МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 8
«Ҳушёру бедор бошед!»
«Ҳушёру бедор бошед!» (1 ПЕТ. 5:8).
СУРУДИ 24 Доимо сӯи мукофот нигар!
ПЕШГУФТОРa
1. Исо ба шогирдонаш дар бораи охирзамон чӣ гуфт ва чӣ огоҳӣ дод?
ЯКЧАНД рӯз пеш аз марги Исо чор шогирдаш назди ӯ омада, пурсиданд: «Аломати... охирзамон чӣ мешавад?» (Мат. 24:3). Аз афташ, онҳо донистан мехостанд, ки наздик будани нестшавии Ерусалим ва ибодатгоҳро чӣ тавр мефаҳманд. Дар ҷавоб Исо ба онҳо на танҳо дар бораи нестшавии Ерусалим ва ибодатгоҳ, инчунин дар бораи анҷоми замоне, ки мо зиндагӣ дорем, гуфт. Исо қайд намуд: «Он рӯз ва соатро ғайр аз Падар ҳеҷ кас намедонад: на фариштагони осмону на Писар». Сипас Исо шогирдонашро огоҳ карда гуфт, ки «ҳушёр» ва «бедор» бошанд (Марқ. 13:32–37).
2. Чаро масеҳиёни асри як бояд ҳушёру бедор мебуданд?
2 Масеҳиёни асри як бояд ҳушёру бедор мемонданд, зеро ҳаёташон ба ин вобаста буд. Барои ин онҳо бояд наздик будани харобии Ерусалим ва ибодатгоҳро пай мебурданд. Чӣ тавр? Исо гуфт, ки ба чӣ аҳамият диҳанд: «Вақте Ерусалимро дар иҳотаи лашкарҳо бинед, бидонед, ки харобии он наздик аст». Ҳангоми иҷро шудани ин пешгӯйӣ, масеҳиён бояд ба огоҳии Исо гӯш дода «ба кӯҳистон [мегурехтанд]» (Луқ. 21:20, 21). Ниҳоят, вақте румиён Ерусалимро валангор карданд, танҳо онҳое зинда монданд, ки ба гапи Исо гӯш доданд.
3. Дар ин мақола чиро дида мебароем?
3 Имрӯз мо дар рӯзҳои охири дунёи Шайтон зиндагӣ дорем. Бинобар ин мо низ бояд ҳушёр ва бедор бошем. Дар ин мақола дида мебароем, ки чӣ тавр рӯйдодҳои ин ҷаҳонро мушоҳида карда, меъёрро донем; инчунин ба кадом маъно аз худ бохабар бошем ва чӣ хел фурсатро ғанимат донем.
РӮЙДОДҲОИ ҶАҲОНРО МУШОҲИДА КАРДА, МЕЪЁРРО ДОНЕД
4. Чаро мо бояд ба рӯйдодҳои имрӯзаи ҷаҳон диққат диҳем?
4 Мо мехоҳем фаҳмем, ки чӣ тавр рӯйдодҳои ин ҷаҳон иҷрошавии пешгӯйиҳои Китоби Муқаддасро нишон медиҳанд. Барои ин мо якчанд сабаб дорем. Масалан, Исо як қатор воқеаҳои муҳимеро номбар кардааст, ки бо ёрии онҳо наздик будани анҷоми ин замонаро фаҳмидан мумкин аст (Мат. 24:3–14). Петруси расул бошад, маслиҳат медиҳад, ки мо ба иҷрошавии пешгӯйиҳо диққат диҳем, то имонамон қавӣ бошад (2 Пет. 1:19–21). Ғайр аз ин, китоби охирини Навиштаҳо бо суханони зерин сар мешавад: «Худо ба воситаи Исои Масеҳ воқеаҳоеро, ки бояд ба қарибӣ ба амал оянд, ба бандагонаш ошкор кард» (Ошкор. 1:1). Ана барои ҳамин мо ба рӯйдодҳои имрӯза диққат медиҳем ва мехоҳем фаҳмем, ки онҳо дар иҷрошавии пешгӯйиҳо чӣ нақш доранд. Аз ин рӯ шояд ба мо дар ин мавзуъ бо якдигар суҳбат кардан шавқовар бошад.
