан тайёр бошед?
7 Вақте моро меранҷонанд ё вақте дар назарамон чунин метобад, мо сахт хафа шуда метавонем. Ҳангоми гузарондани пурсиш оиди хашм, як ҷавон чунин гуфт: «Боре... ҳангоми дар сари ҷаҳл буданам, ман аз хона баромада, ба худам қавл додам, ки дигар ҳеҷ гоҳ барнамегардам. Он яке аз рӯзҳои форами тобистонӣ буд ва ман дар тангкӯчаҳои зебо роҳи дуру дарозро тай намудам, то он даме ки хомӯшӣ ва зебоии гирду атроф маро оҳиста–оҳиста ором карданд; пас аз якчанд соат ман мулоимтар шудам ва пушаймон гашта, ба хона омадам». Чӣ тавре ки ин мисол нишон медиҳад, агар мо барои эҳсосоти худро фурӯ нишондан ва оромона ба вазъият нигоҳ кардан вақт ҷудо кунем, он гоҳ мо рафтореро, ки дертар аз он пушаймон мешавем, пешгирӣ карда метавонем (Заб. 4:5; Мас. 14:29; Яъқ. 1:19, 20).
8 Вале агар ба ин нигоҳ накарда эҳсосоти манфиамон боқӣ монад–чӣ? Муайян кунед, ки чаро шумо хафа шудед. Барои он ки бо шумо ноинсофона, шояд ҳатто дағалона муносибат карданд? Ё сабаб дар он аст, ки ба назаратон шахс дидаву дониста шуморо ранҷонд? Оё он чизе ки ӯ нисбати шумо кард, дар ҳақиқат хеле бад аст? Сабаби хафагии худро фаҳмида, шумо метавонед фикр кунед, ки кадом принсипҳои Китоби Муқаддас ба шумо ёрӣ медиҳанд, то шумо ба таври ба Яҳува маъқул рафтор кунед. (Масалҳо 15:28; 17:27–ро бихонед.) Чунин мулоҳизаронӣ ба шумо ёрӣ мерасонад, ки ба вазъият танҳо аз рӯи эҳсосоти худ баҳо надиҳед ва ба бахшидан тайёр бошед. Гарчанд ин душвор буда метавонад, Каломи Худо ба шумо ёрӣ медиҳад, ки «андеша ва ниятҳои» дили худро санҷед ва дар бахшидан ба Яҳува пайравӣ намоед (Ибр. 4:12).
БА ХАФА ШУДАН ШИТОБ НАКУНЕД
9, 10. а) Ҳангоми хафа шудан шахс чӣ гуна рафтор карда метавонад? б) Чӣ тавр пайдо кардани рӯҳияи мусбӣ ва бахшандагӣ назари шуморо ба ҳаёт тағйир дода метавонад?
9 Дар зиндагӣ бисёр вазъиятҳое мешаванд, ки дар шахс эҳсосоти манфиро бедор мекунанд. Масалан, тасаввур кунед, ки шумо мошин ронда истодаед ва мошини дигар қариб, ки бо мошини шумо бархӯрад. Шумо ба ин чӣ гуна муносибат мекунед? Шояд шумо шунидаед ё дидаед, ки баъзе ронандаҳо аз ин чунон ба ғазаб меоянд, ки бо ронандаи дигар дастбагиребон мешаванд. Вале шумо чун масеҳӣ албатта чунин рафтор нахоҳед кард.
10 Хубтар мебуд, ки пеш аз ягон кор кардан аввал фикр кунед. Шояд шумо низ ҳангоми мошинронӣ аз сабаби парешонхотириатон ба ягон хатогӣ роҳ додед ва қисман дар ин рӯйдод айбдоред. Ё мумкин мошини ронандаи дигар вайрон шуд. Мақсад аз мисоли овардагӣ ин аст, ки агар мо кӯшиш кунем, ки вазъиятро хубтар фаҳмем, барои шахсро гӯш кардан ва бахшидан тайёр бошем, он гоҳ мо хашм, норозигӣ ва дигар эҳсосоти манфии худро камтар карда метавонем. «Дар рӯҳи худ ба хашм гирифтан шитоб накун,— гуфта мешавад дар Воиз 7:9,— чунки хашм дар синаи аблаҳон қарор меёбад». Аз ин рӯ, бо шитоб ба хашму хафагӣ роҳ надиҳед. Дар бисёр мавридҳо вақте шахс фикр мекунад, ки дигар кас ӯро қасдан хафа кард, ин фикраш хато буда метавонад; он шояд танҳо натиҷаи нокомилӣ ё якдигарнофаҳмӣ мебошад. Агар ягон сухан ё амали шахс ба назаратон нодуруст тобад, ба гӯш кардан ва аз рӯи муҳаббат бахшидан тайёр бошед. Агар шумо чунин амал кунед, хушбахттар хоҳед буд. (1 Петрус 4:8–ро бихонед.)
