-
«Касе ҳаргиз монанди ӯ сухан нагуфтааст»Ҳазрати Исо — роҳ, ростӣ ва ҳаёт
-
-
Вақте мардум таълими Исоро мешунаванд, баъзеҳо мегӯянд: «Ин шахс дар ҳақиқат ҳамон пайғамбарест, ки дар борааш пешгӯйӣ шуда буд». Аз афташ, онҳо пайғамбареро дар назар доранд, ки бояд аз Мӯсо бузургтар мешуд. Дигарон бошанд, чунин мегӯянд: «Ӯ Масеҳ аст». Лекин баъзеҳо ба ин ақида зид мебароянд. Онҳо мегӯянд: «Магар Масеҳ аз Ҷалил меояд? Оё дар Навиштаҳои Муқаддас гуфта нашудааст, ки Масеҳ бояд аз насли Довуд, дар деҳаи Байт-Лаҳм, ки ӯ аз он ҷо буд, ба дунё ояд?» (Юҳанно 7:40–42).
-
-
«Касе ҳаргиз монанди ӯ сухан нагуфтааст»Ҳазрати Исо — роҳ, ростӣ ва ҳаёт
-
-
Дар Навиштаҳо рӯирост гуфта нашудааст, ки пайғамбар бояд аз Ҷалил бошад. Лекин аз Каломи Худо фаҳмидан мумкин аст, ки Масеҳ аз Ҷалил мебарояд. Дар он пешгӯйӣ шудааст, ки «Ҷалили ғайрияҳудиён... рӯшноии бузургеро» мебинад (Ишаъё 9:1, 2; Матто 4:13–17). Беш аз ин, чуноне ки пешгӯйӣ шудааст, Исо дар Байт-Лаҳм таваллуд ёфтааст ва аз насли Довуд мебошад. Ва ҳарчанд фарисиён инро медонанд, аз афташ, қисми зиёди маълумоти нодурустро дар бораи Исо маҳз онҳо паҳн кардаанд.
-