5. Мо ба чӣ набояд роҳ диҳем ва бояд чӣ кор кунем? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)
5 Лекин дар бораи пешгӯйиҳои Калом суҳбат карда, мо набояд аз рӯйи гумон ва ҳисоби тахминӣ гап занем. Чаро? Зеро намехоҳем, ки бо суханони худ ягонагии ҷамоатро вайрон созем. Масалан, шояд пешвоёни ҷаҳонӣ гӯянд, ки ба ҷангу нооромии минтақае хотима бахшида, тинҷиву амонӣ оварда метавонанд. Дар ин маврид ба ҷойи тахмин карда гуфтан, ки ин иҷрошавии пешгӯйии 1 Таслӯникиён 5:3 аст, беҳтараш мувофиқи фаҳмиши охирин амал намоем. Хулоса, агар ақидаҳои мо бар маълумоте, ки ташкилоти Яҳува нашр мекунад, побарҷо бошад, дар ҷамоат низ ҳама «ҳамақида» мешаванд (1 Қӯр. 1:10; 4:6).
6. Мо аз 2 Петрус 3:11–13 чӣ дарс мегирем?
6 2 Петрус 3:11–13-ро хонед. Гуфтаҳои Петруси расул кумак мекунанд, ки ҳангоми суҳбат дар бораи пешгӯйиҳои Китоби Муқаддас назари дуруст дошта бошем. Ӯ мегӯяд, ки «омадани рӯзи Яҳуваро... дар ёд доред». Барои чӣ? Нияти мо муайян кардани «рӯз ва соат»-е нест, ки Яҳува ҷанги Ҳармаҷиддӯнро сар мекунад. Мо мехоҳем вақти боқимондаро тавре истифода барем, ки рафторамон пок бошаду корҳоямон «аз худотарсӣ шаҳодат диҳанд» (Мат. 24:36; Луқ. 12:40). Дигар хел карда гӯем, мо мехоҳем дуруст рафтор кунем ва дилпур бошем, ки аз кӯшишҳоямон дар хизмати Яҳува муҳаббати пойдори мо ба ӯ маълум мегардад. Барои ин мо бояд аз худ бохабар бошем. Ба кадом маъно?
МО БОЯД БА КАДОМ МАЪНО АЗ ХУД БОХАБАР БОШЕМ?
7. Аз куҷо фаҳмем, ки мо аз худ бохабар ҳастем? (Луқо 21:34).
7 Исо ба пайравонаш гуфт, ки на танҳо аз воқеаҳои ин ҷаҳон хабардор бошанд, балки инчунин ба рафтору кирдори худ диққат диҳанд. Ин фикр дар Луқо 21:34 равшан зикр ёфтааст. (Оятро хонед.) Исо мегӯяд: «Бохабар бошед», яъне эҳтиёткорона амал кунед. Шахсе, ки эҳтиёткор аст, медонад, ки кадом чизҳо ба муносибаташ бо Яҳува зарар мерасонанд ва кӯшиш мекунад, ки аз онҳо дурӣ ҷӯяд. Ин тавр карда ӯ худро дар муҳаббати Худо нигоҳ медорад (Пнм. 22:3; Яҳд. 20, 21).
8. Павлуси расул ба масеҳиён чӣ маслиҳат дод?
8 Павлуси расул ба масеҳиён маслиҳат дод, ки ба рафтору кирдорашон диққат диҳанд. Масалан, ӯ ба эфсӯсиён гуфт: «Бодиққат бошед, ки на чун бехирадон, балки чун хирадмандон рафтор кунед» (Эфс. 5:15, 16). Ба муносибати мо бо Яҳува пайваста хатар таҳдид мекунад. Бинобар ин Китоби Муқаддас маслиҳат медиҳад, ки «аз пайи фаҳмидани хости Яҳува» бошем, то ягон чиз ба дӯстиамон бо ӯ зарар нарасонад (Эфс. 5:17).
9. Мо аз куҷо фаҳмида метавонем, ки Яҳува аз мо чӣ мехоҳад?
