БОБИ 55
Бисёриҳо аз суханони Исо ба ғазаб меоянд
ХӮРДАНИ БАДАНИ ИСО ВА НӮШИДАНИ ХУНИ Ӯ
БИСЁРИҲО ДИГАР ӮРО ПАЙРАВӢ НАМЕКУНАНД
Исо дар тарафи шарқии баҳри Ҷалил мардумро бо якчанд нону моҳӣ сер карда буд. Баъди ин воқеа одамон Исоро кофта ёфтанд ва ӯ ба онҳо гуфт, ки ӯ ноне аз осмон аст. Ҳоло дар ибодатгоҳи Кафарнаҳум ӯ боз дар ин бора гап мезанад.
Исо суханашро давом дода мегӯяд: «Падарони шумо дар биёбон манн хӯрданд ва бо вуҷуди ин мурданд». Баъд чунин мегӯяд: «Ман он нони зиндае ҳастам, ки аз осмон фаромадааст. Агар касе аз ин нон хӯрад, абадан зиндагӣ хоҳад кард. Ва ноне, ки ман медиҳам, ҷисми ман аст, ки онро барои соҳиби ҳаёт гаштани одамизод хоҳам дод» (Юҳанно 6:48–51).
Баҳори соли 30-и милодӣ Исо ба Ниқӯдимус гуфта буд, ки Худо ҷаҳонро чунон дӯст дошт, ки барои наҷоти он Писарашро фиристод. Акнун бошад, Исо қайд мекунад, ки одамон бояд ҷисми ӯро «хӯранд», яъне ба қурбоние, ки ӯ каме баъд меорад, имон оранд. Танҳо ҳамин тавр онҳо соҳиби ҳаёти ҷовидонӣ шуда метавонанд.
Аммо мардум ба суханони Исо эрод гирифта мегӯянд: «Чӣ тавр ин шахс ҷисми худро барои хӯрдани мо дода метавонад?» (Юҳанно 6:52). Исо мехоҳад онҳо фаҳманд, ки суханони ӯ маънои маҷозӣ доранд. Суханони минбаъдаи ӯ ин фикрро тасдиқ мекунанд.
«Агар ҷисми Писари одамро нахӯред ва хуни ӯро нанӯшед, соҳиби ҳаёт нахоҳед гашт. Ҳар кӣ ҷисми маро мехӯрад ва хуни маро менӯшад, соҳиби ҳаёти ҷовидонӣ мегардад... зеро ҷисми ман хӯроки ҳақиқӣ ва хуни ман нӯшокии ҳақиқӣ аст. Ҳар кӣ ҷисми маро мехӯрад ва хуни маро менӯшад, бо ман дар ягонагӣ мемонад» (Юҳанно 6:53–56).
Танҳо тасаввур кунед, ки ин суханон барои яҳудиён чӣ қадар гӯшхарошанд! Шояд, онҳо фикр мекунанд, ки Исо онҳоро ба одамхӯрӣ ё истеъмоли хун, ки аз рӯйи Шариат норавост, тела дода истодааст (Ҳастӣ 9:4; Ибодат 17:10, 11). Лекин Исо ин суханонро ба маънои аслӣ намегӯяд. Ӯ гуфтанӣ аст, ки ҳамаи онҳое, ки соҳиби ҳаёти ҷовидонӣ шудан мехоҳанд, бояд ба қурбонии ӯ имон оранд, яъне имон оранд, ки ӯ барои наҷот додани одамон ҷисми бегуноҳи худро медиҳад ва хунашро мерезад. Лекин ҳатто бисёре аз шогирдонаш ин суханони Исоро намефаҳманд. Баъзеи онҳо чунин мегӯянд: «Ин суханон гӯшхарошанд! Кӣ ба онҳо гӯш дода метавонад?» (Юҳанно 6:60).
Исо пай мебарад, ки баъзеи шогирдонаш шикоят карда истодаанд, барои ҳамин ӯ мепурсад: «Оё ин суханон шуморо ба хашм оварданд? Пас, агар ба ҷойи аввалаи худ баромадани Писари одамро бинед, чӣ хоҳед кард?.. Суханоне, ки ба шумо гуфтам, рӯҳ ва ҳаёт ҳастанд. Аммо дар байни шумо касоне ҳастанд, ки имон надоранд». Он гоҳ бисёре аз шогирдонаш Исоро тарк мекунанд ва дигар аз пайи ӯ намераванд (Юҳанно 6:61–64).
Баъд аз ин Исо аз 12 расулаш мепурсад: «Шояд шумо ҳам рафтанӣ ҳастед?» Петрус ҷавоб медиҳад: «Ҳазрат, назди кӣ равем?! Суханони ҳаёти ҷовидонӣ дар туст. Мо имон овардем ва медонем, ки ту Шахси муқаддасе ҳастӣ, ки Худо фиристодааст» (Юҳанно 6:67–69). Ҳарчанд Петрус ва дигар расулон низ ба маънои суханони Исо сарфаҳм намераванд, онҳо аз Исо рӯй намегардонанд. Чӣ намунаи хуби вафодорӣ!
Исо аз суханони Петрус хурсанд шуда бошад ҳам, як чизи муҳимеро қайд мекунад: «Магар ман дувоздаҳ нафари шуморо интихоб накардаам? Вале яке аз шумо тӯҳматчӣ аст» (Юҳанно 6:70). «Тӯҳматчӣ» гуфта, Исо Яҳудои Исқарютро дар назар дорад. Аз афташ, ҳамин вақт Исо пай мебарад, ки Яҳудо ба роҳи бад қадам мондааст.
Лекин Петрус ва дигар расулон Исоро тарк намекунанд ва мехоҳанд минбаъд низ дар кори наҷотбахш ҳамроҳи ӯ бошанд. Донистани ин, бешубҳа, дили Исоро таскин мебахшад.