БОБИ 76
Исо бо фарисӣ хӯрок мехӯрад
ИСО ФАРИСИЁНИ ДУРӮЯРО МАҲКУМ МЕКУНАД
Дар Яҳудия Исо ба хонаи фарисие ба меҳмонӣ меравад. Аз афташ, ӯро бегоҳӣ неву рӯзона даъват мекунанд (Луқо 11:37, 38; Бо Луқо 14:12 муқоиса кунед.) Фарисиён одат доранд, ки пеш аз хӯрок дастонашонро то оринҷ шӯянд, Исо бошад, ин хел намекунад (Матто 15:1, 2). Ҳарчанд то оринҷ шуштани даст Шариатро вайрон намесозад, Худо аз халқаш кардани ин корро талаб намекунад.
Соҳиби хона намефаҳмад, ки чаро Исо мисли ҳама дастонашро то оринҷ нашушт. Исо инро пай бурда, мегӯяд: «Шумо, фарисиён, беруни пиёла ва табақро тоза мекунед, аммо дарунатон пур аз чашмгуруснагӣ ва бадист. Эй бефаҳмон! Оне, ки берунро офаридааст, магар дарунро низ наофаридааст?» (Луқо 11:39, 40).
Албатта, пеш аз хӯрок даст шуштан кори бад нест. Ин ҷо гап дар бораи дурӯягии фарисиён меравад. Фарисиён ва баъзе одамони дигар аз рӯйи анъана дастони худро то оринҷ шушта тоза мекунанд, лекин дилашон пур аз ифлосиҳост. Барои ҳамин Исо ба онҳо чунин маслиҳат медиҳад: «Аз сидқи дил ба камбағалон некӣ кунед ва он гоҳ шумо ба пуррагӣ пок хоҳед буд» (Луқо 11:41). Дар ҳақиқат, шахс бояд на барои худнамоӣ корҳои нек кунад, балки аз самими дил, бо нияти пок.
Исо дар бораи рафтори фарисиён чунин мегӯяд: «Шумо аз пудина, судоб ва ҳар навъ растанӣ даҳяк медиҳед, аммо адолат ва муҳаббати Худоро зери по мекунед! Шумо бояд ҳам он чизҳоро ба ҷо меовардед ва ҳам ба дигараш беаҳамиятӣ намекардед» (Луқо 11:42). Шариати Худо талаб мекард, ки шахс аз зироати худ даҳякашро ба маъбад орад (Такрори Шариат 14:22). Ба он пудина, судоб ва дигар растаниҳое, ки барои хуштаъм кардани хӯрок истифода мешаванд, дохил мешуданд. Фарисиён аз ҳамаи ин растаниҳо даҳяк месупориданд ва ин талаботро ба пуррагӣ иҷро мекарданд. Лекин онҳо дар бораи гуфтаҳои муҳимтари Шариат, ба монанди адолат ва хоксорӣ, фаромӯш мекарданд (Мико 6:8).
Исо суханашро давом дода мегӯяд: «Вой бар ҳоли шумо, эй фарисиён, зеро ба шумо маъқул аст, ки дар ибодатгоҳҳо ҷойҳои беҳтаринро ишғол кунед ва дар бозорҳо одамон ба пешвозатон бароянд! Вой бар ҳолатон, зеро шумо монанди қабрҳоед, ки ба чашм намоён нестанд ва одамон надониста бар болои онҳо роҳ мераванд!» (Луқо 11:43, 44). Ин ҷо Исо дар назар дорад, ки нопокии фарисиён мисли ин гӯрҳо ба назар намоён нест. Одамон надониста ба чунин гӯрҳо даст мерасонанд ва дар натиҷа мувофиқи Шариат нопок ҳисоб меёбанд (Матто 23:27).
Як марде, ки Шариати Худоро хуб медонад, аз суханони Исо ранҷида мегӯяд: «Устод, ту бо ин суханонат моро низ таҳқир мекунӣ». Исо ба он мард мефаҳмонад, ки онҳо ҳам ба мардуми одӣ кӯмак намерасонанд: «Вой бар ҳоли шумо, эй касоне, ки Шариатро хуб медонед, зеро шумо борҳои вазнинро бар дӯши одамон мегузоред, вале худатон ба онҳо ҳатто даст намерасонед! Вой бар ҳолатон, зеро шумо қабрҳои пайғамбаронро, ки падаронатон кушта буданд, бино мекунед!» (Луқо 11:45–47).
Борҳои вазнине, ки Исо дар бораашон гап мезанад, қонуну қоидаҳое ҳастанд, ки фарисиёну донандагони Шариат бар гардани мардум бор кардаанд. Онҳо ривоятҳои инсониро дастгирӣ мекунанд ва Шариати Худоро ба таври худ маънидод менамоянд. Риояи ин қонуну қоидаҳо ҳаёти мардумро душвор мегардонд. Аз замонҳои Ҳобил сар карда падарони онҳо пайғамбарони Худоро мекуштанд. Ҳозир бошад, онҳо барои пайғамбарон мақбара бино карда нишон додан мехоҳанд, ки ҳурмати онҳоро ба ҷо меоранд. Аммо аз рафтори фарисиёну шариатдонон маълум аст, ки онҳо амалҳои бади аҷдодонашонро такрор мекунанд. Онҳо ҳатто мехоҳанд бузургтарин Пайғамбари Худоро кушанд. Исо мегӯяд, ки Худо ин наслро ҳатман ҷазо медиҳад. Ин суханони Исо 38 сол пас, соли 70-и милодӣ иҷро шуданд.
Исо суханашро давом медиҳад: «Вой бар ҳоли шумо, эй касоне, ки Шариатро хуб медонед, зеро шумо калиди донишро аз одамон гирифта, ҳам худатон надаромадед ва ҳам ба касоне, ки даромадан мехостанд, монеъ шудед!» (Луқо 11:52). Ба ҷойи он ки ба маънои Каломи Худо равшанӣ андозанд ва онро ба дигарон таълим диҳанд, ин одамон ба мардуми одӣ халал мерасонданд, ки ба он сарфаҳм раванд.
Фарисиён ва шариатдонон суханони Исоро шунида ба шӯру ғазаб меоянд. Вақте Исо хеста рафтанӣ мешавад, онҳо ӯро саволборон мекунанд. Мақсади онҳо аз Исо таълим гирифтан нест. Баръакс, онҳо мехоҳанд дар сухани Исо айб ёфта, ӯро дастгир кунанд.