Юсуф аз Аромот ба тарси худ ғолиб омад
ЮСУФ АЗ АРОМОТ худаш нафаҳмида монд, ки чӣ хел натарсида ба пеши ҳокими Рум даромад. Понтиюс Пилотусро ҳама чун ҳокими якрав мешинохтанд. Лекин барои он ки Исо шоиста дафн карда шавад, шахсе бояд ба назди Пилотус рафта барои аз ғулачӯб гирифтани ҷасади ӯ иҷозат мепурсид. Рӯ ба рӯ бо ҳоким гап задан ба он дараҷае, ки Юсуф тасаввур мекард, душвор набуд. Вақте Пилотус аниқ кард, ки Исо мурдааст, вай иҷозат дод, ки ҷасадро гиранд. Инак, Юсуф бо дили пур аз ҳасрат ба ҷойи ҳодиса равона аст (Марқ. 15:42–45).
Юсуф аз Аромот кӣ буд?
Вай ба Исо кӣ мешуд?
Ӯ чӣ намуна гузошт?
АЪЗОИ ШӮРОИ ОЛИИ ЯҲУДИЁН
Дар Инҷили Марқӯс навишта шудааст, ки Юсуф аъзои обрӯманди Шӯрои олии яҳудиён буд. Аз ин китоб мо мефаҳмем, ки Шӯро ягона суди олии яҳудиён буда ҷамъият, ҳокимият ва динро назорат мекард (Марқ. 15:1, 43). Азбаски Юсуф яке аз сардорони яҳудиён буд, барои ҳамин бо ҳокими Рум вохӯрда тавонист. Инчунин ӯ одами бой буд (Мат. 27:57).
Оё шумо далерона масеҳӣ буданатонро ба ҳама ошкор мекунед?
Шӯрои олии яҳудиён ба Исо душманӣ мекарданд. Аъзоёни он забон як карда ӯро куштанӣ буданд. Лекин Юсуф «марди нек ва одил» буд ва аз бисёри ҳамкоронаш фарқ мекард (Луқ. 23:50). Ӯ шахси ростқавл буд, ахлоқи хуб дошт ва сахт кӯшиш мекард, ки аз рӯйи қонунҳои Худо зиндагӣ кунад. Ҳамчунин ӯ «интизори Малакути Худо буд», ки ин сабаби шогирди Исо шудани ӯро мефаҳмонад (Марқ. 15:43; Мат. 27:57). Азбаски вай ҳақиқат ва адолатро дӯст медошт, гуфтаҳои Исо ба дилаш сахт таъсир карданд.
ШОГИРДИ МАХФӢ
Дар Юҳанно 19:38 гуфта шудааст, ки Юсуф шогирди Исо буд, вале аз тарси яҳудиён инро пинҳон мекард. Юсуф аз чӣ метарсид? Ӯ медонист, ки рӯҳониён Исоро чашми дидан надоштанд ва ҳар касеро, ки ба ӯ имон меовард аз ибодатгоҳ пеш мекарданд (Юҳ. 7:45–49; 9:22). Онҳое, ки аз ибодатгоҳ ронда мешуданд ба нафрат ва мазоҳу масхараи ҳамимононашон рӯ ба рӯ мегардиданд. Ана барои чӣ Юсуф шогирди Исо буданашро пинҳон медошт. Агар вай иқрор мешуд, обрӯю эътиборашро аз даст медод.
Юсуф ягона шахсе набуд, ки ба Исо имон доштанашро пинҳон мекард. Мувофиқи Юҳанно 12:42 «бисёре аз сардорон низ ба Ӯ [Исо] имон оварданд, аммо аз тарси фарисиён иқрор накарданд, ки мабодо аз куништ ронда шаванд». Яке аз онҳо Ниқӯдимус, аъзои Шӯрои олии яҳудиён буд (Юҳ. 3:1–10; 7:50–52).
Юсуф шогирди Исо буд, вале дар бораи имонаш кушоду равшан гап зада наметавонист. Мувофиқи суханони зерини Исо ин проблемаи ҷиддӣ аст: «Ҳар кӣ Маро дар назди мардум эътироф кунад, Ман низ ӯро дар назди Падари Худ, ки дар осмон аст, эътироф хоҳам кард; Лекин ҳар кӣ Маро дар назди мардум инкор кунад, Ман низ ӯро дар назди Падари Худ, ки дар осмон аст, инкор хоҳам кард» (Мат. 10:32, 33). Юсуф аз Исо рӯй нагардонда бошад ҳам, вай аз тарс пайрави ӯ буданашро пинҳон мекард. Шумо чӣ?
Юсуф як кори хуб кард. Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки вақте Шӯрои олии яҳудиён маслиҳат карда Исоро куштанӣ шуданд, вай ин кори онҳоро тарафдорӣ накард (Луқ. 23:51). Ба ақидаи баъзеҳо Юсуф ҳангоми азобу шиканҷаи Исо ҳузур надошт. Чи хеле ки набошад Юсуф беадолатиро дида сахт зиқ мешуд, аммо пеши роҳи онро гирифта наметавонист.
