-
Исо дар вақти озмоиши сахт дуо мегӯядҲазрати Исо — роҳ, ростӣ ва ҳаёт
-
-
Исо сахт хавотир аст, ки вақте ӯ чун ҷинояткор мемирад, ин номи Падарашро доғдор месозад. Яҳува дуои Писарашро мешунавад ва фариштаеро мефиристад, то Исоро дилбардорӣ кунад. Ҳатто баъд аз ин Исо дуо гуфтанро бас намекунад, балки «бо ҷидду ҷаҳди бештар»-е дуо мегӯяд. Ғаму ташвиш ва ҳаяҷон мисли кӯҳи азиме бар китфи Исо бор шудааст. Охир, ҳаёти абадии худаш ва ҳаёти тамоми инсоният аз ӯ вобаста аст. Арақи Исо «мисли қатраҳои хун ба замин» чакидан мегирад (Луқо 22:44).
-