БОБИ 108
Душманон Исоро ба дом афтонда наметавонанд
МАТТО 22:15–40 МАРҚӮС 12:13–34 ЛУҚО 20:20–40
ОН ЧӢ АЗ ОНИ ҚАЙСАР АСТ, БА ҚАЙСАР ДИҲЕД
ОЁ ЭҲЁШУДАГОН ОИЛАДОР МЕШАВАНД?
АМРҲОИ БУЗУРГТАРИН
Душманони Исо дарғазабанд. Ӯ навакак якчанд мисол оварда бадкории онҳоро фош кард. Ҳоло фарисиён забон як карда мехоҳанд Исоро ба дом афтонанд. Ин сарварони дин ба шогирдонашон пул медиҳанд, то онҳо бо ягон ҳила дар сухани Исо айбе ёбанд. Он гоҳ онҳо метавонанд ӯро ба дасти ҳокими Рум супоранд (Луқо 6:7).
Ин одамон ба назди Исо омада, мегӯянд: «Эй Устод, мо медонем, ки суханону таълими ту дуруст аст ва ту ба ҳама бо як чашм нигоҳ мекуниву дар бораи Худо дуруст таълим медиҳӣ. Пас, ба мо бигӯ, ки ба қайсар андози сарикасӣ супоридан равост ё не?» (Луқо 20:21, 22). Исо фирефтаи хушомади онҳо намешавад, зеро дурӯягиву маккории онҳоро пай мебарад. Исо медонад, ки агар «не, андоз супоридан раво нест» гӯяд, ӯро дар он айбдор карда метавонанд, ки мардумро бар зидди ҳокимияти Рум ба шӯр андохта истодааст. Лекин, агар «ҳа, шумо бояд андоз супоред» гӯяд, мардум, ки аз ҳукмронии румиён ба дод омадаанд, метавонанд суханони ӯро нодуруст фаҳманд ва ба ӯ дарафтанд. Пас, Исо чӣ ҷавоб медиҳад?
Ӯ мегӯяд:
— Барои чӣ маро месанҷед, эй дурӯяҳо? Канӣ, ба ман тангаеро, ки бо он андоз месупоред, нишон диҳед.
Вақте онҳо тангаи динорро меоранд, ӯ мепурсад:
— Дар ин танга сурат ва номи киро мебинед?
— Қайсарро,— ҷавоб медиҳанд онҳо.
Он гоҳ Исо ба онҳо дастуроти бохирадонае медиҳад:
— Пас, он чӣ аз они қайсар аст, ба қайсар диҳед ва он чӣ аз они Худост — ба Худо (Матто 22:18–21).
Ҷавоби оқилонаи Исоро шунида ин ҳилагарон дар ҳайрат мемонанд ва чӣ гуфтанашонро надониста аз пешаш мераванд. Тири фарисиён хок мехӯрад, лекин Исо ҳанӯз нафаси осуда накашида ба наздаш саддуқиён меоянд.
Саддуқиён, ки ба зинда шудани мурдагон бовар надоранд, аз Исо мепурсанд: «Устод, Мӯсо-пайғамбар гуфтааст: “Агар мард фарзанд надида бимирад, бародари он шахс бояд ба зани ӯ хонадор шавад ва барои бародараш насл ба дунё орад”. Дар як оила ҳафт бародар буданд. Бародари калонӣ оиладор шуд ва, азбаски соҳиби фарзанд нагашта мурд, зани вайро додараш гирифт. Бо бародари дуюм, сеюм ва то ҳафтум айнан ҳамон ҳодиса рӯй дод. Баъд аз ҳамаи онҳо худи зан ҳам мурд. Пас, дар вақти эҳёшавӣ вай зани кадоме аз он ҳафт бародар мешавад? Охир, ҳамаи онҳо ӯро ба занӣ гирифта буданд» (Матто 22:24–28).
Азбаски саддуқиён навиштаҳои Мӯсо-пайғамбарро қабул мекунанд, Исо дар ҷавоб ба ин навиштаҳо ишора карда мегӯяд: «Магар сабаби гумроҳиатон ин нест, ки шумо на Навиштаҳои Муқаддасро медонеду на қудрати Худоро? Вақте ки мурдагон зинда мешаванд, онҳо на зан мегиранд ва на ба шавҳар мебароянд, балки мисли фариштагоне хоҳанд буд, ки дар осмонанд. Лекин, агар дар бораи зинда шудани мурдагон гӯем, магар шумо дар китоби Мӯсо-пайғамбар нақлро оиди хорбутта нахондаед? Худо он вақт ба Мӯсо гуфта буд: “Ман Худои Иброҳим, Худои Исҳоқ ва Худои Яъқуб ҳастам”. Ӯ на Худои мурдагон, балки Худои зиндагон аст. Шумо сахт гумроҳ шудаед» (Марқӯс 12:24–27; Хуруҷ 3:1–6). Мардум аз ҷавоби Исо ба ҳайрат меоянд.
Фарисиён ва саддуқиён ба суханони Исо ҷавоб ёфта натавонистанд, акнун ин душманони Исо мехоҳанд якҷоя шуда боз ӯро санҷанд. Як шариатдоне аз Исо мепурсад: «Устод, кадом амр дар Шариат муҳимтарин аст?» (Матто 22:36).
Исо ҷавоб медиҳад: «Амри муҳимтарин ин аст: “Эй Исроил, гӯш кун! Яҳува Худои мост ва Яҳува яктост. Ва ту Худои худ Яҳуваро бо тамоми дили худ, бо тамоми ҷони худ, бо тамоми ақли худ ва бо тамоми қуввати худ дӯст дор.” Ва дуюмаш чунин аст: “Дигаронро мисли худат дӯст дор”. Аз ин ду амр бузургтаре нест» (Марқӯс 12:29–31).
Ҷавоби Исоро шунида ин шариатдон мегӯяд: «Рост мегӯӣ, Устод, “Худованд яктост ва ғайр аз Ӯ дигаре нест”; ва Ӯро бо тамоми дил, бо тамоми ақл ва бо тамоми қувват дӯст доштан ва дигаронро мисли худ дӯст доштан аз тамоми қурбониҳои сӯхтанӣ ва ҳадияҳо муҳимтар аст». Исо мебинад, ки ин шариатдон бохирадона ҷавоб дод, барои ҳамин мегӯяд: «Ту аз Подшоҳии Худо дур нестӣ» (Марқӯс 12:32–34).
Дар давоми се рӯз (9, 10 ва 11 нисон) Исо дар маъбад таълим медиҳад. Баъзе одамон, ба мисли ин шариатдон, бо шавқу ҳаваси зиёд Исоро гӯш мекунанд. Сарварони дин бошанд, тоқати шунидани таълими ӯро надоранд ва ҳоло ҳеҷ кадоми онҳо ҷуръат намекунад, ки ба ӯ саволе диҳад.