БОБИ 65
Исо дар роҳ таълим медиҳад
МАТТО 8:19–22 ЛУҚО 9:51–62 ЮҲАННО 7:2–10
БАРОДАРОНИ ИСО БА Ӯ ЧӢ ГУНА МУНОСИБАТ МЕКУНАНД?
ХИЗМАТ БА ПОДШОҲИИ ХУДО ТО ЧӢ ДАРАҶА МУҲИМ АСТ?
Чанд вақт мешавад, ки Исо асосан дар Ҷалил хизмат мекунад, чунки дар ин ҷо назар ба Яҳудия мавъизаи ӯро одамони бисёртар гӯш мекунанд. Ғайр аз ин, вақте ӯ дар Ерусалим шахсеро рӯзи шанбе шифо дода буд, «яҳудиён боз ҳам бештар қасди куштани Исоро карданд» (Юҳанно 5:18; 7:1).
Ҳоло тирамоҳи соли 32-и милодӣ ва омад-омади иди Хаймаҳо аст. Ин ид ҳафт рӯз давом мекунад ва дар рӯзи ҳаштум ҷамъомади ботантана баргузор мегардад. Дар ин ид одамон ба охир расидани мавсими киштукорро ҷашн мегиранд ва шодиву хурсандӣ карда, Худоро шукргузорӣ мекунанд.
Бародарони Исо — Яъқуб, Шимъӯн, Юсуф ва Яҳудо ба ӯ мегӯянд: «Аз ин ҷо баромада, ба Яҳудия рав». Пойтахти Яҳудия, Ерусалим, маркази ибодати яҳудиён аст ва соле се маротиба мардуми зиёд барои ҷашн гирифтани ид ба он ҷо меоянд. Бародарони Исо мегӯянд: «Касе, ки машҳур шудан мехоҳад, пинҳонӣ амал намекунад. Ту ки чунин корҳоро мекунӣ, худатро ба ҷаҳон маълум соз» (Юҳанно 7:3, 4).
Бародарони Исо имон надоранд, ки ӯ Масеҳ аст. Ба ҳар ҳол онҳо мехоҳанд, ки ӯ омада, дар ид мӯъҷизаҳо нишон диҳад, то дигарон бинанд. Лекин Исо мефаҳмад, ки ҳоло ба ид рафтан хатарнок аст, барои ҳамин ба онҳо мегӯяд: «Ҷаҳон барои аз шумо нафрат кардан сабабе надорад, лекин аз ман нафрат мекунад, зеро ман шаҳодат медиҳам, ки корҳои он бад аст. Шумо ба ид равед, вале ман ҳоло ба ин ид намеравам, чунки вақти ман ҳанӯз нарасидааст» (Юҳанно 7:5–8).
Якчанд рӯз баъд аз он ки бародарони Исо ҳамроҳи дигарон ба Ерусалим мераванд, Исо низ бо шогирдонаш ба роҳ мебарояд. Онҳо мехоҳанд ба он ҷо пинҳонӣ раванд ва барои ҳамин бо роҳе, ки аз наздикии Урдун мегузараду яҳудиён одатан бо он сафар мекунанд, равона намешаванд. Исову шогирдонаш бо роҳи росте мераванд, ки аз Сомария гузашта ба Ерусалим мебарад. Дар Сомария ба онҳо ҷое барои истодан лозим аст ва Исо якчанд шогирдашро пешопеши худ равона мекунад, то онҳо ҷой тайёр кунанд. Лекин мардуми яке аз маҳалҳо онҳоро қабул намекунанд, зеро мефаҳманд, ки Исо ва шогирдонаш барои ҷашни иди яҳудиён ба Ерусалим рафта истодаанд. Яъқуб ва Юҳанно аз ин дарғазаб мешаванд ва аз Исо мепурсанд: «Ҳазрат, оё мехоҳӣ бигӯем, ки аз осмон оташ фаромада, онҳоро нобуд созад?» (Луқо 9:54). Исо шогирдонашро барои фикрҳои нодурусташон сарзаниш мекунад ва баъд онҳо роҳро давом медиҳанд.
Дар роҳ шариатдоне ба назди Исо омада, мегӯяд:
— Устод, ҳар ҷое равӣ, ман туро пайравӣ хоҳам кард.
— Рӯбоҳон хона ва паррандагони осмон лона доранд, вале Писари одам ҷое надорад, ки сар монад,— мегӯяд Исо (Матто 8:19, 20). Бо ин Исо ба шариатдон нишон додан мехоҳад, ки агар ӯ пайрави Исо шудан хоҳад, ба бисёр душвориҳо дучор мешавад. Лекин шариатдон, аз афташ, шахси аз ҳад мағрур аст ва барои ҳаёташро дигар кардан тайёр нест. Ҳар яки мо бояд аз худ пурсем: «Оё ман тайёрам, ки Исоро пайравӣ кунам?»
Исо ба марди дигаре мегӯяд:
— Биё ва маро пайравӣ кун.
— Ҳазратам, иҷозат деҳ, ки аввал рафта, падарамро гӯр кунам,— мегӯяд он мард.
— Бигзор мурдагон мурдагони худро гӯронанд, ту бошӣ, рафта, дар ҳама ҷо Подшоҳии Худоро эълон кун (Луқо 9:59, 60).
Исо вазъияти он мардро медонист, барои ҳамин чунин ҷавоб дод. Эҳтимол, падари ин мард зинда аст. Агар ин тавр намебуд, вай бо Исо гап зада намеистод. Аз афташ, ин шахс тайёр нест, ки Подшоҳии Худоро дар ҷойи аввали ҳаёташ монад.
Дар роҳ ба Ерусалим боз як марди дигар ба Исо муроҷиат карда мегӯяд:
— Ҳазрат, ман туро пайравӣ мекунам, лекин иҷозат деҳ, ки аввал бо аҳли хонаи худ хайрухуш кунам.
— Касе, ки дасти худро бар омоч гузошта, ба чизҳои дар ақиббуда нигоҳ мекунад, лоиқи Подшоҳии Худо нест,— ҷавоб медиҳад Исо (Луқо 9:61, 62).
Касе, ки мехоҳад пайрави Исо бошад, бояд диққаташро пурра ба хизмати Худо равона кунад. Агар деҳқон ҳангоми шудгор кардани замин ба пеш нигоҳ накунад, ҷӯяки ӯ каҷ мебарояд ва агар ӯ омочашро монда ба қафо нигоҳ кунад, кори саҳро мемонад. Ба ин монанд, шахсе, ки диққаташро ба ин ҷаҳон равона мекунад, аз роҳе, ки ба ҳаёти ҷовидонӣ мебарад, дур мешавад.