Ӯ БА ТАРС ҒОЛИБ ОМАД
Аз афташ, баъди марги Исо Юсуф ба тарси худ ғолиб омада қарор кард, ки шогирдони Исоро дастгирӣ мекунад. Дар Марқӯс 15:43 навишта шудааст, ки Юсуф «ҷасорат карда назди Пилотус даромад ва Ҷасади Исоро талаб кард».
Вақте Юсуф ҷасади Исоро талаб кард, Пилотус «мирисадро талабида, аз вай пурсид, ки оё [Исо] фавтид?» (Марқ. 15:44). Аз ин маълум мешавад, ки Юсуф ҳангоми кушта шудани Исо ҳузур дошт, чунки ӯ аз Пилотус пеш медонист, ки Исо аллакай мурдааст. Юсуф бо чашмони худ дид, ки чӣ тавр Исо дар сутуни шиканҷа азоб кашида мурд. Ин манзараи даҳшатангез ба виҷдони вай таъсир расонд ва ба ӯ далерӣ бахшид, ки шогирди Исо буданашро ба ҳама ошкор кунад. Оқибат Юсуф имонашро дар амал нишон дод ва дигар шогирди Исо буданашро пинҳон намекард.
ЮСУФ ИСОРО ДАФН КАРД
Қонуни яҳудиён талаб мекард, ки ҷасади ҷинояткорон то ғуруби офтоб дафн карда шавад (Такр. Ш. 21:22, 23). Лекин румиён дигар одат доштанд. Онҳо то пӯсидани ҷасади ҷинояткор онро дар сутун нигоҳ медоштанд ва ё ба қабристони умумӣ бурда мепартофтанд. Аммо Юсуф ин чизро барои Исо сазовор намедонист. Ӯ қабре дошт, ки аз санг тарошида шуда буд. Азбаски Юсуф аз шаҳри Аромотa ба Ерусалим кӯчид, он қабр то ҳол барои дафни касе истифода нашуда буд. Ӯ мехост онро барои дафни аҳли оилааш истифода барад (Луқ. 23:53; Юҳ. 19:41). Юсуф Исоро дар қабри худаш дафн карда саховатмандӣ нишон дод ва пешгӯйиро иҷро кард. Зеро дар бораи Масеҳ гуфта шуда буд: «Ӯро... бо сарватдоре гӯрониданд» (Иш. 53:5, 8, 9).
Оё дӯстӣ бо Яҳува барои шумо аз ҳама муҳим аст?
Дар ҳар чор китоби Инҷил навишта шудааст, ки вақте Юсуф ҷасади Исоро аз сутун фаровард, онро ба катоне печонда дар қабри худаш дафн кард (Мат. 27:59–61; Марқ. 15:46, 47; Луқ. 23:53, 55; Юҳ. 19:38–40). Шахсе, ки ба Юсуф дар ин кор ёрдам дод, Ниқӯдимус буд. Ӯ барои дафн алафҳои хушбӯй овард. Азбаски ин ду нафар шахси обрӯманд буданд, шояд худашон танҳо́ ҷасади Исоро аз сутун нафароварданд. Эҳтимол, ба онҳо барои дафн кардани Исо хизматгоронашон ёрдам доданд. Чи хеле ки набошад, вазифаеро, ки онҳо ба дӯш гирифтанд, осон набуд. Зеро касе, ки ба ҷасади одам мерасид, ҳафт рӯз нопок мешуд ва ҳамчунин ба ҳар чизе ки ӯ мерасид нопок мегардид (Ад. 19:11; Ҳаҷ. 2:13). Дар чунин ҳолат аз онҳо талаб карда мешуд, ки дар давоми ҳафтаи Фисҳ худашонро аз мардум дур гиранд ва дар маросимҳои ид иштирок накунанд (Ад. 9:6). Инчунин Юсуф медонист, ки Исоро дафн карда ӯ бо мазоҳу масхара рӯ ба рӯ мешавад ва обрӯю эътиборашро аз даст медиҳад. Ба ин нигоҳ накарда вай Исоро дафн кард ва пайрави Масеҳ буданашро ошкор намуд.
БО ЮСУФ ЧӢ ШУД?
Ғайр аз маросими дафни Исо Китоби Муқаддас дар бораи Юсуф дигар чизе намегӯяд. Мо намедонем, ки баъд бо ӯ чӣ шуд, лекин аз гуфтаҳои боло фаҳмидем, ки Юсуф масеҳӣ буданашро оқибат ба ҳама маълум кард. Паси сар кардани чунин озмоишу душвориҳо аз имон ва далерии Юсуф шаҳодат медиҳанд.
Ин воқеа ҳамаи моро водор мекунад, ки дар бораи саволи зерин мулоҳиза ронем: «Дар ҳаёти мо чӣ аз ҳама муҳимтар аст: кор, пулу мол, муносибати хешу таборӣ, озодӣ, обрӯю эътибор ё муносибат бо Худо?»
a Аромот аз афташ дар Ромо (ҳозира Рантис) ҷойгир буд. Он зодгоҳи пайғамбар Самуил буда қариб 35 км дуртар аз Ерусалим дар тарафи шимолу ғарбии он ҷойгир буд (1 Подш. 1:19, 20).