9 Дар Китоби Муқаддас оиди ҳар як хатаре, ки ба дӯстиамон бо Яҳува таҳдид мекунад, гуфта нашудааст. Аксар вақт мо оиди масъалаҳое қарор мебарорем, ки дар Калом дар бораашон аниқ чизе гуфта нашудааст. Дар чунин мавридҳо барои қарори хирадмандона баровардан ба мо лозим аст, ки хости Яҳуваро нағз донем. Чӣ дар ин кор ба мо кумак карда метавонад? Мо бояд мунтазам Каломи Худоро омӯзем ва дар бораи чизҳои хондаамон мулоҳиза ронем. Агар «хости Яҳува»-ро нағз донем ва «фикрронии Масеҳро» аз худ кунем, дастури аниқе надошта бошем ҳам, чун «хирадмандон» рафтор мекунем (1 Қӯр. 2:14–16). Бояд гуфт, ки баъзе хатарҳоро дидан нисбатан осон аст, вале баъзеашон ноаёнанд.
10. Баъзе хатарҳое, ки мо бояд даргурез бошем, кадоманд?
10 Баъзе хатарҳое, ки мо бояд худро эмин нигоҳ дорем, инҳоянд: таваҷҷуҳи нораво ба ҷинси муқобил, бадмастӣ, баднафсӣ, суханони нешдор, тамошо кардани зӯроварӣ, порнография ва чизҳои ба ин монанд (Заб. 101:3). Душманамон Иблис пайваста кӯшиш менамояд, ки ба дӯстии мо бо Яҳува зарар расонад (1 Пет. 5:8). Агар мо ҳушёру бедор набошем, Шайтон дар ақлу диламон тухми бахилӣ, беадолатӣ, ғурур, нафрат, ҳавобаландӣ ва кинаю адоват мекорад (Ғал. 5:19–21). Дар аввал мо шояд фикр кунем, ки ин гуна ҳиссиёт он қадар хатарнок нест. Вале, агар ин хислатҳоро дар худ пай барему дарҳол решакан накунем, онҳо мисли растании заҳрнок калон шуда, зарари калон меоранд (Яъқ. 1:14, 15).
11. Як хатари ноаён кадом аст ва чаро мо бояд худро аз он эмин дорем?
11 Як хатари ноаёне, ки ба мо таҳдид мекунад, таъсири ёрони бад мебошад. Дар ин бобат мисоле меорем: Фарз кардем шумо бо шахсе кор мекунед, ки Шоҳиди Яҳува нест. Шумо мехоҳед ӯ дар бораи Шоҳидон ақидаи хуб дошта бошад, бинобар ин кӯшиш мекунед, ки меҳрубону мададгор бошед. Шояд ҳатто як-як бо ӯ хӯроки нисфирӯзӣ мехӯред. Бо гузашти вақт шумо пайваста якҷоя хӯрок мехӯрдагӣ мешавед. Суҳбатҳоятон гоҳ-гоҳ мавзуъҳои бадахлоқонаро дар бар мегирад. Дар аввал, эҳтимол, ин чиз ба шумо маъқул нашавад. Аммо бо мурури вақт шумо ба ин гуна суҳбатҳо чунон одат мекунед, ки мавзуи бадахлоқӣ дигар гӯшхарош наметобад. Ҳамин тавр рӯзе ҳамкоратон пешниҳод мекунад, ки баъди кор ягон ҷо шишта машруботи спиртӣ нӯшед. Оқибат фикрронии шумо мисли фикрронии ҳамкоратон мешавад. Ба фикратон баъди чанд вақт шумо мисли ӯ рафтор мекунед? Албатта, мо мехоҳем бо ҳама меҳрубон ва хушмуомила бошем. Вале ҳамзамон набояд фаромӯш кунем, ки рафтори онҳое, ки бо мо бисёр вақт мегузаронанд, ба мо сахт таъсир мерасонад (1 Қӯр. 15:33). Лекин, агар мо, чи хеле Исо гуфт, ба кирдорамон диққат диҳем, бо онҳое, ки меъёрҳои Яҳуваро пушти по мезананд, бисёр муошират намекунем (2 Қӯр. 6:15). Мо хатарро мебинем ва аз он мегурезем.
ФУРСАТРО ҒАНИМАТ ДОНЕД
12. Шогирдони Исо харобии ибодатгоҳ ва Ерусалимро интизор шуда, ҳамзамон чӣ кор мекарданд?
12 Шогирдони Исо харобии ибодатгоҳ ва Ерусалимро интизор шуда, ҳамзамон супоришеро, ки ӯ ба онҳо дод, фаъолона иҷро мекарданд. Ӯ ба онҳо фармуд, ки «дар Ерусалим, дар саросари Яҳудияву Сомария ва то гӯшаю канори замин» дар бораи ӯ шаҳодат диҳанд (Кор. 1:6–8). Кори онҳо дар ҳақиқат бисёр буд. Барои ҳамин пайравони Исо фурсатро ғанимат дониста кӯшиш мекарданд, ки ҳарчи бештар хушхабарро паҳн кунанд.
