БОБИ 79
Кӣ несту нобуд мешавад?
ДУ ҲОДИСАИ НОХУШ
ИСО ДАР РӮЗИ ШАНБЕ ЗАНЕРО ШИФО МЕДИҲАД
Исо бо ҳар роҳ мардумро ташвиқ мекунад, то дар бораи муҳим будани муносибат бо Худо фикр кунанд. Ҳоло, дар назди хонаи фарисӣ, ӯ боз имконият дорад, ки ба одамон дар ин бора гап занад.
Одамон ба Исо дар бораи як ҳодисаи нохуш, «дар бораи ҷалилиёне, ки Пилотус [ҳокими вилояти Яҳудия] кушта, хунашонро бо хуни қурбониҳояшон омехта буд», нақл мекунанд (Луқо 13:1).
Якчанд вақт пеш Пилотус хост, ки барои обёрӣ кардани Ерусалим канал созад. Ӯ бо розигии шахсоне, ки дар маъбад соҳиби ҳокимият буданд, аз хазинаи он пул гирифт. Аз ин кори Пилотус ҳазорҳо яҳудиён норозӣ шуда исён бардоштанд. Аз афташ, маҳз ҳамон вақт он ҷалилиён кушта шуданд. Ба фикри одамон, ҷалилиён барои он ба фалокат дучор шуданд, ки дар корҳои бад гунаҳкор буданд. Исо ба ин фикри онҳо зид аст.
Ӯ мегӯяд: «Гумон мекунед, ки онҳо аз ҳамаи ҷалилиёни дигар гунаҳкортар буданд, ки чунин ҳодиса рӯй дод?» Ва худаш ҷавоб медиҳад: «Не». Баъд аз фурсат истифода бурда ба яҳудиён огоҳӣ медиҳад: «Агар тавба накунед, ҳамаи шумо ҳамин тавр нобуд мешавед» (Луқо 13:2, 3). Баъд Исо ба воқеаи нохуши дигаре ишора мекунад, ки каме пеш рӯй дода буд ва, шояд, бо сохтмони ҳамон канали обгузар алоқаманд буд. Ӯ мепурсад:
«Ё, ба фикри шумо, он ҳаждаҳ нафаре, ки дар Шилӯаҳ бурҷ ба болояшон чаппа шуда онҳоро нобуд кард, назар ба дигар сокинони Ерусалим зиёдтар айбдор буданд?» (Луқо 13:4). Аз афташ, мардум фикр мекунанд, ки он шахсон аз сабаби ягон кори бадашон мурданд. Аммо Исо хуб медонад: сабаби чунин бадбахтиву нохушиҳо ин аст, ки баъзан одамон «ба вақти пуркулфат, ки ногаҳон ба сарашон меояд, гирифтор мешаванд» (Воиз 9:12). Мардум бояд аз ин воқеа барои худ дарс гиранд. Исо мегӯяд: «Агар тавба накунед, ҳамаи шумо монанди онҳо нобуд мешавед» (Луқо 13:5). Лекин барои чӣ Исо ҳоло ин дарсро қайд мекунад?
Ҳоло хизмати ӯ ба охир расида истодааст. Ӯ мисоле меорад: «Марде дар токзори худ дарахти анҷир шинонда буд. Рӯзе вай омад, то дар он мевае пайдо кунад, вале чизе наёфт. Он гоҳ ӯ ба токпарвари худ гуфт: “Аллакай се сол мешавад, ки ман омада, аз ин дарахт мевае пайдо кардан мехоҳам, вале чизе намеёбам. Онро бурида парто! Заминро беҳуда банд карда истодани он чӣ лозим аст?!” Токпарвар дар ҷавоб гуфт: “Хӯҷаин, мон, ки он боз як соли дигар истад, то гирдашро побел карда, ба заминаш пору андозам. Агар мева диҳад, хеле хуб, лекин, агар надиҳад, он гоҳ онро бурида метавонӣ”» (Луқо 13:6–9).
Беш аз се сол Исо кӯшиш кард, ки яҳудиён аз таҳти дил ба Худо имон оранд. Лекин меҳнату машаққати ӯ самари бисёр наовард, чунки шумораи ками онҳо шогирди ӯ шуданд. Ҳоло, ки соли чоруми хизмати ӯст, ӯ боз ҳам бештар кӯшиш карда истодааст. Исо дар Яҳудия ва Перея бо кори мавъиза ва таълим машғул аст. Ҳамин тавр ӯ гӯё гирди дарахти анҷирро (ки яҳудиёнро тасвир мекунад) побел мекунад ва ба заминаш пору мерезад. Ин чӣ натиҷа меорад? Танҳо шумораи ками яҳудиён хабари ӯро қабул мекунанд. Халқ дар кулли худ тавба намекунанд ва онҳоро несту нобудшавӣ интизор аст.
Каме баъд беимонии яҳудиён баръало маълум мешавад. Як рӯзи шанбе Исо дар ибодатгоҳ таълим медиҳад. Дар он ҷо ӯ занеро вомехӯрад, ки аз сабаби дев доштанаш 18-сол боз азоб мекашад ва қоматашро рост карда наметавонад. Исо бо раҳму дилсӯзӣ ба зан мегӯяд: «Эй зан, аз бемории худ озод гаштӣ» (Луқо 13:12). Исо ба ӯ даст мерасонад ва ҳамон лаҳза қомати зан рост мешавад ва ӯ Худоро ҷалол додан мегирад.
Нозири ибодатгоҳ аз ин ба қаҳр омада ба мардум мегӯяд: «Барои кор кардан шаш рӯз ҳаст, дар ҳамон рӯзҳо омада, шифо ёбед, на дар рӯзи шанбе» (Луқо 13:14). Ин нозир шубҳа надорад, ки Исо одамонро шифо дода метавонад. Ӯ аз он дарғазаб аст, ки мардум рӯзи шанбе барои шифо ёфтан меоянд. Исо дар ҷавоб мегӯяд: «Эй дурӯяҳо, магар ҳар яки шумо дар рӯзи шанбе банди барзагов ё хари худро кушода, онро обдиҳӣ намебаред? Магар ин зан, ки духтари Иброҳим асту ҳаждаҳ сол боз дар банди Шайтон мебошад, набояд дар рӯзи шанбе аз ин бандҳо озод шавад?» (Луқо 13:15, 16).
Душманони Исо аз ин суханон хиҷолат мекашанд, мардум бошанд, аз корҳои бузурге, ки ӯ мекунад, шоду хурсанд мешаванд. Баъд Исо дар бораи Подшоҳии Худо ду мисол меорад. Ӯ ин мисолҳоро чанде пеш, ҳангоми дар Ҷалил буданаш, аз қаиқ нақл карда буд (Матто 13:31–33; Луқо 13:18–21).