БОБИ 93
Писари одам ошкор мешавад
ПОДШОҲИИ ХУДО ДАР БАЙНИ ОНҲОСТ
ОШКОР ШУДАНИ ИСО БА ЧӢ МОНАНД МЕШАВАД?
Исо то ҳол дар Сомария ё Ҷалил аст. Фарисиён аз ӯ мепурсанд, ки Подшоҳии Худо кай меояд. Онҳо фикр мекунанд, ки омадани он бошукӯҳу дабдабанок мешавад, лекин Исо мегӯяд: «Подшоҳии Худо тавре намеояд, ки ба назари ҳама намоён бошад, ва одамон нахоҳанд гуфт: “Он дар ин ҷост!” ё “Дар он ҷост!”, зеро Подшоҳии Худо дар миёни шумост» (Луқо 17:20, 21).
Аз ин суханони Исо баъзеҳо ба хулоса омада метавонанд, ки Подшоҳӣ дар дили хизматгорони Худост. Лекин ин нодуруст аст, чунки Подшоҳии Худо дар дили фарисиён, ки Исо ба онҳо гап зада истодааст, нест. Балки он дар миёни онҳост, чунки Подшоҳи интихобшудаи ин Подшоҳӣ — Исо, дар байни онҳо мебошад (Матто 21:5).
Аз афташ, баъди рафтани фарисиён Исо ба шогирдонаш дар бораи омадани Подшоҳии Худо маълумоти бисёртар медиҳад. Ӯ дар бораи чун Подшоҳ ҳузур доштани худ аввал чунин мегӯяд: «Вақте мерасад, ки шумо дидани яке аз рӯзҳои Писари одамро орзу мекунед, вале нахоҳед дид» (Луқо 17:22). Ин ҷо Исо ба он ишора мекунад, ки Писари одам дар оянда дар Подшоҳии Худо ҳукмронӣ мекунад. Пеш аз омадани он вақт, шояд, баъзе шогирдон хавотир шуда фаҳмидан хоҳанд, ки ин кай рӯй медиҳад. Лекин онҳо бояд сабр кунанд ва вақтеро, ки Худо барои омадани Писараш муқаррар кардааст, интизор шаванд.
Исо давом медиҳад: «Одамон ба шумо мегӯянд: “Ӯ дар он ҷост!” ё “Дар ин ҷост!” Набароед ва аз пайи онҳо наравед. Зеро, чи тавре ки дар вақти дурахши барқ осмон аз як канор то канори дигараш равшан мегардад, дар вақти ошкор шудани Писари одам низ ҳамон тавр хоҳад буд» (Луқо 17:23, 24). Чӣ ба шогирдон ёрӣ медиҳад, ки аз паси масеҳони бардурӯғ нараванд? Исо мегӯяд, ки омадани Масеҳи ҳақиқӣ мисли дурахши барқ мешавад. Чи тавре ки дурахши барқ дар ҳама ҷо маълум мегардад, ҳамон тавр чун Подшоҳ ҳузур доштани Масеҳ ба ҳама одамоне, ки инро бодиққат мушоҳида мекунанд, баръало маълум мешавад.
Баъд, барои нишон додани он ки рӯҳияи одамон он вақт чӣ гуна мешавад, Исо ба воқеаҳое, ки дар замонҳои қадим рӯй дода буданд, ишора мекунад: «Чунон ки дар рӯзҳои Нӯҳ-пайғамбар буд, дар рӯзҳои Писари одам низ ҳамон хел хоҳад буд... Ба ин монанд, дар рӯзҳои Лут низ одамон мехӯрданду менӯшиданд, мехариданду мефурӯхтанд, кишт мекарданду хонаҳо месохтанд, вале дар рӯзе, ки Лут аз Садӯм баромад, аз осмон оташ ва сулфур борида, ҳамаро нобуд кард. Дар вақти зоҳир шудани Писари одам низ ҳамон тавр хоҳад буд» (Луқо 17:26–30).
Исо гуфтанӣ нест, ки одамон дар рӯзҳои Нӯҳ ва Лут аз сабаби хӯрдану нӯшидан, харидану фурӯхтан ва кишт кардану хона сохтан несту нобуд шуданд. Чунки худи Нӯҳ ва Лут ва аҳли оилаашон низ баъзеи ин корҳоро мекарданд. Гап дар сари он буд, ки одамон бо ин корҳо машғул шуда, дар бораи хости Худо тамоман фикр намекарданд ва диққат намедоданд, ки дар кадом замон зиндагӣ мекунанд. Исо бошад, шогирдонашро бармеангезад, ки ҳамеша хости Худоро дар ёд доранд ва дар иҷро кардани он саҳми худро гузоранд. Бо ин суханонаш Исо ба шогирдон нишон медиҳад, ки вақте Худо дар оянда бадкоронро несту нобуд мекунад, чӣ тавр онҳо наҷот ёфта метавонанд.
Шогирдон бояд эҳтиёт шаванд, то чизҳое, ки ҷаҳон пешкаш мекунад, диққати онҳоро парешон насозад. Исо мегӯяд: «Дар он рӯз касе, ки дар болои бом асту чизу чорааш дар хона аст, бигзор барои гирифтани он ба поён нафарояд ва касе, ки дар саҳрост, ба хона барнагардад. Зани Лутро ба хотир оред» (Луқо 17:31, 32). Чи хеле ки медонем, зани Лут ба сутуни намак табдил ёфта буд.
Баъд Исо оиди он ки дар вақти ҳукмронии Писари одам вазъият чӣ гуна мешавад, боз мегӯяд: «Ба шумо мегӯям, ки дар он шаб аз ду нафаре, ки дар як бистар хобанд, яке бурда мешавад ва дигаре мемонад» (Луқо 17:34). Яъне баъзеҳо наҷот меёбанду баъзеи дигар нобуд мешаванд.
Шогирдон мепурсанд: «Эй Ҳазрат, ин дар куҷо ба амал меояд?» Исо ҷавоб медиҳад: «Ҳар ҷо ҷасади мурда бошад, уқобон дар ҳамон ҷо ҷамъ меоянд» (Луқо 17:37). Дар оянда касоне, ки наҷот меёбанд, мисли уқобони тезчашм дар пеши Масеҳи ҳақиқӣ, Писари одам, ҷамъ мешаванд. Ва он вақт Исо ба шогирдони содиқи худ ҳақиқатеро, ки онҳоро наҷот дода метавонад, мекушояд.