ОСОИШТАГИРО ДАР ДИЛ НИГОҲ ДОРЕД
11. Новобаста аз он ки одамон ба хушхабар чӣ гуна муносибат мекунанд, мо бояд дар худ чиро нигоҳ дорем?
11 Вақте ки ҳангоми хизмат шахсе нисбати шумо дағалона муносибат мекунад, чӣ тавр шумо худдорӣ зоҳир карда метавонед? Ҳангоме ки Исо ҳафтод шогирдашро ба мавъиза фиристод, ӯ гуфт, ки ба ҳар хонае ки медароянд, осоиштагиро хоҳон бошанд. «Агар дар он ҷо писари осоиштагӣ бошад, саломи [осоиштагии] шумо бар вай қарор мегирад,— гуфт Исо,— вагар на, сӯи шумо бармегардад» (Луқо 10:1, 5, 6). Вақте одамон ба хушхабар гӯш медиҳанд, мо хеле хурсанд мегардем, зеро дар оянда онҳо аз он манфиат гирифта метавонанд. Вале агар одамон ба мавъизаи мо муносибати хуб накунанд–чӣ? Исо мегӯяд, ки мо бояд дар чунин мавридҳо ҳам осоиштагии худро нигоҳ дорем. Муносибати одамон чӣ хеле ки набошад, ҳангоми аз назди онҳо рафтан мо бояд дар дили худ осоиштагӣ дошта бошем. Вале агар мо аз муносибати бади одамон хафа шавем, осоиштагии худро гум мекунем.
12. Мувофиқи суханони дар Эфсӯсиён 4:31, 32 навишташудаи Павлус, мо бояд чӣ гуна рафтор кунем?
12 Кӯшиш кунед, ки осоиштагиро на танҳо ҳангоми хизмат, балки ҳама вақт нигоҳ доред. Албатта дигаронро бахшидан маънои онро надорад, ки мо рафтори нодурусти онҳоро сафед мекунем ё амали онҳоро дардовар намеҳисобем. Бахшидан маънои онро дорад, ки мо дар дил кина намегирем ва осоиштагии худро нигоҳ медорем. Дар бораи амалҳои бади одамон доимо андеша ронда ва ба фикрҳои манфӣ дода шуда, баъзе одамон роҳ медиҳанд, ки рафтори дигарон онҳоро аз хушбахтӣ маҳрум созад. Нагузоред, ки чунин фикрҳо бар шумо ғолиб оянд. Дар хотир дошта бошед, ки агар шумо дар дил кина гиред, хурсандиро гум хоҳед кард. Аз ин рӯ бахшанда бошед! (Эфсӯсиён 4:31, 32–ро бихонед.)
БО РАФТОРИ ХУД ЯҲУВАРО ХУРСАНД ГАРДОНЕД
13. а) Чӣ тавр мо бо рафтори некамон бар сари душмани худ «оташпораҳо» фурӯ рехта метавонем? б) Натиҷаи рафтори меҳрубононаи мо ба муносибати бад чӣ гуна буда метавонад?
13 Шояд баъзан ба шумо имконият пайдо мешавад, ки ба шахсе ки нисбататон муносибати бад мекунад, оиди меъёрҳои Китоби Муқаддас шаҳодат диҳед. Павлуси ҳавворӣ навишт: «Агар душманат гурусна бошад, шикамашро сер кун; агар ташна бошад, ба ӯ об деҳ; зеро ки бо чунин рафторат бар сари ӯ оташпораҳо фурӯ хоҳӣ рехт. Ба бадӣ мағлуб нашав, балки бадиро бо некӣ мағлуб кун» (Рум. 12:20, 21). Агар шумо нигоҳ накарда ба рафтори бади дигарон бо онҳо хушмуомила бошед, онҳо шояд рафторашонро тағйир диҳанд ва ҳатто хубӣ кунанд. Агар нисбати шахсе ки шуморо хафа кардааст, фаҳмиш ва ҳамдардӣ зоҳир кунед, эҳтимол шумо дар ӯ хоҳиши омӯхтани Каломи Худоро бедор месозед. Чӣ хеле набошад, муносибати меҳрубононаи шумо ба шахс имконият медиҳад, ки оиди аъмоли некатон андеша ронад (1 Пет. 2:12; 3:16).
14. Ҳатто агар шахс моро сахт хафа карда бошад ҳам, чаро мо бояд бо омодагӣ ӯро бахшем?