13. Чаро мо бояд фурсатро ғанимат донем? (Қӯлассиён 4:5).
13 Қӯлассиён 4:5-ро хонед. Барои он ки аз худ бохабар бошем, мо бояд диққат кунем, ки вақтамонро чӣ тавр истифода мебарем. Охир, ягон кас аз «воқеаҳои ногаҳонӣ» эмин нест (Пандгӯ 9:11). Риштаи ҳаётамон баногоҳ канда шуда метавонад.
14, 15. Мувофиқи Ибриён 6:11, 12 чӣ тавр фурсатро ғанимат донем? (Ба расм нигаред.)
14 Чӣ тавр фурсатро ғанимат донем? Барои ин бояд хости Яҳуваро иҷро кунем ва дӯстиамонро бо ӯ қавӣ гардонем (Юҳ. 14:21). Мо инчунин бояд «пойдору устувор» бошем ва «ҳамеша дар кори Худо ҷидду ҷаҳд [кунем]» (1 Қӯр. 15:58). Дар ин ҳол, вақте анҷом мерасад, хоҳ анҷоми дунёи Шайтон бошад, хоҳ ҳаётамон, мо намегӯем, ки «кош ба Яҳува бисёртар хизмат мекардам» (Мат. 24:13; Рум. 14:8).
15 Имрӯз Исо ҳангоми паҳн кардани хушхабар дар сар то сари ҷаҳон моро роҳнамоӣ мекунад. Бале, Исо ба ваъдааш вафо кард; тавассути ташкилоти Яҳува ӯ ба мо шаҳодат доданро таълим медиҳад ва бо маводе, ки дар хизмат зарур аст, моро таъмин мекунад (Мат. 28:18–20). Мо чӣ кор кунем, то Исо аз мо розӣ бошад? Барои ин бояд бо ҷидду ҷаҳд дар паҳн кардани хушхабар ва таълим додани дигарон иштирок кунем. Инчунин то расидани рӯзе, ки Яҳува дунёи Шайтонро нест мекунад, бояд бедору ҳушёр бошем. Ғайр аз ин, агар маслиҳати Ибриён 6:11, 12-ро ба кор барем, «то охир» умедамонро аз даст намедиҳем. (Оятро хонед.)
16. Мо бояд бо азми қавӣ чӣ кор кунем?
16 Яҳува рӯз ва соати нест шудани ин замонаро муқаррар кардааст. Вақте он рӯз мерасад, ӯ ҳамаи пешгӯйиҳоеро, ки дар бораи дунёи нав кардааст, иҷро мекунад. Вале то он рӯз баъзан шояд шумо ҳис кунед, ки рӯзи Яҳува дер карда истодааст. Лекин фаромӯш накунед, ки он рӯз «ҳаргиз дер намекунад» (Ҳаб. 2:3). Пас, биёед бо азми қавӣ ба Яҳува умед бандем ва «бо сабру тоқат Худои наҷоти худро интизор» шавем (Мико 7:7).
СУРУДИ 55 Шуд ҳаёт абадӣ!
a Дар ин мақола мефаҳмем, ки чӣ тавр ҳангоми мушоҳида кардани рӯйдодҳои ин ҷаҳон ҳушёру бедор бошем. Сипас мебинем, ки ба кадом маъно бояд аз худ бохабар бошем ва чӣ хел фурсатро ғанимат донем.
b ШАРҲИ РАСМҲО: (Дар боло) Ҳамсарон ахбор тамошо мекунанд. Баъдтар, пас аз вохӯрӣ, ақидаи худро дар бораи чизҳои дидаашон ба дигарон бо боварӣ мегӯянд. (Дар поён) Ҳамсарон муроҷиати Ҳайати роҳбарикунандаро тамошо доранд, то аз фаҳмиши охирин оиди пешгӯйиҳои Калом бохабар бошанд. Онҳо ба дигарон адабиёти бар Навиштаҳо асосёфтаро пешкаш мекунанд, ки ғуломи бовариноку боандеша нашр мекунад.