БОБИ 74
Дарси муҳим дар бораи меҳмоннавозӣ ва дуо
ИСО ДАР ХОНАИ МАРТО ВА МАРЯМ МЕҲМОН МЕШАВАД
ГАШТАВУ БАРГАШТА ДУО ГУФТАН МУҲИМ АСТ
Тахминан се километр дуртар аз Ерусалим, дар доманаи шарқии кӯҳи Зайтун, деҳаи Байт-Ҳинӣ ҷойгир аст (Юҳанно 11:18). Исо ба он ҷо рафта, дар хонаи Марто ва Марям ном хоҳароне меҳмон мешавад. Мартову Марям ва бародарашон Лаъзор дӯстони Исоянд ва онҳо ӯро гарму ҷӯшон қабул мекунанд.
Дар хонаи худ қабул кардани Масеҳ барои онҳо шарафи бузург аст. Марто мехоҳад Исоро нағз меҳмондорӣ кунад, барои ҳамин вай дар тараддуди хӯрокпазӣ аст. Вақте Марто пухтупаз мекунад, хоҳараш Марям дар пеши пойи Исо нишаста суханони ӯро гӯш мекунад. Он гоҳ Марям ба назди Исо омада, мегӯяд: «Ҳазрат, магар парвое надорӣ, ки хоҳарам ҳамаи корҳоро ба ӯҳдаи ман гузоштааст? Ба ӯ гӯй, ки омада, ба ман ёрдам диҳад» (Луқо 10:40).
Исо ба Марям чизе нагуфта худи Марторо насиҳат медиҳад, ки аз ҳад зиёд дар бораи хӯрдухӯрок ташвиш накашад. Ӯ мегӯяд: «Марто, Марто, ту дар бораи чизҳои бисёр ташвиш мекашӣ ва ғам мехӯрӣ, ҳол он ки чизҳои каме ё ҳатто як чиз лозим аст. Марям бошад, чизи беҳтарро интихоб кард ва ин аз ӯ гирифта намешавад» (Луқо 10:41, 42). Исо қайд мекунад, ки вақти зиёдро барои пухтани хӯрокҳои гуногун сарф кардан лозим нест — танҳо як хӯроки осонпаз кифоя аст.
Бешубҳа, нияти Марто пок аст, вай мехоҳад Исоро меҳмондорӣ кунад. Лекин дар бораи хӯрок аз ҳад зиёд ташвиш хӯрда вай аз таълими пурарзиши Писари Худо бебаҳра мемонад. Исо мегӯяд, ки Марям чизи дурустро интихоб кард, чизеро, ки тамоми умр ба вай фоида меорад, ва ҳамаи мо низ бояд аз ин барои худ дарс гирем.
Дар мавриди дигаре Исо боз як чизи муҳимеро қайд мекунад. Яке аз шогирдонаш аз ӯ мепурсад: «Эй Ҳазрат, дуо гуфтанро ба мо ёд деҳ, чи тавре ки Яҳё ба шогирдонаш ёд додааст» (Луқо 11:1). Тахминан яку ним сол пеш дар Мавъизаи болои кӯҳ Исо аллакай фаҳмонда буд, ки чӣ тавр дуо гуфтан лозим аст (Матто 6:9–13). Лекин, аз афташ, ин шогирд он вақт набуд, барои ҳамин Исо суханонашро такрор мекунад. Баъд ӯ мисоле меорад ва нишон медиҳад, ки гаштаву баргашта дуо гуфтан лозим аст.
«Фарз кардем, ки яке аз шумо дӯсте дорад. Ва шумо нисфи шаб ба назди он дӯстатон омада, мегӯед: “Эй ҷӯра, ба ман сето нон қарз деҳ, зеро як дӯстам аз сафар ба хонаам омадааст ва ман чизе надорам, ки дар пешаш гузорам”. Вале он шахс аз даруни хона мегӯяд: “Маро ташвиш надеҳ. Дари хонаам аллакай қулф аст ва бачаҳоям дар наздам хобидаанд. Ман хеста, ба ту чизе дода наметавонам”. Ба шумо мегӯям, ки, ҳатто агар ӯ ба хотири дӯстӣ аз ҷой бархоста, чизе надиҳад, аз сабаби гаштаву баргашта талаб карданатон он чиро, ки ба шумо лозим аст, хоҳад дод» (Луқо 11:5–8).
Оё Исо гуфтанӣ аст, ки Яҳува хоҳишҳои моро иҷро кардан намехоҳад? Не, албатта. Аҳамият диҳед, ки ҳатто дӯсти нокомил баъди гаштаву баргашта илтимос кардани ҷӯрааш ба вай ёрӣ дод. Пас, то чӣ андоза мо дилпур буда метавонем, ки Падари осмонӣ ва меҳрубонамон — Яҳува ба дуоҳои самимии хизматгоронаш ҷавоб медиҳад! Баъд Исо мегӯяд: «Талаб кунед ва ба шумо дода хоҳад шуд, ҷӯед ва пайдо хоҳед кард, дарро тақ-тақ кунед ва он ба шумо кушода хоҳад шуд, чунки касе, ки металабад, мегирад, касе, ки меҷӯяд, пайдо мекунад ва касе, ки дарро мекӯбад, он ба вай кушода мешавад» (Луқо 11:9, 10)
Исо ин фикрро қайд карда, Яҳуваро ба падар монанд мекунад: «Оё дар байни шумо падаре ҳаст, ки агар писараш моҳӣ талаб кунад, ба ҷойи моҳӣ море диҳад? Ё, агар тухме талаб кунад, ба вай каждум диҳад? Агар шумо, бо вуҷуди он ки бадкор ҳастед, ба фарзандонатон додани чизҳои хубро донед, пас, то чӣ андоза бештар Падари осмонии шумо ба онҳое, ки аз Ӯ мепурсанд, рӯҳи муқаддас хоҳад дод!» (Луқо 11:11–13). Дар ҳақиқат, Падари осмониамон мехоҳад моро гӯш кунад ва эҳтиёҷотамонро қонеъ гардонад.