14 Аммо бо баъзе одамон муошират набояд кард. Ин шахсоне буда метавонанд, ки пеш аъзои ҷамъомад буданд, аммо баъдтар аз сабаби гуноҳ кардан ва пушаймон нашуданашон аз ҷамъомад хориҷ карда шуданд. Агар чунин шахс шуморо сахт ранҷонда бошад, ҳатто ӯ аз кардааш пушаймон шавад ҳам, бароятон ӯро бахшидан бениҳоят душвор буда метавонад, зеро барои шифо ёфтани ҷароҳатҳои дил вақт лозим аст. Дар чунин мавридҳо шумо аз Яҳува кӯмак пурсида метавонед, то ки нисбати гунаҳкори тавбакарда рӯҳияи бахшиданро инкишоф диҳед. Ин гуна амал хеле муҳим аст, зеро шумо андешаҳои дили шахсро намедонед — инро танҳо Яҳува медонад. Ӯ дилу ботини шахсро месанҷад ва нисбати гунаҳкорон пурсабрӣ зоҳир мекунад (Заб. 7:10; Мас. 17:3). Барои ҳамин, дар Навиштаҳо гуфта шудааст: «Ба ҳеҷ кас дар ивази бадӣ бадӣ накунед; пеши тамоми мардум дар паи некӣ бошед. Ба қадри имкон, то ҳадде ки ба шумо вобаста аст, бо ҳамаи одамон мувосо кунед. Эй маҳбубон, интиқоми худро нагиред, балки ба ғазаби илоҳӣ вогузор кунед; зеро ки навишта шудааст: “Интиқом аз ҷониби Ман аст, Ман сазо хоҳам дод, мегӯяд Худованд”» (Рум. 12:17–19). Оё шумо шахсро дуруст ҳукм карда метавонед? Не (Мат. 7:1, 2). Лекин боварӣ дошта бошед, ки Яҳува аз рӯи адолат доварӣ хоҳад кард.
15. Чӣ ба мо кӯмак мерасонад, ки нисбати шахсе ки моро хафа кардааст, муносибатамонро дигар кунем?
15 Агар шумо қурбони беадолатӣ гашта бошед ва агар бахшидани шахси гунаҳкоре, ки тавба кардааст, бароятон душвор бошад, дарк кардан хуб мебуд, ки шахси шуморо хафакарда низ аз беадолатӣ азоб мекашад, зеро ӯ ҳам нокомилиро мерос гирифтааст (Рум. 3:23). Дили Яҳува ба ҳамаи одамони нокомил месӯзад. Бинобар ин, дуруст мебуд, ки барои шахсе ки моро хафа кардааст, дуо гӯем. Вақте ки мо барои шахс дуо мегӯем, қаҳру ғазабамон нисбати ӯ паст мешавад. Исо ба таври равшан нишон дод, ки мо набояд ҳатто нисбати онҳое ки моро озор медиҳанд, дар дил кина гирем. Ӯ гуфт: «Душманони худро дӯст бидоред... ва барои озордиҳандагону таъқибкунандагони худ дуо гӯед» (Мат. 5:44).
16, 17. Вақте ки пирон муайян мекунанд, ки шахси гуноҳкарда тавба кардааст, шумо бояд ба ин чӣ гуна муносибат кунед ва чаро?
16 Мувофиқи иродаи Яҳува пирони ҷамъомад ӯҳдадоранд, ки тавба кардан ё накардани шахси гунаҳкорро муайян созанд. Ин бародарон оиди ҳар як масъала мисли Худо фаҳмиши пурра надоранд, лекин онҳо мекӯшанд, ки бо кӯмаки рӯҳулқудс дар асоси Каломи Худо қарор қабул кунанд. Бинобар ин, вақте ки онҳо дар дуо аз Яҳува кӯмак пурсида, қарор қабул мекунанд, мо боварӣ дошта метавонем, ки қарорашон мувофиқи нуқтаи назари Яҳува мебошад (Мат. 18:18).
17 Дар чунин мавридҳо мо садоқати худро нишон дода метавонем. Оё шумо шахсеро, ки тавба кардааст, мебахшед ва муҳаббати худро ба ӯ зоҳир мекунед? (2 Қӯр. 2:5–8). Ин махсусан ҳамон вақт душвор буда метавонад, агар шумо ё шахси наздикатон аз гуноҳи ӯ зарар дида бошед. Аммо агар шумо ба Яҳува ва ба он ки чӣ гуна Ӯ мушкилиҳои ҷамъомадро ҳал мекунад, таваккал кунед, аз рӯи хирад рафтор хоҳед кард. Бо ин шумо нишон медиҳед, ки дар ҳақиқат аз таҳти дил мебахшед (Мас. 3:5, 6).
18. Аз таҳти дил бахшидан кадом баракатҳоро меорад?
18 Табибон муайян карданд, ки бо омодагӣ бахшидан манфиат меорад. Он аз кина ва дигар эҳсосоте, ки касро афгору заиф намуда, ба касалӣ оварда мерасонад, халос мекунад ва ёрӣ медиҳад, ки муносибатамон бо дигарон беҳтар гардад. Баръакси ин, набахшидан оқибатҳои талх, яъне саломатии бад, асабоният, муносибатҳои вайрон ва душворӣ дар муоширатро хоҳад овард. Вале баракати беҳтарине, ки бахшидан меорад, ин муносибати хуб бо Падари осмониамон, Яҳува, мебошад (Қӯл. 3:12–14).
[Тасвир дар саҳифаи 27]
Мақсади мисоли овардаи Исо дар чист?
[Тасвир дар саҳифаи 30]
Бо омодагӣ бахшидан талабот барои масеҳиён аст