БОБИ 66
Исо ба иди Хаймаҳо меояд
ИСО ДАР МАЪБАД ТАЪЛИМ МЕДИҲАД
Баъди таъмидаш Исо машҳур шуд. Ҳазорон яҳудиён мӯъҷизаҳои ӯро бо чашмони худ диданд ва дар саросари мамлакат дар ин бора гап мезананд. Ҳоло мардум иди Хаймаҳоро ҷашн гирифта истодаанд ва бисёриҳо Исоро меҷӯянд.
Фикру ақидаҳо дар бораи Исо гуногунанд. Баъзеҳо мегӯянд, ки «ӯ одами хуб аст». Баъзеи дигар бошанд, чунин мегӯянд: «Не, ӯ мардумро гумроҳ мекунад» (Юҳанно 7:12). Дар рӯзҳои аввали ид ин хел миш-мишҳо зиёданд, лекин аз тарси яҳудиён ҳеҷ кас ҷуръат намекунад, ки дар бораи ӯ ошкоро гап занад.
Вақте ки нисфи ид мегузарад, Исо ба маъбад меояд. Одамон аз таълими ӯ ба ҳайрат омада мегӯянд: «Чӣ тавр ин одам, ки дар мактабҳои динӣ нахондааст, Навиштаҳои Муқаддасро ин қадар хуб медонад?» (Юҳанно 7:15).
Исо мегӯяд: «Он чӣ ман таълим медиҳам, аз они ман нест, балки аз они Фиристандаи ман аст. Агар касе хости Ӯро ба ҷо овардан хоҳад, мефаҳмад, ки оё ин таълим аз ҷониби Худост ё ман аз худ сухан мегӯям» (Юҳанно 7:16, 17). Исо мувофиқи Шариати Худо таълим медиҳад, барои ҳамин маълум аст, ки ӯ Худоро ҷалол додан мехоҳад, на худро.
Баъд Исо мегӯяд: «Оё Мӯсо ба шумо Шариатро надодааст? Вале ҳеҷ кадоми шумо ба Шариат итоат намекунед. Барои чӣ шумо маро куштан мехоҳед?» Аз афташ, баъзеҳо аз шаҳрҳои дигар омадаанд, барои ҳамин намефаҳманд, ки барои чӣ Исо ин хел мегӯяд. Фикри он ки касе чунин муаллимро куштан мехоҳад, дар сари онҳо ҷой намешавад. Барои ҳамин мардум хулоса мебароранд, ки Исо девона шудааст. Онҳо мегӯянд: «Ту дев дорӣ. Кӣ туро куштанӣ аст?» (Юҳанно 7:19, 20).
Яку ним сол пеш, вақте Исо мардеро дар рӯзи шанбе шифо дод, сарварони дин ӯро куштанӣ шуданд. Ҳоло бошад, Исо далелҳо меорад ва нодуруст будани рафтори онҳоро нишон медиҳад. Ӯ мегӯяд, ки мувофиқи Шариат писарчаро дар рӯзи ҳаштум, ҳатто агар он ба рӯзи шанбе рост ояд, хатна мекунанд. Баъд ӯ аз онҳо мепурсад: «Модоме ки шумо писарони худро дар рӯзи шанбе хатна мекунед, то Шариати Мӯсоро вайрон насозед, пас, чаро аз он ки ман касеро дар рӯзи шанбе пурра сиҳат кардам, ин қадар ба хашм меоед? Аз рӯйи он чӣ мебинед, ҳукм накунед, балки аз рӯйи адлу инсоф ҳукм намоед» (Юҳанно 7:23, 24).
Он гоҳ баъзе сокинони Ерусалим, ки асли воқеаро медонанд, мегӯянд: «Магар ин ҳамон касе нест, ки ӯро куштан мехоҳанд? Бинед, ӯ дар пеши ҳама сухан гуфта истодааст ва ҳеҷ кас ба ӯ чизе намегӯяд. Оё роҳбарон дар ҳақиқат фикр мекунанд, ки ӯ Масеҳ аст?» Пас, барои чӣ мардум ба Масеҳ будани Исо бовар надоранд? Одамон мегӯянд: «Охир, мо аз куҷо будани ин одамро медонем, лекин, вақте Масеҳ меояд, ҳеҷ кас нахоҳад донист, ки ӯ аз куҷост» (Юҳанно 7:25–27).
Дар ҷавоби ин Исо мегӯяд: «Шумо маро мешиносед ва аз куҷо буданамро медонед. Ман аз пеши худ наомадаам; Оне, ки маро фиристодааст, дар ҳақиқат вуҷуд дорад, вале шумо Ӯро намешиносед. Ман бошам, Ӯро мешиносам, чунки аз пеши Ӯ омадаам ва Ӯ маро фиристодааст» (Юҳанно 7:28, 29). Ин суханони Исоро шунида мардум аз пайи дастгир кардани ӯ мешаванд, то ӯро ба зиндон партоянд ё кушанд. Лекин ин кор аз дасти онҳо намеояд, зеро вақту соати ӯ ҳанӯз нарасидааст.
Ба ин нигоҳ накарда бисёриҳо ба Исо имон меоранд, чунки ӯ мӯъҷизаҳои зиёде ба амал оварда буд. Онҳо, шояд, шунидаанд, ки ӯ метавонад рӯ-рӯйи об қадам занад, тӯфонро ором кунад, бо якчанд нон ва моҳӣ ҳазорҳо одамонро сер кунад, беморон, лангон, кӯрон ва махавиёнро шифо диҳад ва ҳатто мурдагонро зинда кунад. Аз ин рӯ онҳо мегӯянд: «Вақте Масеҳ меояд, наход аз ин одам дида бештар мӯъҷиза нишон диҳад?» (Юҳанно 7:31).
Вақте фарисиён суханонеро, ки мардум дар бораи Исо мегӯянд, мешунаванд, онҳо ва коҳинони калон посбононро барои дастгир кардани ӯ мефиристанд.